Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо Ҳомид Карзай

№134 (3119) 22.10.2013

Кабули Зухуров

 21 октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Парлумони Тоҷикистон  аз самими дил хайра мақдам гуфта, таманнои онро намуд, ки аз  ташрифашон ба кишвари тоҷикон бардошт ва хотироти нек дошта бошанд.

- Тоҷикону афғонҳо, -гуфт ӯ, дар идомаи суханаш, — мардуми ҳамдину ҳамзабон ва дорои фарҳангу таърихи муштарак ҳастанд, ки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсояҳои наздик ва халқҳои дӯсту бародар паҳлуи ҳам зиндагӣ доштаанд. Ин ду халқи қадимӣ дар бунёдгузории нахустин тамаддунҳои башарӣ саҳми арзишманд гузошта, ҳамчунин дар шумори нахустин эҷодкорони хатту алифбо ва китобу донишҳо саҳмгузор мебошанд.

Халқҳои мо дар тӯли таърихи дароз дар лаҳзаҳои мушкилу вазнин ба ҳамдигар дасти ёриву бародарӣ дароз кардаву пораи нонеро бо ҳам бахш карда будаанд. Мисоли равшани ин гуфта он аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёда аз сад ҳазор нафар фирориёни иҷбории тоҷикро Афғонистон ва мардуми он сарпаноҳ дод.

Бояд гуфт, ки хидматҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мардуми он ҷиҳати баргузор намудани музокироти байни тарафҳо ва барқарор намудани сулҳу оштии миёни тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле бузург аст.

Имрӯз, мо комилан дарк менамоем, ки мардуми афғон, ки дар тайи зиёда аз сӣ сол гирифтори ҷанги дохилист, чӣ мушкилотеро аз сар мегузаронад. Ҳамчунин огоҳӣ дорем, ки тамоми ин мушкилоти нооромиҳои кишвар ҳамчун роҳбари давлат бар дӯши Президенти он қарор дорад.

Ҷаҳониён имрӯз Шуморо ҳамчун сиёсатмадори маъруф, роҳбари матин, мунодии сулҳу оромии кишвар эътироф кардаанд. Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбариатон дар кӯтоҳтарин фурсат дар Афғонистон сулҳу оромӣ барқарор хоҳад гашт. Аз ҳама муҳимаш таҳти роҳбарии Шумо давлате барқарор шуд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро муттаҳид намуда, имрӯз қудрати мудофиаи худро дорад.  Мо боварӣ дорем, ки дар оянда низ Шумо дар ҳаёти сиёсии Афғонистон дорои мақоми шоиста хоҳед буд.

Мо ҳамеша саъю талош бар он дорем, ки вазъи кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст — Афғонистон ҳар чӣ зудтар ва бо роҳҳои мусолиматомез ҳал карда шавад. Давлатҳое, ки дар ин кишвар ҳузури низомӣ доранд, бояд бидонанд, ки низоъҳои дохилии он  ҳеҷ гоҳе бо роҳи низомӣ ҳал нагардида буданд. Дар оянда низ бояд аз дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон ҷилавгирӣ карда шавад.

Мо муносиботи дӯстонаву бародаронаи роҳбарони Тоҷикистону Афғонистонро омили муҳими густариши ҳамаҷонибаи равобити миёни халқҳову кишварҳоямон медонем. Ҷиҳати таҳким бахшидан ва густариш ёфтани равобити байни кишварҳоямон сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бар ҷой оварданд.

Бояд зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша аз минбарҳои баланди байналмилаливу минтақавӣ, инчунин дар мулоқоту суҳбатҳояшон бо роҳбарони давлатҳову созмонҳо ва дигар шахсиятҳои маъруф расонидани кӯмаку ёрии ҳамаҷониба ба  Афғонистонро тақозо намуда, таъкид менамоянд, ки масъалаи ин кишвар танҳо бо роҳи музокирот ва иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳал карда шавад.

Мо тасмими роҳбарони ҳар ду кишварро ҷиҳати пайванди миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз тариқи роҳи оҳан, роҳи автомобилгард, интиқоли хатти барқ ва ғайра бо қаноатмандӣ ҷонибдорӣ менамоем.

Мо ҷонибдори боз ҳам бештар густариш ёфтани муносибатҳои байнипарлумонии миёни кишварҳоямон мебошем. Ҷиҳати амалӣ намудани чунин ҳадаф дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулусӣ Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамдигар ташкил ёфтааст.

Ман соли гузашта дар шаҳри Санк-Петербург бо Раиси Вулусӣ Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ ва 8 октябри ҳамин сол дар шаҳри Бишкек бо муовини Раиси Вулусӣ Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Солеҳ мулоқот доштам, ки дар ин мулоқотҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон изҳори назар карда шуд.

Бо дарназардошти он ки мо кишварҳои ҳамдину ҳамзабон ва ҳамсояву дӯсту бародар мебошем, муносибатҳои байнипарлумониямон бояд дар сатҳи аз ин ҳам беҳтаре қарор дошта бошанд. Боварӣ дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳоямон бо истифода аз шароити мусоид ҳамкориҳои бештаре ба вуқуъ хоҳанд пайваст.

Шумо ва ҳайати арҷманди ҳамроҳонатонро  бори дигар хайра мақдам гуфта, ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсту бародари афғонӣ аз самими дил саломатӣ, комгорӣ ва пирӯзиҳои комил орзу менамоям. Самимона хоҳони он ҳастем, ки ҳар чӣ зудтар дар сарзамини афғонҳо сулҳу субот ҳукмфармо гардад. Боварӣ дорем, ки интихоботи қарибулвуқуъ тамоми вилоятҳои Афғонистонро  бо ҳам муттаҳид сохта, ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар кишвар мусоидати комил хоҳад намуд.

- Мо итминони комил дорем, ки миллати ҷасур ва ғаюри афғон ҳама гуна мушкилотро ҳар чӣ зудтар паси сар намуда, мақоми сазовори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо хоҳад кард, -изҳор намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров  арзи сипос намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои гуногуни миёни ду кишвар суҳбат намуд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт,  ки ҳар сафарам ба Тоҷикистон бароям ҳамчун сафар ба хонаи дӯсту бародар суруру шодмонӣ мебахшад. Ва дар ҳар сафарам Тоҷикистон дар чашмам беҳтару зеботар менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Парлумони ин кишвар боздид ба амал оварад.

Суҳбат дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон