Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Озарбойҷон

№50 (3196) 16.05.2014

IMG_5887

Шонздаҳуми майи соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Каром оглу Гасановро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни ин мулоқот масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба имзо расида буд, зоҳир гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии ду кишвар дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту комммуникатсия, энергетика ва саноат, бахусус дар самти транзити байналмилалӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ, рушди бесобиқа пайдо мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров ба Аббосалӣ Каром оглу Гасанов ва ҳайати кормандони сафорати ин кишвар дар фаъолияти минбаъдаашон ва амалӣ намудани барномаҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Озарбойҷон барори кору муваффақият орзу намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ибрози умедворӣ намуд, ки бо таъин шудани ҷаноби Аббосалӣ Каром оглу Гасанов ба вазифаи  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муносиботи ҳар ду кишвар ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад.

- Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дорои як идда муштаракоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ба вуҷуд орад,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки миллати тоҷику озарӣ аз қадим ба таври инфиродиву дастаҷамъӣ ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона доштанд ва хушбахтона, ин шеваи муносибат то имрӯз ҳифз гардида, сол аз сол густариш меёбад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ҳар ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ  кумак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон зиёда аз 20 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расидааст, ки ин аснод ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Каром оглу Гасанов изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафири кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкориҳои мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.

Дар анҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳама соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав  касб мекунад.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон