Дар моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд. Ҳимояи эътибор, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои баробари шаҳрвандон, аз ҷумла аъзои оиларо низ, дигар қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» муносибати оиладорӣ ва ҳама гуна амали зӯроварӣ ва принсипҳои пешгирии зӯроварӣ дар оиларо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба низом даровардааст.
Дар бораи моҳият ва татбиқи қонуни мазкур хабарнигорамон бо муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов мусоҳиб гардид.
-Зери мафҳуми зӯроварӣ дар оила чӣ дар назар дошта шудааст ва сабабу омилҳои ин кирдор кадомҳоянд?
-Қабл аз ҳама мехостам дар хусуси зарурияти қонуни мазкур чанд сухан иброз намоям.
Қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зӯроварӣ дар оила, ҳамчунин баҳри иҷрои банди 22 шарҳи хотимавии Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бартараф кардани табъиз (дискриминатсия) нисбат ба занон, ки тибқи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни алоҳида доир ба ин масъала тавсия шуда буд, таҳия гардидааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳисоботи худ барои солҳои 2009 – 2010 таҳия ва қабули қонуни мазкурро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия намуда буд.
Дар тӯли 20 соли истиқлолияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон»-ро эътироф намуд, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ маҳсуб гардида, меъёрҳои онҳо тадриҷан ба қонунгузории ҷумҳурӣ ворид шудаанд.
Гарчанде дар ҷомеаи Тоҷикистон оила ҳамеша мақоми муқаддам ва аввалия дорад, вале бо ҷурми зӯроварӣ, далели истибдоди хонаводагӣ ба устувории хонаводаҳо хатари ҷиддӣ ворид шудааст. Масалан, ҷудошавии оилаҳо соли 2011 ба 4989 ва соли гузашта адади хонавайрониҳо ба 5736 расид. Ҳодисаҳои худкушӣ низ, мутаассифона, сол ба сол бештар мешавад. Аз шумори нафароне, ки соли гузашта қасди худкушӣ кардаанд, 458 нафар занон, 95 нафар мардон ва 88 нафар тифлони ноболиғанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ, қатъ ва бартарафсозии оқибатҳои он муайян менамояд.
Пешгирии зӯроварӣ дар оила маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишавандаест, ки ба ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва кафолатҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои оилавӣ ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудааст.
Дар моддаи 1 қонуни мазкур намудҳои зӯроварӣ ва мафҳуми онҳо пешбинӣ ва намудҳои ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодии (моддии) зӯроварӣ дар оила равшан нишон дода шудааст, ки онҳо маънои зеринро доранд:
- зӯроварии ҷисмонӣ дар оила – амали зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба узви дигари оила, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани зарари ҷисмонӣ шудааст;
- зӯроварии равонӣ дар оила – амали зиддиҳуқуқии як узви оила нисбат ба узви дигари оила бо мақсади паст задани шаъну эътибори ӯ ва ё таҳдиди расонидани зӯроварӣ, ки метавонад ба солимии равонии ӯ зарар расонад ;
- зӯроварии шаҳвонӣ дар оила — амали зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба узви дигари оила, ки ба дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии инсон таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба ноболиғон содир шудаанд;
- зӯроварии иқтисодӣ (моддӣ) дар оила – амали зиддиҳуқуқии як узви оила нисбат ба узви дигари оила оид ба маҳрум сохтани ӯ аз манзил, дигар молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳуқуқ дорад, ҳамчунин маҳдуд намудани дигар шароитҳои зарурӣ, ки он метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, равонӣ ё сабаби сар задани дигар ҳолат-ҳои ногувор гардад.
-Бо қабул ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкур то чӣ андоза муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзим мегардад?
-То қабули қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 маркази бӯҳронӣ ва се филиали ин марказҳо, ҳафт паноҳгоҳи муваққатӣ ва 87 маркази машваратию иттилоотӣ фаъолият менамуданд, ки танҳо соли 2012 ба ин марказҳо 32275 нафар шаҳрванд оид ба таҳдид, таҳқир, ситаму озори хонаводагӣ, мушкилоти манзилӣ, бекор намудани ақди никоҳ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намудааст, ки аз ин шумор 9126 нафарро мардон ва 35 фоизи муроҷиаткунандагонро зӯроварии хонаводагӣ ташкил медиҳад.
Таъсиси чунин марказҳо баробари баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон барои устувории оилаҳо ва пешгирии зӯроварӣ дар оила аҳамияти махсус дорад. Аммо фаъолияти ин муассисаҳо то ҳоло бо қонуни мушаххас танзими ҳуқуқӣ надошт. Дар қонуни мазкур фаъолияти ин ва дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пурра ба танзими ҳуқуқӣ дароварда шуда, дар он салоҳият, ваколат ва уҳдадориҳои онҳо ва ҳамзамон ҳуқуқҳои ҷабрдида ҷиҳати гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ возеҳ муайян шудааст.
-Дар иҷрои қонуни мазкур кадом субъектҳо вазифадор мебошанд?
-Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ин қонун ба танзим даровардааст, маҳз ҳамин масъала аст. Таҳти мафҳуми субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила — мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилот ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешгирии зӯроварӣ дар оила масъулият доранд, фаҳмида мешаванд
Боби 2 қонун, ки боби аз ҳама калон мебошад, «Субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила» ном дошта, дар он номгуй, салоҳият ва ваколатҳои онҳо пурра пешбинӣ шудааст. Ин субъектҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии кор бо занон ва оила, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти корҳои дохилӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва ҳамзамон субъектҳои махсус, ба монанди марказҳои ёрирасон ва бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати расонидани кӯмакҳои зикршуда ба ҷабрдидагон айни ҳол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маркази худшиносии «Бонувон» таъсис шудааст, ки ба занон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ медиҳад. Чанд мақомоти дигар, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки комили зарурати ин масъала дар ин ҷабҳа корбарӣ карданд. Бо тасмими Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди беморхонаҳои марказии ҳашт шаҳру ноҳия таъсиси бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон шурӯъ шудааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои кории нозирони минтақавии милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар якчанд шаҳру ноҳияҳо ташкил шуда, фаъолият доранд ва ҳамзамон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала курсҳои таълимӣ роҳандозӣ шудааст.
Пас аз қабули қонуни мазкур, албатта, ҷиҳати таъмини иҷрои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас меандешанд ва дар назар аст, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомот ва муассисаҳои дахлдор вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид мешаванд. Зикр кардан лозим аст, ки баробари қабули қонуни мазкур ду қонуни дигар — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ қабул ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.
-Барои пешгириии зӯроварӣ дар оила чӣ гуна чораҳои фардӣ андешида мешаванд ва шахси ҷабрдида ба кадом мақомот бояд муроҷиат намояд?
-Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» барои таъсиррасонии мақсаднок ба шуур ва рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ҷиҳати пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ӯ ва таъмини амнияти ҷабрдида чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ татбиқ мешаванд ва аз намудҳои зерин иборатанд:
- суҳбати хусусияти тарбиявидошта;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда:
- амрномаи муҳофизатӣ;
- дастгиркунии маъмурӣ;
-татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ, бекор кардани фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ;
- ҷойгир кардани ҷабрдида дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.
Барои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила се асос пешбинӣ мешавад, ки онҳо аризаи ҷабрдида ё маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ошкор намудани ҳолати зӯроварӣ дар оила аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ё маълумоти аз ҷониби дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ҳисоб меёбанд. Бо ин мақсад ҷабрдида ба мақомоти пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, ки номгуйи онҳо зикр шуд, бояд бо ариза муроҷиат намояд.
-Дар муносибатҳои оилавӣ хусусият ва талаботи миллӣ то ҳол риоя шуда, амал мекунанд. Бисёр мушкилот, ихтилоф миёни аъзои хонавода, аз ҷумла дар тарбияи фарзандон бо иштирок ва дахолати калонсолон, волидайн ҳалли худро меёбанд. Аксар маврид таъсир ва натиҷаи мусбии он ба мушоҳида мерасад. Дар қонуни мазкур анъана ва хусусиятҳои миллӣ то кадом андоза ба эътибор гирифта шудаанд?
-Муносибатҳои оилавӣ дар ҳақиқат мураккабу ҳассосанд ва ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун ин ҳолат ва хусусиятҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Аз ин лиҳоз, дар бахши чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ намуди алоҳида, яъне гузаронидани суҳбати хусусиятҳои тарбиявидошта пешбинӣ шудаанд. Ин суҳбатро субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, дар ҷойи содиршавии зӯроварӣ, яъне маҳалли зист ва ҳамзамон ҷойи кор ё таҳсил гузаронида метавонанд. Дар доираи субъектҳои махсус мақомоти худидоракунии ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Мақомоти худидоракунии ҷамъиятӣ мутобиқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикитсон шӯрои маҳалла, раиси маҳалла ба ҳисоб меравад. Албатта, ба ҳайати шӯрои маҳалла нафарони обрую эътибори хоса дошта, калонсолон шомил мебошанд ва онҳо метавонанд ин гуна суҳбатҳоро бо аҳли оила доир намоянд. Ҳамзамон дар қонун таъсиси марказҳо ё бахшҳои офиятбахшӣ барои ҷабрдида дар назди беморхонаҳо пешбинӣ шудааст.
-Шахсе, ки ба ӯ барои истифодаи зӯроварӣ дар оила амрномаи муҳофизатӣ ё дастгиркунии маъмурӣ бароварда шудааст, дар ҳолати норозӣ будан ба кадом мақомот бояд шикоят намояд?
-Амрномаи муҳофизатӣ ё дастгиркунии маъмурӣ чораҳои гуногун мебошанд. Барои баровардани амрномаи муҳофизатӣ муроҷиат оид ба ҳолати содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир намудани он асос мебошад.
Шахсе, ки амрномаи муҳофизатиро гирифтааст, уҳдадор аст талаботи дар он пешбинишударо иҷро намояд. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда аз ҷониби сардор ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилии маҳали содир шудани чунин амал ба муҳлати то 15 рӯз дода мешавад. Дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ мумкин аст муҳлати амрномаи муҳофизатӣ бо дархости сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурор то 30 рӯз дароз карда шавад.
Аз болои амрномаи муҳофизатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст ва он дар муҳлати то се шабонарӯз бояд баррасӣ гардад. Шикоят ба суд амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дорад ва кофӣ набудани амрномаи муҳофизатӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдида, шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии маъмурии шахси зӯроварӣ дар оила содирнамударо анҷом медиҳад. Ҳангоми норозӣ будан аз дастгирии маъмурӣ шахсе, ки нисбати ӯ ин чора татбиқ шудааст ё аъзои оилааш метавонад ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ба мақомоти прокуратура ё бевосита ба суд шикоят намояд.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»