Бисту сеюми октябри соли ҷорӣ дар сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия доир ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 таҳти №255 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» муҳокимаи парламентӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи мазкур Амир Катаев иброз намуд, ки соҳаи коркарди сангҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ барои ҷумҳурӣ соҳаи афзалиятнок ба шумор меравад, зеро дар он асосан сармояи ширкатҳои хусусӣ истифода гашта, маблағҳои молиявии давлат кам равона мешавад.
Солҳои охир дар соҳаи саноат бо иштироки сармоягузорони дохилию хориҷӣ корхонаҳои муосир фаъолият менамоянд, ки барои истеҳсоли номгӯйи васеи маҳсулот ва ба рақобат тобовар имконият медиҳад. Бояд зикр намуд, ки яке аз манбаъҳои воридоти асъор ба Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ин истифодаи сангҳои нодири қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне заргарӣ мебошад.
Барномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, аҳамияти иҷтимоӣ дошта, имконият медиҳад, ки корхонаҳои собиқ барқарор ва корхонаҳои нав таъсис дода шаванд.
Мақсади асосии Барнома таъмин намудан ва фароҳам овардани шароити муфид барои васеътар истифода бурдани конҳои сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ба сифати манбаи воридоти асъор ба буҷети ҷумҳурӣ, таъмини рушди неруҳои истеҳсолӣ ва иқтисодии ноҳияҳои наздикӯҳӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Чорабиниҳои пешбинишудаи Барнома имкон медиҳанд, ки иқтидорҳои мавҷудаи истихроҷ, коркарди сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо нисбатан пурра истифода гарданд ва иқтидори иловагӣ оид ба коркард ва истифодаи маҳсулоти тайёр аз сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо аз ҳисоби таҷдид ва таҷҳизонидани техникии истеҳсолот ҷиҳати ба даст овардани маснуоти ба фурӯш тайёри аз онҳо сохташуда, ё бо истифодаи онҳо истеҳсолшуда ташкил дода шаванд.
Сипас, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Файзуллоев мавзӯи баррасишударо муфассал шарҳ дод:
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2013 таҳти №2187, ки вазъи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №255 аз 29 апрели соли 2009 дар бораи «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015»-ро баррасӣ намуда буд, тадбирҳои иловагӣ андешида, истифодаи бештари сангҳои нодиру қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне маводи заргариро ҳамчун манбаи воридоти асъор ба Фонди давлатӣ арзёбӣ менамояд.
Барнома аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, дар асоси он корхонаҳои собиқ барқарор гардида, истеҳсолоти нав таъсис меёбанд ва дар ин замина ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам оварда мешаванд. Дар баробари ин, бештар аз худ кардани захираҳои ашёи хоми табиӣ, ба роҳ мондани коркарди пурраи онҳо, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ, зиёд гардонидани иқтидори содиротии корхонаҳои соҳа ҳамчун масъалаҳои муҳимтарини татбиқи амалии Барнома қарор дода шудаанд.
Дар Барнома то соли 2015 таъсис додани даҳ адад корхонаҳои заргарӣ ва коркарди санг пешбинӣ шудааст. Дар амал аз соли 2009 то ин- ҷониб (нуҳ моҳи 2014) ҳашт истеҳсолоти заргарӣ ва чор корхонаи коркарди санг, яъне 12 адад, аз ҷумла «Анори Дарвоз» дар ноҳияи Дарвоз, сехи коркарди санги «Анҷин» дар ноҳияи Роштқалъа, сехи коркарди санг дар бинои «Фароғат»-и шаҳри Хоруғ, корхонаҳои «Рухом» ва «Асрори санг» дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ намуданд.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои иҷрои Барнома таъсиси боз ду корхонаи нав дар назар дошта шудааст.
КВД «Ҷамаст» яке аз куҳнатарин корхонаи ҷустуҷӯйӣ ва истихроҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Минтақаҳои кори корхона дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷойгир буда, аз давраи таъсисёбиаш то ҳоло мақоми ҷумҳуриявиро соҳиб мебошад.
Соли 2010 барои корҳои иктишофӣ-геологӣ ба КВД «Ҷамаст» аз Буҷети давлатӣ 409,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Вале амалан 400,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Ин охирон маблағгузорӣ аз Буҷети ҷумҳурӣ ба КВД «Ҷамаст» буд ва солҳои баъд қатъ гардид.
КВД «Ҷамаст» дар кони «Снежное»-и ноҳияи Мурғоб корҳои ҷустуҷӯйӣ ва иктишофӣ-геологӣ гузаронида, захираҳои ёқути заргариро дар ҳаҷми 1836 462 карат зиёдтар муайян кард. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ба Комиссияи давлатии захираҳо пешниҳод карда шудаанд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ – геологӣ дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Вахони ВМКБ якчанд зуҳуроти ёқут ёфт гардид,ки дар ин хусус ҳисобот ба Фонди давлатии геологии назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Аммо корҳои ҷустуҷӯйӣ-геологӣ дар минтақаи номбурда бо сабаби нокифоя будани маблағҳои ҷудогардида ба охир расонида нашуд.
Инчунин бо сабаби дар мувозинаи (баланси) давлатӣ набудани захираи ёқути асил, солҳои 2008-2009 корҳои иктишофӣ-геологӣ ва истихроҷи таҷрибавӣ-саноатӣ дар кони Корунди асили «Снежное»-и ноҳияи Мурғоб қатъ карда шуд. Корхона дар раванди корҳои иктишофию геологӣ аз ҳисоби намунагирии (пробы) геологии сангҳои қиматбаҳои бадастовардашуда соли 2008-2758,2 грамм ва дар соли 2009-6905,76 грамм санги ёқутро ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ройгон супорид.
Баъди гузаронидани ташхис, аз ин миқдор дар соли 2008-50,62 грамм ва дар соли 2009-63,57 грамм аз тарафи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Дар соли 2009 КВД «Ҷамаст» ба маблағи 817,2 ҳазор сомонӣ сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, аз ҷумла лаъли асил-8700 грамм ба маблағи 529,3 ҳазор сомонӣ, клиногумит -5150 грамм ба маблағи 195,0 ҳазор сомонӣ, лоҷвард – 8000 кг ба маблағи 70,5 ҳазор сомонӣ ва рухом – 6800 кг ба маблағи 22,4 ҳазор сомонӣ истихроҷ намуд.
Соли 2010 ба маблағи 862,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти молӣ, аз ҷумла лаъли асил-5967 грамм ба маблағи 566,8 ҳазор сомонӣ, клиногумит – 2036 грамм ба маблағи 148,4 ҳазор сомонӣ, лоҷвард-12176 килограмм ба маблағи 119,9 ҳазор сомонӣ ва рухом-7363 килограмм ба маблағи 27,6 ҳазор сомонӣ истихроҷ намуда, ҳамагӣ ду дона санги қиматбаҳои лаъли суфташударо бо вазни умумии 1,006 грамм бо маблағи 592,84 доллари ИМА ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо таҳвил дод.
Соли 2011 ба маблағи 864,2 ҳазор сомонӣ сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, аз ҷумла лаъли асил – 6433 грамм ба маблағи 612,8 ҳазор сомонӣ, клиногумит – 2100 грамм ба маблағи 99,7 ҳазор сомонӣ, лоҷвард-11650 килограмм ба маблағи 1184,4 ҳазор сомонӣ ва рухом – 7600 килограмм ба маблағи 33,5 ҳазор сомонӣ истихроҷ намуда, 43 адад сангҳои қиматбаҳо ва ороишии арзиши аслии 142,8 ҳазор сомонӣ доштаро ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Хазинаи мазкур ин миқдор сангҳоро 87,9 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуд, ки аз ин ҳисоб корхона 54,9 ҳазор сомонӣ зарар дид.
Соли 2012 корхона 34 адад сангҳои қиматбаҳо ва ороишии вазни 18698,50 граммдоштаро ба маблағи 229,37 ҳазор сомонӣ ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 106,0 ҳазор сомонӣ фурӯхт.
Дар соли 2013 корхона 1040 адад санги қиматбаҳои лаълро бо вазни 934,05 грамм бо арзиши 229,4 ҳазор сомонӣ, 5 адад санги қиматбаҳои лаъли коллексиониро бо вазни 698,34 грамм ба маблағи 10,03 ҳазор сомонӣ, 218 адад санги клиногумитро бо вазни 721,9 грамм ба маблағи 49,6 ҳазор сомонӣ ва як адад санги клиногумити коллексиониро бо вазни 66,41 грамм ба маблағи 1,04 ҳазор сомонӣ ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи умумии 290,1 ҳазор сомонӣ супорид.
Дар «Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» барои хариди таҷҳизот ва хатти технологӣ дар корхонаҳои коркарди санг 3,9 миллион сомонӣ ва бурдани корҳои ҷустуҷӯйӣ-геологӣ 4,7 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
КВД «Ҷамаст» аз ҳисоби маблағҳои дар гардишбудаи дохилӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи 120,3 ҳазор сомонӣ сехи коркарди санги «Анҷин», дар шаҳри Хоруғ ба маблағи 60,0 ҳазор сомонӣ сехи «Фароғат» ва дар ноҳияи Дарвоз бо маблағи 92,0 ҳазор сомонӣ корхонаи коркарди санги «Анори Дарвоз»- ро таъсис дод. Инчунин дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе корхонаҳои заргарӣ ва коркарди санг таъсис дода шуданд.
Мутаассифона, фаъолияти корхонаҳои мазкур аз тарафи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зери назорат ва масъалаҳои ҳалталаби онҳо мавриди дастгирӣ қарор намегиранд.
Бояд ёдрас намоем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 таҳти №437 дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои ҷустуҷӯйӣ бо номи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Экспедитсияи иктишофӣ — геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» таъсис дода шудааст. Аз соли 2011 сар карда, маблағҳои Буҷети ҷумҳурӣ барои корҳои иктишофӣ-геологӣ ба экспедитсияи мазкур равона гардиданд ва дар натиҷа 46 нафар мутахассисони КВД «Ҷамаст» ихтисор шуданд.
Айни замон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Рухом», ҶДММ «Асрори санг» ва ҶДММ «Қиматбаҳо» бо истифода аз сангҳои ороишӣ фаъолияти нисбатан беҳтар доранд.
Вобаста ба соҳаи заргарӣ З.Файзуллоев гуфт, ки тибқи супоришу дастурҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи заргарӣ шумораи корхонаҳои заргарӣ ва шахсони инфиродии машғул ба истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ зиёд гардиданд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ корхонаҳои заргарии ҶДММ «Тоҷиккристалл», ҶДММ «Ақиқа», КВД «Зари Кӯлоб», коргоҳи заргарии КД «Востокредмет», ҶДММ «Майрамбибӣ», ҶДММ «Равшан», ҶДММ «Қиматбаҳо» ва ғайра фаъолият мекунанд.
Соли 2009 ба маблағи 2,2 миллион сомонӣ маҳсулоти заргарӣ ва сангҳои қиматбаҳо истеҳсол карда шуд, ки ин 95,9 фоизи иҷрои нишондодҳои Барнома мебошад. Мутаносибан ҳаҷми истеҳсолот солҳои 2010- 2,5 миллион сомонӣ ё 87,0 фоиз, соли 2011-3,3 миллион сомонӣ ё 72,4 фоиз, соли 2012 — 4,3 миллион сомонӣ ё 99,5 фоиз, соли 2013-4,6 миллион сомонӣ ё 88,0 фоиз ва нуҳ моҳи соли 2014 -2,6 миллион сомонӣ ё 60 фоиз иҷро карда шуд.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсулоти заргарии воридшаванда бояд бо панҷ фоиз андози аксизӣ ворид карда шаванд. Вале, ба таври қочоқ ва бо сарфи назар кардан аз пардохтҳои андози аксизӣ ворид намудани маҳсулоти заргарӣ аз хориҷи кишвар ва ба фурӯш баровардани онҳо ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур собиқ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳо ирсол намудааст.
Соли 2013 корхонаи нави ҶДММ «Қиматбаҳо» бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва дастгоҳҳои ҳозиразамони теғакунонии санг ва заргарӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Барои азхудкунии ҳунарҳои заргарӣ ва сангтарошӣ дар корхона курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ барои тайёр намудани устоҳои заргар ва сангтарош ташкил карда шудааст. Айни замон шумораи кормандон дар ин корхона 15 нафар буда, ҳаҷми маҳсулот дар се моҳи сипаригашта 34,0 ҳазор сомониро ташкил дод. Моҳи январи соли ҷорӣ Ассотсиатсияи заргарони ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, ки роҳбарии он ба дӯши сарвари ҶДММ «Қиматбаҳо» вогузор карда шудааст.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 таҳти №104 «Дар бораи чораҳои бо ашёи хоми ватанӣ-металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо таъмин намудани корхона, ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ», аз ҷониби КД «Востокредмет» истеҳсоли сабикаҳои 20, 50 ва 100- грамма ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби корхона дар ҳаҷми 40 адад сабикаи аз тилло 20, 50, 100 дар вазни 2670 грамм ва сабика аз нуқра 116 адад 20, 50, 100 дар вазни 10875 грамм истеҳсол шудааст.
Дар корхонаҳо мутахассисони таҷрибаноки маҳаллӣ фаъолият менамоянд ва хатти технологии корхонаҳо бо усулҳои гуногун пурра ба кор дароварда шудаанд. Инчунин дар корхонаҳои мазкур шароити хуби таҷрибаомӯзи муҳайё буда, донишҷӯён ва шогирдон барои омӯхтани касби заргарӣ сафарбар гардидаанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2014 корхонаҳои заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ба маблағи 2690 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин 60,0 фоизи иҷрои нақшаи Барнома мебошад. Аз ҷумла дар ҶДММ «Рухом» 356,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Тоҷиккристалл» 525,1 ҳазор сомонӣ, КВД «Зари Кӯлоб» 120,6 ҳазор сомонӣ, КВД «Ҷамаст» 555,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Равшан» 542,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Ақиқа» 475,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Майрамбибӣ» 24,9 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Қиматбаҳо» 51,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Шумораи умумии коргарон бошад, дар соҳа 244 нафарро ташкил медиҳад. Дар баъзе корхонаҳои соҳа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва шумораи коргарон, аз ҷумла дар КВД «Зари Кӯлоб» -18 нафар, ҶСК «Равшан» — 13 нафар ва ҶДММ «Қиматбаҳо» — ду нафар кам гардидааст.
Сабаби асосии паст рафтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ба фурӯш нарафтани маҳсулоти заргарӣ (бо сабаби баланд шудани нархи ин металли қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ), ба таври қочоқ ворид шудани маҳсулот аз беруни кишвар ва баланд будани меъёри аксиз ба маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Ҳамин сабаб шуд, ки ба санаи 1 январи соли 2014 дар анборҳои корхонаҳои заргарӣ бақияи маҳсулот 914,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар КВД «Зари Кӯлоб»- 46,4 ҳазор сомонӣ, КД «Востокредмет» — 237,4 ҳазор сомонӣ ва дар ҶДММ «Ақиқа»- 631,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар интиҳо муовини вазир иброз намуд, ки ҷараёни иҷрои Барнома бо сабабҳои дар боло зикршуда то андозаи зарурӣ набуда, ҷиҳати рушди соҳа на ҳамаи шароиту имкониятҳои техникӣ ва моддию молиявии дохилии корхонаҳо самаранок истифода бурда мешаванд. Аз ин ҷиҳат, вазорат ва сохторҳои дахлдор чорабиниҳои иловагӣ андешида, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини фаъолияти муътадили корхонаҳоро ҳамчун вазифаҳои ҳаррӯза қарор додаанд. Дар баробари ин,ҷиҳати рушди соҳаи заргарӣ пешгирии ба таври қочоқ ворид намудани маҳсулоти заргарӣ аз хориҷи кишвар, баланд бардоштани меъёри андози аксизӣ барои маҳсулоти заргарии воридшаванда ва содагардонии гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар бахши соҳаи заргарӣ, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ бояд дар мадди назар қарор дода шаванд.
Баъди шунидани маърӯза вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов, Шодӣ Шабдолов, Нодира Турдиматова ва Мусаябшо Назриев роҷеъ ба масъалаи баррасишуда саволу пешниҳодоти худро ироа карданд.
Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳо қабул шуданд.
Б. Каримзода, «Садои мардум»