Як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо интихобкунандагони худ ба вилояти Хатлон омаданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Саъдуллоев дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл ва Қубодиён бо интихобкунандагон мулоқот доир намуд. Дар вохӯрие, ки дар Ҷамоати деҳоти «Маданият» барпо гардид, атрофи фаъолияти парлумони касбии мамлакат, қонунҳои муфиду зарурии қабулнамудаи вакилони халқ, ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки чанде қабл дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, сухан рафт.
Интихобкунандагон аз вакил Ҳабибулло Саъдуллоев оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин пурсон шуданд. Интихобкунандагон зимни мулоқот бо вакилашон аз он изҳори ифтихору қаноатмандӣ намуданд, ки туфайли кӯшишу заҳмати пайваста ва иқдомҳои нави Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта истодааст.
Ҳабибулло Саъдуллоев аз ҷумла зикр намуд, ки зимни вохӯрию мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва суҳбату мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин оид ба таҳкими ҳамкориҳо санадҳои муфиди ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар ноҳияҳои Қумсангиру Панҷ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаябшо Назриев бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд. Зимни вохӯриҳои ӯ дар ҷамоатҳои деҳоти «Қумсангир» ва «Истиқлолият» дар ноҳияи Қумсангир зикр гардид, ки парлумони касбии мамлакат давоми фаъолияти кориаш қонуну дигар санадҳои барои мардум заруриро қабул намудааст. Интихобкунандагон оид ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде баъд 20-солагии қабули он ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд, ба вакил саволҳо дода, ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.
Мусаябшо Назриев дар мулоқоташ бо аъзои хоҷагии Махтумқулии Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳо ва Конститутсия меваи ширини он аст. Аз ин рӯ, онро муқаддас шуморида, чун гавҳараки чашм эҳтиёт бояд кард.
Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»
***
17 сентябри соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сироҷов аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 ва Дилшод Исматуллоев аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.
Вакилон ҳадафи баргузории ин вохӯриҳоро таҳкими равобит байни вакил ва интихобкунанда арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки қисми зиёди таклифу пешниҳодҳои мардум, ки аз чунин мулоқотҳо бармеоянд, ҳангоми таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳо ба инобат гирифта мешаванд, зеро бештари ин пешниҳодҳо аз зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ маншаъ мегиранд.
Зимни мулоқот вакилон Шарофиддин Сироҷов ва Дилшод Исматуллоев дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», Протокол «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004», ки дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулу тасдиқ гардида буд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ибрози назар карданд.
Таъкид гардид, ки Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар замоне ҷараён гирифт, ки халқу давлати Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи навин қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самту ҳадафҳо ва стратегияи гуногуни ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар бахшҳои ҷомеа саъю талош меварзиданд.
Мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳамкориҳо бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи интихобкунандагон буд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ ҳамчунин иброз доштанд, ки дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне шиддат гирифтани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва хавфи осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳо масъалаи ҳифзу тақвияти дастовардҳо ва давлатдорӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунад. Зеро ҳеҷ як кишвари ҷаҳон аз ин бархӯрдҳо дар канор буда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳими минтақа ва байналмилалӣ, ташаббускори чорабиниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таърихию фарҳангӣ буда, ҳамеша ҷиҳати барқарор намудани сулҳу суботи кишварҳои минтақаву дунё саҳми худро мегузорад.
Дар анҷоми мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сироҷов ва Дилшод Исматуллоев ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфтанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»