Зимни мулоқоту вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода бо интихобкунандагонаш аз ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб, ки аз 30 апрел то 10 май идома ёфт, асосан атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013), самтҳои фаъолияти вакилон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт. Аз ҷумла Давлаталӣ Давлатзода ҳангоми вохӯриҳояш бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти «Такоб», «Деҳмалик», «Варзобқалъа», «Лучоб»-и ноҳияи Варзоб, ҷамоатҳои деҳоти «Чортеппа», «Чоряккорон»-и ноҳияи Рӯдакӣ зикр намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолааш беш аз ҳарвақта ба масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риоя ва қадр намудани сулҳу субот дар ҷомеа диққат дод. Пӯшида нест, ки соли равон дар кишварамон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳарчанд ки Сарвари давлат шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботро кафолат медиҳам гуфта бошад ҳам, баъзе кишварҳо ва гурӯҳҳои нотавонбини дохилӣ аз ҳоло кӯшида истодаанд, ки бо туҳмату буҳтон миёни аҳолӣ иғво андохта, мисли солҳои навадум онҳоро муқобили ҳамдигар гузоранд. Аз ин рӯ, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ, дигар чораҳои таъсиррасон ҷаҳонбинию дониши сиёсии мардумро боло бурдан лозим аст. Мо бояд некро аз бад, ҳақиқатро аз буҳтон фарқ карда тавонем, то ки ба доми макри ин тоифаҳо дарнамонем. Ба ибораи Роҳбари давлат: «ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ»- ро набояд аз даст диҳем. Хусусан ҷавонон бояд огоҳона рафтор кунанд. Аз моҷарои ҳамсоякишвари мо атрофи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» огоҳед, албатта. Чаро ҳамсояи мо намехоҳад, ки давлати мо рушд кунад? -Чунки мехоҳад мо дастнигари эшон бошем. Ҳама медонанд, ки пешрафти ҷомеаро бе истифодаи қувваи барқ таъмин кардан имкон надорад. Тавре Президент зикр кард: «…ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад».
Давлаталӣ Давлатзода ҳамчунин оид ба афзоиши буҷети ҷумҳурӣ тайи ҳафт соли охир, афзалияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар ин замина паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, сохтмону ояндабинии иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои мошингарду оҳан, хизматрасонии давлатӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, риоя ва эҳтироми забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ба иштирокдорони ин вохӯриҳо бо овардани далелу рақамҳои мушаххас маълумот дод.
Интихобкунандагон дар навбати худ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи қаноатмандӣ намуда, ба вакили хеш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳояшонро пешниҳод карданд. Аз ҷумла директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 Одинаев, омӯзгорон Оқилов, Имомалӣ Табарӣ аз ноҳияи Варзоб ва дигарон оид ба масъалаҳои марбут ба нафақа, уҳдадории умумии ҳарбии ҷавонон, тақсимоти замин, сохтмони мактабҳо ва ба сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ бардоштани масъалаи обод намудани Базаи ягонаи лижаронии «Сафедорак» ба Давлаталӣ Давлатзода муроҷиат намуданд.
Н. СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»