Маҳмадалӣ Ватанзода бо мушоҳидони ИДМ мулоқот намуд

№28 (4924) 03.03.2025

 DSC_1615Якуми марти соли 2025 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои мушоҳидаи ҷараёни интихоботи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон дар давоми фаъолияти бисту панҷсолаи худ дурустӣ, саривақтӣ ва ба талаботи давру замон мутобиқ будани таъсиси парламенти касбиро собит намуд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон яке аз омилҳои муҳими эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба шумор рафтани қонун ва волоияти онро нишон дод.

- Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ҷиҳати тақвият ва рушди муносибатҳо бо ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳон гурӯҳҳои миллии парламентии Маҷлиси намояндагон таъсис ва ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд, — гуфт М. Ватанзода.

Таъкид гардид, ки интихоботи навбатии парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи ҳафтуми парламентӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ба 63 курсии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 220 нафар номзад ва шаш ҳизби сиёсии кишвар довталаб ҳастанд.

Мувофиқи иттилои тозатарин, барои кор дар интихобот 229 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, мушоҳидон аз Россия, Чин, Беларус, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон номнавис шудаанд. Ҷараёни интихоботро беш аз 200 журналисти дохилию хориҷӣ инъикос хоҳад намуд.

- Тоҷикистон ба интихобот пурра омода аст. Барои баргузории интихобот ҳамаи шароит муҳайё мебошад. Мутмаинам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами хеш ба Маҷлиси намояндагон афроди шоистатаринро интихоб хоҳад кард, — афзуд М. Ватанзода.

Дар фарҷоми мулоқот ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз толорҳои бинои нави парлумони Тоҷикистон дидан намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ