Тавре сомонаи расмии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иттилоъ дод, бо фармоиши раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ Валентина Матвиенко, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторингӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуда, нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар он роҳбарӣ мекунад.
Айни замон раванди таъсиси гурӯҳи мониторингӣ аз ҳисоби намояндагони парламентҳои давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои он ва коршиносони Институти байналхалқии мониторинги рушди демократияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷараён дорад.
Баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 дар назар аст ва зимни он панҷ довталаб: аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов, Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон — Мақсуда Ворисова, Ҳаракати соҳибкорон ва коргарону Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев, Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» — Алишер Қодиров ва аз Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон Баҳром Абдуҳалимов рақобат мекунанд.
«Садои мардум»