Маҳмадсаид Убайдуллоев: «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори давлати навини тоҷикон мебошанд»

№140 (3777) 23.11.2017

STREAM 02.Still023Бо ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат 18 ноябри соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Онро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон ­Зуҳуров ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла, изҳор дошт, ки таър­ихи навини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сарчашма мегирад. Маҳз дар он иҷлосияи таърихӣ, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 ҷараён гирифт, ба бахти миллати тоҷик ва бо инояти Парвардигор ҷавонмарде ба арсаи сиёсат омад, ки бо фаъолияти пурсамар Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшид ва сулҳу ваҳдати комилро барқарор сохт. Ба гунаи мисол дастовардҳое, ки солҳои охир Тоҷикистони соҳибистиқлол ноил гардид, аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар солҳои охир ёдовар шуда, зикр дошт, ки дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳа, бахусус энергетикаю саноат ва роҳу нақлиёт рушди бемайлон таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳбудӣ ёфт.

Вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Ғайбулло Авзалов, Амонҷон Абдуллоев, Муродҷон Тоҳиров, Ҳошим Азимов, Ҳамдам Рофиев, Зууракан Давлаталиева, Ҳайдар Шарифов, Абдуваҳҳоб Саидмуродов ва дигарон перомуни Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози назар намуда, нақши онро дар таҳкими давлатдории навини кишвар на камтар аз Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Дар хотима, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз нақши Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар, хидматҳои беназир ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, иброз дошт, ки Пешвои миллат ҳамзамон бунёдгузори давлати навини тоҷикон мебошанд ва маҳз бо талошу ҷоннисорияшон Тоҷикистон ба кишвари ободу зебо табдил ёфт ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом гардид.

- Агар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ сарвари нави сулҳовару бунёдгузори давлатдории навинро интихоб карда бошад, — таъкид намуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвари давлат барои амалӣ кардани орзую омоли халқ ва қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ  ҷоннисорона фаъолияти беназир намуда истодааст ва ин собит менамояд, ки Иҷлосияи тақдирсоз ва Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ доранд. Пайомади ҳамин робита буд, ки дар марҳилаи таҳкимёбии асосҳои давлатдории навин, халқ ҳамчун баёнгари ­соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аз тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ дар як рӯз Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистонро қабул ва Президенти мамлакатро интихоб намуд.

Боз як падидаи нави сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории навин он аст, ки Президенти мамлакат бо ташаббуси эҷодкорона ба хотири такомули низоми давлатдорӣ сохти идоракунии президентиро чун тарзи амудии идораи давлат пешниҳод карданд ва халқ онро аз тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ маъқул донист ва қабул кард ва ба ин васила Президенти кишвар рисолати нави таърихиро ба зимма гирифта, аҳли ҷомеаи кишвар, сохтору мақомот, иттиҳодияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандиро ба сатҳи нав ва баланди тараққиёт ҳидоят намуда, пайгирона амалӣ намуда истодааст.

«Садои мардум»