Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҳмадсаид Убайдуллоев: «Соли 2019 Маҷлиси миллӣ 87 қонунро ҷонибдорӣ намуд»

№155 - 1 (4105 - 4107) 28.12.2019

Бисту панҷуми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

DSC_2419РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар дар толор иштирок доранд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем бо истифода аз низоми электронӣ аз қайд гузаред. Мар­ҳамат.

Дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба кори иҷлосия даъват гардидаанд, иштирок доранд.

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, бояд шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарори дахлдор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳо бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?

Бо дарназардошти пешниҳоди зикрёфта, лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» — ро ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот: раиси он — Раҷабзода Миралӣ, аъзо — Аминҷонова Саодат ва Насимов Абдурасул хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намоянд. Марҳамат.

Сипас, «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»

16. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»

20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикис­тон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хазинадорӣ»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»

30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»

33. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода А. С.»

34. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2020».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2019 қабул кардааст, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян намуда, аз шаш боб, ки 30 моддаро фаро гирифтааст, иборат аст.

Дар боби 1 мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм, принсипҳо, самтҳо ва вазифаҳои асосии он дарҷ гардида, дар моддаи 3 сенздаҳ ҳолати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ ҳисобшаванда номбар шудаанд.

Боби 2 моддаҳои 7 — 15 — ро дар бар гирифта, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва ваколати онҳо, инчунин, уҳдадории шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва кафолати давлатиро нисбат ба шахсоне, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мерасонанд, муайян намудааст.

Дар боби 3 моддаҳои 16-21 меъёрҳоро доир ба чораҳои умумӣ ва махсуси пешгирии фаъолияти экстремистии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ дар бар гирифта, мутобиқан шахси ҳуқуқӣ дар асоси аризаи прокурори генералӣ ва танҳо бо санади суд метавонад ташкилоти экстремистӣ эътироф шавад. Дар ин замина, маблағгузории экстремизм боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ гардида, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба ташкилотҳои экстремистӣ рад намоянд.

Мутобиқи боби 4, ки моддаҳои 22-26-ро фаро гирифтааст, баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсони барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкумшуда, ки аз ҷониби мақомоти амнияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад, инчунин, чораҳои муқовимат нисбат ба чунин ташкилотҳо ва ҷавобгарии шахсони мансабдору хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, барои наандешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани фаъолияти экстремистӣ пешбинӣ шудааст.

Бобҳои 5 ва 6, ки моддаҳои 27-30-ро дар бар гирифтаанд, меъёрҳоро вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва муқаррароти хотимавӣ ифода намуда, ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2008 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз рӯзи мавриди амал қарор додани қонуни мазкур, аз эътибор соқит дониста шудааст.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис­тон мутобиқ буда, барои пешгирии экстремизм ва татбиқи чораҳои муқовимат ба он мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2019 қабул кардааст, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро бо мақсади фаро гирифтан ба таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо муайян намуда, аз чор боб, ки 29 моддаро фаро гирифтааст, иборат аст.

Боби 1 моддаҳои 1 — 3-ро дар бар гирифта, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро пешбинӣ намудааст. Зимнан, дар моддаи 1 шарҳи ҳуқуқии баъзе аз мафҳумҳо, масалан шахсони душвортарбия, оилаи дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордошта бори аввал дар таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии кишвар дода шудааст.

Боби 2 моддаҳои 4-22 — ро дар бар гирифта, мушаххас салоҳият ва ваколатҳои субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро муайян намуда, мувофиқан салоҳияти таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ ва назорати фаъолияти субъектҳо ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузор шудааст. Дар моддаҳои 7-20 ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти васояту парасторӣ, маориф, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, кор бо занон, кор бо ҷавонон, меҳнат, дин, фарҳанг, прокуратура, амнияти миллӣ ва ғайра муайян ва иштироки шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Мутобиқи моддаи 22, маблағгузории мақомот ва ташкилотҳои дар самти мазкур фаъолияткунанда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои молиявии дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ мешавад.

Боби 3 моддаҳои 23 — 27 — ро дар бар гирифта, муносибатҳои вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро танзим намудааст. Муайян карда шудааст, ки пешгирии умумӣ ва инфиродӣ аз ҷониби субъектон ва ташкилотҳо дар доираи тартиб ва ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур ба роҳ монда шуда, пешгирии инфиродӣ бештар нисбат ба ноболиғони душвортарбия, беназорату бепарастормонда, айбдоршавандаву гумонбаршуда, ба оворагардиву талбандагӣ машғулбуда, бо ҳукми суд маҳкумшуда татбиқ карда мешавад. Илова ба ин, чораҳои пешгирии инфиродӣ бо кафолати ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон тибқи панҷ асосе, ки дар моддаи 25 пешбинӣ шудаанд, ба роҳ монда мешавад.

Дар боби 4, ки моддаҳои 28 ва 29-ро фаро гирифтааст, муқаррароти хотимавӣ дарҷ шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бартараф намудани сабабу шароитҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидат менамояд.

Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади такмили танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба идоракунии корхонаҳои давлатӣ буда, ба ин васила қисми 4 моддаи 124 Кодекси гражданӣ, ки муқаррароти асосиро дар бораи чунин корхонаҳо муайян намудааст, дар таҳрири нав ифода шудааст.

Мутобиқи қонун мақомоти корхонаҳои давлатӣ аз мақоми болоӣ, яъне муассис, мақоми идоракунӣ, яъне шӯрои нозирон ва мақоми иҷроия, яъне роҳбари корхона, иборат аст. Шӯрои нозирон, ки бештар ҳамчун мақоми дастаҷамъии идоракунӣ ба ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ хос аст, бо қонуни мазкур минбаъд нисбат ба корхонаҳои давлатӣ низ татбиқ карда мешавад.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис­тон мутобиқ буда, барои рушди қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба шумор меравад. Сухан оид ба он ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Марҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»- ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади мукаммалгардонии кодекси амалкунанда дар иртибот бо банди мушаххаси (10.4) Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019 — 2022 буда, ба ин васила ба қисми 2 моддаи 242, ки асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликиятро муайян намудааст, банди чорум илова шудааст.

Мутобиқи илова, ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулк дар натиҷаи рӯёниши ихтиёрӣ ё маҷбурӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар алоқамандӣ бо муқаррароти мазкур, қисми 2 моддаи 377 кодекс дар таҳрири нав ифода гардида, дар он андозаи минималии талаби ситонидани молу мулки ба гарав гузошташуда муайян шудааст. Зимнан, уҳдадории бо гарав таъминшудаи қарздор хеле ночиз ё номутаносиб бошад, яъне, агар андозаи талаботи гаравгир на зиёда аз 10 фоизи уҳдадориҳои бо гарав таъминшударо дар бар гирад, талаби ситонидани молу мулки ба гарав гузошташуда метавонад рад карда шавад.

Қонун ба талаботи Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, барои беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молӣ ва иҷрои уҳдадориҳои таъминшуда мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияи 32 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2019 қабул кардааст, аз иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии маблағгузории терроризм, инчунин пешгирии экстремизм иборат буда, ба ин васила санксияи моддаҳои 4744, 476 ва 477 кодекс, ки ҷазои маъмуриро, аз ҷумла, барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин, роҳбарӣ ва иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию диние, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва ё маблағгузорӣ намудани онҳо дар намуди ҷарима муайян шудааст, такмил ёфтааст.

Бо такмили санксия ва ворид намудани тағйирот ба ном ва матни моддаи 5271 амали он нисбат ба маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ карда шуда, тибқи тағйирот, ба санксияи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 566, минбаъд риоя накардани қоидаҳои пешбурди феҳристи коғазҳои қиматнок боиси таъин намудани ҷарима, мувофиқан аз ҳафтод то сад ва аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Қисми 4 моддаи 578 дар таҳрири нав ифода гардида, барои эъломия накардан ё носаҳеҳ эъломия кардани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда ҷарима мувофиқан нисбат ба субъектҳо ба андозаи аз бист то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, вале агар он бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ё маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад, инчунин, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда мешавад.

Бо тағйирот дар санксияи қисмҳои 1 — 4 моддаи 6031, ки ҷазоро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ кардааст, ҳамчунин, қисми 5 бо муайян намудани ҷазо барои сари вақт пешниҳод накардан ё пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ дар бораи молик — бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ илова карда шудааст.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии терроризм, экстремизм ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои тавсияи 32 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) пешниҳод гардид, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2019 қабул кардааст. Мақсад аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда ва бо ҳам мутобиқгардонии он бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин робита ба қисми 1 моддаи 93 ва қисми 1 моддаи 130 тағйирот ворид шудаанд. Мутобиқи онҳо, минбаъд баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисмҳои 1, 2 ва 4 моддаи 578 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба салоҳияти суд ва парвандаҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинигардида ба ваколати мақомоти гумрук мансуб дониста шудааст.

Қонун ба талаботи Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, барои татбиқи қонунгузории моддӣ, ки мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешбинӣ намудааст, мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ медиҳем. Мар­ҳамат.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади такмили ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа буда, бо илова ба қисми 1 моддаи 1431 Кодекс муайян шудааст, ки қасдан азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ расонидан бо мақсади гирифтани маълумот оид ба ҷинояти аз ҷониби шахси сеюм содирнамуда низ боиси маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол мегардад.

Бо тағйирот ба санксияҳои қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ мувофиқан аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз панҷ то даҳ ва аз даҳ то понздаҳ сол пешбинӣ гардидааст.

Илова ба ин, бо дарназардош­ти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар номи боби 1, ном ва (ё) матни (қисми) моддаҳои 2-10, инчунин қисми 3 моддаи 60 кодекс, калимаи «Принципҳои», «принципи» ва ба ҳамин монанд, мувофиқан ба калимаи «Принсипҳои», «принсипи» ва ба он монанд, иваз карда шудааст.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии ҷинояткорӣ мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро, ки аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ноябри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади бартараф намудани норасоӣ ва мусоидат барои таъмини ахлоқи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ буда, ба ин васила аз банди а) қисми 1 моддаи 57 кодекс, ки мусодираи молу мулкро пешбинӣ намудааст, калима ва рақамҳои «моддаи 1302» ва «моддаи 132» хориҷ шудаанд, зеро муқаррароти онҳо қаблан бо моддаи 130 Кодекс, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои савдои одамон муайян кардааст, муттаҳид карда шудаанд.

Инчунин, қисми 2 моддаи 1421, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ муайян намудааст, такмил ва қисми 3 илова шудааст, ки тибқи он ҳаракатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 пешбинишуда, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии ҷинояткорӣ ва бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ медиҳем. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба такмили фаъолияти Агентӣ ва мутобиқ кардани он бо дигар қонунҳо буда, дар ин васила ба 14 моддаи қонуни амалкунанда тағйирот, инчунин ду модда ва муқаддима, ки ҳадафи қабул кардани қонун, мавзӯъ ва вазифаҳои асосии онро инъикос менамояд, илова шудааст.

Тағйироте, ки ба моддаҳои 2, 7, 10, 13-15, 17-19 ва 22 ворид шудаанд, бештар таҳрирӣ буда, хусусияти муайянкунанда доранд.

Тибқи тағйирот, ба қисми 3 моддаи 5, минбаъд корманди Агентӣ уҳдадор аст дар бораи дастгир намудани шахс ба прокурор на дар муддати 24 соат, балки дар 12 соат хабар диҳад. Бо илова ба моддаи 6, хусусиятҳои дастгир намудани корманди Агентӣ ва татбиқи дигар чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҳангоми аз ҷониби ӯ содир намудани ҷиноят ё вобаста ба парвандаи ҷиноятии нисбат ба ӯ оғозгардида, муайян карда шудааст.

Тибқи иловаҳо ва тағйирот ба моддаҳои 11 ва 12, муайян карда шудааст, ки Низомнома дар бораи нишони Агентӣ, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва бо розигии ӯ сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъин ва озод карда мешаванд.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 26, талаботи мушаххас нисбат ба хизмат ба Агентӣ, қабул накардани баъзе аз категорияҳои шаҳрвандон, инчунин, аз ҷониби довталабон пешниҳод намудани эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ ва тартиби ишғоли мансабҳои холӣ пешбинӣ шудааст.

Иловаҳо дар моддаҳои 261 ва 321 ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда ва пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти Агентиро муайян намудааст. Дар ин самт, минбаъд ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда, тибқи қоидаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, ба роҳ монда мешавад.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони Агентӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»- ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади такмили қонуни амалкунанда буда, ба ин васила аз матн, сархат ё қисмҳои мухталифи моддаҳои 2, 6, 7 ва 8 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва дар моддаҳои 5, 6 ва 10 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудааст.

Моддаи 1 бо сархатҳои ҳабдаҳум — нуздаҳум, ки шарҳи мафҳумҳои «номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда», «дараҷаи махфият» ва «ҳифзи сирри давлатӣ» — ро дар бар гирифтаанд, илова карда шуда, бо тағйирот ба қисми 2 моддаи 4 масъулияти ташкили ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба зиммаи роҳбарони аввали онҳо гузошта шудааст. Тибқи иловаҳо ба қисми 1 моддаи 6 ва моддаи 10, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатиро таъсис медиҳад ва низомномаи онро, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, тасдиқ мекунад.

Аз илова ба банди 24 моддаи 18 ва қисми 1 моддаи 37 мувофиқан бармеояд, ки воситаҳо ва усулҳои низоми махфият низ ба сирри давлатӣ маҳсуб ёфта, рухсат ба сирри давлатӣ ихтиёрӣ мебошад. Ба моддаи 24 қисми 5 илова карда шудааст, ки он лаҳзаи оғози муҳлати махфигардонии маълумотро муайян менамояд. Бо дарназардошти таъмини алоқамандии мантиқии номи модда ва мазмуни қисмҳои он, аз моддаи 39 қисми 4 хориҷ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини амният ва ҳифзи сирри давлатӣ мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ медиҳем. Мар­ҳамат.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, ба ин васила аз матни моддаи 2 ва қисми 2 моддаи 6 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва ба моддаи 32 қисми 6 илова шудааст, ки тибқи он, ҳангоми ворид шудани муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ, бояд аз ҷониби на кам аз се духтури ба муассисаи ҷойи нигоҳдории мавсуф тобеиятнадошта, муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронида шавад.

Аз сархати дуюми банди 1) қисми 2 моддаи 34 меъёр дар бораи бо иҷозати прокурор дар як камера нигоҳ доштани калонсолони хислати мусбат зоҳирнамуда, ки бори аввал ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ҷинояти содиркардаи онҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин намебошанд, хориҷ карда шудааст.

Дар таҳрири нав ифода ёфтани сархати дуюми моддаи 38 минбаъд дар карсер, камераи якнафара ва гауптвахта ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғро истисно намудааст.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2019 қабул кардааст, бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарназардошти он аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» ва аз сархати 2-юми банди 7) қисми 1 моддаи 29 калимаҳои «(дар мувофиқа бо Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои истифодаи қаъри замин)» хориҷ карда шудааст.

Меъёри мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бе мувофиқа бо Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои истифодаи қаъри замин амалӣ гардонида шавад.

Қонун ба талаботи Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Доир ба масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961 — 1963 қабул шудаанд», сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аьзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961 — 1963 қабул шудаанд», аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2019 қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудани он аз санадҳои қонунгузории моҳиятан куҳнашуда, ки ҷавобгӯйи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар нестанд, иборат аст.

Дар ин замина 40 адад Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва як Қонуни Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961 ва 1963 қабул гардида, масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтаанд, аз эътибор соқит дониста шуданд.

Қонун ба Конститутсия, қонунҳои дигар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис­тон мутобиқ аст ва барои рушди қонунгузории кишвар мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961 — 1963 қабул шудаанд», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» оғоз менамоем. Сухан ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло, раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, дода мешавад. Марҳамат.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Олимҷон Бобоев, Олимҷон Сафаров ва Мирзоанвар Ахмедов таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст.

Қаблан қонуни мазкур бо дарназардошти ҷой доштани камбудиву норасоиҳо, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли 2019, №672 ҷонибдорӣ нагардида, барои такмил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои Маҷлиси миллӣ, қонунро такмил дода, 3 ноябри соли 2019 онро такроран қабул намуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эродҳои пешниҳодшуда, ба матни қонун тағйироти зерин ворид намуд:

- сархати нуҳуми моддаи 1 дар бораи мафҳуми «шабакаи мелиоративии дохилихоҷагӣ (дохили ассотсиатсия)» таҳрир гардида, ба мафҳуми «шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ» иваз карда шуд;

- қисми 1 моддаи 6 дар бораи «мақоми ваколатдори давлатӣ» такмил гардида, дар асоси он моддаҳои 11, 12, 15, 18 таҳрир карда шуданд;

- дар моддаи 29 вобаста ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», муқаррарот оид ба озод кардани ассотсиатсия аз пардохти боҷи давлатӣ хориҷ карда шуд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти тағйироти воридгардида, моддаҳои алоҳидаи қонун такмил дода шуд.

Қонун аз 8 боб ва 32 модда иборат буда, он асосҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро муайян намуда, ба таъмини сарфаи об ва истифодаи босамари иншооти гидротехникӣ дар минтақаи хизматрасонӣ равона шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала суханро ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло медиҳем. Марҳамат.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Хайрулло Сафарзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Бадриддин Садриддинзода ва Олимҷон Сафаров пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст.

Он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии парвариш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороиширо муқаррар менамояд.

Қонун аз 5 боб ва 20 модда иборат буда, боби 1 муқаррароти умумиро дар бар мегирад.

Боби 2 масъалаҳо роҷеъ ба идоракунии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ, аз қабили танзим ва дастгирии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ, инчунин суғуртаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарвариро фаро мегирад.

Боби 3 ташкили низоми ниҳолпарварӣ, парвариш, назорату фурӯши онҳо, баҳисобгирӣ, воридоту содирот ва сертификатсияи лавозимоти киштшаванда ва ниҳолҳо, боби 4 бунёди боғҳои модарӣ ва лавозимоти киштшаванда, мониторинг, гузаронидани кадастр ва аз ҳисоб баровардану решакан кардани онҳо ва боби 5 муқаррароти хотимавиро дар бар мегиранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст, бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Мутобиқи тағйироти пешбинишуда, номи қонуни конститутсионӣ ва муқаддимаи он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шудааст. Инчунин, моддаи 15 дар таҳрири нав ифода ёфта, дар қисми дуюми он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ифода ёфтааст.

Қонуни конститутсионии зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад.Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст, бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, ҷорӣ намудани савганди вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тибқи иловаи пешниҳодгардида, минбаъд вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколат дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд мекунад.

Қонуни зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Сухан доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст, бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, интизоми давлатӣ ва хизмати давлатӣ, бартараф намудани мухолифат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, таъмини якхелаи ба хизмати давлатӣ қабул намудан таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ба моддаи 13 қисми 6 илова шудааст, ки муқаррар намудани ҳама гуна табъиз, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, ­эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молумулкии шаҳрванд, ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатиро манъ менамояд.

Қонуни зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммад­юсуф Саидалӣ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст, бо мақсади такмил, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, инчунин тақвияти минбаъдаи фаъолияти иттифоқҳои касаба, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ба моддаи 16 қисми 5 илова шудааст, ки тибқи он, минбаъд иттифоқҳои касаба ҳангоми ошкор кардани поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, солимгардонии аъзо мутобиқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи тартиб додани санад, амрнома, тафтиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва овардани пешниҳод дар хусуси бартараф кардани чунин норасоиҳо ба корфармоён ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошанд.

Қонуни зикршуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолия­ти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таҳти № 368 аз 31 июли соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи он, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.

Деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 1928 таъсис ёфта, дар баландии 3612 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масофа то маркази вилоят — шаҳри Хоруғ 317 километр, то маркази ҷумҳурӣ қариб 1000 километр мебошад. Шумораи аҳолӣ то 1 январи соли 2019 ҳамагӣ 7829 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 3814 нафар мард ва 4015 нафар зан мебошанд.

Деҳаи Мурғоб аз 17 кӯча иборат буда, аҳолӣ асосан ба чорводорӣ машғул аст. Диққати асосӣ ба рушди қутоспарварӣ ва бузу гӯсфандпарварӣ равона шудааст.

Дар ҳудуди деҳа шуъбаи департаменти «Почтаи тоҷик» фаъолият дорад, ки аҳолиро бо рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ таъмин намуда, хизматрасонии мукотибавиро ба анҷом мерасонад. Инчунин, сохторҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз қабили прокуратура, суд, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбӣ низ мавҷуд буда, фаъолият доранд.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар маркази ноҳияи Мурғоб, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолия­ти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба роҳ монда шуда, симои маркази ноҳия ободу зебо гардида, шароити инфрасохтории барои ташкили шаҳрак ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ фароҳам гардида истодааст.

Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Мурғоб, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита пешниҳоди мазкурро оиди ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қобили дастгирӣ меҳисобад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» оғоз менамоем. Сухан доир ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 23 октябри соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади таҳкими назорати иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини шаффофияти даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилии низоми хазинадорӣ ва тартиби фаъолияти мақомоти хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Қонун аз 9 боб ва 27 модда иборат буда, боби 1 мафҳумҳои асосӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар бораи хазинадорӣ дар бар мегирад.

Дар боби 2-юми қонун мақомоти хазинадорӣ, низом, ваколат, вазифа ва ҳуқуқи онҳо муайян гардида, боби 3 асосҳои ташкили иҷрои буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадориро ба танзим медарорад.

Масъалаҳо вобаста ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, механизми бонкии хазинадорӣ ва ҷойгиронии маблағҳои озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ дар боби 4 дарҷ гардидаанд.

Боби 5-уми қонун муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ, мақомоти хазинадорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ, инчунин уҳдадориҳои гирандагони маблағҳои буҷетиро, фаро мегиранд.

Масъалаҳо вобаста ба баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба иҷрои буҷет, инчунин назорат ва аудити фаъолияти мақомоти хазинадорӣ дар бобҳои 6 ва 7 дарҷ гардида, бобҳои 8 ва 9 талабот оид ба ҳифзи иттилоот ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегиранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади такмили низоми андозсупории истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ таҳия гардида, мутобиқи таҳрири нави қисми 1 моддаи 223, корҳои омӯзиши геологӣ аз пардохти бонуси обунавӣ озод гардидаанд.

Илова бар ин, дар моддаи 225 кодекси амалкунанда тағйирот ворид гардидааст, ки тибқи он муҳлати пардохти бонуси обунавӣ барои маъданҳои фоиданоки маъмул ва маъданҳои фоиданок, ба истиснои субъектҳое, ки дар соҳаи истихроҷи ангишт фаъолият менамоянд, бо чунин тарз муқаррар шудааст:

- 30 фоизи маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз санаи гирифтани иҷозатнома дар давоми 30 рӯзи тақвим ва 70 фоизи маблағи боқимонда аз санаи оғози корҳои истихроҷӣ дар давоми як сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ;

- барои истихроҷи ангишт пардохти бонуси обунавӣ вобаста ба андозаи бонуси обунавии ҳисобшуда аз 1 то 10 сол, аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ.

Маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ барои истихроҷи ангишт аввал дар давоми як сол барои ҳар моҳи ҳисоботӣ ба маблағи муайяни нишондиҳанда барои ҳисобҳо, солҳои минбаъда, аз ҷумла, барои 2, 4, 6 ва 10 соли фаъолият пешбинӣ шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ  Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Ба Кодекси амалкунанда моддаи нави 171 илова карда шудааст, ки минбаъд ба соҳибкорон барои гирифтани маълумоти зарурӣ аз сомонаҳо ва ё тартиби пешниҳоди ҳисоботҳоро ҷиҳати истифодаи имтиёзҳои андозӣ фароҳам меорад.

Ҳамчунин, дар моддаи 104 бандҳои нави 18 ва 19 илова шудааст, ки минбаъд маҳсулоти кишоварзии дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ парвариш (истеҳсол) кардашуда (бе коркарди саноатӣ ва содироти он) аз андоз аз даромад озод карда мешаванд.

Инчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон ба моддаҳои 290, 291, 292 ва 296 иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам  Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: 

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед, Иноятзода Баҳром ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нидозода Ҳусейн пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нояб­ри соли 2019 қабул на­му­дааст.

Тағйироту иловаи воридшуда 3 моддаи кодекси амалкунандаро дар бар гирифта, хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2019 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули он, асосан таъмини мутобиқатии қонунгузории гумруки ҷумҳурӣ бо муқаррароти  байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ мебошад. Вобаста ба ин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки дар асоси онҳо мақомоти гумрук вазифадор аст санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иттилоотро ҷиҳати дастрасии молинтиқолдиҳандагон сари вақт дар сомонаи расмии интернетӣ ҷойгир намояд.

Ҳамчунин, ба Кодекси амалкунанда тибқи бандҳои нави иловашуда ба моддаҳои 379 ва 382 ҳолатҳои пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё тамдиди муҳлати пардохти боҷҳои гумрукию андоз ба шахсон зиёдтар шуда, аз ҷониби онҳо истифодабарии таъминоти генералии пардохти боҷҳои гумрукию андоз пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, ба кодекси амалкунанда моддаи нави 4701 илова шудааст, ки он минбаъд ҳамкории мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсоне, ки фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт­ро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ба танзим медарорад.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ба шумор меравад. Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади дар корхонаҳои давлатӣ таъсис додани шӯроҳои нозирон ва таъмини фаъолияти онҳо, инчунин, муайян намудани ваколатҳои шӯроҳои нозирони корхонаҳои давлатӣ таҳия гардидааст.

Ҳамин тариқ, моддаи 11 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки тибқи он, принсипҳои яккасардорӣ дар корхонаҳои давлатӣ аз байн рафта, минбаъд, идоракунии давлатии корхонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдоршуда анҷом медиҳад.

Мутобиқи моддаи 111,шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти корхонаи давлатиро анҷом дода, моддаи 112 салоҳияти шӯрои нозирони корхонаи давлатиро муайян менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2019 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ ва барои субъектҳои хоҷагидор ройгон анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ таҳия гардидааст.

Дар қонуни мазкур ворид намудани тағйироту илова ба моддаҳои 4, 5 ва 6 пешбинӣ гардидааст, ки тибқи онҳо, минбаъд шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои бақайд­гирии давлатӣ ва барҳамдиҳии фаъолият аз пардохти боҷи давлатӣ озод мегарданд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2019 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади кам намудани хароҷот ҳангоми бақайдгирӣ ва қать гардидани фаъолияти соҳибкорон пешбинӣ гардида, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳамбастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда ворид намудани тағйирот пешбинӣ гардидааст, ки мутобиқи он талабот оид ба пешниҳоди пардохтнома ҳангоми бақайдгирӣ, азнавташкилдиҳӣ ва анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ бекор карда шудааст.

Илова бар ин, қисми 2 моддаи 6 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатӣ ва маълумотнома ҷиҳати дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект ройгон дода мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Садридин, Абдуалимов Баҳром, Саидзода Ҷамшед, Шарифӣ Фирӯза ва Нидозода Ҳусейн пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ ва бартараф намудани мухолифат байни қонунҳои соҳавӣ таҳия гардида, тағйиру иловаҳои воридгардида муҳтавои қонуни амалкунандаро ғанитар ва оммафаҳм намудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба шумор меравад. Аз рӯи ин ­масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади пешбинӣ намудани мақоми санҷишӣ ва мавзӯи санҷиш дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ қабул гардидааст. Ҳамин тариқ, ба қисми 1 моддаи 10 қонуни амалкунанда банди 26 бо мазмуни зерин илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи ваколат санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ анҷом медиҳад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» мебошад. Аз рӯи он сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амирзода, С. Абдураҳмонзода, А. Ҳомидзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ш. Раҳимзода ва Д. Мансурӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декаб­ри соли 2019 қабул на­муд­ааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Инчунин, тағйиру иловаҳои воридгардида ба рушди барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ ­мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» оғоз намуда, суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 2019 қабул намудааст.

Мақсад аз он тавассути такмили низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, таъмини суботи низоми бонкӣ ва мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул мебошад.

Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 34, 38, 40, 41 ва 46 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки баҳри мусоидат ҷиҳати баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, бо дарназардошти муроҷиат ва таклифҳои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон равона шудааст.

Илова бар ин, ҷиҳати батанзимдарории қарзҳои ипотекӣ ва дар маҷмӯъ барои васеъ намудани имконияти ҳамкориҳои шаффоф байни гаравдеҳ ва гаравгир ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Доир ба масъалаи ниҳоӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2020» сухан ба роҳбари Дастгоҳи Маҷ­ли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин дода мешавад. Мар­ҳамат.

ШАМСЗОДА Абдуҷаббор Саймумин:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар сатҳи дахлдор ба роҳ монда, ҳамаи вазифаҳои бо Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Дастури Маҷлиси миллӣ муқарраршуда дар муҳлатҳои зарурӣ иҷро шуда, кормандони дастгоҳ ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб гузоштанд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъмини хизматрасонии ҳуқуқӣ, коргузорӣ, ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии фаъолияти Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияҳои онро амалӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбию ташкилотчигӣ баргузор намудани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, муҳокимаҳои парламентӣ, вохӯриҳои Раиси Маҷлиси миллӣ бо намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатӣ, анҷом додани сафарҳои хизматии аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони Дастгоҳ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ, омӯзишу таҳлил ва таҳияи хулосаҳои зарурӣ ба қонунҳои воридгардида, ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чорабиниҳои дигар, ҳамчунин, таъмини хароҷоти мақсадноку самарабахши маблағҳои ҷудогардида, ҳифзи моликияти давлатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Муҳтарам Раис, муҳтарам ­аъзои Маҷлиси миллӣ !

Дар соли 2019 барои фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, истифодаи самараноки онҳо таъмин карда шуд. Бояд қайд намуд, ки соли сипаригардида бо натиҷагирӣ аз санҷиши фаъолияти молиявии дастгоҳ ҳолати он мусбат арзёбӣ гардид.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 16 ­Дастури Маҷлиси миллӣ, ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» пешниҳод гардидааст.

Сохтори Дастгоҳ аз роҳбарият, котибот, 8 шуъба ва 1 бахш иборат аст. Шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 нафар мебошад.

Сметаи хароҷот барои фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва бо дарназардошти иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди мақомот вогузоршуда таҳия ва ба шумо пешниҳод гардидааст.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан ба раиси котибот муҳтарам Раҷабзода Миралӣ дода мешавад. Марҳамат.

Миралӣ РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба унвони Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ягон дархост ва муроҷиат ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Баррасии масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба итмом расиданд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳод ва таклифу эродҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Бо камоли эҳтиром ба раи­сони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва онҳое, ки дар омодагию баргузории иҷлосияҳо бо мо ҳамкории муфид доштанд, миннатдории амиқи роҳбарияти Маҷлиси миллиро иброз менамоем.

Бояд тазаккур дод, ки соли сипаришаванда маҷмӯан 87 қонун, аз ҷумла, 12 қонуни мукаммал, 74 қонун оид ба такмили қонунҳои амалкунанда ва 1 қонун дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории собиқ РСС Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардида, бинобар дастгирӣ наёфтан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» барои такроран баррасӣ намудан ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.

Қобили зикр аст, ки дар чор иҷлосияи соли равон 20 пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҳамчунин, Маҷлиси миллӣ ду пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда, вобаста ба онҳо қарор қабул намуд.

Бисту ҳафтуми ноябри соли равон бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ: вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» доир гардида, бо мақсади натиҷагирӣ аз ҷараёни татбиқи қарор ва тавсияҳои муҳокимаҳои парламентӣ дар мавзӯъҳои «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Нақшаи Маҷлиси миллӣ мутаносибан 28 июн ва 30 сентябр ҷаласаи кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ баргузор ва оид ба онҳо қарор бо тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ қабул карда шуданд.

Инчунин, мутобиқ ба иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз 10 июли соли 2019 таҳти №23, ҷиҳати муайян намудани шумораи маркази маъмурии ноҳияҳои кишвар, ки то ҳол мақоми деҳаро дороянд, Маҷлиси миллӣ таҳлилҳои амиқро ба сомон расонида, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина пай дар пай амалисозии фаъолияти судманд оид ба категорияи шаҳрак мутобиқ ва мансуб донистани марказҳои маъмурии 15 ноҳияи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дахлдор ирсол ва омодагии комилро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуд. Қобили зикр мебошад, ки дар асоси пажӯҳишҳо ҳамин сол ба марказҳои маъмурии ноҳияи Ховалинг — деҳаи Ховалинг ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон — деҳаи Мурғоб бо қарори Маҷлиси миллӣ мақоми шаҳрак дода шуданд.

Шоистаи зикр мебошад, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи Парламенти Тоҷикистон аъзои комиссияҳои доимии Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои парламентии байналмилалию байниминтақавӣ мебошанд, ки чанде аз онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи комиссияҳо фаъолияти босазо анҷом медиҳанд.

Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаву комиссия, ­аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуму семинарҳо, конференсияву симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ, пайваста вохӯрию мулоқотҳои Раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ бо роҳбарон ва ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони расмию дипломатӣ, ходимону арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакатҳои хориҷӣ таҳия ва баргузор карда шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 лоиҳаи қонунҳои намунавӣ ворид гардида, пас аз баррасӣ дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ таклифу пешниҳодҳо ба котиботи ассамблеяҳои зикргардида ирсол карда шуданд. Инчунин, Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бо Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи омодашавандаи Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2020-2022-ро мавриди баррасӣ қарор дода, таклифу пешниҳодҳои дахлдорро ҷиҳати ворид намудан ба он ба котиботи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ирсол намуд.

Гузашта аз ин, 198 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба Маҷлиси миллӣ воридшуда, тибқи тартиби муқарраргардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бояд тазаккур дод, ки соли сипаришаванда 11 қонун аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд ва он нисбат ба соли гузашта 4 адад зиёд мебошад.

Ҳамкорони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Мутмаинем, ки дар рӯҳияи созандагӣ ва бо ибрату масъулияти баланди ватандӯстию шаҳрвандӣ дар муҳлати боқимондаи даъвати панҷум низ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар соли нави 2020, қабл аз ҳама, дар татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фардо дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа медоранд, инчунин баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқӣ, такмилёбии қонунгузории амалкунанда ва ҷиҳати амалишавии онҳо дар ҷойҳо оид ба таъмини волоияти қонун, ҳамчунин дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани маъракаи интихобот ба Маҷлиси Олии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нақши муассир хоҳед гузошт.

Ташаккур!

Бо ҳамин Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ