10-уми июли соли 2024 бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҳайати парламентии мамлакат бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 10-14 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, ба Федератсияи Россия сафар намуд.
11-уми июли соли 2024 ҳайати Маҷлиси намояндагони мамлакат бо роҳбарии Маҳмадтоир Зокирзода нахуст дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки дар шаҳри Санкт-Петербург, дар шакли нави васеъ бо иштироки сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои БРИКС, намояндагони созмонҳои парлумонии байналмилалӣ ва минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Валентина Матвиенко баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар назди иштирокчиёни Анҷумани X парлумонии БРИКС нахуст Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баромад намуда, аз ҷумла, чунин иброз намуд: «Мавзуи форуми ҳозира «Нақши парламентҳо дар таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилонаи ҷаҳон ва амнияти ҷаҳонӣ» ниҳоят муҳим аст. Баҳсҳои ошкорои шумо, суҳбати мустақими намояндагони мардум бо ҳамдигар комилан ба фалсафа ва принсипҳои ҷаҳонбинии созмони мо мувофиқ аст, ки ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар, такя кардан ба демократия дар муносибатҳои байналхалқӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи инкишофи инфиродии ҳар кас мебошад».
Таъкид гардид, ки БРИКС ҳанӯз сохтори институтсионалии парлумонии худро надорад, аммо дар оянда ин идея ҳатман амалӣ хоҳад шуд. Ва форум ба ин мусоидат хоҳад кард. Муҳим он аст, ки чунин вохӯриҳо аллакай худро ҳамчун намунаи эътимод, дастгирии ҳамдигар ва муколамаи озод, таҳкими нуфузи худи созмон ва нуфузи он дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанд.
Сипас, дар чаҳорчӯбаи раёсати Россия дар БРИКС анҷуман корашро идома дода, ҷаласаи якуми пленарии анҷуман дар ҳайати васеъ бо иштироки намояндагони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои БРИКС, давлатҳои даъватшуда ва созмонҳои байнипарлумонӣ баргузор гардид, ки ба нақши парламентҳо дар зиёд кардани самараи системаи муносибатҳои байналхалқӣ ва таъмини демократикунонии он бахшида шуд.
Иштирокчиён нақши парлумонҳоро дар муқовимат ба парокандагии низоми бисёрҷонибаи тиҷорат ва рафъи таҳдидҳои марбут ба паёмадҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар бахшҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мавзуи сеюми ҷаласаи пленарии анҷуман дар ҳайати васеъ буд.
Иштирокчиёни анҷуман дар баромадҳояшон таъкид намуданд, ки БРИКС ҳар чӣ бештар ҷонибдорон ва ҳамфикрон — давлатҳоеро ҷалб мекунад, ки принсипҳои бунёдии фаъолияти онро доранд. Ин баробарии соҳибихтиёрӣ, эҳтиром ба интихоби роҳи рушди худ, ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн, ошкорбаёнӣ, ризоият, хоҳиши ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ ва модели одилонаи низоми ҷаҳонии молиявию тиҷоратӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли дастаҷамъона мебошад.
Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо палатаи поёнии Парлумони Ҳиндустон — Лок Сабҳа яке аз аввалин гурӯҳҳое мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқот бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҳиндустон Ом Бирла баён намуд.
Мулоқот дар доираи иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид.
Гуфта шуд, ки раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон бозгӯи он аст, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд ҳавасманд мебошанд.
Мусоҳибон доир ба ҳамкории зичи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнипарлумонӣ дар чаҳорчӯбаи ассамблеяҳои байнипарлумонӣ ва дигар созмону иттиҳодияҳои минтақавию ҷаҳонӣ изҳори умед намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав пайдо намуда, дар оянда масъалаҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
12-уми июли соли 2024 Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт-Петербург, ҳамчунин, бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадами устувор гузошта шуд.
- Боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳоямон далели ин гуфтаҳост. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судманд дошта бошем, — иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммад Боқир Қолибоф низ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин мавзуи суҳбати худ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад.
Дар мулоқот, ҳамчунин, бар зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, эҷод ва қабули қарору қонунҳо ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони конфронси исломӣ ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкориҳои парлумонӣ ва иқтисодиро яке аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.
12-уми июли соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург, таҳти раёсати Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатхои Мустақил, раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатхои Мустақил иштирок дошт.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, раисони парлумонҳои Озарбойҷон — Соҳиба Ғафорова, Беларус — Наталя Кочанова ва Игор Сергеенко, Қазоқистон — Маулен Ашимбоев, Қирғизистон – Нурланбек Шакиев ва Ӯзбекистон — Танзила Норбоева иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи шуро 18 масъала баррасӣ гардид.
Вакилон, ҳамчунин, масъалаи ширкати нозирони байналмилалӣ аз АБ ИДМ дар мониторинги интихоботи пеш аз муҳлати Президентии Ҷумҳурии Озарбойҷон, интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Беларус ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Дабири кулли Шурои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский дар бораи омодагии нозирони байналмилалии ассамблея ба интихоботи палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон муфассал маълумот дод.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, санади муҳим – Низомнома дар бораи мақоми нозир дар Ассамблеяи байнипарлумонии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардид. Шуро, инчунин, масъалаҳои фаъолияти комиссияҳои доимии АБ ИДМ ва омодагӣ ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳониро муҳокима кард.
Дар интиҳо кори АБ ИДМ дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ