Маҳмадтоир Зокирзода бо ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардонда шуд

№14 (4754) 29.01.2024

DSC_750129-уми январи соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз муносибати хуби роҳбарони ҳар ду давлати дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва сафари намояндагони расмии сатҳи олии ҳар ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаҳои мусоидро фароҳам овардаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки муносибати парлумонҳои ҳар ду кишвар тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, дар ин замина, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парлумонҳо ба роҳ монда шудааст, ки ҷиҳати тақвияти ҳар чӣ бештари мақомҳои олии қонунгузори ҳар ду кишвар кумак мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия низ изҳори назар карда шуд.

Дар интиҳои мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ордени «Дружба народов» («Дӯс­тии халқҳо»)-ро тақдим намуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон