Қадршиносӣ

Маҳмадтоир Зокирзода бонувони парлумонро табрик намуд

№34 (4617) 07.03.2023

IMG_7226Ҳафтуми марти соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир ­Зокирзода бонувони парлумони касбии мамлакатро бо Рӯзи Модар табрик ­намуд.

Номбурда иброз намуд, ки дар ин рӯзҳои шукуфтани табиати биҳиштосои Ватани маҳбубамон боз ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар расидем.

Рӯзи Модар ҷашнест, ки ба шарофати он сухан аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан — Модар меравад. Асли ин ҳама сифатҳо дар тиннати поки модар маҳфуз мебошад. Биноан, исми муқаддаси модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаъвои зиндагии башарият қарор гирифтааст.

Дар ситоиши Зан-Модар волотарин суханҳо иброз шуда, зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матн­ҳои суғдиву паҳлавӣ тасвир ёфтааст.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба модарону занон арҷ гузошта, иброз намудаанд, ки: «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба Зан-Модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд».

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои беназир саҳми занонро дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардошта истодаанд, то ба ҷаҳониён маълум намоянд, ки зани тоҷик қудрату тавоноии анҷоми ҳама корро дорад. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ рӯз ба  рӯз дар мақомоти давлатӣ мақом ва мартабаи занон афзуда истодааст. Ин ҳама талошу заҳматҳои Сарвари давлатамон мебошад, ки барои занон, ҷавондухтарони тоҷик тамоми имтиёзҳоро муҳайё намудаанд.

- Шуморо бо ҷашни фархунда — Рӯзи Модар табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушбахтиҳои бепоён ва сарбаландиву пирӯзиҳо таманно мена­моям, — гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.

***

Худи ҳамон рӯз роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Сатторзода низ бо бонувони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мулоқоти судманд анҷом дода, онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон