Маҳмадтоир ЗОКИРЗОДА: «Сафарҳои Пешвои миллат тавсеабахши ҳамкорӣ мебошанд»

№104 (4524) 22.08.2022

DSC_443922 августи соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу ва ҳамроҳони ӯ, ки ба сафари корӣ ба Тоҷикис­тон ташриф овардаанд мулоқот намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳамеша аз дастовардҳои кишвари ба мо дӯст — Ҷумҳурии Корея хушҳолем.

Раиси парлумони касбии мамлакат, ҳамчунин иброз намуд, ки муносибат байни ҳар ду кишвар бо тақозои замон аҳамияти бештар касб намудааст.

Маврид ба таъкид аст, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея тавсеабахши равобити дуҷониба гардида, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак такон бахшид, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Бо узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо доираи ҳамкорӣ васеъ гашта, низоми савдои хориҷии кишвар шаффофтар ва монеаҳои маъмурию техникӣ пурра бартараф мегарданд.

Таъкид гардид, ки дар пешбурди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ назаррас аст.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарҳангу маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки кишварамон ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Хеле шодем, ки дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ шуд. Дар иртибот ба ин, 30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангии «Корвон» бо иштироки ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки хеле самимона пазируфта шуд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба таҷрибаи Ҷумҳурии Корея вобаста ба технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ ибрози назар карда, минҷумла гуфт, ки хуб мешавад, агар он мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирад. Барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муфид мебошад.

Дар раванди суҳбат саҳми Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, тиҷорат, энергетика ва фарҳанг мусбат арзёбӣ гардид.

Маҳмадтоир Зокирзода дар анҷоми мулоқот ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик дар чаҳорчӯбаи барномаи Global Korean Scholarship ишора намуд. Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

***

Ҳамон рӯз таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мулоқоти аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея низ баргузор шуд.

Дар он доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Корея гуфтугӯи судманд  сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ,  тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон