31 марти соли равон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкар дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки бо мақсади густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сентябри соли 2020 байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа)-и Ҷумҳурии Ҳиндустон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст.
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои пурсамар барпо намудани намояндагони Гурӯҳи дӯстӣ бо Палатаи Мардумии Парламент (Лок Сабҳа)-и Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамеша омода аст, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҳамчунин, аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд иброз гардид.