Аз ҳаёти вакилони халқ

Мақоми занон дар парламент

№30 (4136) 07.03.2020

Вақте ки ба саҳифаҳои таърихи Совети Олии СССР ва Совети Олии РСС Тоҷикистон (ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мутаваҷҷеҳ шуда, оид ба саҳми занони тоҷик ҳамчун депутати Совети Олии РСС Тоҷикис­тон маълумот ҷустуҷӯ кунем, ибтидои он аз солҳои сиюм сарчашма мегирад. Шумораи заноне, ки депутат интихоб шудаанд, хеле зиёданд.

Ин навбат тасмим гирифтем аз таърихи интихоби занони фаъоли ноҳияи Рӯшон ба депутатӣ дар асоси китоби «Вакилони халқ солҳои 1938- 2000» (Душанбе, «Деваштич», соли 2006, саҳ. 786) хонандагони рӯзномаро огоҳ намоем.

Дар даврони Ҳокимияти Советӣ анъана шуда буд, ки бештари депутатҳои Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон аз байни роҳбарони ҳизбӣ, хизматчиён, коргарон муаллимон, говдӯшон интихоб  мешуданд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, колхозчизани колхози ба номи В. И. Ленини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон Гулбегим Раҳмонова аввалин зане мебошад, ки  депутати Совети Олии СССР интихоб шуд. Номбурда дар сессияҳои Совети Олии СССР дар шаҳри Москва фаъолона иштирок мекарду баъди бозгашт бо сокинони ноҳия ва вилоят чандин мулоқоту вохӯрӣ дошт. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти Совети Олии СССР муваққатан қатъ гардид ва 10  феврали соли 1946 аз нав  интихобот доир шуд.

Устод Мирзо Турсунзода он солҳо ба занҳо- депутатҳои Совети Олии СССР шеъри «Аз Бадахшон то Кремл»- ро бахшида буд.

Аз сари кӯҳи баланди мулки ман,

Аз Бадахшони советӣ хоҳаре.

Чун депутат сӯи Маскав шуд равон,

Духтари маҳбуби халқи кишваре.

 

Дар дами наззора чашмони сиёҳ,

Медурахшиданд монанди алав.

Ӯ сухан мекарду дар ҳар як сухан

Дошт беҳад ифтихор аз бахти нав.

 

Чун депутат, чун вакили халқи худ,

Ман ба Маскав шоду хандон меравам.

Бо умеду орзуҳои бузург,

Аз диёри Тоҷикистон меравам.

Соли 1954 сардори бригадаи комсомолон ва ҷавонони деҳаи Деррӯшон Назарбегим Қурбонмамадова депутати Совети Олии СССР  (солҳои 1954 — 1959, даъвати 4) интихоб шуд. Ин ҷавондухтари  меҳнатқарин кордонӣ ва ташкилотчигиашро дар солҳои вазнини 1941 — 1945 нишон дода буд.

Чун депутат масъулиятро бештар ҳис карда, дар байни аъзои ҷавони колхоз корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебурд. Бригадае, ки  ӯ сарвариашро бар уҳда дошт, нақшаҳои солона ва панҷсоларо пеш аз  муҳлат иҷро кард. Меҳнати  софдилонаи ин зан бо ордени «Нишони фахрӣ» қадрдонӣ шуда, то  рӯзи вафоташ (соли 2003) дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ  фаъолона иштирок намуд.

Говдӯши колхози ба номи «Победа»- и ноҳияи Рӯшон Қурбонбегим Одинабекова низ нақшаҳои солонаашро пеш аз муҳлат, барзиёд иҷро карда, яке аз колхозчиёни фаъол ба шумор мерафт.

Сокинони ноҳия ӯро соли 1958 депутати Совети Олии СССР (солҳои 1958- 1963) интихоб карданд.Ҳукумати Советӣ хизматҳои Қурбонбегим Одинабековаро бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат», медалҳо ва унвони Устоди  чорвопарварии РСС Тоҷикистон қадр намуд.

То солҳои шастум аз занони фаъол се нафар  депутати Совети Олии СССР интихоб шуданд.Аз байни занони ноҳияи Рӯшон аввалин зане, ки  депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд, ҳунарпешаи Театри мусиқӣ -  драмавии шаҳри Хоруғ, Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон  Савсан Бандишоева мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 1941 ва 1957 Савсани ҷавон санъати тоҷик­ро дар даҳаҳои адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва муаррифӣ карда буд. Ҳамчунин, барои иҷрои нақши Кручинина аз драмаи «Гунаҳкорони бегуноҳ»- и А. Н. Островский (соли 1946) баҳои баланд гирифт.

Сокинони ноҳияи Рӯшон Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон  Бандишоеваро аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №283 депутати Совети Олии РСС Тоҷикис­тон (солҳои 1947 — 1951, даъвати дуюм) интихоб карданд.

Аёрхотун Гулшаева зодаи деҳаи Ҷизеви собиқ ноҳияи Бартанг буд. Солҳои 1937- 1945 колхозчии колхози ба номи Ф. Э. Дзержинскийи ноҳияи Бартанг ва солҳои 1945 — 1960 говдӯши колхози ба номи М. В. Фрунзе буд.

Номбурда аз байни занони водии дурдасти Бартанг аввалин занест, ки соли 1955 аз ҳавзаи интихоботии Бартанг депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардид.

Заҳматҳои ин зани меҳнатқарин бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945» ва грамотаҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.

Яке аз занони шинохтаи ноҳияи Рӯшон Меҳрафрӯз Саъдоншоева аст, ки зинаҳои гуногуни роҳбариро аз узви колхоз, ҷонишини раиси  колхози ба номи Ленин, раиси ҷамоати деҳоти «Баррӯшон», инструктори  Комиҷроияи ноҳияи Рӯшон  тай намудааст.

Ҳамчун зани ҷавон ва кордону ташкилотчӣ сокинони ноҳия ӯро аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №291 (солҳои 1959- 1963, даъвати панҷум) депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб карданд. ӯ дар сессияҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон баромад карда, манфиати интихобкунандагонашро ҳимоя менамуд.

Солҳои охир сарварии бригадаи совхози «50- солагии Октябр»-и ноҳияи Рӯшонро бар уҳда гирифта, то ба нафақа баромадан кор кард.

Аълочии маорифи  халқи СССР, директори мактаби миёнаи маркази ноҳияи Рӯшон Гулбегим Паллаева низ аз зумраи занони шинохта маҳсуб мешавад. Қобилияти кордонӣ, ташаббускории ӯро ба назар гирифта, сокинони ноҳия ӯро аз ҳавзаи  интихоботии Рӯшон, №308 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб намуданд. Номбурда солҳои 1967 — 1971, даъвати ҳафтум ваколаташро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро кард. Бо ҳидояти ӯ чандин ҷавондухтарон ба корҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда ҷалб шуданд.

Солҳои охир Гулбегим Паллаева дар зодгоҳаш — деҳаи Дерзуд  муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик буд ва дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошт.

Тарҷумаи ҳол ва фаъолияти меҳнатии ходими давлатӣ ва ҳизбӣ Амондавлат Ниёзмамадова хеле ҷолиб аст. Дастпарвари факултети агрономии Институти хоҷагии  қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) фаъолияти кориашро аз агрономи колхози ба номи Ленин оғоз намуд. Солҳои 1969 — 1971 раиси колхози ба номи Ленин, 1971 — 1977 раиси ҷамоати деҳоти  «Баррӯшон» ва солҳои 1977 — 1983 раиси Комиҷроияи ноҳияи Рӯшон буд.

Номбурда аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №322 солҳои 1975 — 1980 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гашт.

Дар он давра ду нафар духтур — гинеколог Давлат Миралиева ва Қурбонсултон Амрихудоева депутати Совети Олии РСС Тоҷикис­тон интихоб гардидаанд.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақому манзалати зани тоҷик боло рафт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи  байналмилалии занон (6 марти соли 2003) гуфта буданд: «Ба андешаи ман, дар ҷаҳон кам давлате пайдо мешавад, ки дар мақоми гуногуни он  занон, мисли Тоҷикистон, фоизи баланди намояндагӣ дошта бошанд. Масалан, дар ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон занон имрӯз қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд, ки чунин нишондиҳандаи баланд дар таърихи парламентаризми кишварамон ҳеҷ вақт вуҷуд надошт. (Дар Маҷлиси миллӣ аз 33 нафар 5 нафар занон ва дар Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил 11 нафар занон).

Аз ҷумлаи занон ҳоло дар вазифаи муовинони раисони палатаҳо, раисони  кумитаҳо ва комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд».

Лозим ба ёдоварист, ки занони ташкилотчӣ ва ташаббускор, ба монанди Назарбегим Муборакшоева ва Қобиламоҳ Ғуломшоева дар солҳои гуногун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Назарбегим Муборакшоева солҳои 2000- 2005 аз ҳавзаи интихоботии №1 Хоруғ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 апрели соли 2000) муовини Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Саҳми ӯ дар таҳия ва ҷонибдории қонунҳои нав назаррас буд.

Барои кори пурсамар ва иштироки фаъолона дар ҷаласаи чоруми Ассотсиатсияи  парламентҳои Осиё барои сулҳ дар Ҷумҳурии Филиппин ба номбурда медали нуқрагини Палатаи намояндагони парламенти Ҷумҳурии Филиппин тақдим шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Назарбегим Муборакшоева бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.

Бори нахуст дар таърихи ВМКБ Иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодабарии  мелиоративии ВМКБ-ро зан роҳбарӣ кард. Бонуи  кордон ва ҷасур Қобиламоҳ Ғуломшоева солҳои 2002- 2009 дар ин вазифа самаранок кор кард. Дар ин давра ӯ аз ҳавзаи интихоботии №1-и шаҳри Хоруғ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005- 2010, даъвати сеюм) интихоб гардид.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 июли соли 2005) намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобиламоҳ Ғуломшоева барои фаъолияти  пурсамар бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» дараҷаи I  мукофотонида шудааст.

Занони фаъоли ноҳияи Рӯшон алҳол анъанаи неки занҳо -  депутатҳои дар боло зикршударо давом дода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шарафмандона кор мекунанд ва хотираи депутатҳои даъватҳои қаблиро пос медоранд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»