Маърифати ҳуқуқӣ аз донистан, риоя намудани меъёрҳои қонунҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иборат мебошад. Яке аз мақсадҳои асосии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар тафаккури онҳо ҷой намудани фарҳанги ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Худи раванди тарбияи ҳуқуқӣ қисми таркибии саводнокии умумии аҳолӣ буда, аз се сатҳ — миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ иборат аст.
Аслан, имрӯз дар шароити бавуҷудомадаи геополитикӣ ба талабот мувофиқ будани шуури ҳуқуқии ҷомеа ғайр аз субъектҳои ҳуқуқ боз аз урфу одатҳо ва дигар арзишҳои миллию давлатӣ низ вобастагӣ дорад. Умуман, ҳуқуқфаҳмию ҳуқуқдонӣ ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки мавқеи худро нисбат ба давлату ҷомеа муайян намояд.
Имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҳамаи муноқишаю майдоннишиниҳо, ҳангомаю хунрезиҳо аз дарку фаҳмишу тафсири гуногуни қонунҳою ҳуқуқҳост. Барои шаҳрвандоне, ки касбияташон доштани шуури ҳуқуқии касбиро талаб надорад, донистани ҳадди ақалли қонуну ҳуқуқҳо кофист.
Яке аз шартҳои пешрафти давлати ҳуқуқбунёд тарбия, таълим ва тарғиби меъёру арзишҳои ҳуқуқӣ буда, он бояд бо назардошти низоми ҳуқуқии давлатӣ ба роҳ монда шавад. 6 феврали соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» ба тасвиб расид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гардид ва бо ҳамин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ пайваст.
Маърифати ҳуқуқии миллати мо решаҳои қадиму таърихӣ дорад. Ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиён нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби Куруши Кабир қабул шуда буд, ки муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсониро дар бар мегирифт. Моли касеро зӯран нагирифтан, касеро ғулом накардан, мувофиқи кор музд гирифтан ва монанди инҳо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи башар ё худ меъёрҳои ҳуқуқие буданд, ки ҷомеа тавассути онҳо идора мешуд.
Миллати тоҷик ба шарофати истиқлоли давлатӣ соҳиби давлати миллии худ гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон-давлате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд кард. Ҳамагон медонанд, ки дар ташаккули давлатдории навини миллии мо омили ҳуқуқ нақши ҳалкунанда дошт. Соли 1994 нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва бо ҳамин таҳкурсии ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ гузошта шуд. Баъди таъсис ёфтани парламенти дупалатагӣ — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо амалан ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи моро танзим мекунанд. Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи худ уҳдадор шудааст, ки меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалиро эътироф ва эҳтиром менамояд. Мулоҳизаҳои болоӣ моро ба як хулоса меоранд, ки он хеле муҳим аст: омили асосии пешрафти нафақат давлати мо, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон ташаккули низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҳамаи одамон тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шуда, бечунучаро риоя гардад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2006 ин нуктаро хеле хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Тоҷикистон мувофиқи моддаи якуми Конститутсия ташкили давлати ҳуқуқбунёдро мақсади худ қарор додааст, ки дар раванди ташаккули чунин давлат ҳуқуқ нақши асосӣ дорад. Аз ин рӯ, аз худ кардани асосҳои ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дониши ҳуқуқӣ танҳо ба онҳое зарур аст, ки аз рӯйи касбу пеша фаъолият мекунанд, яъне ҳуқуқшиносанд. Ин андеша комилан ғалат аст. Донистани ҳуқуқ вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахс, нишонаи фарҳанг, сатҳи ақлонӣ ва илму маърифати ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар қисми 2 моддаи 42-юми Конститутсия беҳуда сабт нашудааст, ки «надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро уҳдадор месозад, ки қонунро донем ва онро риоя намоем.
Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки ҳуқуқ ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мебошад, вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабад. Барои ин, ба вуҷуд овардани заминаҳои муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, муҳайё кардани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун аст.
Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.
Вазифаи асосии ҳуқуқ танзими рафтори одамон, ташкилотҳо ва муносибатҳои байни онҳост. Ин қоидаҳои рафтор ба ҳама ҳатмӣ мебошанд. Онҳо аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд. Яъне, ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Бо далели он ки меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат муқаррар карда мешаванд, иҷрои он барои тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
Мусаллам аст, ки ҳуқуқ муносибати одамонро нисбат ба худ ифода менамояд. Ин гуна муносибат метавонад мусбат ё манфӣ бошад. Дар ҳолати аз тарафи шаҳрвандон дарк шудани арзиш ва зарурати қонун ба ҳайси воситаи танзими ҷомеа муносибат ба қонунҳо ва ҳуқуқҳои инсон мусбат шакл мегирад. Агар инсон ҳуқуқро ҳамчун падидаи бефоида ва нолозим шуморад, он гоҳ муносибати худро ба ҳамаи он чизҳое, ки предмети батанзимдарории ҳуқуқ мебошанд, дар ин ё он шакл бо таври манфӣ ифода менамояд. Ин муносибат вобаста ба дарки моҳияти ҳуқуқ метавонад самаранок, оқилона ва пуртаъсир бошад. Бояд дар назар дошт, ки шуури ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай дар алоқамандӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дошта метавонад. Шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ вобастагии зич дорад, зеро одамон ба моҳият ва мафҳуми қонунҳо, рафтори қонунӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯйи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо медиҳанд. Шуури ҳуқуқӣ бо ҷаҳонбинии фалсафӣ, ақидаҳои сиёсию мафкуравӣ ва динӣ зич алоқаманд аст.
Ақидаи сиёсии одамон дар мавриди муносибат ба ҳуқуқ мавқеи муайянкунанда дорад. Ҷойи баҳс нест, ки ҳуқуқ танзимкунандаи муносибати байни одамон аст. Инсон худ қонун эҷод мекунад ва онро дар ҳаёт татбиқ менамояд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии ҳуқуқэҷодкунӣ буда, ба ин навъи фаъолият ба таври касбӣ машғул аст.
Шуури ҳуқуқӣ ба одамон имкон медиҳад, ки ба рафтори худ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баҳо диҳанд. Шуури ҳуқуқӣ дар таркибаш мафкураи ҳуқуқӣ дорад, ки дар навбати худ аз мафҳум ва тасаввурот оид ба ҳуқуқ ва зуҳуроти он иборат мебошад. Ҳангоми таҳлили муносибати шаҳрвандон ба қонун метавонем дар шуури ҳуқуқӣ дигар унсурҳо, ба мисли унсурҳои иттилоотӣ, баҳодиҳӣ ва иродавиро ҷудо намоем. Омӯзиши махсус ҳангоми амалинамоии ҳуқуқ боис мегардад, ки шуури ҳуқуқии касбӣ ба миён ояд. Аслан, ин субъектҳо дониши баланди ҳуқуқии касбӣ дошта, онро дар амалия татбиқ намуда метавонанд. Табиист, ки ин гуна одамон маълумоти касбии ҳуқуқӣ доранд.
Шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба ҳам вобастагии зич дошта, дар ҳолати ба ҳам мувофиқ омадан боиси рушди низоми ҳуқуқии давлат мегарданд. Фарҳанги ҳуқуқӣ, аз он ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва доир ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.
Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ мумкин аст танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии одамон ифода ёбад. Барои ҳамин унсури дигари таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Он аз фаъолияти омӯзишии донишҷӯён ва шунавандагони факултетҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин, аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо доир ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳо, инчунин, тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ дараҷа ҳуқуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб 24 Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст. Дар ин Паёмҳо ба масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ, муқовимат ба экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ин падидаҳои манфии ҷамъиятӣ аз нигоҳи таъмини иҷрои қонун ва муҳофизати ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҳлил гардидаанд. Барои мисол, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 апрели соли 2001 чунин сатрҳоро мехонем: «Мо ҳоло дар марҳалаи махсуси таърихии худ — давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯй ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем». Таваҷҷуҳ намоед, ки аз нахустин Паёмашон сар карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода, дар ин росто ба қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаббусҳои бевосита анҷом додаанд.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон