24 апрели соли 2020 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» семинар — машварат баргузор гардид.
Зимни он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода иброз намуд, ки мақсад аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ эътироф, риоя, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
- Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, — гуфт ӯ ва афзуд: Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Дар охир Абдураҳим Холиқзода ба саволҳои қисме аз иштирокдорон посух гуфт.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон