Бо мақсади огаҳии бештаре пайдо намудани аҳолӣ бо нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.
Вохӯрии нахустини вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Бохтар барпо гардид. Дар он интихобкунандагон аз деҳаҳои Иттифоқ, Обшорон, Пахтакор, Боқӣ Раҳимзода, 8 март ва маҳаллаҳои дигари деҳоти «Заргар» иштирок намуданд. Ҷобирзода Тоҳир Гул дар атрофи муҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат иброз намуд, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим корҳои соли гузашта баанҷомрасонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои барои соли 2016-ум муайянгардида инъикоси худро ёфтаанд.
- Тавре дар Паём қайд гардидааст: «Соли 2015-ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба шаш фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум панҷ фоизро ташкил кард.
Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд».
Сипас, Ҷобирзода Тоҳир Гул зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ дод.
Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ва Гулбаҳор Ашӯрова дар ноҳияҳои Ҷиликӯлу Ҷалолиддини Румӣ доир ба масъалаҳои зикршуда бо интихобкунандагон суҳбату мулоқоти судманд баргузор намуданд. Дар деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Ҷиликӯл ва деҳоти ба номи Калинину Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода қайд намуд, ки мақсади асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам беҳтар намудани зисту зиндагии мардум ва ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи дунё табдил додани Тоҷикистони азиз аст. Бо ҳамин мақсад дар ин ҳуҷҷати муҳиму таърихӣ вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як сокини кишвар муайян гардидааст. Вакилон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зарурати онҳоро шарҳ доданд. Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда барои мукаммал намудани меъёрҳои ин ҳуҷҷати муҳим равона гардидаанд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»