Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда яке аз омилҳои солимии аҳолист

№134 (4396), 135 (4397) 02.11.2021

DSC_3553Бисту ҳафтуми октябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Файзуллозода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 7 масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт

3. Дар бораи мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002

4. Дар бораи мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо кушода гардидани саҳифаи нав дар муносибатҳои дуҷонибаи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, ки маҳз бо заҳмату талош­ҳои сарварони ҳар ду кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид, ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш ёфта, заминаи асосӣ дар самтҳои ҳамкориҳо бо ба тас­виб расидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ рӯз аз рӯз тамоюли мусбат касб намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон «Оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо мақсади дастгирӣ, густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байни ҳар ду давлат, барои мусоидат ба интиқоли мунтазам ва бехатари борҳои хатарнок таҳия гардида, ба содагардонии раванд ва расмиёти интиқоли транзитии борҳои хатарнок ва ба кам кардани хароҷоти нақлиётӣ барои интиқоли борҳои хатарнок ба субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Созишномаи пешниҳодгардида имконияти пайдошавии роҳҳои алтернативии интиқоли борҳои хатарнокро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад, ки басо муҳим мебошад.

Созишнома дар асоси муқаррарот ва меъёрҳои пешбининамудаи Созишномаи аврупоӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии бори хатарнок аз 30 сентябри соли 1957, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он соли 2011 ҳамроҳ шудааст, таҳия гардидааст.

Интиқоли бори хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон асосан барои қонеъ гардонидани талаботи корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, тасдиқи он ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, ки он барои расидан ба ҳадафи навбатӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устуворро таъмин менамояд.

Қабули созишномаи пешниҳодгардидаро мувофиқи мақсад шуморида, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар шаҳри Душанбе 10 июни соли ҷорӣ ба имзо расида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №406 аз 30 сентябр барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Созишнома дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 11 октябри соли ҷорӣ, таҳти №854 аз расмиёти дохилӣ гузашт ва пас аз ислоҳи камбудиҳои ҷузъӣ, яъне рафъи иштибоҳоти техникии ҷойдош­та, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, тасдиқ гардидани он аз буҷети мамлакат маблағгузориро талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тибқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекис­тонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебоз­гашт» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт мутобиқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи кишвар 13 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Маблағи умумии он 800,0 млн. юани хитоӣ ё 125,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, барои маблағгузории қисмати калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, инчунин, маблағгузории дигар лоиҳаҳои афзалиятдошта, ки баъдан мувофиқа мегарданд, равона карда мешавад.

Қарор дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2017 ва дидору мулоқоташон бо роҳбарияти олии сиёсии ин кишвар мувофиқа ва қабул гардида буд.

Роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии «Роҳҳои автомобилгарди Осиё» мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад.

Барқарорсозии қитъаи роҳи автомобил­гард барои таҳкими робитаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ — иқтисодии байни кишварҳои зикршуда нақши калидӣ дорад.

Дар доираи маблағи пешбинигардида анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма қитъаи роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади Рӯшон аз километри 371 то километри 480-ум пешбинӣ гардидааст.

Бо ироаи маълумоти мазкур аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Неъматулло Холбойзода дода мешавад. Марҳамат.

Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 18 октябри соли 2021 таҳти №863 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохт­мон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд.

Созишнома аз ҳисоби маб­лағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон омода карда шудааст. Созишнома бо сафарбарнамоии ҳайати коршиносони хитоӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳоди кумаки бебоз­гаштро дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани хитоӣ пешбинӣ намудааст.

Ҷониби Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани кумаки молиявии бебозгашти иловагӣ лоиҳа оид ба сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасидаро пешниҳод намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебоз­гашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мактуби мубодилавӣ барои амалӣ намудани муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002 таҳия гардида, расонидани кумаки бебозгашт барои сохтмони иншооти Академияи байналмилалии Вазорати корҳои дохилиро пешбинӣ менамояд.

Тибқи мактуби мубодилавӣ, тамоми кумаке, ки барои сохтмони иншооти мазкур лозим мебошад, дастрас намудани онҳо то шаҳри Душанбе ба дӯши Ҷумҳурии Мардумии Чин вогузор карда шуда, тамоми хароҷоте, ки баъдан ба миён меояд, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вогузор гардидааст.

Мактуби мубодилавӣ бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Тибқи муқаррароти мактуби мубодилавӣ ҷониби Тоҷикис­тон уҳдадор аст, ки ҷониби Чинро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ, тибқи қонунгузории амалкунанда озод намояд.

Мактуби мубодилавӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактубҳои мубодилавии зикршуда 5 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати расонидани кумакҳои бебозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аз рӯи муаррифии мактубҳои мубодилавӣ, мазмун, муҳтаво ва мақсади он маълум аст, ки дар асоси онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Академияи байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода медиҳад.

Сарчашмаи ҳуқуқии мактубҳои мубодилавӣ дар доираи бандҳои «г» моддаи 2, моддаи 3 пурра ва қисми 2 моддаи 6 Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002 басташуда амалӣ мегардад.

Ҳамчунин, он баъзе аз хусусиятҳоеро доро аст, ки ҳангоми тасдиқ имконияти зиёдеро дар оянда фароҳам меорад. Чунончӣ, дар академия, на ин ки шаҳрвандон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, балки аз дигар давлатҳо низ метавонанд ба омӯзиш, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассуси касбӣ ва дигар намуди фаъолиятҳои пешбинигаштаи қонунӣ фаро гирифта шаванд.

 Мувофиқи сарчашмаҳо, сохтмони академия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон идома дорад.

Баъди ба истифода доданаш тарафҳо имконияти истифодаи потенсиал ё имкониятҳоро аз хизмати омӯзгорон, мутахассисон ва коршиносони соҳаи политсия дар самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус таҷҳизоту технологияҳои муосир пайдо мекунанд.

Дар оянда дар ҳамин замина марказ ифтитоҳ карда мешавад, ки барои ташкили таҳсил, таълим, баланд бардоштани тахассуси касбӣ ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи худӣ ва дигар давлатҳо дар соҳаҳои дахлдори ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ доимӣ истифода хоҳад шуд.

Мактубҳои мубодилавӣ ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 2, 7, 8, 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ буда, мухолифат дар онҳо дида намешавад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 5, 7, 8 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», мактубҳои мубодилавӣ баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонунӣ мегиранд.

 Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебоз­гашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мактубҳои мубодилавӣ барои амалӣ намудани муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 27 майи соли 2002 таҳия гардида, расонидани кумакҳои бебозгашт барои хариди таҷҳизоти махсус барои низоми иттилооти Интерпол (1-24/7) ва барои муҷаҳҳаз гардонидани шуъбаи  криминалистикии Раёсати ташхиси криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияи ДНК-ро (дастгоҳи ташхиси ирсият) пешбинӣ менамояд.

Тибқи мактубҳои мубодилавӣ, кумакҳое, ки барои сохтмони иншоот ва барои муҷаҳҳаз гардонидани шуъбаи криминалистикии Раёсати ташхиси криминалистии ВКД лабораторияи ДНК лозим мебошад, дастрас намудани онҳо то Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши Ҷумҳурии Халқии Хитой вогузор карда шуда, хароҷоте, ки баъдан ба миён меояд, ба дӯши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст.

Мактубҳои мубодилавӣ бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Тибқи муқаррароти мактубҳои мубодилавӣ, ҷониби Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҷониби Хитойро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ, тибқи қонунгузории амалкунанда озод намояд.

Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии зикршуда аз экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудааст.

Мактубҳои мубодилавӣ ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактубҳои мубодилавии зикр­шуда 9 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати расонидани кумакҳои бебозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аз рӯи муаррифии мактубҳои мубодилавӣ, мазмун, муҳтаво ва мақсади он Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду самти корро ба анҷом мерасонад, ки мувофиқ ба созишнома аз 27 майи соли 2002 басташуда мебошад.

Муҷаҳҳазгардонии шуъбаи криминалистии лабораторияи (ДНК) Дастгоҳи ташхиси ирсияти ВКД низ хеле зарур буда, он беподош ва дар асоси технологияҳои нави замонавӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин самт низ корҳо идома доранд ва дар Раёсати тиббии вазорат ҷойи муқарраршуда пешбинӣ гардида, таҷҳизонидану омӯзиши мутахассисон аз тарафи Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар буда, омодабошӣ ва иқтидори техникию молиявиро баланд бардошта, он аз тариқи бебозгашт ё ройгон мебошад.

Ҳуҷҷатҳои мактуб бо мақсади фароҳам овардани асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани он таҳия карда шудааст. Мактуби мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ ва дар ҷаласаи кумитаи масъул тасдиқ карданд.

Мактуби мубодилавӣ ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 2, 7, 8, 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба дигари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ буда, мухолифат дар онҳо дида намешавад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 5, 7, 8 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мактуби мубодилавӣ баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонуниро доро мегардад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи мактубҳои мубодилавии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Азизмамад КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 8 майи соли 2021, №652м) аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳия карда шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани илова ба моддаи 45 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷуб­рони маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ озод намудани мақомоти давлатие, ки ба онҳо қитъаи замин бо мақсади бунёди иншооти мудофиа ва амнияти давлатӣ дода мешавад, маҳсуб меёбад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки қитъаи замин барои эҳтиёҷоти мудофиа ва амнияти давлатӣ барои ҷойгиркунии қисмҳои ҳарбӣ, машқгоҳҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, корхонаву муассисаҳои ҳарбикунонидашудае, ки ба таъмини амнияти кишвар нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд.

Дар сурати ворид гаштани иловаи мазкур ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон мақомоти давлатӣ аз маблағи ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ озод карда мешаванд, ки дорои қӯшунҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбикунонидашуда буда, фаъолияташон ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ нигаронида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар доираи фаъолият бевосита мақсадҳои зикр­шударо амалӣ менамоянд ва дар тобеияташон иншоотҳои таъминоти мудофиа ва амнияти давлатиро (қисмҳои ҳарбӣ, машқгоҳҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, корхонаву муассисаҳои ҳарбикунонидашуда) доранд.

Мақомоти зикршуда муассисаҳои буҷетӣ ба ҳисоб рафта, хароҷоти онҳо пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Бо дарназардошти маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ барои пардохти ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш дар сметаи даромаду хароҷоти мақомоти давлатии зикршуда маб­лағ пешбинӣ карда нашудааст.

То ҳозир бо якчанд қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи истисно барои қарздор будан мақомоти зикршуда аз пардохти маблағи талаф вобаста ба гирифтани қитъаи замин аз гардиш барои чунин эҳтиёҷот озод карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба таври истисно аз пардохти талаф вобаста ба гирифтани қитъаи замин аз гардиш озод намудани мақомоти давлатие, ки қитъаи заминро бо мақсади бунёди иншоотҳои мудофиа ва амнияти давлатӣ ба даст меоранд, пешниҳод мегардад.

Барои татбиқи меъёрҳои қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ ягон хароҷоти иловагӣ масраф намешавад.

Аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло ҚОСИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади ворид намудани илова ба моддаи 45 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани мақомоти мудофиа ва амният аз ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷудо гардидани замин барои эҳтиёҷоти мудофиа ва амнияти давлатӣ дар самти ҷойгиркунии қисмҳои ҳарбӣ, машқгоҳҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, корхонаву ташкилотҳои хусусияти нигоҳдории амнияти кишвар равона карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 11 октябри соли 2021 таҳти №853 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид. Онҳо дар хулосаҳои пешниҳодкарда лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 20 октябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор дод, қабули онро мувофиқи мақсад донистанд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Зоир РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунэҷодкунӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумазода Шарифҷон, Муъминова Фирӯза ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор таҳия гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳа мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба қонунҳои амалкунандаи соҳа, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи он ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе аз муносибатҳое, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудаанд, мебошад.

Лоиҳаи қонун тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 июни соли 2021 таҳти №790 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, расмиёти дохилиро гузашт. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 8 таклифу пешниҳод манзур намуданд.

Дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, (№405) таклифу пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон матни лоиҳа мутобиқ ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таҳрир ва такмил дода шуд. Вобаста ба ин, кумита 15 октябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад донист.

Дар лоиҳаи қонун ба моддаи 1 сархати панҷум илова гардида, он шарҳи сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо, ки дар матни қонун ҷой дорад, мушаххас менамояд ва ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи «содиркунандагон» калимаи «воридкунандагон» илова карда мешавад. Дар робита ба ин, доираи субъектоне, ки нисбат ба онҳо қонун татбиқ мегардад, васеъ карда шудааст.

Дар сархати дуюми моддаи 4 ва матни қонун бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», калимаҳои «ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии техникӣ» иваз карда шуданд, зеро ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ на танҳо тавассути қонуни амалкунанда, балки санадҳои меъёрии техникӣ, яъне регламентҳои техникӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, бо илова ба моддаи 8 татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ба доираи ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мансуб дониста шудааст.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 5 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Вобаста ба ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрок­вории ғанигардонидашуда»-ро ба баррасии шумо пешниҳод намуда, аз шумо — вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Файзуллозода дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммад ФАЙЗУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз лиҳози сифат ва бехатарӣ мувофиқ равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки ба намуди маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тибқи моддаи 17-и қонун, орд ва маҳсулоти нонӣ, ширу маҳсулоти аз шир тайёршуда, намак, шакар, нӯшокиҳо, маҳсулоти ғизоии кӯдакона дохил мешаванд. Ғанигардонии гурӯҳҳои алоҳидаи маҳсулот, ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби кӯдакон бисёртар истеъмол мешаванд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, коркард ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти озуқавориро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, барои аз ҳама ҷониб ғанӣ гардонидани маҳсулоти хӯрок­ворӣ бо мақомоти масъул ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамчунин, риояи меъёрҳои истифодабарии ҳормонҳо, нумуяҳо, иловаҳои хӯрока, консервантҳо, таъмдиҳандаҳо ва рангҳои хӯрока дар ҳама зинаи занҷираи истеҳсолӣ (парвариш, истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ) ва воридоти маҳсулоти гӯштию ширӣ аз корхонаҳои истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати бевоситаи мақомот қарор дорад.

Орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳо барои ҳифзи аҳолӣ аз кретинизму дигар бемориҳо зарур мебошад. Тибқи талаботи қонун бо мақсади пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе аз анвои ғизоӣ дигар витамину микронутриентҳо илова карда шуда, инчунин, ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ низ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дастури техникӣ «Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда» бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида татбиқ карда шуда истодааст.

Дар раванди татбиқи ҳадафи стратегии кишвар таваҷҷуҳ ба таъмини амнияти озуқаворӣ равона мегардад, ки бояд маҳсулоти хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш карда шавад, то ба саломатии шаҳрвандон зиён нарасад. Барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои истеъмолӣ Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вазифадор гардида, саҳми он дар ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон назаррас буда, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуда, дар баробари ин, дар самти назорати бозори истеъмолӣ ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ низ диққати махсус дода мешавад.

Масалан, дар 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 845 705 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ (гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, равған, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, асал, маҳсулоти намакин, маҳсулоти хушк, мева ва буттамеваи тару тоза, полезӣ) гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯнабуда, аз қабили 42888,1 кг маҳсулоти гӯштӣ, 13582 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1332,0 литр равғани рустанӣ, 19522 дона тухми паранда, 645,0 кг моҳӣ, 444,0 кг асал, 3641,6 кг маҳсулоти намакин, 6 570,0 кг меваи хушк, 117 555,3 кг меваю сабзавот ва 26832,0 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифату хавфнок муайян ва аз фурӯш боздошта, нобуд карда шуд.

Тазаккур бояд дод, ки масъулияти назорати таъмини сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва додани иҷозат барои ворид намудани орд ба ҷумҳурӣ ба зиммаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Тибқи регламенти техникии «Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда», нишондодҳои бехатарии орди истеъмолӣ бояд мавриди назарсанҷӣ қарор гиранд. Аз ин рӯ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ раванди воридоти ғаллаи бо иловаҳои биологӣ ғанигардонидашударо бо дарназардошти қоидаҳои соҳавӣ ва байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, назорат намуда истодааст.

Дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон ба миқдори 672 ҳазору 829 тонна гандум ворид гардида, он бо дарназардошти қоидаву тартиботи мавҷуда мутобиқи талаботи фитосанитарӣ, баъди пешниҳоди хулоса (экспертиза) бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба расмият дароварда, барои истифода иҷозат дода шудааст.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои воридшавии маҳсулоти пастсифат барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли 2021 нисбат ба 89 нафар соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, маблағи ҷаримаи татбиқгардида дар ҳаҷми 119800 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст.

Бо мақсади ҷилавгирӣ аз камхунӣ, норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи «В», йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ ба ҳолатҳои қадпастӣ ва маргу кретинизм меанҷоманд, ба орду дигар ғизоҳо илова намудани микронутриентҳо зарур мебошад. Зеро дар сурати нарасидани ин микроэлементҳо ба пастшавии фаъолияти ғадуди сипаршакл боис гашта, оқибат ба бемории камақлӣ оварда мерасонад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсидинзода дода мешавад. Марҳамат.

Мавзуна ШАМСИДИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Ҳакимзода, Б. Одиназода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Аҳмадзода пешниҳод шудааст, ки мақсад мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар моддаи 1 лоиҳаи қонун мафҳумҳои «минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «хусусияти табиии минтақаҳои кӯҳӣ» дар таҳрири нав ва мафҳуми «ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ» илова карда шудааст. Ҳамчунин, ба моддаҳои 2, 4, 8, 9 ва 10 сархатҳои нав барои такмили моддаҳои мазкур ва «Моддаи 61. Ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ» илова карда шуданд.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2021 таҳти №758 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, расмиёти дохилиро гузашт. Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 27 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва 21-тояш қабул, якто қисман ва 5 таклиф қабул карда нашуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардидаро 15 октябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад дониста шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дода мешавад. Марҳамат.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст, ки бо гузашти замон зарурати ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён омадааст. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба рушди босубот, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар рушд ва ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ, фароҳам овардани шароит барои бахши сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро эҷод менамояд.

Тавре маълум аст, 93 фоизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ҳамаи кону зуҳурот, ки дар мамлакат манбаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ мебошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд.

Барои рушди босуботи минтақаҳои кӯҳӣ ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни мазкур ҷиҳати афзалияти дастгирии давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, ҳифзи асосҳои иқтисодӣ ва экологӣ, дастрасии иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ, оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ ба манфиати давлат ва ҷомеа буда, саривақтӣ мебошад.

Илова намудани «Моддаи 61. Ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ:

- дар минтақаҳои кӯҳӣ системаи табиии экологӣ, ландшафтҳои табиии кӯҳӣ, қисматҳои табиӣ ва иқлими кӯҳӣ таҳти муҳофизати махсус қарор доранд;

- ҷойгиркунии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти минтақаҳои кӯҳӣ пас аз гузаронидани арзёбии экологии таъсири фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист иҷозат дода мешавад;

- зараре, ки ба муҳити зист дар натиҷаи амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои кӯҳӣ расонида шудааст, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад, ки қонуни амалкунанда механизми иҷрои пурраи онро ба танзим медарорад».

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ