Манам доротарин одам…

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

Шарофова-1Бале, ман доротарин одамам ва шумо низ, ки дар Ватан ҳастеду барои ободиву зебоӣ, шукуфоиву пояндагии он ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ заҳмат мекашед. Зеро барои Ватан-Модар хизмат кардан фарз аст ва ҷони ширинро баҳри озодиву ободӣ нисор кардан қарзи фарзандии ҳар як ватандор.

Бешак, беватанӣ хориву зиллат аст, дӯстдории Ватан бошад, аз гӯшаи имон. Агар аз хотираҳои таърихии амири Бухоро Олимхон ёд биоварем, ҳангоми ба Афғонистон фирор кардан борҷомае дошту онро ба касе  бовар намекард бидиҳад. Чун бемор шуду тарки дунё намуд, аз борҷомааш хишти тиллоеро пайдо карданд, ки дар он навишта шуда буд: 

Амири беватан хору фақир аст,

Гадо гар дар ватан мирад, амир аст.

Инсонҳо бо дороӣ, ҳусну ҷамол, бозуву тавонмандӣ, шуҳрату шон меболанд. Бехабар аз он ки ҳама даргузар буда, метавонад гоҳе одамро ба ниёзмандӣ рӯ ба рӯ намояд. Танҳо ватандорист, ки мояи сархамиву ниёзмандӣ намегардад. Аз ин лиҳоз, бузургии бузургтарин инсонҳо ва дороии нодиртарини онҳо Ватан аст. Зимнан, Ватан-Модар низ бо фарзандони қобилу доно, хирадманду шаҳир сарфароз аст. Сарфарозии  хоку ҳар як сарзаминро дар сарбаландиву хуррамии мардуми шариф, заҳматкашу шукргузор мебинем. Бинобар ин, месазад, ки бо лаҳни шоир бигӯем: 

Ҳадяи Яздон биҳишти мо ватан-ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо, ватан-ватан.

Бале, муҳаббату самимият аст, ки пояҳои устувори истиқлолияту озодӣ асоси давлату давлатдории навини тоҷикон ва рамзи олии ватандорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ман ифтихор аз он дорам, ки Ватан дорам. Миллатам ҳамчун миллати барӯманд, фарҳангӣ, шаҳрдору шаҳрсоз дар гузаштаи дури таърих ва ҳоло шинохта шуда, онро зиёда аз 200 кишвари рӯи олам ҳамчун давлати тоҷикон эътироф кардааст. Магар ин дороӣ нест? Бале, дороист, тавре шоир фармуда: 

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.

Гавҳар ШАРОФЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон