Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт

№93 (3394) 11.07.2015

DSC_0134Нуҳуми  июли соли ҷорӣ таҳти раёсати Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд. Дар ҷаласа як масъала — Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ зимни шарҳи муфассали масъалаи мазкур онро муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Аъзои кумита роҷеъ ба ин масъала  фикру мулоҳизаҳои худро  баён карданд.

Вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа хулоса қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир А. Исоев