Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Масъалаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

№10 (3490) 23.01.2016

1 (2)22 январи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода К.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Салимзода К.»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

5. Дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъини раъйпурсӣ.  

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Масъалаи аввал — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода К.» мебошад. Ба сабаби ба вазифаи дигар гузаштан ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Комил пеш аз муҳлат қатъ  гардонида мешавад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Масъалаи дигари рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Салимзода К.» низ баррасӣ шуд.

Дар ин робита Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсат- фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дода мешавад.

Раҷабалӣ РАҲМОНАЛӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 таҳти №1021 тасдиқ карда шудааст ва дар асоси талаботи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012- 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти №97 қабул гардидааст, инчунин Стратегияи миллии  идора намудани сарҳад ва нақшаи иҷрои он, ки бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2010 таҳти №202 тасдиқ шудааст, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз чор қисм иборат буда, меъёрҳои он ягон муносибати иловагии ҷамъиятиро ба танзим надароварда, татбиқи он маҳдудкунанда ба ҳисоб намеравад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, вазифаи сардори Сарраёсат ва муовинони сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ихтисор намуда, танҳо муовини якуми раиси Кумита- фармондеҳи Қӯшунҳои  сарҳадӣ ва муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд. Инчунин муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешуданд, лоиҳаи қонун пешниҳод менамояд, ки муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумита ва муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумита бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда шаванд.

Ҳамзамон ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои хоҷагӣ — истеҳсолӣ ва додани рутбаи ҳарбии прапоршикӣ ба ваколати фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ дода мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур сохтори Қӯшунҳои сарҳадиро дар таҳрири нав муқаррар менамояд.

Лоиҳаи қонун бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Бо дарназардошти нукоти зикршуда, аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, дар маҷмӯъ даҳ таклиф пешниҳод намуданд, ки ҳашт таклиф қабул, як таклиф қисман қабул ва як таклиф қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле тӯлонист. Сарҳади давлатӣ чӣ гуна ҳифз мешавад ва ҳамкориҳо дар ин самт бо давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

Раҷабалӣ РАҲМОНАЛӢ: — Воқеан вазъият дар сарҳади миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташвишовар мебошад. Қисми зиёди вилоятҳои ҳамсарҳад ба ҷумҳурии мо – Қундуз, Тахор, Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зери тасарруфи «Толибон» қарор доранд. Аз ин рӯ, пешниҳод шудааст, ки сохтори нави қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ таъсис дода шавад.

Мо омодаем, ки сарҳади давлатиро ҳаматарафа муҳофизат намоем.

Дар робита ба ҳифзи сарҳади давлатӣ бо давлатҳои аъзои СААД ҳамкории судманд дорем. Бевосита дар хатти сарҳади давлатӣ машқҳои низомӣ бо иштироки ҷузъу томҳои давлатҳои аъзои СААД доир карда шуд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

САИД Нуриддин Саид: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи қонунгузории муосир таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Боиси зикр аст, ки пешниҳод оид ба ворид намудани иловаҳо ба моддаҳои 19 ва 20 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бамаврид буда, қобили дастгирист.

Маълум аст, ки имрӯз истифода аз Шабакаи умумиҷаҳонии интернет барои ҳама дастрас буда, аксарият барои гирифтани маълумот аз он самаранок истифода менамоянд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намудани маълумот осон мебошад, вале муҳим аст, ки онро бошуурона барои рушди мусбии шахс равона намоем. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо наврасону ҷавонон бо сабаби беназоратӣ ва риоя накардани меъёри истифодаи Шабакаи умумиҷаҳонии интернет онро бар зарари худ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, назорати истифодабарии Шабакаи умумиҷаҳонии интернет аз тарафи ноболиғону ҷавонон зарур ва саривақтӣ мебошад.

Яке аз сабабҳои ба роҳи нодуруст рафтани ноболиғон ва ҷавонон — ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои экстремистию террористӣ майл пайдо кардану шомил гаштани онҳо низ истифодаи нодурусти Шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва гирифтани маълумоти манфӣ ва зараровар мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 480 аз 11 январи соли ҷорӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз ҷониби падару модар пурзӯр намудани назорати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз тарафи фарзандонашон, инчунин ҳуқуқи онҳо барои аз операторон ва провайдерони алоқаи барқӣ ба таври ройгон гирифтани маълумот оид ба истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи фарзандон омода ва пешниҳод карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои мукаммал гардонидани он шаш таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 14 январи соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумлаи дархосту пешниҳоди ирсолшуда панҷ таклиф қабул ва як таклиф қисман қабул шуда, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоем, ки ба дастгирии он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъини раъйпурсӣ сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанзода Махмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул намуд, ки он дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз  мавқеи махсусро касб намуд. Ин рӯз ҳамасола ҳамчун ид қайд карда мешавад ва мардум ба қадри ин ҳуҷҷати муҳим мерасанд. Қабули ин Конститутсия меҳнати чандсолаи гурӯҳҳои кориро оид ба таҳияи он ҷамъбаст намуд ва сарфи назар аз он ки дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул гардид, тавонист дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам ҷой бигирад. Тамоми дастовардҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва дигар бахшҳо маҳз аз ҳамин Конститутсия  сарчашма мегиранд.

Вале рушди бемайлони ҷомеа тақозо менамояд, ки вобаста ба он тағйироте, ки дар ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд меоянд, қонунгузорӣ низ такмил дода шавад. Аз ҷумла баҳри таъмини инкишофи  бемайлони  сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ ба миён меояд.

Дар таърихи навини тоҷикон  мо аллакай шоҳиди ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гаштем. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ воридкардашуда меъёрҳои онро такмил дода, ба шароити онвақтаи рушди ҷомеа  мувофиқ гардонида шуданд ва ҳар яке вазифаи таърихии худро дошта, аз иҷрои ин вазифа баромаданд.

Вале имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз боз такмил ёфта, ба рушду нумуи имрӯзаи ҷомеа мувофиқ гардонида шавад. Инкишофи ҷомеа талаб мекунад, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибати мутақобилаи онҳо таҳким дода шавад, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ба рушди босуръати ҷомеа  мувофиқ гашта, барои баланд бардошани сатҳу сифати зиндагии мардум,  таҳкими сулҳу ваҳдат ва тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намояд.

Рушди забони давлатӣ ва қабул гардидани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ низ тақозо мекунанд, ки истилоҳҳои дар Конститутсия истифодашуда низ аз нав дида баромада шаванд.

Тоҷикистон имрӯз бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории зич дорад ва  мувофиқ гардонидани истилоҳҳои Конститутсия бо истилоҳҳои ҳаммаъное, ки дар санадҳои байналмилалӣ истифода шудаанд, барои  татбиқи амалии онҳо мусоидат менамояд.

Бо назардошти ин ҳолат аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аминҷонова, М. Бобобекова, С. Дадаҷонова, М. Имомзода, Қ. Лоиқзода, А. Матобшоева, А. Насимов, Қ. Неъматзода, Н. Раҳмонова, Х. Сафарзода, А. Хайрулло, М. Чошбаев, Г. Ҷабборӣ, И. Шафеиён, Н. Шоев, Р. Шораҳматов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Азимзода, Х. Асозода, Ҷ. Ахмедов, Г. Бобоева, М. Ватанзода, А. Ғаффоров, Х. Суфиев, С. Усмонзода, К. Салимзода, Р. Қудратов, Ҳ. Қурбонзода, Р. Латифзода, Ҷ. Маҷидзода, Ҷ. Муртазоқулов Г. Ашурова, М. Шарофиддинова, М. Рӯзадор, М. Сабурзода, Б. Сафаров, А. Фелалиев, А. Холиқзода, А. Холмуҳаммадзода, С. Шарипов, М. Қаландарзода, Ш. Сироҷов, Б. Садриддинов ва А. Раҳмонзода тасмим гирифтанд, ки пешниҳоди худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намоянд.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 10- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади пешниҳоди лоиҳа аз мушаххас намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон, талабот нисбати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, мушаххас намудани салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иборат мебошад.

Лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №473 аз 11 январи соли 2016  барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон супорида шуда буд.

Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро омӯхта, на танҳо оиди пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, балки доир ба тамоми матни Конститутсия  ҷиҳати мукаммал намудани он 232 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 18 январи соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич, субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи мазкурро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.

Дар натиҷаи муҳокима бо розигии субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз 232 таклифу пешниҳод 146-тои он пурра ва қисман қобили қабул дониста, 86 таклиф қабул нашуд.

Дар мувофиқа бо намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд.

Аз  ҷумла дар лоиҳа даҳ қисм пурра таҳрир карда шуда, ду қисм пурра хориҷ карда шуд, чор сархат таҳрир, се сархат хориҷ карда шуда, матни лоиҳаи мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  бо ҳам мутобиқ карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардидаро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Аввал, тағйиру иловаҳое, ки меъёрҳои нав муайян мекунанд ва дуюм, тағйиру иловаҳое, ки характери таҳрирӣ, имлоӣ, забонӣ ва техникӣ доранд.

Мувофиқи қисми аввали лоиҳа аз матни Конститутсия калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда мешавад. Зарурати ворид намудани ин тағйирот аз он сарчашма мегирад, ки  Конститутсия вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ буда, маънои он муайянкунандаи асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа  мебошад. Калимаи Сарқонун бошад, калимаи сохта буда, тамоми паҳлуҳои вожаи Конститутсияро дар бар гирифта наметавонад. Аз ҷумла Сарқонун боло, баланд ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани санадро нишон дода,  муайянкунанда, муқарраркунанда ва асосӣ будани онро ифода карда наметавонад.

Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи якуми Конститутсия  ворид карда мешавад, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ муайян карда мешавад.

Шакли идораи ҷумҳурӣ бояд дар Конститутсия нишон дода шавад. Аммо дар Конститутсияи амалкунанда чунин меъёр ҷой надорад, ҳарчанд президентӣ будани шакли идоракунии Тоҷикистонро ҳама медонанд. Зиёда аз ин, дар моддаи 100 Конститутсия тағйирнопазирии шакли идораи ҷумҳурӣ қайд гардидааст, аммо  кадом шакл будани он дар Конститутсия нишон дода нашудааст. Аз ин рӯ, ин тағйирот Конститутсияро мукаммал гардонида, шакли идоракуниро мушаххас менамояд.

Қисми якуми моддаи 5 бо мақсади боз як бори дигар қайд намудани арзиши олӣ доштани  инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар таҳрири нав оварда  шудааст.

Тағйироте, ки ба моддаҳои 8  ва 28 ворид карда мешаванд, ба ҳуқуқи шаҳрванд ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ алоқа доранд. Конститутсия ин ҳуқуқи инсонро кафолат дода, дар як вақт талаботи лозимро пешниҳод менамояд. Мутобиқи онҳо фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда мешавад. Ин тағйирот барои таъмини ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус равандҳои характери ифротгароиву бегонапарастидошта, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, бо назардошти ҷаҳонишавии ҷомеа, пешниҳод гардидааст.

Тағйироти ба моддаи 14 воридшаванда барои таъмини фаҳмиши якхелаи ибораҳо дар Конститутсия равона гардидааст. Мафҳумҳои дар ин қисм овардашуда бо  номи боби якуми Конститутсия мувофиқ карда шудаанд.

Дар қисми ҳафтуми лоиҳа тағйиру иловаҳо ба моддаи 15-уми Конститутсия, ки масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд, пешниҳод гардидаанд. Ин тағйиру иловаҳо меъёрҳои моддаи 15 — ро такмил дода, тамоми масъалаҳои марбут ба шаҳрвандиро дар бар мегиранд. Аз ҷумла шахсоне, ки шаҳрвандиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштаанд, ба шахсоне, ки дар вақти қабули Конститутсия  шаҳрванди Тоҷикистон буданд, ҳуқуқи баробар пайдо мекунанд. Инчунин соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ  низ эътироф мегардад.  Қисмҳои дуюм ва сеюми  моддаи 15 низ такмил дода шудаанд, ки онҳо барои таъмини ҳуқуқу  озодиҳои шаҳрванд мусоидат менамоянд.

Мувофиқи  қисми 14-уми лоиҳа моддаи 34 –уми Конститутсия дар таҳрири нав навишта шудааст, ки мувофиқи он падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.Тағйироти номбурда бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешниҳод гардидаанд.

Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 45-уми Конститутсия пешниҳод гардидааст, супоридани андоз ва пардохтҳое, ки қонун муайян намудааст, ҳатмӣ мебошад.

Тағйироте, ки ба моддаҳои 49, 65 ва 85-уми Конститутсия  пешниҳод гардидаанд, талаботи якхеларо барои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне қонунгузор, иҷроия ва судӣ  муқаррар менамоянд. Мувофиқи тағйироти ба моддаи 49-ум пешниҳодгардида шахсе аъзои Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад. Дар моддаи 65 низ дар баробари дигар талабот нисбати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи нав илова шудааст, яъне номзад бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад. Айнан чунин талабот мутобиқи қисмҳои 34 ва 36-уми лоиҳа нисбати судяи Суди Олӣ ва судяи Суди конститутсионӣ низ пешбинӣ мегардад.

Нисбати аъзои Ҳукумат низ талабот дар бораи доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Вобаста ба ҳолатҳои болоӣ дар қисми 20 лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки дар баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд ва қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар асоси қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон  мегардад.

Тағйироти ба қисми 22-юми лоиҳа овардашуда бо мақсади таъмини мувофиқати дохилии моддаи 61 ва муайян намудани тартиби тафсири Конститутсия  пешниҳод гардидаанд.

Мувофиқи қисми 24-уми лоиҳа ба моддаи 65  қисми  панҷум илова карда шудааст, ки  мутобиқи он маҳдудиятҳои дар қисми чоруми  моддаи 65 пешбинигардида, (яъне, маҳдудияти ду бор пай дар пай интихоб шудан ба мақоми Президент) нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат татбиқ намегардад.

Инчунин  мутобиқи қисмҳои 19, 27, 34 ва 36 -уми лоиҳа  тартиби савганд ёд кардани аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат,  судяҳо ва судяи Суди конститутсионӣ пешбинӣ мегардад.

Ба моддаи 69-уми Конститутсия, ки салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд, тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он сархати 12 (яъне, таъсиси Шӯрои адлия)  хориҷ карда мешавад. Вобаста ба барҳам дода шудани Шӯрои адлия дар матни Конститутсия тағйироти дахлдор ворид карда мешавад.

Мутобиқи тартиби пешбиникардаи қисми 26 таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Боби шашуми Конститутсия низ мукаммал гардонида шуда, дар он  зикр мегардад, ки минбаъд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия  роҳбарӣ менамояд. Яъне, аз номи ин мақомот ибораҳои «намояндаи Президент» хориҷ карда мешавад.

Мувофиқи муқаррароти интиқолӣ вобаста ба пешбинӣ гардидани савганди аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат  меъёр муайян гардидааст.

Ба ғайр аз ин, дар пешниҳод як қатор ислоҳоти таҳрирӣ, забонӣ ва техникӣ низ ворид карда шудаанд. Аз ҷумла калимаҳои «ҳақи зиндагӣ» ба «ҳуқуқ ба ҳаёт», «ҳақ» ба «ҳуқуқ», «марзиву маъмурӣ» ба «маъмурӣ-ҳудудӣ», «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои», «ҷиноӣ» ба «ҷиноятӣ»,  «пулӣ» ба «пардохтшаванда», «туризм» ба «сайёҳӣ», «қарордодҳои» ба «шартномаҳои»,  «ба тасдиқи» ба «барои тасдиқ ба», «марзӣ» ба «ҳудудӣ», «ҷамоат» ба «Ҷамоат», «Ташкили» ба «Таъсиси», «қаламрави» ба «ҳудудӣ» иваз карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба рушди қонунгузорӣ дар  ҷомеа мусоидат намуда, барои таҳким ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Вакилони гиромӣ! Мутобиқи талаботи моддаи 10 -уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур аст, ки пешниҳодҳои мазкур барои муайян намудани мутобиқати тағйиру иловаҳои воридшаванда бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад. Лоиҳаи қарор дар ин хусус дар дасти шумо ҳаст. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи қарорро дастгирӣ намоед.

Матни лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қисм ба қисм баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаи мавриди муҳокима қарордошта мутобиқи моддаи 98-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд. Тибқи ин қарор пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъини раъйпурсӣ барои муайян намудани мутобиқати тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».  Суратгир А. ИСОЕВ