Чоруми июни соли 2024 бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» хониши идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ доир ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Шарифзода ва муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайрав Иззатуллозода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро шарҳ дода, ҳамчунин, вобаста ба нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ андешаҳояшонро баён карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»