Машғулияти идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон

№53 (4473) 30.04.2022

IMG_5271- Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки барои баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат андешида шуд, танзими рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Яъне, сухан дар бораи одоби хизматчии давлатӣ ва нуфузи хизмати давлатӣ меравад, — иброз намуд директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов зимни баромад дар машғулияти идоравие, ки 28 апрели соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии дастгоҳи он доир гардид.

Чорабинӣ ба мавзӯи «Нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ» бахшида шуда, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, мутахассисон аз Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Онро вакилони Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода ва Зай­ниддин Сафарзода ифтитоҳ намуданд. Сипас, Ҷумъахон Давлатов ёдовар шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе хизматчиёни давлатиро неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ арзёбӣ намуда, аз мақомдорон талаб карданд, ки одоби баланди муоширату корбарӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд. Ҳамчунин, дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ риояи одоб дар амал ва қарорҳои хизматчиёни давлатӣ ба сифати принсип шинохта шудааст.

Зикр гардид, ки мафҳуми «одоби хизматчии давлатӣ» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» муқаррар шуда, аз ҷумла омадааст, ки одоби хизматчии давлатӣ маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад, ки ҳисси поквиҷдонӣ, шарафнокӣ ва масъулиятшиносии шахсони мансабдорро баланд мебардорад.

Ҳамчунин, сармутахассиси шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Азимов дар мавзӯи «Нақши Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ» ва сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Исматуллозода роҷеъ ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баромад карданд.

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ, тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ, танзими бархурди манфиатҳо, тавзеҳ додани принсипҳои хизмати давлатӣ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 қабул шуд. Дар он мафҳумҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ шарҳ дода шудаанд. Аз ҷумла, агар рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳо ба рафтори хизматӣ мансуб бошад, пас рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ иртибот надорад ва берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир гардидааст, рафтори ғайрихизматӣ дониста мешавад.

Дар охир меҳмонон ба саволҳои кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ посух гуфтанд. 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»