17-уми майи соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ба масъалаи назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани нақши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт изҳори назар карда шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати тақвият додани ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ва пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ