Масоили об ва ташвишҳои ҷаҳони муосир

№61 (4323) 06.05.2021

ЛАтипов-4Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода

- Чаро масъалаи об дар ҷаҳон боис ба ташвиш шудааст?

- Ҳоло вобаста ба таъмини одамон бо оби ошомиданӣ, истифодаи он дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ талабот афзоиш ёфтааст. Захираҳои об дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ, амнияти миллию минтақавӣ ва мушкилоти дастрасӣ ба шароити одитарини зиндагӣ мавқеи калидиро касб намудааст.

60-70 сол пеш захираҳои об дар сайёра дар таносуб ба нуфузи аҳолӣ ва рушди ҳамонвақтаи иқтисодиёт ба қадри кофӣ мавҷуд буданд ва дастрасӣ ба онҳо ягон мушкилӣ надошт. Ҳоло инсоният дарк кардааст, ки норасоии об то чӣ андоза масъалаи муҳим гашта, ба мушкилоти сатҳи глобалӣ табдил ёфтааст.

Сайёраи моро «сайёраи об» меноманд, чунки зиёда аз 79 дарсади масоҳати онро оби баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Лекин аз ин захираи бузурги оби кураи Замин оби уқёнусу баҳрҳо 96,4 фоиз аст ва онҳо шӯр буда, барои истеъмол ҷоиз нестанд. Оби босифати ошомиданӣ 3,5 фоизро ташкил дода, он ҳам асосан дар шакли пиряху яхи қутбҳои яхбаста ва дар шакли обҳои зеризаминӣ маҳфуз буда, дастрасӣ ва истифода аз онҳо мушкил мебошад. Оби дарёву кӯлҳо, ки аҳолии кураи Замин онро барои қонеъ кардани эҳтиёҷ истифода мебарад, тахминан 0,01 фоиз захираҳои умумии оби сайёраро ташкил медиҳад.

Аз ин хулоса баровардан мумкин, ки ин захираи ҳаётан муҳим, яъне оби ширин, маҳдуд буда, дастрасӣ ба он дар шароити минбаъд зиёд гаштани нуфузи аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт мураккабу печида ва ҳассос мегардад.

Миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта хадамоти махфии ИМА 10 минтақаи ҷаҳонро, ки дар онҳо бо сабаби норасоии об эҳтимолияти сар задани низоъҳои ҳарбӣ баланд аст, муайян карда буд. Ба онҳо, пеш аз ҳама, давлатҳои Шарқи Наздик ва нимҷазираи Арабистон шомил мешаванд. Ба ақидаи собиқ ёвари Президенти ИМА оид ба масоили об Джойс Старр, амнияти обӣ дере нагузашта бо амнияти ҳарбӣ дар як қатор ҷой хоҳад гирифт.

- Барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъала чӣ корҳо анҷом меёбанд ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд чӣ гуна аст?

- Вобаста ба масъала роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳои ҷаҳон ва олимону коршиносон тадбир андешида истодаанд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо, дар қатори дигар масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳони муосир, бобати мушкилоти об, ки барои амну суботи ҳар як давлат моҳияти хос дорад, фаъолияти пурсамару бонизомро пеш мебарад.

Соли 2000-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар рӯзномаи «Независимая газета» таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» дар мисоли захираҳои оби Тоҷикистон ва аҳамияти он барои таъмини рушди устувори минбаъда, хусусиятҳои иқлимофарӣ на танҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои сайёра ва зарурати таҷдиди стратегияи истифодаи минбаъда ба захираҳои об баҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дода, аз ҷумла таъкид карда буданд, ки «Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нефт, газ, ангишт, дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест».

Ин таъкиди хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат дере нагузашта дар амал исбот гашт. Силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба об, ки муаллиф ва таҳрикдиҳандаи онҳо шахсан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мебошанд, дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ аллакай бо ҳарфҳои заррин сабт гаштаанд. Ҳоло ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он ифтихор дорад, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи глобалӣ сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон ва коршиносон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро Лидери ҳалли масъалаҳои об ном мебаранд. Ин воқеият далели эътирофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва кишварро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ бо давлатҳои абарқудрат, ки муайянкунанда ва пешбарандаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошанд, дар як саф қарор медиҳад.

Сарфи назар аз вазъи феълии иқтисодию молиявии ҷаҳон ва таҳдидҳои дигари глобалӣ, ки ногузир ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонанд, кишвари мо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи глобалии рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз тамоми воситаю имконият истифода мебарад.

Зимни суханронӣ дар Саммити ҷаҳонии об (шаҳри Будапешт, ноябри соли 2016) ва баъдан дар Нигориши СММ таҳти унвони «Об — барои рушди устувор» моҳи марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ ҷанбаи асосии ҳалли мушкилоти вобаста ба обро махсус қайд карданд, ки зимни қадамҳои минбаъда ба онҳо бояд аҳамияти бештар дода шаванд. Аз онҳо ду ҷанба — ҷалби маблағҳо, аз ҷумла сармоягузорӣ ва таҷдиди инфрасохтори соҳаро, махсус бояд қайд кард. Ин ду ҷанбаъ аз зумраи омилҳои калидӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об шинохта шудаанд. Хусусан, барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ.

Таҷдиди инфрасохтор ва баланд бардоштани имкониятҳои истифодаи оби дарёҳои кишвар барои истеҳсоли неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза, танзими боэътимоди ҷараёни дарёҳо, ҳифзи аҳолӣ ва иншооти гуногун аз селу обхезӣ, паст кардани таъсири хушксолӣ ва ихроҷи газҳои карбон ба атмосфера имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.

- Истифода аз об дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Ин масъала аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳадафҳои Рӯзномаи глобалии рушди устувор барои асри XXI маҳсуб ёфта, дар ин самт кори зиёд анҷом дода шудааст. Тавассути тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат тайи 10 соли охир бо истифодаи 1,2 млрд. сомонӣ ҳолати беҳдошт ва таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд.

38Тадбирҳои мушаххас дар ин самт аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд амалӣ шуда истодаанд, бахусус дар деҳот, ки ба беҳтар кардани шароити беҳдошт ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ бештар ниёзманд мебошанд.

Дар ин раванд аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва вобаста ба ин амалӣ намудани корҳои мушаххас оид ба ободу зебо гардонидани маҳалҳо ва бунёди иншооти таъмини оби нӯшокӣ саҳми муносиби Тоҷикистон дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» мебошад. Таҷдиди инфрасохтор ва беҳтар кардани сифати таъмини оби ошомиданӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ мешаванд, барои истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани усулҳои камхарҷ ва технологияҳои нав, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ, нақши муҳим дорад.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ ғайриимкон мебошад.

Нақшу ҷойгоҳи обро дар истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ махсус қайд кардан зарур аст. То 80 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обёришаванда гирифта шуда, ин соҳа истифодабарандаи асосӣ — то 90 фоизи захираҳои об мебошад.

Дар баробари ин, дар аксар кишварҳои ҷаҳон қисми зиёди аҳолӣ, аз ҷумла дар кишвари мо зиёда аз 60 фоиз, дар соҳаи кишоварзӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд шуғл меварзанд. Бинобар ин, нақши захираҳои об дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ташкили ҷойҳои кор ва ба ин васила беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ниҳоят муҳим мебошад. Ҳоло масоҳати умумии заминҳои обии ҷумҳурӣ 762,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Тибқи Консепсияи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби Тоҷикистон имкон дорем, ки масоҳати заминҳои обиро то ба 1,6 млн. гектар расонем. Тадриҷан зиёд кардани масоҳати заминҳои обӣ, дар як вақт бо ҷорӣ кардани технологияҳои муосири истифодаи об метавонад саҳми бузурги Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» гардад.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои асосии татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» ба ҳисоб меравад. Беш аз 95 фоиз неруи барқ дар кишвар тавассути НБО истеҳсол мешавад. Аз лиҳози истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва кам кардани ихроҷи гази карбон Тоҷикистон ба қатори шаш давлати пешсафи ҷаҳон шомил гардидааст.

Татбиқи ташаббусҳои сатҳи глобалӣ ва дар ҷараён будан бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пайванди ногусастанӣ ва доимии Тоҷикистонро бо равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад.

- Тавре маълум аст, яке аз захираҳои асосии оби соф пиряхҳо мебошанд. Назари шумо доир ба обшавии онҳо, ки боис ба нигаронии ҷиддӣ дар ҷаҳон гаштааст, чӣ гуна аст?

- Мушоҳидаҳои 80 соли охир нишон медиҳанд, ки масоҳати пиряхҳои ҷумҳурӣ 30 фоиз кам шудаанд. Аз ин рӯ, тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази яхшиносӣ ташкил карда шуд. Фаъолияти он ба омӯзиши ­пиряхҳо, равандҳои иқлимӣ ва пешгӯии захираҳои об барои манфиатҳои Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа равона шудааст.

Инчунин, мавзӯи пиряхҳо дар меҳвари мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки сеюми марти соли ҷорӣ баргузор гардид, қарор дошт. Ин масъалаи глобалиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла иброз дош­танд: «Чӣ тавре ки маълум аст, обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд. Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад».

Бо ишора ба вазъи пиряхҳои Помир Сарвари давлат таъкид доштанд, ки обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар Тоҷикистон — Федченко намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Тибқи пажӯҳиш, фақат тайи 70-80 соли охир ин пирях зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Бо дарназардошти оқибатҳои манфии босуръат обшавии пиряхҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварданд, ки вобаста ба ин масъалаи доғи рӯз чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар ин робита Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Нимаи дуюми асри XX ва аввали асри XXI, мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим раванди босуръат об шудани пиряхҳо мушоҳида гардиди истодааст. То ҳол зиёда аз ҳазор пиряхи Тоҷикис­тон комилан об шудааст. Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан се як баробар кам гардид, ки ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин зимн барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумати кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва қабули қарорҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо ин таҳдид саъю талош дорад.

- Вобаста ба ҳалли масъалаи зикршуда дар парламенти мамлакат чӣ корҳо анҷом меёбанд?

- Масъалаи таъминоти аҳолӣ бо об ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар доимо дар маркази таваҷҷуҳи парламенти мамлакат қарор дорад. Аз ҷумла, вобаста ба ташаккули заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ва такмили он танҳо се соли охир қонунҳои асосии соҳавӣ, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» таҳия ва қабул карда шудаанд. Дар ин давра, инчунин, дар соҳаи аграрӣ, захираҳои об, замин ва экология зиёда аз 50 созишномаву шартнома ба тасвиб расид. Дар ин бобат Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин низ саҳмгузор аст. Тибқи нақшаи корӣ соли 2021 низ кори зиёд вобаста ба ин мавзӯъ дар назар дошта шудааст.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»