Масунияти юрисдиксионии давлат — тақозои замони муосир

№139 (4245) 13.11.2020

Бешубҳа, дар асри XXI рушди давлатҳо дар шароити бунбаст имконнопазир аст. Вобаста ба ҷараёни объективии ҷаҳонишавии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тамоюли ҳамги­роии давлатҳо бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омад. Давлатҳо фаъолияти иқтисодии берунаро то дараҷае васеъ намуданд, ки дар баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иштирокчии аҳдҳои ҳуқуқии хусусӣ (гражданӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ) мебошанд.

Ин ҷараён ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ таъсир расонд. Гузариши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои бозорӣ, аз байн бурдани инҳисороти давлатии савдои беруна ва хусусигардонии анҷомдодашуда ба тавсеа ёфтани фаъолияти иқтисодии беруна, аз ҷумла, ҷалби сармояи хориҷӣ, бо мақсади дар ҷумҳурӣ таъсис додани корхонаҳо, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоя, ҷалби сармояи хориҷӣ боис гардид. Дар аксар ҳолат чунин созишномаҳо муқаррароти баррасии баҳсҳоро дар арбитражи тиҷоратии байналмилалӣ ё юрисдиксияи шартномавӣ (ваколати суди хориҷӣ) пешбинӣ менамоянд, ки ин амал моҳиятан маънои даст кашидан аз баъзе масуниятҳои давлатро дорад.

Айни ҳол муносибатҳои ҳуқуқии хусусии фаромарзӣ бо иштироки давлатҳо ба роҳ монда мешаванд, ки вазъи ҳуқуқии ҷонибҳо дар он нобаробар мебошад, зеро давлат метавонад аз масунияти давлатии худ истифода намояд. Бояд дар назар дошт, ки асоси муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ ба баробарҳуқуқии тарафҳо такя менамояд. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифз намудани ҳуқуқи иштирокчиёни дигари чунин муносибатҳо – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ механизми маҳдудсозии масунияти давлат дар аҳдҳои гражданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мувофиқи мақсад мебошад. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани нақши давлат ҳангоми амалигардонии фаъолияти ҳуқуқии хусусӣ дар ҷумҳурӣ ва ба замони муосир мутобиқ намудани қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи масунияти давлати хориҷӣ ҳисоб меёбад.

Масунияти давлати хориҷӣ маънои озод будан аз ҳокимият — юрисдиксияи давлати дигарро дорад. Бинобар ин, онро ҳамчун масунияти юрисдиксионӣ ном мебаранд.

Вобаста ба масунияти давлати хориҷӣ ду консепсия вуҷуд дорад: консепсияи масунияти мутлақи давлати хориҷӣ ва консепсияи масунияти функсионалии давлати хориҷӣ. Фарқи онҳо ба мақсад ва моҳияти вазифаҳои пайгиришавандаи давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста мебошад.

Тибқи Консепсияи масунияти функсионалӣ, масуният ба давлати хориҷӣ танҳо дар ҳолатҳое пешниҳод мешавад, ки он ваколатҳои мустақили ҳокимиятро амалӣ намояд. Аммо, агар давлати хориҷӣ дар давлати дигар амалҳои дорои хусусияти тиҷоратӣ ё ҳуқуқии хусусиро иҷро кунад, дар он сурат масуниятро истифода бурда наметавонад, зеро чунин муносибат, тавре зикр гардид, ба баробарҳуқуқии ҷонибҳо асос меёбад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки кӯшиши маҳдудсозии масунияти давлат дар муносибатҳои тиҷоратӣ ё ҳуқуқии хусусии иштироккунанда аввали асри ХХ анҷом дода шуд. Соли 1926 Конвенсияи Брюссел дар бораи ҳамоҳангсозии баъзе аз қоидаҳо оид ба масунияти киштиҳои давлатӣ қабул гардид. Созишномаи аввалине, ки масъалаҳои масунияти давлатиро дар маҷмӯъ танзим намудааст, Конвенсияи Аврупо оид ба масунияти давлатҳо аз соли 1972 мебошад.

То ҳол таҷрибаи ягонаи танзими масъалаи мазкур мавҷуд нест. Теъдоди муайяни давлатҳо, умуман, қонунгузорӣ дар бораи масуниятро надоранд ва айни замон ба амалияи судӣ такя менамоянд. Бо мақсади аз байн бурдани ин норасоӣ ва муайян намудани қоидаҳои дақиқ ва якхела оид ба масунияти давлат қабул кардани санади ягонаи универсалӣ зарур аст. Ин кӯшиш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид низ анҷом дода шуд. Билохира, 2 декабри соли 2004, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Конвенсия дар бораи масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо»-ро қабул кард, ки он ба консепсияи масунияти функсионалии давлати хориҷӣ асос меёбад. Конвенсияи мазкур то ҳол ҳукми қонунӣ пайдо накардааст.

Санадҳои номбаршуда дар заминаи консепсияи масунияти функсионалии давлат таҳия мегарданд. Қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва амалияи судии онҳо низ муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ бо иштироки давлати хориҷиро бо дарназардошти консепсияи мазкур танзим менамоянд.

Айни ҳол таҷрибаи ягонаи умумиҷаҳонии татбиқи масунияти функсионалии давлат вуҷуд надорад. Дар баъзе аз давлатҳо ин масъала бо қонунҳои ҷудогона танзим мегарданд. Чунончӣ, дар Австралия, Британияи Кабир, Канада, Покистон, Сингапур, ИМА, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, қисме аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон санадҳои қонунгузорие қабул карда шудаанд, ки ба масунияти функсионалӣ асос меёбанд.

Амалияи судии давлатҳои дигар, ки қонунгузории махсус оид ба масунияти давлати хориҷӣ надоранд, масалан, Австрия, Белгия, Юнон, Дания, Норвегия, Финляндия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Швейтсария, ба консепсияи масунияти функсионалии давлат асос меёбад.

Дар доираи консепсияи масунияти функсионалӣ масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он муайян карда шудааст. Мафҳуми «юрисдиксия» аз калимаи лотинии «jurisdictio» гирифта шуда, маънои «ҳалли баҳси ҳуқуқӣ»-ро дорад ва ваколати суд ё мақоми дигари давлатӣ оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳси бавуҷудомадаро дар бар мегирад.

Таркиби масунияти юрисдиксионии давлат аз масунияти судӣ, масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаҳои судӣ иборат мебошад.

Масунияти судӣ уҳдадории суд оид ба риоя намудани масунияти давлати хориҷӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои нисбат ба ин давлат оғозгардида ва худдорӣ намудан аз ҷалби давлати хориҷӣ ба иштирок дар мурофиаи судиро дар назар дорад. Дар доираи масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво уҳдадории суд оид ба худдорӣ намудан аз гузоштани ҳабс ба моликияти давлати хориҷӣ ё нисбати ин давлат андешидани чораҳои дигаре, ки минбаъд метавонанд баррасии баҳс ва иҷрои ҳалномаи судро таъмин кунанд, муқаррар карда мешавад. Масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд имконияти суд ё мақомоти дигари давлатиро аз нигаронидани ситониш ба моликияти давлати хориҷӣ, андешидани чораҳои дигар нисбат ба давлати хориҷӣ ва моликияти он бо мақсади иҷрои маҷбурии ҳалномаи суд маҳдуд менамояд.

Масуниятҳои номбаршуда сарфи назар аз ҳамдигар амал мекунанд. Масалан, агар давлати хориҷӣ юрисдиксияи Суди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба баҳси мушаххас эътироф намуда бошад (яъне, аз масунияти судӣ даст кашида бошад), масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд мустақиман амал мекунанд.

Масунияти юрисдиксионии давлат ба соҳибихтиёрии он асос ёфта, аз ҷониби дигар давлатҳо эътироф мегарданд. Бо вуҷуди ин, эътирофи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ бояд дар асоси принсипи мутақобила сурат гирад. Мисол, агар масунияти юрисдиксионии давлат ва моликияти он дар давлати хориҷӣ маҳдуд гарданд, масунияти юрисдиксионии давлати хориҷии мазкур низ метавонад маҳдуд карда шавад.

Ҳамчунин, имтиёз ва масуниятҳое, ки мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба давлати хориҷӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, ба роҳбарони давлатҳо, ҳукумат ва дигар шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ пешниҳод шудаанд, маҳдуд карда намешаванд. Давлати хориҷӣ наметавонад ба масунияти юрисдиксионӣ такя кунад, агар он уҳдадории эътироф намудани юрисдиксияи суди давлати дигарро дар баҳси мушаххас ба зимма гирифта бошад. Чунин амал бо роҳи даст кашидан аз масуният, ки дар шакли созишнома ё огоҳиномаи суд ифода шудааст, метавонад анҷом дода шавад. Давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ дасткашида эътироф мешавад, агар ба суди давлати дигар даъво пешниҳод намояд ё амалҳои дигарро оид ба моҳияти баҳс иҷро кунад.

Конвенсияҳои байналмилалӣ ва қонунҳои давлатҳои хориҷӣ ҳолатҳои дигари татбиқ нагардидани масунияти судиро низ пешбинӣ менамоянд. Оид ба тартиби татбиқи масунияти юрисдиксионии давлат масъалаҳои дигари ҳалталаб низ мавҷуданд, ки танзими қонунии соҳавиро тақозо менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маҷмӯии меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби татбиқи масунияти юрисдиксиониро танзим намояд, вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, қонунгузор ба принсипи эътирофи масунияти давлати хориҷӣ такя намуда, танҳо имконияти даст кашидан аз масунияти юрисдиксиониро пешбинӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 390 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 230 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб намудани давлати хориҷӣ барои иштирок дар парванда ба сифати ҷавобгар ё шахси сеюм, гузоштани ҳабс ба молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад ва нисбат ба он аз ҷониби суд татбиқ намудани чораҳо оид ба таъмини даъво, ситониш аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои маҷбурии санади судӣ танҳо бо розигии мақомоти ваколатдори давлати дахлдор мумкин аст, агар дар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 139 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бо қонун дар бораи масунияти давлат ва моликияти он муайян гардидани ҷавобгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунгузории гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷиро муқаррар кардааст.

Тартиби махсуси даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масуният дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ» муқаррар гардидааст.

Аз таҳлили қонунгузории амалкунанда маълум мегардад, ки имкониятҳои ҳифзи субъектони муносибатҳои иқтисодӣ ва граждании ҷумҳурӣ, ки дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо иштироки давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, хеле маҳдуданд, чунки баррасии баҳсҳо ба розигии давлати хориҷӣ барои амалигардонии юрисдиксияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Тартиби мазкур ба консепсияи масунияти мутлақи давлат асос меёбад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани масунияти мутлақи давлати хориҷӣ маънои эътирофи чунин масунияти кишвар дар судҳои давлати хориҷиро надорад. Аммо амалияи баррасии парвандаҳо дар судҳои хориҷӣ нисбат ба давлатҳо ва ё мақомоти давлатӣ собит сохт, ки воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои давлат дар заминаи консепсияи масунияти мутлақи он чандон босамар нестанд.

Бинобар ин, бо мақсади таъмини масунияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ бояд санади қонунгузории алоҳида, ки доираи татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва ваколати судҳои ҷумҳурӣ оид ба баррасии баҳсҳоро бо иштироки давлати хориҷӣ муайян менамояд, қабул карда шавад.

ШОҲМУРОД Рустам,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният,

Равшан РАҶАБЗОДА,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон