Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Меъёрҳои пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар шуд

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

DSC_6298 копияБисту шашуми декабри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳҳобзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

 1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирии молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва дар ин замина, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва сайёҳон таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳа, нисбат ба техника ва таҷҳизоти замонавӣ (трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо), ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» барои азнавсозии аэровокзали фурудгоҳ ворид мешаванд, озодкунӣ аз пардохти 50 фоизи меъёри муқарраршудаи андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Қабули қонуни мазкур ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии фурудгоҳӣ ва ба ин васила ба стандартҳои Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ мутобиқ гардидани ҷузъу томҳои фурудгоҳ мусоидат менамояд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус ҷиҳати мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ, мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» оғоз менамоем. Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст.

Омӯзиши қонунгузории давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ нишон дод, ки бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизис­тон, Қазоқистон, Беларус ва Федератсияи Россия пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти
автомобилӣ ҷорӣ шудааст, ки он пардохти яккарата мебошад.

Ситонидани хироҷ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» амалӣ карда шуда, дар ин замина ба қонуни
мазкур вобаста ба ҷорӣ намудани пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ иловаҳо пешбинӣ гардидааст. Тибқи қисми 1 моддаи 1 лоиҳаи қонун пардохти мазкур аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ситонида мешавад. Пардохти мазкур аз ҳар як воситаи нақлиёти автомобилӣ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад, ки он то давраи нобудсозии воситаи нақлиёти автомобилӣ эътибор дорад. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007 таҳти №546 муқаррар карда шудаанд. Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни мазкур муқаррарот барои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёрҳои пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст.

Иқдоми мазкур барои ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ замина гузошта, барои татбиқи чорабиниҳои дахлдор бобати таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муқаррар намудани пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ мебошад. Ҳамзамон, нисбат ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаашон, имтиёз муқаррар мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд. Он тамоми расмиёти дохилиро гузаш­та, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳҳобзода дода мешавад. Марҳамат.

Темурҷон АБДУЛВАҲҲОБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Зарурат барои ворид намудани илова, ба ҷадвали 2 замима ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сатри 481 пешниҳоди шаҳодатнома барои воридоти бензин дар он аст, ки  Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ваколати пешбинигардида барои додани шаҳодатномаи воридоту ба муомилот баровардани бензин як қатор расмиёт ва санҷишҳоро мегузаронад, аз ҷумла ҳолат ва шароити нигоҳдории маҳсулот, сатҳи хизматрасонӣ, воситаҳои ченаки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ истифодашаванда, мавҷуд будани иҷозатномаи вазорату идораҳои дахлдор, сертификати низоми менеҷменти сифат, хулосаи экологӣ, хулосаи бехатарии оташнишонӣ ва амсоли ин, ки дар маҷмӯъ бехатариро таъмин мекунанд. Бинобар ин, ворид намудани илова ба замимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» саривақтӣ буда, барои таъмини бехатарии маҳсулот ва танзими иқтисоди мамлакат мусоидат менамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба ҷадвали 2 замима ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда) сатри 481, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тааллуқ дорад, илова ворид гардида, минбаъд барои додани шаҳодатнома оид ба воридоти бензин, ба мақоми мазкур ваколат дода мешавад.

Дар ин замина, хироҷ барои баррасии ариза 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ 60 (шаст) ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ низ 60 (шаст) ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2023 лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, инчунин барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ