Меъёрэҷодкунӣ. Илме, ки аз қобилияти эҷодкор вобаста аст

№68 (4651) 22.05.2023

Меъёрэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ, мураттабсозӣ ва ғайра муҳим ба ҳисоб меравад. Риоя накардани қоидаҳои техникии меъёрэҷодкунӣ боиси бозпас баргаштани лоиҳаи қонун мегардад. Бо гузашти вақт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба такмил ниёзманд мешаванд, зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ ивазшаванда буда, бо роҳи техникаи меъёрэҷодкунӣ бартараф мегарданд.

Яке аз масъалаҳои марбут ба меъёрэҷодкунӣ мутобиқ кардани матни лоиҳаи қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошанд.

Масъалаи дигар дар техникаи меъёрэҷодкунӣ мутобиқ будани матни лоиҳаи қонун ба матни қонуни амалкунанда мебошад. Масалан, агар дар қонуни амалкунанда сархатҳо бо нимтире «-» ифода шуда бошанд, таҳиякунандаи лоиҳаи қонун барои тағйиру илова ва истифодаи дигар намудҳои техникаи меъёрэҷодкунӣ наметавонад дар матни лоиҳа сархатро бо рақам ва аломат «1)» ифода намояд, ба истиснои лоиҳаи қонуне, ки дар таҳрири нав пешниҳод мешавад. Масалан, агар ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳияи лоиҳаи қонун тағйиру илова ва истифода кардани дигар намудҳои техникаи меъёрэҷодкунӣ амалӣ гардад, бояд матни лоиҳаи қонун ба матни дохилии кодекси мазкур мутобиқ мешавад. Қоидаи мазкур ба дигар қонунҳо низ дахл дорад.

Дар меъёрэҷодкунӣ, тибқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мақоми меъёрэҷодкунанда барои таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома оид ба таҳияи лоиҳаи қонун супориш диҳад ё ин ки барои беҳтарин лоиҳаи қонун озмун эълон намояд, ифода шудааст.

Дар асоси моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё мақомоти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳияи лоиҳаи қонун дар асоси нақшаи тасдиқгардида гурӯҳи корӣ таъсис дода метавонанд.

Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ташаббуси қонунгузорӣ танҳо эҷоди қонун набуда, мафҳуми васеъро дар бар мегирад. Мазмуни ташаббускорӣ ҷалби мутахассисони назариявӣ ва амалӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунро низ дорад. Дар низоми қонунгузорӣ масъалаҳое вуҷуд доранд, ки онро мутахассисон ба қонун дуруст ворид карда метавонанд.

Масъалаи дигари техникаи меъёрэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, «мутобиқати қонунгузорӣ» мебошад. Дар сурате ки ба қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар заминаи техникаи меъёрэҷодкунӣ тағйиру илова, қонуни мукаммал ва ғайра дар шакли лоиҳаи қонун таҳия мегардад, бояд матн ва истилоҳҳои истифодашуда ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ бошанд. Барои мутобиқ сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳамдигар «Вазорати мутобиқ сохтани меъёрҳо» таъсис додан шарт нест, балки дониши ҳуқуқшиносӣ зарур аст ва ин муносибатро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» танзим менамояд.

Дар техникаи меъёрэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода кардани ҷумлаҳои шоирона қобили қабул нест. Меъёрэҷодкунӣ бояд хусусияти воқеӣ дошта бошад, яъне муносибати ҷамъиятиро танзим ва беҳтар намояд. Меъёрэҷодкунӣ ба дохилӣ ва байналмилалӣ ҷудо мешаванд. Дар меъёрэҷодкунии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва санад қабул менамояд, истифодаи калимаҳои «қонуни миллӣ» дуруст буда, вале дар қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон корбурд кардани калимаҳои «қонуни миллӣ» нодуруст мебошад, зеро калимаҳои мазкур ба матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ мутобиқ намебошанд.

Бояд мадди назар дошт, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ бо роҳи қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Бинобар ин, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар қонунгузорӣ муқаррар шуда, барои дар амал татбиқ кардани меъёрҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар шакли қарор, амр, фармон, фармоиш, санадҳои судӣ ва ғайра қабул мешаванд.

Техникаи меъёрэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз маҳакҳои зерин иборат аст: 1) ташаббус ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 2) таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 3) мукаммал ва мушаххас намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 4) мутобиқ кардани матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5) ҷалби мутахассисон барои ­таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 6) таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 7) ҷалби мақомоти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 8) пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои экспертиза; 9) гирифтани иттилои ҳуқуқӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 10) ҷалби олимон оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 11) риоя кардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»; 12) эълон кардани озмун барои таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; 13) тибқи шартнома супориш додан барои таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра мебошанд.

Бояд зикр кард, ки дар техникаи меъёрэҷодкунӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон марҳилаи ниҳоӣ мебошад. Ташаб­бускор пеш аз пешниҳод кардани лоиҳаи қонун бояд тамоми давраҳои бо маҳакҳои асосии зикршударо, вобаста ба пешниҳодҳои меъёрии лоиҳаи қонун иҷро намояд.

Меъёрэҷодкунӣ ба таваккал асос намеёбад, он хусусияти мухтасарӣ, саҳеҳӣ ва тасдиқиро дорад. Дар меъёрэҷодкунӣ тафсири меъёр манъ аст, зеро меъёр бояд дар шак­ле навишта шуда бошад, ки ниёз ба тафсир надошта бошад.

Дар меъёрэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз шудани ном ва матни «Кодекси гражданӣ» ба «Кодекси маданӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки самти мазкур рӯз аз рӯз аз нигоҳи илмию таҳқиқотӣ мус­таҳкам шуда истодааст.

Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид.

Кодекси мазкур бо дастгирии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва ҷонибдории вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ҷонибдорӣ ёфт.

Бояд зикр кард, ки Кодекси маданӣ (Civil Code) таърихи зиёда аз 2000-соларо дорад, ки дар яке аз аввалин давлатҳо Рими Қадим вуҷуд дошт ва муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекард. Бинобар он ки низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон романӣ ва олмонӣ мебошад, истифодаи калимаи «маданӣ» дар кодекс дуруст буда, ба меъёрэҷодкунии дохилии кишвар пешравии калони илмию меъёрэҷодкуниро дорад, ки калимаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Меъёрэҷодкунӣ илм аст, аз қобилияти эҷодкор вобастагӣ дорад. Он ҳуқуқи муаллифӣ надорад, чунки аз ҷониби намояндагони халқ дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, сипас ҷараёнҳои ҷонибдорӣ, имзо ва интишорро дар маҷаллаҳои расмӣ мегузарад ва мавриди амал қарор мегирад.

Баҳрулло ҒАЮРЗОДА,

мушовири калони Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон