Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Металлҳои қиматбаҳои мусодирашуда ба мақомоти молиявӣ супурда мешаванд

№22 (4422) 17.02.2022

DSC_1256Шонздаҳуми феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Барно Саид­вализода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа панҷ масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Он бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» таҳия карда шудааст.

Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳаи истеҳсолоти иҷро пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.

Меъёри моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро танҳо барои иҷро накардани қарори суд, инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочӣ оид ба иҷрои қарори суд пешбинӣ менамояд. Ҳол он ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», иҷрочии мақомоти иҷро, дар баробари иҷрои санадҳои судӣ, иҷрои санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро бояд таъмин намояд.

Бинобар ин, дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидани ваколати татбиқи чораи таъсиррасонӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ваколати иҷрочии мақомоти иҷро бо гирифтани уҳдадорӣ оид ба саркашӣ накардан аз иҷрои ҳуҷҷати иҷро маҳдуд мегардад. Қарздор бошад, аз ин фазои холигии ҳуқуқӣ истифода бурда, метавонад бе мамониат суроғаи зистро иваз ё ҳудуди ҷумҳуриро тарк намояд, ки дар  натиҷа санади судӣ бе иҷро монда, манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ халалдор мегардад.

Аз ин рӯ, тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда  ду моддаи нав — яке барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор (моддаи 5275) ва дигаре барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ (моддаи 5301) илова шуда, аз моддаи 530 калимаҳои «инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд» хориҷ карда шуданд.

Моддаи 5301 ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» (моддаи 144 лоиҳаи қонун) ва барои иҷро накардани талаботи иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми гузаронидани амалҳо бо истеҳсолоти иҷрои маҷбурии оғозгардида пешбинӣ менамояд (моддаҳои 45, 46, 60, 69, 88, 91, 97,106,112,114,118,119,134 ва 144 лоиҳаи қонун).

Тибқи талаботи моддаи 132 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» талаботи иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, ҳатмӣ буда, он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат бояд ба иҷро расонида шавад.

 Мувофиқи қисми 2 моддаи 134 лоиҳаи қонуни зикршуда иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро, паст задани шаъну шарафи ӯ, таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, таҷовуз, саломатӣ ва молу мулки ӯ, инчунин дигар ҳаракатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматии ӯ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боис ба ҷавобгарӣ мегардад.

 Инчунин, дар лоиҳаи қонуни зикршуда ба пурсиш ҳозир нашудани қарздор, пешниҳод накардани номгӯи молу мулк ё оид ба дуруст будани маълумоташ итминон надодан ва ғайра, аз ҷониби ӯ иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро дониста шуда, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби суди маҳалли иҷро ба ҷавобгарӣ кашида шудани қарздор тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Меъёри моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷавобгарии маъмуриро барои иҷро накардани қарори судро бе оғози истеҳсолоти иҷро ва талаботи моддаи 5301 бошад, ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва барои иҷро накардани талаботи иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми гузаронидани амалҳо бо истеҳсолоти иҷрои маҷбурии оғозгардида танзим менамояд ва ин кафолати амалишавии меъёрҳои қонуни зикргардида мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, вобаста ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро санксияҳои ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ мушаххас пешниҳод гардидааст.

Дар асоси он ба кодекси амалкунанда ду моддаи нав, яъне моддаҳои 5275 («Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои  санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор») ва 5301 («Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ») илова мегардад. Ҳамчунин, аз матни моддаи 530 кодекси амалкунанда калимаҳои (инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд) хориҷ карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро гузаштааст.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои такмили он дар маҷмӯъ 10 таклиф манзур гардид, ки аз онҳо 6 таклиф қабул ва 4 таклифи дигар қабул нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба бобҳои 2 ва 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Барно Саидвализода  дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Он бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» таҳия карда шудааст.

Бинобар дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидани ваколати татбиқи чораи таъсиррасонӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ваколати иҷрочии мақомоти иҷро бо гирифтани уҳдадорӣ оид ба саркашӣ накардан аз иҷрои ҳуҷҷати иҷро маҳдуд мегардад. Қарздор бошад, аз ин фазои холигии ҳуқуқӣ истифода бурда, метавонад бе мамониат суроғаи зистро иваз ё ҳудуди ҷумҳуриро тарк намояд, ки дар  натиҷа санади судӣ бе иҷро монда, манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ халалдор мегардад.

Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуд, ки тибқи он, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яке барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ва дигаре барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ мебошад.

Бо мақсади муайян намудани ба салоҳияти кадом мақомот вогузор намудани баррасии моддаҳои иловашаванда ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод гардид ва ба қисми 1 моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани  моддаи 5275  пешбинӣ  карда шуд.

Бо мақсади ба танзим даровардани тартиби мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, лоиҳаи моддаи 238 кодекс дар таҳрири нав таҳия гардида, дар он масъалаҳои аз ҷониби кадом мақомот иҷро ва қабули ашёи олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он, ки мусодира гардидаанд, ба танзим дароварда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ  дода мешавад. Марҳамат.

Бадриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур баррасии моддаи 5275 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаи зикр­гардида масъалаи иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро танзим менамояд, ба зиммаи суд вогузор карда мешавад.

Инчунин, мувофиқи тағйироти ба моддаи 238 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳодгардида, тартиби иҷрои намудҳои ҷудогонаи ҷазои маъмурӣ, яъне иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, дар 8 қисм пешбинӣ мегардад. Тибқи он, иҷрои қарор дар қисми мусодира ба мақомоти дахлдор вогузор карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ карда, дар маҷмӯъ 10 — то таклиф пешниҳод намуданд, ки баҳри такмили лоиҳа истифода карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба бобҳои 2 ва 8 — и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Он бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», инчунин, бо мақсади иҷрои банди 18 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ  21 ноябри соли 2019 баён доштанд, таҳия карда шудааст.

Тибқи он, ба 9 моддаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидаанд.

Дар моддаи 124 кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҳангоми ба миён омадани онҳо аз ҷониби суд қарор дар шакли фармон қабул карда мешавад, номбар гардидааст.

Мутобиқи қисми якуми лоиҳа дар сархати ҳаштуми моддаи зикр­гардида калимаҳои «хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро» илова карда шудааст, ки минбаъд он низ асос барои қабули фармон мегардад ва имкон медиҳад, ки ба таври фаврӣ хароҷот вобаста ба гузаронидани амалҳои иҷро рӯёнида шавад.

Тағйироте, ки ба моддаи 210-и кодекс пешниҳод гардидааст, матни онро пурра гардонида, меъёрҳои онро ба талаботи моддаи 6 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  мутобиқ мегардонад.

Дар иртибот ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020 таҳти №261569 (21-3)   бо мақсади иҷрои банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ 21 ноябри соли 2019 баён доштанд, лоиҳа бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таҷдиди назар карда шуда, ба моддаҳои 367 ва 370 кодекс иловаҳо ҷиҳати таҷдиди назар кардани фаъолияти судҳо оид ба боздоштани истеҳсолоти иҷро ворид карда шуданд.

Сархатҳои дуюм ва шашуми моддаи 422 ва қисми 3 моддаи 423 кодекс бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба моддаи 119 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» хориҷ карда шудаанд.

Тағйироти мазкур масъулияти иҷрочии мақомоти иҷроро баланд бардошта, барои иҷрои саривақтии ҳуҷҷати иҷро мусоидат намуда, ҳалли муаммоҳои дар рафти истеҳсолоти иҷро бамиёномадаро бартараф менамояд.

Тағйироти ба моддаи 428 кодекс пешниҳодшуда матни моддаро мукаммал намуда, истинодро ба дигар меъёрҳои моддаи кодекс вобаста ба матни онҳо мутобиқ мегардонад.

Сархатҳои якум ва дуюми моддаи 432 кодекс бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ситонанда, таъмини иҷрои воқеӣ, ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор хориҷ карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС : — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур ба сархати ҳаштуми моддаи 124 илова ворид карда мешавад, ки тибқи он, минбаъд хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро бо қабули фармони судӣ ситонида мешавад.

Тибқи лоиҳа, ба моддаҳои 210, 367, 370, 422, 423, 424 ва 428 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд, ки онҳо баҳри таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ равона карда шудаанд.

Инчунин, тибқи муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур ба сархати ҳафтуми моддаи 432 илова пешбинӣ гардидааст, ки аз асбобу анҷоми барқии маишӣ, ба истиснои ду ва зиёда адад мавҷуд будани онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷро наметавонад ситонидан анҷом дода шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ карда, дар маҷмӯъ 10 таклиф пешниҳод намуданд, ки баҳри такмили он истифода карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба бобҳои 2 ва 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Он бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», инчунин бо мақсади иҷрои банди 18 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ  21 ноябри соли 2019 баён доштанд, таҳия карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, ба 6 моддаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидаанд.

Дар моддаи 1232 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҳангоми ба миён омадани онҳо аз ҷониби суд қарор дар шакли фармон қабул карда мешавад, номбар гардидааст.

Қисми якуми лоиҳаи қонун илова намудани сархати навро бо мазмуни зайл пешбинӣ менамояд: «дар бораи хароҷот вобаста ба гузаронидани амалҳои иҷро арз шуда бошад», ки минбаъд он низ асос барои қабули фармон мегардад.

Дар иртибот ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №261569 (21-3) бо мақсади иҷрои банди 18 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ 21 нояб­ри соли 2019 баён доштанд, лоиҳа бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таҷдиди назар карда шуда, ба моддаҳои 272 ва 275 кодекс ҷиҳати таҷдиди назар кардани фаъолияти судҳо оид ба боздоштани истеҳсолоти иҷро иловаҳо ворид карда шуданд.

Сархатҳои дуюм ва шашуми моддаи 3002 ва моддаи 3003 кодекс бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба моддаи 119 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» хориҷ карда шудаанд.

Тағйироти мазкур масъулияти иҷрочии мақомоти иҷроро баланд бардошта, барои иҷрои саривақтии ҳуҷҷати иҷро мусоидат намуда, ҳалли муаммоҳои дар рафти истеҳсолоти иҷро бамиёномадаро бартараф мекунад.

Моддаи 301 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо вобаста ба баррасии масъалаҳо дар бораи боздоштан, аз нав оғоз кардан ва қатъ кардани истеҳсолоти иҷроро ба танзим даровардааст.

Зимнан мутобиқи қисми 6 моддаи зикргардида дар бораи аз нав оғоз кардани истеҳсолоти иҷро таъинот бароварда мешавад. Гарчанде аз ҷониби суд таъинот бароварда шавад ҳам, аммо ба кӣ ва ба кадом мақомот ирсол намудани он муайян нест.

Бинобар ин, ба қисми 6 моддаи 301 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин «Нусхаи таъинот ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро фирис­тонида мешавад» илова карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 7 қисм иборат буда, тибқи он, ба  моддаи 1232 сархати чорум илова мегардад, ки дар асоси он минбаъд хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро бо қабули таъиноти судӣ ситонида мешавад. Ҳамчунин, ба моддаҳои 272, 275 — и Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешавад, ки оид ба таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ равона гардидаанд.

Инчунин, тибқи муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур    сархатҳои дуюм ва шашуми моддаи 3002   сархати дуюм, қисми 1 моддаи 300 3 хориҷ карда шуда, тибқи он, шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ қарор доранд, дар ин муҳлат суди иқтисодӣ  боздош­тани истеҳсолоти иҷроро пешбинӣ менамояд.

Тибқи лоиҳаи қонун, сархати якуми қисми 1 моддаи 3004 калимаҳои «мусодира гардидааст» ба калимаҳои «гирифта шудааст» иваз шуда,  дар қисми 6 моддаи 301 ҷумлаи дуюм  бо мазмуни «нусхаи таъинот ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро фиристонида мешавад»  илова мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи  соли 2022 таҳти № 1001 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 13 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки  аз онҳо 9 — то қабул ва 4 — тои дигар қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба бобҳои 2, 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия карда шудааст.

Он бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро, инчунин, бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» таҳия карда шудааст.

Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилии соҳа муайян намудани тартиби қабул ва  супоридани молу мулки мусодирашавандаи маҳкумшуда ва муайян намудани хароҷоти интиқол ва нигоҳдории молу мулк мебошад.

Қисмҳои 1 ва 4 — уми лоиҳаи қонун иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд», «Иҷрочии суд» ва  «иҷрочиёни суд» мувофиқан ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро», «Иҷрочии мақомоти иҷро» ва «иҷрочиёни мақомоти иҷро» пешбинӣ менамоянд.

 Қисми 2 — юми лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани он ба моддаи 18 лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» таҳия карда шудааст.

Қисмҳои 3 ва 5 лоиҳаи қонун илова намудани калимаҳои идораи амволи давлатиро пешбинӣ менамояд, ки он бо асосҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад.

Мутобиқи моддаҳои 198 ва 201 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суде, ки ҳукм бароварда, дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ намудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷро, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷро ба иҷрочии суд мефиристад ва дар ин маврид мақоми дахлдори молиявиро огоҳ месозад.

Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки дар ихтиёри онҳо молу мулки тибқи ҳукми суд мусодирашаванда мавҷуд аст, бояд дар ин бора ба суд ё мақоми дахлдори молиявӣ хабар диҳанд.

Дар моддаҳои зикргардидаи кодекс суд танҳо мақоми молиявиро огоҳ месозад, ки ин ҳолат ба гуногунфаҳмиҳо байни мақомоти давлатӣ оварда мерасонад. Зеро мақоми давлатӣ дар соҳаи идораи амволи давлатӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар доираи салоҳият сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад.

Қисми 6 — уми лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 202 кодексро пешбинӣ менамояд, ки мутобиқи он, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба мақомоти молиявӣ супорида мешаванд.

Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.

  Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур оид ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо мушаххас гардонидани номи муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ва инчунин, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз тамдид намудани муҳлати он иборат мебошад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои ҷазо дар намуди мусодираи молу мулк низ пешбинӣ шудааст, ки он тартиби иҷрои ҳукми суд ва амали иҷрочии мақомоти иҷро оид ба ҳукми суд дар бораи  мусодираи молу мулкро муайян менамояд.

Инчунин, лоиҳаи қонуни мазкур уҳдадориҳои шахси сеюм, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супоридани молу мулки мусодирашуда, аз анҷоми амалҳои корҳои иҷрошуда бобати нигоҳдорӣ, фурӯши молу мулк ва дигар амалҳоро дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори дахлдор пешбинӣ менамояд. Дар он моддаи 202 дар таҳрири нав бо мазмуни зерин, яъне, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супоридани молу мулки мусодирашуда иборат буда, матни он аз лиҳози имлоӣ мухтасар, дақиқ ва оммафаҳм ифода гардидааст.

Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба матни қисми 2 моддаи 204 кодекси амалкунанда ҷумлаи нав оид ба ваколати мақомоти дахлдор ба молу мулки ба манфиати давлат мусодиракардашуда илова мегардад, ки он аз такмили меъёри амалкунанда шаҳодат медиҳад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон расмиёти дохилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра гузаштааст.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои такмили он дар маҷмӯъ 12 таклиф манзур гардид, ки аз онҳо 8 таклиф қабул ва 4 таклифи дигар қабул нашуд.

 Лоиҳаи қонуни мазкур ба бобҳои 2 ва 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло  АЛИЕВ