Меваи пурфайзи истиқлолият

№58 (4641) 01.05.2023

DSC_2211Бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки роҳи демократии рушд ёфтани Тоҷикистон таъмин шуд. Дар рушду инкишоф ёфтани кишвари куҳанбунёд ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати мардуми шарафманди ҷумҳурӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, нақши муҳим бозидааст.

Чанде пеш Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳод намуд, ки 26-уми сентябр — Рӯзи Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи қонун аз бардошти таҷрибаи ИДМ ва анъанаҳои миллӣ бо нишони эътибору эътирофи хизматҳои шоистаи собиқадорону кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳокимияти олии қонунгузорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба нақш ва аҳамияти асосии ин мақомот ба ҳисоб меравад.

Мақомоти қонунгузор дар рушду такомули давлат ва дар ҷараёни идоракунии он мавқеи асосиро дорост, зеро тибқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин навъи ҳокимият аз ҳама муҳимтар аст. Ҳокимияти иҷроия талаботи умумиҳатмиеро, ки мақомоти қонунгузор пеш мегузорад, бояд дар ҳаёт татбиқ намояд.

 Маҳз ҳокимияти қонунгузор воситаи боэътимоди дар амал татбиқ кардани орзуву мароми оммаи васеи мардум ва талаботу майлу манфиатҳои он ба шумор меравад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳоеро қабул мекунад, ки дар он манфиатҳои иҷтимоии мардуми шарафманди тоҷик дар мадди аввал гузошта шудааст ва он бештар дар беҳбудии ҳаёти ҳар як оилаи тоҷик, пеш аз ҳама, асоси осебнопазирии мардум ­инъикос ёфтааст.

 Ҳар як миллату давлат вобаста бо хусусиятҳои миллии тараққиёт унвон ва сохтори парламенти худро доро мебошад. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парламентро Конгресс, дар Федератсияи Россия — Маҷлиси федералӣ, дар Полша-Сейм, дар Дания Фолкетинг меноманд. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ ном дорад. Вобаста ба тарзи давлатдорӣ, шакли идоракунӣ ва шакли сохтори давлатӣ (ягона, федеративӣ ё конфедеративӣ будани мамлакат) парламентҳо якпалатагӣ ва дупалатагӣ мешаванд.

Масалан, дар Маҷористон, Финландия, Дания, Полша ва дигар кишварҳо парламент якпалатагӣ, дар Амрико, Австрия, Британияи Кабир дупалатагист. Ҳар палата ба худ унвон дорад, масалан дар Амрико-Палатаи намояндагон ва Сенат, дар Австралия-Шӯрои Иттифоқ ва Шӯрои миллӣ. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, дар асоси Конститутсия ва қонуни дахлдори конститутсионӣ ҳар яке аз онҳо доираи муайяни вазифа ё салоҳияту ваколат дорад. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст, ҳокимияти қонунгузор имтиёзи бештаре ­дошта, нисбат ба ҳокимияти иҷроия ва суд мус­тақил буда, аз онҳо вобастагӣ надорад. Асоси пешрафти ҷомеа, дастовардҳои бузурги давлатӣ дар соҳаҳои дохилӣ ва дар соҳаҳои хориҷиро мавҷудияти қонунҳои одилона ва характери бештар доштани ҷиҳати иҷтимоии онҳо муайян мекунад. Ҳар қадаре ки дар қонунҳо талаботи одилона бештар инъикос ёфта бошад, ҳамон қадар пешрафти ҷомеа дуруст ва саҳеҳ таъмин мегардад.

Дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳар се шакли ҳокимият алоқамандиву ҳамкории зич мавҷуд аст. Ин ҳамкорӣ бо роҳу воситаҳои гуногун амалӣ шуда, ҳар яки ин роҳҳо беҳдошти ҳаёти осоиштаю иҷтимоии мардумро дар мадди аввал мегузорад. Ин чунин маъно дорад, ки ­вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, инчунин Ҳукумат ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Ҳукумат низ дар таҳия ва тағйиру иловаҳои лоиҳаи қонунҳо иштирок мекунад, аммо танҳо салоҳияти қабули қонунҳо ба уҳдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Оид ба рушд ва мустаҳкам гардидани мавқеъ ва мароми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намуданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзондаамонро чашидем. Ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он зананд».

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон