Аъзои Маҷлиси миллӣ бо ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаримаро аз санксияҳои моддаҳои 319, 320 ва 321 Кодекси ҷиноятӣ хориҷ карданд
2 августи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 27 нафар, аз ҷумла муҳтарам Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, Аҳмадзода Раҷаббой ва Иноятзода Баҳром, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 2018 аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1 ва вилояти Суғд, №2 ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, дар толор иштирок доранд.
Дар ин робита, муҳтарам Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, Аҳмадзода Раҷаббой ва Иноятзода Баҳромро ҷиҳати интихоб шудан ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, дар тавсеа ва тақвияту таҳкими асосҳои ҳуқуқии рушди Ватани азизамон ба онҳо комёбиҳо орзу менамоем.
Ба маълумоти шумо, инчунин муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, мерасонем, ки чор нафар аъзои Маҷлиси миллӣ — Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Шоҳиён Нуралӣ Набот ва Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо сабабҳои узрнок дар иҷлосия иштирок надоранд.
Баҳри дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар толор 27 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ, ки асоси ҳуқуқии баргузории иҷлосияро таъмин менамояд, ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, инчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват гардидаанд, ҳузур доранд.
Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳои иловагӣ бошад, марҳамат изҳор намоед.
Бо дарназардошти пешниҳод, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
Аз ҳайати котибот: раиси он — Шафеиён Ислом Зиёзода, аъзои он — Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна ва Насимов Абдурасул Нишанкулович хоҳиш менамоям, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намоянд.
Инчунин ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор дар ин хусус иборат аз 22 масъала манзури шумо гардидааст. Нисбат ба масъалаҳои рӯзнома пешниҳоду таклифҳои иловагӣ бошад, марҳамат изҳор намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:
1. Савгандёдкунии аъзои навинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, Аҳмадзода Раҷаббой ва Иноятзода Баҳром)
2. Дар бораи интихоби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Дар бораи интихоби узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия
4. Дар бораи интихоби узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
10. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба банди 12 Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017»
21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Зоирзода Ш. Ю.»
22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимов А. Х.».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Дар асоси моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 21 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Барои ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомназар Хоҷаназар Лутфулло дода мешавад. Марҳамат.
Имомназар Хоҷаназар Лутфулло:
- Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.
муаррифинома
Имомназар Хоҷаназар Лутфулло 24 январи соли 1970 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 1998) мебошад.
Солҳои 1994 -1996 омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Рӯшон, 1998 — 2004 ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ буд.
Аз чоруми сентябри соли 2008 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, солҳои 2008 -2011 муовини мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 2011 — 2012 мудири бахши иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2013-2013 муовини роҳбари Дастгоҳи МИҲД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2013 — 2017 мудири шуъбаи умумӣ ва протоколии Дастгоҳи МИҲД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.
Аз якуми апрели соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз 29 апрели соли 2017 раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
27 июли соли 2018 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии ВМКБ, № 1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
РАИС: — Барои савганд ёд кардан ба халқи Тоҷикистон сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Раҷаббой дода мешавад. Марҳамат.
Аҳмадзода Раҷаббой:
- Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.
муаррифинома
Аҳмадзода Раҷаббой 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи химияву технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Солҳои 1993 — 1994 муҳандиси сехи шишабарории заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд, 1994 — 1995 муовини сардори заводи «Сангбурӣ»-и шаҳри Хуҷанд, 1995 — 1998 сардори идораи робитаҳои иқтисоди берунии ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд буд.
Солҳои 1998 — 2000 дар вазифаҳои муовини директори генералии ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд, 2000 — 2005, директори генералии ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд, 2005 -2007 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, 2007 — 2009 директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Солҳои 2009 — 2011 раиси шаҳри Қайроққум, 2011- 2012 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд, 2012 -2016 раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Солҳои 2015 — 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология буд,
Солҳои 2016 — 2018 вазифаи раисии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Аз якуми марти соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд ва аз 7 марти соли 2018 раиси вилояти Суғд мебошад.
27 июли соли 2018 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, №2 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
РАИС: — Барои ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Иноятзода Баҳром дода мешавад. Марҳамат.
Иноятзода Баҳром:
- Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.
Муаррифинома
Иноятзода Баҳром 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хатм кардааст.
Дар вазифаҳои инспектори давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон (1983), мудири сектори инспексияи давлатии сохтмони шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Кӯлоб (1988), сардори бюрои лоиҳакашии байниноҳиявии шуъбаи сохтмон ва меъмории Комиҷроияи вилояти Хатлон (солҳои 1983-1990), сардори Бюрои лоиҳакашии худтаъминкунии шуъбаи меъмории шаҳри Кӯлоб (1990- 1993) фаъолият кардааст.
Солҳои 1993 — 2003 ба ҳайси сармеъмори шаҳри Кӯлоб, 2004 — 2005 муҳандиси сохтмони Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе, 2005 — 2007 сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, 2007 -2008 директори ҶДММ «Архиком-к» дар шаҳри Душанбе, 2008 -2014 сардори Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2014 — 2017 муовини раиси вилояти Хатлон буд.
Аз декабри соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан ва аз 12 июли соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан мебошад.
27 июли соли 2018 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, № 2 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъала «Дар бораи интихоби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Мутобиқи моддаҳои 24 ва 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 4 ва 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Аҳмадзода Раҷаббойро барои интихоб намудан ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям.
Марҳамат, ба муҳтарам Аҳмадзода савол доред? Агар саволҳо набошанд, оид ба масъалаи зикршуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Бо иҷозати шумо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Раҷаббой»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
Муҳтарам Аҳмадзода Раҷаббой, шуморо ба муносибати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик намуда, хоҳиш менамоям ба ҷойи кории худ гузаред.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъала — «Дар бораи интихоби узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия» шурӯъ менамоем. Тибқи моддаҳои 4 ва 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадии Иноятзода Баҳромро барои узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудан пешниҳод мекунам. Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна таклиф доред?
Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Иноятзода Баҳром» — ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба баррасии масъала «Дар бораи интихоби узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия» шурӯъ менамоем.
Тибқи моддаҳои 4 ва 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадии Имомназар Хоҷаназар Лутфуллоро барои узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудан пешниҳод менамоям. Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст.
Чӣ гуна таклиф доред?
Бо иҷозати шумо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Имомназар Хоҷаназар Лутфулло»- ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»-ро пешниҳод менамояд.
Қонуни мазкурро як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2018 қабул намудааст. Он аз 6 боб ва 27 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро доир ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян менамояд. Бо ин мақсад ҳуқуқу уҳдадориҳои субъект, доранда, оператор, тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, инчунин кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ муқаррар шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.
Қонуни мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 13 июни соли 2018 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, санадҳои дигари байналмилалӣ, инчунин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст.
Ба қисми дуюми моддаи 1793 Кодекс пас аз калимаҳои «воситаҳои ахбори омма» калимаҳои «ё шабакаи интернет» илова карда шудааст. Мувофиқи он, минбаъд барои кирдори бо меъёри мазкур пешбинишуда, инчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет содиршуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.
Ғайр аз ин, ба қисмҳои дахлдори моддаҳои 319, 320 ва 321-уми Кодекси ҷиноятӣ низ тағйирот ворид карда шудааст. Ҳамин тариқ, аз санксияҳои моддаҳои зикршуда ҷазои ҷарима хориҷ карда мешавад ва минбаъд барои ҷиноятҳои гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда намешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.
Қонуни мазкур, ки аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 20 июни соли 2018 қабул шудааст.
Он баҳри мушаххас ва мукаммал кардани ҳифзи манфиатҳои иштирокчиёни мурофиаи иқтисодӣ ва меъёрҳои истеҳсолоти иҷро нигаронида шудааст. Ба сархати якуми моддаи 28-уми кодекс илова ворид гардида, минбаъд баҳсҳое, ки ба амалиёти иҷрочии суд вобаста буда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳанда дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ дахл доранд, аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд.
Ғайр аз ин, ба қисмҳои алоҳидаи моддаҳои 138, 139 ва 140-уми кодекс низ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Тибқи он, минбаъд дар созиши оштии тарафҳо оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои он дарҷ карда мешавад. Суд дар таъиноти судӣ созиши мазкурро тасдиқ карда, баррасии парвандаро қатъ менамояд.
Ҳамчунин, суд бо фаҳмонидани оқибати бастани чунин созиш, забонхати тарафҳоро ба парванда замима менамояд. Ба замми ин, муҳлати овардани шикоят ба марҳилаи кассатсионӣ низ як моҳ баъд аз рӯзи баровардани таъинот муайян карда мешавад. Айни ҳол ин муҳлат 3 моҳ мебошад.
Ҳамчунин, ба моддаи 148-уми кодекс илова ворид карда шудааст. Тибқи он, минбаъд суд метавонад таъинотро дар бораи бе баррасӣ мондани ариза бекор кунад, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳое пешниҳод намоянд, ки ба маҷлиси судӣ бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудаанд ва хабар додани он низ имконнопазир буд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» пешниҳод мегардад.
Қонунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва он 13 — уми июни соли 2018 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Қонун хусусияти мутобиқсозӣ дошта, бо мақсади пешгирии такроршавии ваколатҳо миёни мақомоти давлатӣ қабул шудааст. Ҳамин тариқ, ба қонуни амалкунанда моддаи 301 илова карда мешавад, ки «Котиботи Шӯрои амният» ном дошта, аз 3 қисм иборат мебошад. Мувофиқи ин илова, минбаъд котиботи Шӯрои амният ҳамчун воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Низомномаи он бошад, бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба шумор меравад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Суфиев ва Ҷ. Ахмедов пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2018 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин бартараф сохтани мухолифат байни меъёрҳои қонуни мазкур бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» таҳия шуда, дар 22 модда ва муқаддимаи он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мутобиқи он қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Мутобиқи сархати чордаҳуми моддаи 1, муҳоҷирон шахсоне мебошанд, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд, инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимиро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.
Илова бар ин, ба як қатор моддаҳо дар қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайнкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Раҷабзода Миралӣ дода мешавад. Марҳамат.
Миралӣ Раҷабзода:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 майи соли 2018 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Иловаҳои пешниҳодшуда ба фаъолияти мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва дорои на кам аз як дараҷаи ҳимоя доштани бюллетени овоздиҳӣ вобаста мебошад.
Тағйирот, ба ғайр аз масъалаҳои таҳрирӣ, инчунин тартиби пур кардани бюллетени овоздиҳӣ, эълони натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсиро мушаххас менамояд.
Қонуни конститутсионии зикршуда бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, ба такмил ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раъйпурсӣ ва тартиби гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат намуда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҷабзода Миралӣ дода мешавад. Марҳамат.
Миралӣ РАҶАБЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» — ро, ки бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 майи соли 2018 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади таъмини мувофиқати меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баҳри иҷрои бандҳои 35 ва 65-уми Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 тасдиқ гардидааст ва такмили механизми эъломиякунонии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бинобар дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешбинӣ гардидани мафҳумҳои «бархӯрди манфиатҳо», «манфиати давлатӣ» ва «манфиати шахсӣ» пешниҳод шудааст, ки онҳо аз моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хориҷ карда шаванд.
Дар қисмҳои 2 ва 3 — юми қонун пешниҳод шудааст, ки сархати панҷуми қисми 3 моддаи 6 ва қисми 1 моддаи 12 бо мазмуни «Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) мақомоти давлатӣ» ифода карда шавад, ки ин аз талаботи моддаҳои 1 ва 264 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.
Дар сархати якуми қисми 4 — уми қонун пешниҳод шудааст, ки дар қисми 3 моддаи 13 рақами «32» ба рақами «26» иваз карда шавад, зеро номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванд бояд ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ пешниҳод намояд, дар моддаи 26 Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. Дар ҳамин қисм, ҳамчунин пешниҳод мегардад, ки сархати дуюми қисми 3 моддаи 13 дар таҳрири нав ифода карда шавад ва тибқи он, мушаххас мешавад, ки шаҳрванд ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ба ҷойи маълумот оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкиро бояд пешниҳод намояд.
Дар қисми 5 — уми қонун пешниҳод мегардад, ки моддаи 31 дар таҳрири нав ифода карда шавад. Тибқи он, минбаъд эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» анҷом дода мешавад.
Дар моддаи 51 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта ба андозаи на камтар аз маоши семоҳа дода мешавад. Чунин кумакпулӣ ба хизматчиёни давлатӣ то ин вақт низ дар ҳолати доштани собиқаи на камтар аз 15 — солаи хизмати давлатӣ пардохт мегардид. Мувофиқи тағйироти мазкур, пешниҳод мегардад, ки кумакпулӣ, новобаста аз собиқаи хизмати давлатӣ, пардохт карда шавад.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2018 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади ба талаботи равандҳои муосир ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи минтақа мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодии таҳия, баррасӣ ва тасдиқи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Дар маҷмӯъ, қонун аз 18 модда иборат буда, ба он 6 моддаи нав, аз ҷумла: «Принсипҳои дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ», «Ҳамбастагии консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ», «Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ» ва «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур» илова гардидааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади татбиқи доимии меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти моли муайян ва ба ин васила пешгирии қочоқи чунин молҳо қабул гардидааст.
Бо ҳамин мақсад, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 3401 ворид карда шудааст, ки мутобиқи он пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ шуда, меъёри он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва ё содироти моли муайян муқаррар карда мешавад, ки ҳангоми пардохти он пардохти дигари гумрукӣ ситонида намешавад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Суханро аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир вомегузорем. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо дигар қонунҳо ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ қабул гардидааст.
Ҳамчунин, аз сархати 4 қисми 4 моддаи 156 Кодекси андоз калимаҳои «ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» хориҷ карда шуда, хизматчиёни давлатӣ «эъломия оид ба вазъи молумулкӣ»- ро тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба мақомоти соҳавии худ пешниҳод менамоянд.
Дар баробари ин, ба Номгӯйи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ, ки тибқи моддаи 197 Кодекси андоз муқаррар шудааст, маҳсулоти тайёри қолинӣ ва маснуот барои интиқол додан ё борпечонии молҳо аз пластмасса, ба монанди пӯк, сарпӯш, каллапӯш ва дигар воситаҳои маҳкамкунии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда илова карда мешавад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ мебошад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ном дорад. Сухан доир ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир, Ҷаббори Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Абдуназар Хисрав ва Ахмедов Мирзоанвар пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 майи соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни зикргардида ба Конститутсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, пешниҳод гаштааст.
Бо ин мақсад дар муқаддима мафҳуми нав вобаста ба фаъолияти сармоягузорӣ илова карда шуда, моддаи 22 дар таҳрири нав баҳри дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ, аз қабили дастгирии иттилоотӣ, молумулкӣ, пешниҳоди грантҳои давлатӣ ба сармоягузорон, субъектони дигари фаъолияти сармоягузорӣ ва суғуртаи қарзҳо аз хавфҳо пешниҳод шудааст. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгашта 11 қисмро дар бар мегирад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2018 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади таҳкими сиёсати пуливу қарзӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ ва шаффофияти он, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, пурзӯр намудани назорати ташкилоти қарзӣ, батанзимдарории фаъолияти бонкҳои мушкилдор, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ, қабул гардидааст. Он бо дарназардошти тавсияҳои мушовирони байналмилалии Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардида, иҷрои муқаррароти Матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории сиёсати рушд, инчунин шартҳои пешакии Барномаи Хазинаи байналмилалии асъорро таъмин менамояд.
Дар қонуни пешниҳодшуда 33 модда такмил, 10 моддаи дигар дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади таъмини устуворӣ ва шаффофияти фаъолияти бонкҳо, инчунин дар алоқамандӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, 16 модда такмил дода шудааст.
Дар доираи тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ барои ҷалби бештари мутахассисони баландихтисос ба соҳаи бонкӣ, талаботи тахассусии кормандони роҳбарикунанда дар ташкилоти қарзӣ мукаммал ва васеъ карда шудааст (моддаи 23). Дар баробари ин, бо мақсади муайян ва танзими ташкилоти қарзии низомсоз, ҷорӣ намудани меъёрҳои қобили қабули алоҳида нисбат ба онҳо, инчунин пешгирӣ намудани хавфҳои қарзӣ, аз қабили амалиёт бо шахсони вобаста, ки ба таъмини суботи низоми бонкӣ мусоидат менамояд, тағйирот пешбинӣ гардидааст (моддаи 18).
Дар қонуни зикршуда боз ҳам баланд бардоштани масъулияти ташкилоти қарзӣ ва сифати хизматрасониҳои бонкӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва таъмини ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ низ ба инобат гирифта шудааст (моддаҳои 35 ва 39).
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» оғоз менамоем. Сухан доир ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 2018 қабул намудааст.Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ бармеояд, қабул гардидааст. Илова бар ин, қонуни мазкур дар робита ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шудааст.
Қонун бо дарназардошти тавсияҳои мушовирони байналмилалии Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардида, ҳадафи он иҷрои муқаррароти Матрисаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории сиёсати рушд буда, ба моддаҳои 2, 12 ва 35 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба шумор меравад. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2018 қабул намудааст.Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ бармеояд, қабул гардидааст.
Дар қонун иштироки Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар солимгардонии (таҷдиди сохтори) ташкилоти қарзӣ (моддаи 6), маблағгузорӣ ба бонки мутавассит аз ҷониби Хазина (моддаи 101), талаботи санҷиши хароҷоти камтарин барои Хазина ҳангоми таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ (моддаи 311), ҳимояи ҳуқуқии кормандон ва намояндагони Хазина ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ (моддаи 391), аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хазина (моддаи 44), масъалаҳои умумии ҷавобгарии Хазина (кормандон ва намояндагони қонунии он), кафолатҳои умумии ҷавобгарии он ва мавриди баҳс қарор додани қарорҳои он (моддаи 45) пешбинӣ шудаанд.
Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷиҳати ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ бо пули миллӣ ва афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт, андози ҷубронпулии пасандозҳо бо пули миллӣ зиёд гардида, тартиби пардохти онҳо дар моддаи 22 мушаххас карда шудааст.
Тибқи тағйироти мазкур, андози ҷубронпулӣ бо пули миллӣ аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 500 нишондиҳанда баланд бардошта, андозаи он аз 17500 сомонӣ ба 25000 сомонӣ зиёд карда шуд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба банди 12 Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017» ба шумор меравад. Оид ба масъалаи баррасишаванда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди шумо гардидааст. Чӣ гуна таклиф доред?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба банди 12 Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ - Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Зоирзода Шарофиддин Юнус» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Шарофиддин Юнус ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Ш. Ю.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи ниҳоӣ – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимов Астанақул Худойдодович» ба шумор меравад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Астанақул Худойдодович ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимов А. Х.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Сухан ба раиси котибот муҳтарам Шафеиён Ислом Зиёзода дода мешавад. Марҳамат!
ШАФЕИЁН Ислом Зиёзода:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Унвонии Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ягон дархосту пешниҳод ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ ва қарорҳои марбута қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия пешниҳодҳо, таклифу эродҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.
Бо иҷозати шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини арҷманд, аз номи Раёсат ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки дар баргузории иҷлосия ва баррасии масъалаҳо ширкати фаъолона намуданд, миннатдории хешро изҳор менамоем.
Ба шумо — ҳамкорон ва ҳозирини гиромӣ дар амалӣ намудани рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мо гузоштаанд, муваффақиятҳои беназир таманно менамоем.
Бо ҳамин Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоем.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ