Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Минбаъд танҳо ҳуқуқшиносон дар мақомоти САҲШ фаъолият менамоянд

№55 - 56 (3692-3693) 20.05.2017

DSC_0119Ба ин қарор омаданд вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Ҳабдаҳуми майи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар бораи рӯзномаи он бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

 4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

 Амрихудои ДАМДОР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст. Мақсад мутобиқ намудани меъёрҳои он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумат мебошад.

Бо ин мақсад ба моддаҳои 8, 11, 16, 23 ва 25-уми қонуни конститутсионии амалкунанда тағйироту илова ворид шудааст. Аз ҷумла, ба моддаи 8 қисми 5 илова ворид гардида, ҷавобгарии интизомиро нисбат ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати вайрон намудани савганд пешбинӣ намудааст. Ҳамчунин, қисми 3 моддаи 11-ум дар таҳрири нав ифода гардида, эъломиякунонии даромадҳо, вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯро мутобиқ ба моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар баробари ин, ба моддаҳои 16, 23 ва 25 тағйироти имлоӣ ворид карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2017 № 1198 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил чор таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи ­масъул, ки бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, аз чор таклифи пешниҳодгардида ду таклиф қабул ва ба лоиҳа ворид гардид.

Инчунин, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён гардид, лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бори дигар таҷдиди назар шуд.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

 Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!  

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мешавад.

Мақсад аз таҳияи он мутобиқ намудан ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба тағйиру иловаҳое, ки ба он 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуданд, маҳсуб меёбад. Дар ин замина пешниҳод шудааст, ки аз матни моддаи 2-юми қонуни мазкур калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва дар қисми 1 моддаи 35 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

Ҳамчунин, тағйирот ба моддаи 41 қонуни мазкур, ки фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро танзим менамояд, пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, мутобиқи тағйироти пешниҳодгардида, минбаъд ба кор дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба вазифаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва таъин карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба талаботи тахассусие, ки ба шаҳрванд ҳангоми ба кор дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қабул шудан пешбинӣ мешавад, доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ илова гардид. Бинобар ҳолатҳои зикргардида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пеш омад, ки дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дарҷ гардидаанд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

 ҚУРБОНЗОДА Ҳилолбӣ Ҷумъахон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида ва пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар мақомоти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва надоштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба се моддаи қонуни амалкунанда (моддаҳои 2, 41, 35) тағйироту илова ворид шудааст, ки онҳо дорои хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда мебошанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 8 майи соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он шаш пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо чортояш қабул шуд.

Кумитаи масъул 11 майи соли 2017 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, камбудиҳои техникии лоиҳаи қонуни мазкур бартараф гардид. Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров дода ­мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар қисми 1 моддаи 4 лоиҳаи қонун омадааст, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба кор қабул мешавад. Дар ин ҳолат тақдири он хизматчиёни давлатие, ки ҳоло дар ин мақомот фаъолият мекунанд, вале маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, чӣ мешавад?

Рустами ШОҲМУРОД: — Воқеан ҳам масъалае, ки ин ҷо муҳтарам вакил матраҳ карданд, хеле муҳим аст. Аммо ин ҷо сухан дар бораи расонидани кумаки ҳуқуқӣ меравад ва ин гуна кумакро, албатта, онҳое расонида метавонанд, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд.

Ба ёд дошта бошед, дар давраҳои пешин талабот нисбат ба мудирони шуъба ё бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардида буд. Бо дарназардошти он ки аксарияти кормандони шуъбаҳо ё бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоти ҳуқуқшиносӣ надоштанд, ба онҳо имконият додем, ки ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби чунин маълумот шаванд.

Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ба онҳое, ки нав ба кор меоянд, ин талабот пеш гузошта мешавад. Хизматчиёни давлатие, ки ҳоло маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, вале дар мақомоти САҲШ кор мекунанд, вазифадоранд, ки барои гирифтани чунин маълумот  саъй намоянд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он танзим намуда, ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулияти субъектҳо — иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, муайян мекунад.

Ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини онҳо яке аз вазифаҳои асосии қонуни мазкур маҳсуб меёбад.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бартараф намудани ихтилофоти дохилии қонун ва мутобиқ кардани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар моддаи 3 — юми қонуни мазкур мафҳумҳои асосие, ки дар рафти танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он мавриди истифода қарор мегирад, оварда шудааст. Дар сархати сеюми моддаи мазкур мафҳуми воситаи нақлиёт шарҳ дода шудааст, ки маънои онро пурра дар бар намегирад. Бинобар ин, бо ворид намудани тағйирот мафҳуми воситаи нақлиёт пурра, сода ва оммафаҳм мегардад. Инчунин, дар банди б) моддаи 31 сархати панҷум илова ворид мешавад, ки тибқи он бо боздошт намудани воситаҳои нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавриди халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани  қоидаҳои бозистӣ ва таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт истифодабарии он манъ карда мешавад.

Тағйиру иловаҳои боқимондаи воридшаванда ба моддаҳои 2, 9, 14, 24, 28, 29, 32 ва 33 дахл дошта, асоси онро мутобиқ намудан ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва таклифу пешниҳодҳои воридгашта пурра ба инобат гирифта шудааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва  коммуникатсия Хайрулло Асозода дода мешавад.

 Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Кумитаи масъул 10 майи соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ  қарор дода, онро ҷонибдорӣ кард.

Ба кумитаи масъул чор таклиф пешниҳод ва ҳамаи он қабул гардиданд. Инчунин, эроду таклифҳое, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров иброз намуданд, ба он ворид шуд.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба муҳокимаи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзодавлат Сабурзода дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Ислом Шафеиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Мирзоанвар  Ахмедов ва Мирзодавлат  Сабурзода таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз байн бардоштани норасоиҳои ҷойдошта таҳия гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 апрели соли 2016, № 620 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мутобиқи тартиби муқарраргардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни мазкур хулоса пешниҳод намуданд. Лоиҳаи қонун аз тарафи субъектони номбурда ҷонибдорӣ ёфта, ҳамчунин 87 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки 57-то пурра ва 16 — то қисман қабул шуд.

Дар асоси хулосаҳои пешниҳодгардида қисмҳои 1, 5, 8, 9, 13, 14, 15, 17 ва 30 лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода, ҳамчунин қисмҳои 2, 11, 12 ва 16 ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуданд.

Таклифу пешниҳодҳои аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон иброзшуда бо иштироки коршиносону мутахассисони соҳа баррасӣ ва дар маҷмӯъ бо инобатгирии онҳо лоиҳаи қонун мукаммал гардид.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дода мешавад.

Хайрулло ИБОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Таҳлилу такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи муҳити зист бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми қонунгузории ҷумҳурӣ идома дорад ва бо ин мақсад лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо қарори он аз 4 апрели соли 2016, № 620 барои хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Тағйиру иловаҳои пешбинишуда бо такя ба меъёрҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, бартараф сохтани такрорёбии меъёрҳо ба мақсад мувофиқ дониста шудааст.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур бо тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида метавонад барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, пешбурди назорати давлатии ҳифзи табиат мусоидат намояд. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур, инчунин барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ҳимояи  ҳуқуқу манфиатҳои табиатистифодабарандагон имкониятҳои нав фароҳам менамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъалаи зикр­шуда сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов  дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» на фақат раванди мувофиқакунонии қонуни амалкунандаро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таъмин менамояд, ҳамчунин тағйиру иловаҳои воридгашта муҳтавои моддаҳои 4, 5, 8, 9, 12, 13, 15 ва 16-уми қонуни амалкунандаро ғанӣ гардонида, уҳдадорӣ, вазифа ва ваколатҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист барои мақоми дахлдор саҳеҳ ва мушаххастар гардонидааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди муаллифон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда саривақтӣ буда, хоҳишмандем барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷаббор Ахмедов дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тағйиру иловаҳои воридшаванда саривақтӣ мебошанд, зеро сухан дар бораи ҳифзи муҳити зист меравад, ки тӯли  даҳсолаҳои охир дар миқёси байналмилалӣ яке аз проблемаҳои муҳим мебошад.

Махсусан такмил додани матни моддаи 4-уми қонуни амалкунанда вобаста ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист хеле муҳим аст. Он, пеш аз ҳама, мафҳуми сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро аниқ ва мушаххас мегардонад, ки дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Ин сиёсат маҷмӯи тадбирҳоро аз лиҳози ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоиву инфрасохторӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист дар бар мегирад.

Тағйирот ба моддаи 8 (вобаста ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ бамаврид аст. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 69) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Аз ин рӯ, мухолифати дар сархати 10-уми қонуни амалкунанда ҷойдошта минбаъд бо тағйироти пешбинишуда бартараф мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар баъзе ҳолатҳо, алалхусус вобаста ба иштироки онҳо дар раванди баррасии лоиҳа, нақша, барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муҳити зист аниқтар мегардонад. Мо онро дар тағйироти пешбинишуда ба сархати 4 моддаи 12-уми қонуни амалкунанда мебинем.

Тағйироте, ки дар қисми 4 моддаи 15-уми  лоиҳа  пешбинӣ шудааст, меъёри қонуни амалкунандаро мушаххас ва фаҳмотар мегардонад. Чунончӣ, минбаъд ҷойгиркунии объектҳое, ки фаъолияти онҳо метавонад ба муҳити зист зарар расонад, бо дарназардошти фикру ақидаи аҳолии минтақаи дахлдор амалӣ карда мешавад. Яъне, манфиати аҳолии маҳал дар мадди аввал гузошта шудааст, ки ниҳоят муҳим мебошад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ