Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум Султон Валиев ҳарчанд феълан аз майдони сиёсат каме канор рафта бошад ҳам, хизматҳои шоёну кору пайкораш намегузоранд, ки фаромӯш гардад. Ӯ дар вазъияти душвор (солҳои 1995-2000) ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат кардааст, ки мансабдорон зери таъқибу фишор қарор доштанд.
- Борҳо гуфтам ва боз мегӯям, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кордонию маҳорати сиёсиашон тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд. Ҳама шоҳиди талошу ҷонфидоиҳояшон ҳастем, ки дар давраҳои мудҳиш барои наҷоти миллат, барқарорсозии Ҳукумати қонунӣ ва таҳкими сулҳу субот саъю кӯшиш мекарданд. Ҷонфидоиҳо ба хотири он буд, ки миллат ба нестӣ наравад, истиқлолияти баъд аз садҳо сол соҳибшударо аз даст надиҳем ва тоҷик Ватан дошта бошад. Ҳар тоҷике, ки дар ботинаш нангу номуси миллӣ дошт, ҳадафҳои созандаи Сарвари давлатро пай бурда, дар паҳлуи ӯ истод. Дар ёд дорам, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 пешниҳод намуданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи Нобел дода шавад. Мутаассифона, аз кашолкорию тангназарии баъзеҳо он иқдом татбиқ нашуд. Дар ҳоле ки воқеан Президенти мамлакат ба ин ҷоиза арзандаанд, — мегӯяд Султон Валиев. — Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош мекардам, ки дар таҳияву тағйиру иловаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар иштибоҳ накунам. Зеро аксар қонунҳои солҳои 1995 — 2000 қабулшуда, қабл аз ҳама, барои таъмини амнияти комили шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардуми шарафманди кишвар равона шудаанд. Яъне, санадҳои тақдирсоз маҳсуб мешуданд.
С. Валиев соли 2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бо фармони Президенти мамлакат раиси ноҳияи Ховалинг таъин шуд. Дар мансабҳои муовини вазири кишоварзӣ ва раиси ноҳияи Восеъ низ фаъолият кардааст. Ҳамчунин, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Вай мегӯяд, ки ҳар дақиқаю ҳар соат кишвари азизамон рушд мекунад. Душанбе чӣ қадар зебову ҳамқадами замон гаштааст. Раиси он муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муддати кӯтоҳ дар самти созандагию ободонии пойтахти кишвар таҳаввулот ба амал овард. Дар пайравӣ аз падар баҳри пешрафти ҷумҳурӣ хизмат карда истодааст.
- Писаронам низ ходими давлатианд. Пайваста ба онҳо насиҳат мекунам, ҳар амалеро, ки қабул надоред, онро ба дигарон низ раво набинед. Солҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият карда, ба халқу миллат хизмат намуда, бо сари баланд ба нафақа рафтам. Аз Пешвои миллат аз замин то осмон миннатдорам, ки иҷрои вазифаҳои пурмасъулро ба ман лоиқ донистаанд, — гуфт дар анҷоми суҳбат Султон Валиев.
Номбурда бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва медали «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»