Мутобиқи адабиёти илмии мавҷуда, минтақаи озоди иқтисодӣ як қисми ҳудуди давлат мебошад, ки дар он низоми имтиёзноки хоҷагидорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ амал мекунад. Чунин минтақаҳо барои ҳаллу фасли мушкилоти дохилии иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодии берунӣ, рақобатпазирии маҳсулот дар бозори хориҷӣ, ҷалби технологияи пешрафта ва рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ташкил мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ноил шудан ба истиқлолият дар навбати аввал ба ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахши раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ пардохт. Ин марҳила баъд аз соли 2000–ум шурӯъ гардида, нахустин тадбире, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи мавриди назар анҷом дод, фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёт буд. Дар баробари дигар қонунҳои ҷанбаи иқтисодидошта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ» аз 17 майи соли 2004, № 24 бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои дигар қабул гардид.
Иқтисоди бози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сиёсати «дарҳои кушода» шароити мусоидро барои рушди соҳибкории хусусӣ фароҳам овардааст. Бояд таъкид намуд, ки унсурҳои алоҳидаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Яке аз вазифаҳои асосӣ ҳангоми ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ интихоби дурусти минтақа барои фаъолияти босамари он мебошад.
Аҳдофи асосии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон баробари вазифаҳои болотар зикршуда, истифодаи технологияи пешрафта, беш аз пеш фаъол кардани иқтисодиёт тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани дороиҳо (активҳо) ва ба ин тартиб афзун намудани захираҳои асъорӣ, ғанӣ кардани бозори истеъмолии дохилӣ, баланд бардоштани тахассуси қувваи корӣ, ба вуҷуд овардани зерсохтори муосири бозорӣ, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи идоракунии иқтисод ва соҳибкории байналмилалӣ иборат мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ — «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» фаъолият мекунанд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, аз соли 2010 то 2016 аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи ин минтақаҳо беш аз 32,0 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бояд таъкид кард, ки сохта ба истифода додани хати интиқоли барқи CASA – 1000 муҳимияту зарурияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро афзун намуда, барои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии нав замина ба вуҷуд меорад, ки барои рушди иқтисоди кишвар муҳим ва саривақтист.
Манзура Қармишева,
сармутахассиси бахши молиявии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон