Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» — омили муҳими рушд

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_8951Сиюми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

2. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумаки бебозгашт

4. Дар бораи низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

5. Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал)

7. Дар бораи мубодилаи ёддошт­ҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ»

8.Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар»

9. Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи офатҳои табиӣ

10. Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ»

11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар асоси супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васл­кунии техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъингардида, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ворид мегарданд, инчунин, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили минбаъдаи техника ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли ҷамъияти мазкур ба ҳисоб меравад.

Ёдрас менамоям, ки коргоҳи мошинсозии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» 16 майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус, механикунонии соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаву мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, расман мавриди истифода қарор дода шуда буд, айни ҳол фаъолият менамояд.

Дар нуҳ моҳи ҷорӣ аз тарафи ҷамъияти мазкур 160 адад техникаи таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла, 92 адад трактори тамғаи «Беларус», истеҳсол гардид, ки аз ин шумора 40 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла, 16 адад трактор, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот шудааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 169 Кодекси андоз ва 345 Кодекси гумрук, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд. Аммо имтиёзҳои муқарраршуда танҳо ба воридоти техника ва таҷҳизоти кишоварзии мукаммал таҳти рамзҳои гумрукии мушаххас татбиқ мегардад, нисбат ба воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъингардида, ки аз ҷониби ҷамъияти мазкур ворид карда мешаванд, татбиқ намегардад.

Ҳамчунин, бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ гардидани таҳвили минбаъдаи техника ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ба рақобатпазирии он дар бозори дохилӣ таъсири манфӣ расонидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дастгирӣ ва таъмини рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозори дохилию хориҷӣ, инчунин, амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Ҷобирзода Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат,вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаву мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо мебошад.

Дар соли 2014 байни Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бобруйс­кагромаш»-и Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати таъсис додани корхонаи муштараки ҷамъуваслкунии техника ва мошинолоти кишоварзӣ шартнома ба имзо расида буд. Татбиқи амали шартномаи мазкур аз ҷудо намудани замин барои сохтмони корхонаи истеҳсолӣ аз аввали соли 2015 оғоз гардида, марҳилаи аввали ҷамъу васли трактори тамғаи «Беларус 80.1» ва «Беларус 82.1» дар заминаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» ба роҳ монда шуд. Дар ин замина вобаста ба рушди соҳаи саноат имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2019», илова ворид шавад. Аз ҷумла, қисми 15 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«15. Дар соли 2019 қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъингардида, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ворид мегарданд ва таҳвили минбаъдаи техника ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли ҷамъияти мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд».

Қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ заминаи боэътимоди ҷамъу васли техника ва мошинолоти гуногуни кишоварзӣ дар асоси технологияи пешрафтаи муосир бунёд гардад, ки дар оянда маркази иқтидорманди истеҳсолию таъмирӣ ва таъминкунандаи асосии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаву мошин­олот хоҳад шуд. Дар хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017 — 2019 15 июни соли 2019 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Мақсад аз он дар қаламрави Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои моҳияти иҷтимоидош­та аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки чунин созишнома барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикис­тону Германия таҳия ва дар онҳо маблағҳои аз ҷониби Германия барои амалигардонии лоиҳаҳо пешниҳодшаванда дарҷ мегарданд. Ҳаҷми маблағи дар доираи созишномаи мазкур ҷудошуда, ки 27,0 млн. евроро ташкил медиҳад, барои татбиқи ду лоиҳа пешбинӣ шудааст:

Лоиҳаи «Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ» дар ҳаҷми 10 млн.евро (замимаи 1);

Лоиҳаи бунёди НБО «Себзор» дар ҳаҷми 17 млн. евро (замимаи 2).

Маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи Тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия муайян гардидааст ва татбиқу азхудкунии онҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии созишномаи номбурда оғоз мешавад.

Аз шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Дар доираи созишномаи мазкур маблағи ҷудошуда, ки 27,0 млн. евроро ташкил медиҳад, аз ҷумла, барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ дар маҳалҳо равона мегардад.

Созишномаи мазкур саҳми молиявии бебозгашт дошта, ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Дар доираи созишнома татбиқи барномаю лоиҳаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

«Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ» дар ҳаҷми то 3 500 000 евро барои соли 2017;

«Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ» дар ҳаҷми то 6 500 000 евро барои соли 2018;

НБО «Себзор» дар ҳаҷми то 10 000 000 евро барои соли 2018;

НБО «Себзор» дар ҳаҷми то 7 000 000 евро барои соли 2019.

Инчунин, созишнома барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои миллӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи Тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия муайян гардидааст ва татбиқу азхудкунии онҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии созишномаи номбура оғоз мешавад.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумаки бебоз­гашт» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумаки бебозгашт бо мақсади рушд ва густариш додани ҳамкориҳо 15 июни соли 2019, зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ба имзо расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон намуд, ки 2,5 млрд.юани чинӣ дар асоси созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Тибқи созишнома, маблағи пешниҳодгардида (800 млн. юан) қисме аз маблағҳое мебошад, ки барои солҳои 2018-2020 дар ҳаҷми (2,5 млрд.юан) аз ҷониби Чин ҷудо мегарданд.

Маблағҳои мазкур (800 млн.юан) барои омода ва татбиқ намудани марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма ва ғайраҳо равона карда мешаванд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумаки бебозгашт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи иттилои ҷониби Чин, ­маблағҳои мазкур қисми маблағҳое мебошанд, ки барои ҷудо намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2020 пешбинӣ шудаанд ва дар маҷмӯъ бояд 2,5 млрд. юанро ташкил диҳанд. Ҳамчунин, ҷониби Чин пешниҳод менамояд, ки қисми маблағҳои мазкур (800 млн. юан) барои омода ва татбиқ намудани марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма ва ғайра равона гарданд.

Роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии роҳҳои автомобилгарди Осиё мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад. Барқарорсозии роҳи автомобилгарди мазкур барои таҳкими робитаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ — иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муассир мебозад.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кумаки бебозгашт» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи он ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»» пешниҳод мегардад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» (МОИ) ҷиҳати иҷрои банди 32-юми Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 вобаста ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №97 «Дар бораи таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис ёфтааст.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар масоҳати умумии 309,32 гектар қитъаи замин ҳамчун минтақаи алоҳида ба муҳлати 25 сол таъсис дода шудааст ва шакли фаъолияташ саноатӣ – инноватсионӣ мебошад.

Лоиҳаи низомномаи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таҳия гардидааст, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро муайян менамояд.

Лоиҳаи низомнома, бо дарназардошти таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо гузашти 10 соли фаъолият таҳия шудааст. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи низомномаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мутобиқ аст.

Лоиҳаи мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо иштироки кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва такмил дода шуд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала ба вазир савол доред? Сухан ба вакил Қудратов Рустам дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Дар низомнома ҳаҷми сармоягузорӣ на камтар аз 300 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Оё ин маҳдудиятро ба вуҷуд намеорад?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Тавре зимни маърӯзаам зикр намудам, муқаррароти низомнома дар асоси таҷрибаи ҳосилшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии дар кишвар фаъолияткунанда таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мо бояд барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар устуворона қадам ниҳем. Барои корхонаҳои нав­таъсис бошад, технологияҳои наву навтарин лозиманд ва ин харҷи маблағи калонро талаб менамояд. Корхонаҳои хурд бошанд, ба рақобат тоб оварда наметавонанд. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаҳое мебошанд, ки бо ҷалби сармоя дар онҳо маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мешавад. Бинобар ин, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки маблағи камтар доранд, муваффақ шуда наметавонанд.

Имкониятҳои шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он, хусусан, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ васеъ мебошанд. Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок имкони хубе аст барои таъсиси чунин корхонаҳо. Ҳамчунин, шаҳри Кӯлоб ба сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон наздик аст ва роҳи байналмилалии ба Ҷумҳурии Халқии Хитой баранда аз ин шаҳр мегузарад.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба вакил Абдуалимов Баҳром дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ба таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст. Оё дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил мешаванд?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Саволи бамаврид аст. Ба ин масъала бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст ва дархостҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Иқдоми хеле наҷибона пеш гирифта шудааст. Махсусан барои он ки самти инноватсионӣ пеша гардида, корхонаҳои дар ин минтақа таъсисёбанда бо истифода аз технологияҳои навтарин фаъолият хоҳанд кард.

Муҳтарам вазир, корхонаҳои дар ин ҷо ташкилшаванда кадом соҳаҳоро фарогир хоҳанд буд? Оё маҳсулоти ин корхонаҳо номгӯйи он маҳсулотеанд, ки дар МОИ «Суғд» ва ғайра истеҳсол мешаванд?

Неъматулло Ҳикматулло­зода: — Мо дар айёми муносибатҳои иқтисоди бозорӣ қарор дорем. Яъне, таъсиси корхонаҳо, пеш аз ҳама, бо дарназардошти гирифтани фоида аз фаъолияти роҳандозишуда иборат хоҳад буд. Муассис ва сармоягузор, қабл аз ҳама, инро мадди назар мегиранд, зеро агар ба хулоса оянд, ки маҳсулоте, ки дар дигар МОИ истеҳсол шуда, талабот ба он дар дохил ва хориҷи кишвар зиёд аст, онҳо истеҳсоли ҳамон ­навъи маҳсулотро дар корхонаҳояшон роҳандозӣ мекунанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба таъсиси ин ё он корхона дастур намедиҳад. Мо танҳо тавсия медиҳем. Дар вазорат якчанд сол аст, ки гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият менамояд. Тибқи супориши Сарвари давлат гурӯҳи мазкур таҳлили 57 гурӯҳи молиро иборат аз 2087 номгӯйи мол анҷом дода, ба вазорату идораҳо 148 пешниҳод манзур намуд. Ин маънои онро дорад, ки имкони истеҳсоли 2087 номгӯй мол дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавҷуд аст ва бо истеҳсоли онҳо мо метавонем рақобатпазир бошем.

Масалан, ҳар сол ба ҷумҳурӣ ба маблағи 70 миллион доллар равғани растанӣ ворид карда мешавад. Дар кишвар барои истеҳсоли зироати равғанидиҳанда на камтар аз 90 ҳазор гектар замини обии холӣ лозим аст. Мутаассифона, ин миқдор замин дар ҷумҳурӣ нест. Илоҷ дар кишти дубора аст. Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхтем. Муайян шуд, ки офтобпарасте, ки дар Туркия ва Хитой парвариш мешавад, ҳамагӣ 40-50 сантиметр қад дорад. Ин намуд офтобпарастро метавон зимни кишти дубора истифода намуд, ки имкон медиҳад эҳтиёҷоти аҳолиро ба равғани растанӣ бароварда созад.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуда буд, ки ҳангоми бун­ёди корхонаҳо масофаи ҷойгиршавии ашёи хомро мадди назар бояд гирифт, то ин ки хароҷот зиёд нашавад. Дар низомномаи МОИ-и «Кӯлоб» бунёди корхонаҳои коркарди пашм, пӯст пешбинӣ шудааст. Оё дар он ҷо чунин манбаъҳои ашёи хом вуҷуд доранд?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи кишоварзӣ ба 20 фоиз баробар аст. Яъне, ин соҳа васеъҷабҳа буда, номгӯйи маҳсулоти он низ зиёд мебошад. Бинобар ин, имкониятҳои коркарди пашм ва пӯст зиёданд, хусусан, дар вилояти Хатлон. Масоҳати кишвари мо он қадар калон нест ва вилоятҳо аз ҳамдигар на он қадар дуранд.

Муассисони корхонаҳои муосир ҳисобу китобро хуб медонанд, зарарро аз фоида дуруст фарқ мекунанд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2019, № 2357 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Низомномаи мазкур мувофиқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии низомнома аз он иборат аст, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бояд минтақаи озоди иқтисодӣ дар намуди саноатӣ – инноватсионӣ дар масоҳати умумии 309, 32 гектар ба муҳлати 25 сол таъсис дода шавад, ки роҳи мошингарди дохилии деҳаи Сариёзидашт, заминҳои Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, зери оби сойи Зиракӣ, захираҳои давлатии шаҳри Кӯлоб, яъне, дарёи Ёхсу (умуман, хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)-ро дар бар мегирад.

Мувофиқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» таъсис додани минтақаи иқтисодии саноатӣ-инноватсионӣ ин коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ буда, дар ҳудуди он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиётҳои нави самараноки техникӣ ба роҳ монда мешавад.

Мақсади асосии ба роҳ мондани фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ин бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ва минтақа (вилоят), ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки технологияи нав, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, самаранок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ, сармоягузории дохили ҷумҳурӣ ва хориҷӣ, ҷорӣ кардани усулҳои нави корбарӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва инчунин, маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ мебошад.

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон барои беҳтар намудани вазъияти иқтисодии минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Лоиҳаи низомнома асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии таъсиси фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё шудааст, ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи низомнома бо назардошти таҷрибаи фаъолият дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодии дигар кишварҳо ва таҷрибаи кори минтақаҳои озоди иқтисодии худӣ бо гузашти 11 соли фаъолият таҳия шудааст. Лоиҳаи низомнома бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мутобиқ карда, дар он масъалаҳои ташкили комиссия аз ҷониби Маъмурият барои гирифтани тасдиқнома, раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ, иҷозати кор ва ғайра пешбинӣ шудааст. Он аз 15 боб ва 133 банд иборат мебошад.

Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо таҳти назорати Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор ҳисоботдиҳанда мебошад, амалӣ мегардад.

Масъалаи баррасишавандаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он шаш таклиф пешниҳод гардид.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям низомномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала касе сухан кардан мехоҳад? Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, ман ин ҷо беҳуда савол надодам, зеро воқеан ҳам, бояд вазорат ҳангоми таъсиси МОИ таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯзад, махсусан, вақте сухан дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз инноватсия меравад. Барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ имтиёзҳои зиёд дода шудааст ва мо бояд онро самаранок истифода барем. Чунон ки вазир гуфтанд, дар Тоҷикистон имкони истеҳсоли беш аз 2000 номгӯй моле вуҷуд дорад, ки онҳо воридотивазкунанда буда, истеҳсолашон аз бисёр ҷиҳат пурманфиат хоҳад буд.

РАИС: — Сухан ба вакил Раҳмонзода Абдулғаффор дода мешавад.

Абдулғаффор РАҲМОНЗОДА: — Ман аз номи худам ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, № 37 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи вазорату идораҳое, ки дар таҳияю пешниҳоди таъсиси МОИ-и «Кӯлоб» саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ менамоям. Ташкили МОИ дар шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷумлаи калонтарин шаҳрҳои мамлакат маҳсуб меёбад, ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард ва барои таъмини ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат нақши намоён хоҳад дошт.

Ман замони дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо кор карданам таҷрибаи кишвари Туркияро бобати ташкили МОИ омӯхта будам. Ҳоло метавонам гӯям, ки таъсиси ин гуна минтақаҳо кори як рӯзу ду рӯз нест. Бубинед, дар МОИ-и «Суғд», ки чанд сол пеш таъсис ёфта буд, ҳоло пешравии зиёд ба чашм мерасад, вале анҷоми кори аз ин ҳам бештар дар он ҷо зарур мебошад. МОИ-и «Кӯлоб» низ кори андак муддат нест, вале тадриҷан дар байни дигар МОИ ҷой ва мавқеи худро пайдо хоҳад намуд. Ин иқдоми нек аст ва аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш менамоям ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба вакил Муртазозода Ҷамшед дода мешавад:

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: — Ман таъсиси МОИ-и «Кӯлоб»-ро ҷонибдорӣ менамоям ва дар баробари ин як пешниҳод дорам: Дар ­МОИ-и «Кӯлоб» таъсиси корхонаҳои коркард низ мадди назар аст. Як масъаларо мехоҳам зикр намоям. Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи калони пахтатозакунӣ ва корхонаи аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи коркарди пӯст низ мавҷуд аст. Ин ҳар ду, бинобар набудани ашёи хом, бекор хобидаанд. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ҳангоми таъсиси корхонаҳои коркард мавҷудияти ашёи хом ба эътибор гирифта шавад.

РАИС: — Сухан ба вакил Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф Раҳимзода: - Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Ташкили МОИ талаботи муайян дорад ва яке аз мақсадҳои асосӣ ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.

Дигар, МОИ бояд ҳар чӣ наз­диктар ба сарҳад бошад. Ҳама гуна маҳсулоте, ки ба МОИ оварда мешавад, бояд намояндаи гумрук онро ҳамроҳӣ кунад, то ин ки ин маҳсулот дар ҷои дигар фурӯхта нашавад. Бояд маҳсулот дар МОИ коркард шуда, дар намуди маҳсулоти ниҳоӣ бозгашта, ба сарҳад ва аз он ҷо ба берун содирот гардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад, пешниҳод мегардад.

Мактубҳои мубодилавиро 15 июни соли 2019 зимни сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст.

Лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат мебошад.

Дар марҳилаи якум, ки моҳи апрели соли 2015 оғоз ва моҳи марти соли 2016 анҷом ёфт, дар шаҳри Кӯлоб 5,8 км ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа 6,3 км роҳҳо таъмир гардиданд.

Дар марҳилаи дуюм, ки моҳи январи соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2018 анҷом пазируфт, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 8,4 км ва дар шаҳри Кӯлоб 11,4 км роҳҳо таъмир шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ду марҳила зиёда аз 31 км роҳ таъмир карда шуд. Фармоишгар оид ба лоиҳаҳои мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.

Арзиши марҳилаи сеюми лоиҳаи таҷдиди роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи асосноккунии техникию иқтисодӣ, ба 227,97 млн. юан рост меояд, ки ба 35,8 млн. доллари ИМА баробар аст.

Таркиби асосии сохтмон аз барқарорсозии роҳҳо дар шаҳри Кӯлоб бо дарозии умумии тахминан 12 км, равшаннамоии 3 кӯча, харидорӣ кардан ва хобондани ҷӯйборҳои бетонӣ дар як кӯча, барқарорсозии роҳҳо дар шаҳри Бохтар бо дарозии умумии тахминан 13 км, иваз намудани обгузарҳо дар 7 кӯча бо дарозии умумии тахминан 6 км, инчунин, аломатгузории роҳҳо дар 4 кӯча бо дарозии тахминан 6 км ва харидории техникаи махсус барои нигоҳдории роҳҳо; барқарорсозии роҳи Кӯлоб-Муъминобод бо дарозии умумии тахминан 35 км, аз ҷумла, васеъ намудани 3 пул ва барқарорсозии 3 пул иборат мебошад.

Аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки лоиҳаи қарори номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

НИДОЗОДА Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мубодилаи мактубҳо аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад ва аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз модели маҳдуд розигӣ дода шудааст. Таркиби асосии сохтмонро барқарорсозии 12 км роҳ дар шаҳри Кӯлоб, равшаннамоии 3 кӯча, гирифтан ва хобонидани ҷӯйборҳо ва роҳгузарҳо дар як кӯча, барқарорсозии 18 роҳ дар шаҳри Бохтар бо дарозии умумии тахминан 13 км, иваз намудани обгузарҳо дар 7 кӯча бо дарозии умумии тахминан 6 км, инчунин аломатгузории роҳҳо дар 4 кӯча бо дарозии тахминан 6 км ва харидории техникаи махсус барои нигоҳдории роҳҳо; барқарорсозии роҳҳои Кӯлоб-Муъминобод бо дарозии умумии тахминан 35 км, аз ҷумла васеъ намудани 3 пул, бартарафсозӣ ва барқарорсозии 3 пул ташкил медиҳад.

Маблағи умумӣ барои сохтмони лоиҳа, ки аз ҷониби чинӣ ҷудо мешавад, 227,97 млн. юани чинӣ (32,2 млн. доллари ИМА) — ро ташкил дода, хароҷоти дахлдори ширкати идоракунии лоиҳа маблағи то 5,51 млн. юани чинӣ (800,8 ҳазор доллари ИМА)-ро дар бар хоҳад гирифт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Мубодилаи мактубҳои мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба амалисозии марҳилаи 3-юми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

Худоёрзода Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати нақлиёт дар заминаи мувофиқа ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон (супориши №16166 аз 28 марти соли 2016) оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония «JICA» ва дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар бо Бонки Осиёгии Рушд корҳои мушаххасро анҷом дод.

Агентии «JICA» аз 17 апрели соли 2018 бо сафарбаркунии коршиносони худ корҳои лоиҳакашӣ — ҷустуҷӯии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъаро бо дарозии тақрибан 9,2 км (то наз­дикии пул аз болои дарёи Вахш) ҷиҳати омода намудани лоиҳа, муайян намудани арзиши он ва маблағгузории минбаъда тариқи грант, оғоз намуда, моҳи апрели соли 2019 ба анҷом расонид.

Вобаста ба ҳамкорӣ бо коршиносони Агентии «JICA» супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 25 апрели соли 2018, №16321 (22-8) ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дода шудааст.

Тибқи лоиҳа, роҳи мавҷуда бо дарозии 9,2 км пурра аз нав бо истифода аз технологияҳои замонавии сохтмонӣ аз сатҳи таҳкурсӣ то қисмати мошингузар бо назардошти:

- васеъкунонии ду тасмаи ҳаракати вуҷуддошта ба чор тасма бо паҳноии аз 18 то 20 метр;

- қубурҳои росткунҷаи обгузар — ду адад;

- қубурҳои обпарто ва обёрӣ дар 16 мавзеъ (640 метр);

- такядеворҳо бо дарозии 82,4 метр;

- ҷӯйборҳои бетонӣ бо дарозии 27 км;

- истгоҳҳо дар ҳашт мавзеъ;

- гузаргоҳҳои пиёдагардон дар ҳафт мавзеъ;

- ҷойҳои гардиши воситаҳои нақлиёт дар ду мавзеъ;

- корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи қубурҳои росткунҷаи обгузар;

- хобонидани ду қабат асфалти навъи такмилдодашуда (10 см, ҳар кадом 5 см);

- равшаникунонии роҳ бо дарозии чор км;

- чароғакҳои роҳнамо дар ду чорроҳа ва дигар иншооти зарурӣ сохта мешавад.

Дар заминаи анҷом додани тадбирҳои дахлдор бо ҷониби японӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 22 июни соли 2019, №321, 20 августи соли 2019 Ёддош­тҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) ба маблағи яксаду ҳабдаҳ миллион иени японӣ (117000000,00, тақрибан як миллиону панҷоҳ ҳазор доллари ИМА — 1050000,00) ба имзо расид, ки барои таҳияи лоиҳаи муфассал ва назорати корҳои сохт­монӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ аз лаҳзаҳои баимзорасонии қарордод бо машваратчӣ 22 моҳро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳа тибқи шарту талаботи Агентии «JICA» ба роҳ монда мешавад, ки интихоби ширкати машваратчиро дар доираи ширкатҳои машваратии японӣ пешбинӣ менамояд. Инчунин, пардохтҳои молиявӣ ба ширкати машваратӣ дар худи Япония анҷом дода мешаванд.

Яке аз шартҳои дигари оғози корҳои сохтмонӣ иҷрои пурраи уҳдадории ҷониби Тоҷикистон доир ба масъалаҳои кӯчонидан мебошад, ки аз ин хусус дар Ёддоштҳои табодулӣ ва созишномаҳои грантӣ муқаррароти алоҳида оварда шудааст. Созишномаи грантӣ дар доираи лоиҳа бошад, 23 августи соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида, ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои лоиҳакашӣ — ҷустуҷӯӣ ва дар заминаи шартнома миёни Гурӯҳи коршиносони Агентӣ бо КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ ва КВД оид ба нархгузории назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нақшаи кӯчонидан ба маблағи 3174471, 61 сомонӣ ё 336813,96 доллари ИМА (1$=9,425 сомонӣ, 7 июли соли 2018 бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон) омода гардид, ки аз инҳо иборат мебошад:

- биною иншоот — 1411255.0 сомонӣ;

- дарахтони мевадиҳанда — 429850,0 сомонӣ;

- талафи истифодаи қитъаҳои замин — 530604,9 сомонӣ;

- кумакпулиҳо ба оилаҳои бештар таъсирбинанда — 12054,3 сомонӣ;

- гурӯҳҳои осебпазир (маъюбон, шахсони дорои қобилияти ҷисмонии маҳдуд ва ғайра) — 68307,7 сомонӣ;

- иҷораи манзил барои 3 моҳ — 8550,0 сомонӣ;

- кирояи нақлиёт барои интиқоли молу мулк — 300,0 сомонӣ;

- хароҷот барои азнавбақайдгирии амвол — 58500,0 сомонӣ;

- хароҷоти маъмурии мустақим — 125971,1 сомонӣ (5 фоиз);

- хароҷоти ғайричашмдошт — 529078,6 сомонӣ (20 фоиз).

Бо дархости Вазорати нақлиёт, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №16225 (22.8) аз 8 апрели соли 2019 ва корҳои анҷомшуда, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №65-ф аз 26 августи соли 2019 маблағи 3174471, 61 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардид, ки ба шахсони зимни татбиқи лоиҳа таъсирбинанда ҳамчун ҷубронпулӣ пардохт мешавад.

Вазорати нақлиёт татбиқи лоиҳаи мазкурро бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ менамояд.

Зимни татбиқи лоиҳа молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда таври васеъ барои корҳои сохтмонӣ харидорӣ мегардад. Ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ ва шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии минтақаи лоиҳавӣ оварда мерасонад.

Пас аз сохта ба истифода додани роҳи автомобилгард хизматрасонии нақлиётӣ низ беҳтар гардида, фосилаи вақти интиқоли молу маҳсулоти зудвайроншаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ кам мегардад.

Бо дарназардошти пешбинӣ гардидани як қатор имтиёзҳо дар муқаррароти Ёддоштҳои табодулӣ, аз ҷумла, озод намудан аз андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявӣ, Вазорати нақлиёт мутобиқи моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи тасдиқи Ёддоштҳои табодулиро таҳия ва бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа намуд.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) — ро ҷонибдорӣ намоед.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров аз вазъи ногувори имрӯзаи роҳи таҷдидшудаистодаи автомобилгарди Душанбе – Бохтар изҳори нигаронӣ намуда, таваҷҷуҳи вазири нақлиёт ва мансубини дигарро ба вусъати кор ва дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расидани он ҷалб намуд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло Асозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал), ки 20 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Агентии «JICA» 17 апрели соли 2018 бо сафарбаркунонии коршиносони худ корҳои лоиҳакашӣ — ҷус­туҷӯии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъаро бо дарозии тақрибан 9,2 км (то наздикии пул аз болои дарёи Вахш) ҷиҳати омода намудани лоиҳа, муайян кардани арзиши он ва маблағгузории минбаъда тариқи грант оғоз намуд, ки корҳои мазкур моҳи апрели соли 2019 ба анҷом расиданд.

Бисту ҳаштуми декабри соли 2018 лоиҳаи Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 117 000 000,00 иени японӣ (тақрибан 1 050 000,00 доллари ИМА) пешниҳод гардид.

Маблағи грантии ҷудошаванда барои таҳияи лоиҳаи муфассал аз ҷониби ширкати машваратӣ-лоиҳакашии японӣ дар заминаи талаботи Агентии «JICA» пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, дарозии роҳи таҷдидшаванда 9,2 км-ро ташкил дода, паҳноии роҳ аз 2 хати ҳаракати мавҷуда бо назардошти васеъкунонӣ ба 4 хат расонида мешавад.

Кумитаи масъул 24 октябри соли 2019 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Ёддошти табодули мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ёддош­тҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи мубодилаи Ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон гиромӣ!

Имрӯзҳо соҳаи нақлиёти кишвар ба техника ва таҷҳизоти махсус барои дар мавсими тирамоҳу зимис­тон дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва сари вақт бартараф намудани оқибатҳои резиши сангу кӯҳпора ва тарма эҳтиёҷоти ниҳоят зиёд дорад.

Дархости лоиҳавӣ харидории 75 адад техника ва таҷҳизоти зеринро пешбинӣ менамояд:

- боркунаки фронталӣ — 20 адад;

- автомашинаи махсуси барфтозакунӣ (қуму намакпош) — 6 адад;

- автомашинаи пошкунандаи маводи химиявӣ — 10 адад;

- автомашинаи боркаш – 14 адад;

- автогрейдер — 9 адад;

- экскаватори чархдор ва тасмачарх – 10 адад;

- булдозер – 4 адад;

- трейлер – 2 адад.

Шумораи техника ва таҷҳизот метавонад пас аз гузаронидани корҳои тадқиқотӣ – омӯзишӣ аз ҷониби ширкати машваратии японӣ, бо дарназардошти имкониятҳои молиявии ҷониби японӣ, тағйир ёбад.

Техника ва таҷҳизоти харидоришаванда асосан ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди тобеи Вазорати нақлиёт, ки бештар бо корҳои бартарафкунии оқибатҳои резиши сангу кӯҳпора ва тармафароӣ машғул ҳастанд, супорида мешаванд.

Дархости лоиҳавӣ, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2018, №141037 (27-2), 29 октябри соли 2018, тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби японӣ бо ёддошти расмӣ (№10 — 12 (4109) пешниҳод шуд.

Дар натиҷа, бо ҷониби японӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 17 апрели соли 2019, №172, 19 майи соли 2019 Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» ба имзо расид, ки ҷудокунии 1 миллиард иени японӣ (тақрибан 8,9 миллион доллари ИМА)- ро барои татбиқи лоиҳа пешбинӣ менамояд.

Лоиҳа пурра тибқи шарту талаботи ҷониби японӣ амалӣ карда мешавад, ки интихоби ширкатҳои машваратчӣ ва таҳвилгарро дар доираи ширкатҳои японӣ пешбинӣ менамояд.

Тибқи Мубодилаи ёддоштҳо, Бонки миллии Тоҷикистон барои амалиёти молиявии лоиҳа дар яке аз бонкҳои Япония суратҳисоб мекушояд ва маблағҳои грантӣ ба суратҳисоби мазкур гузаронида мешаванд, ки баъдан ба ширкатҳои машваратӣ ва таҳвилгар пардохт мегарданд.

Пас аз тасдиқи (ратификатсияи) Мубодилаи ёддоштҳо, аз ҷониби Идораи марказии Агентии «JICA» дар Япония ба унвони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани қарордод бо ширкати машваратии японӣ, ки арзёбии пешакии лоиҳаро анҷом додааст, мактуби тавсиявӣ ирсол мегардад. Дар асоси мактуби мазкур Вазорати нақлиёт қарордодро бо ширкати машваратии японӣ барои омодасозии ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва мониторинги амалисозии лоиҳа ба имзо расонида, онҳоро аз номи худ ваколатдор менамояд. Озмуни интихоби ширкати таҳвилгар дар Япония бе иштироки намояндагони Вазорати нақлиёт гузаронида шуда, ширкати машваратии японӣ бо ширкати таҳвилгари ғолиб аз номи Вазорати нақлиёт қарордод ба имзо мерасонад. Муҳлати расмиёти харид ва таҳвили техникаю таҷҳизот аз лаҳзаи баимзорасонии қарордод бо ширкати таҳвилгар 10 моҳро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти пешбинӣ гардидани як қатор имтиёз, аз ҷумла, озод намудан аз андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявӣ дар муқаррароти мубодилаи ёддоштҳо, Вазорати нақлиёт мутобиқи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Мубодилаи ёддоштҳоро таҳия ва бо вазорату идораҳои ҷумуҳурӣ мувофиқа намуд.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мубодилаи Ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Мубодилаи ёддоштҳо, ки 19 майи соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, барои рушди соҳаи нақлиёти кишвар, бо назардошти таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгард дар мавсими тирамоҳу зимистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи роҳҳо, нигаронида шудааст.

Инчунин, бо мақсади дастгирии Мубодилаи ёддоштҳо харидорӣ ва воридоти 75 адад нақлиёт дар назар дошта шуда, як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла, озод намудан аз андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявӣ, пешбинӣ мегардад. Ин яке аз омилҳои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, мебошад.

Мубодилаи ёддоштҳои мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки Мубодилаи ёддоштҳои зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

Худоёрзода Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Вазорати нақлиёт дар заминаи мувофиқа ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (супориши №16166 аз 28 марти соли 2016) корбариро оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония «JICA» ва дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар бо Бонки Осиёгии Рушд ба роҳ мондааст.

Агентии «JICA» 17 апрели соли 2018 бо сафарбаркунии коршиносони худ корҳои лоиҳакашӣ — ҷус­туҷӯии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъа бо дарозии тақрибан 9,2 км (то наздикии пул аз болои дарёи Вахш) ҷиҳати омода намудани лоиҳа, муайян намудани арзиши он ва маблағгузории минбаъда, тариқи грант, оғоз намуда, моҳи апрели соли 2019 ба анҷом расонид.

Вобаста ба ҳамкорӣ бо коршиносони Агентии «JICA» супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 25 апрели соли 2018, №16321 (22 — 8) ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ фиристода шудааст. Тибқи лоиҳа, роҳи мавҷуда бо дарозии 9,2 км пурра аз нав бо истифода аз технологияҳои замонавии сохтмонӣ аз сатҳи таҳкурсӣ то қисмати мошингузар бо назардошти:

- васеъкунонии ду тасмаи ҳаракати вуҷуддошта ба чор тасма бо паҳноии аз 18 то 20 метр;

- қубурҳои росткунҷаи обгузар — ду адад;

- қубурҳои обпарто ва обёрӣ дар 16 мавзеъ (640 метр);

- такядеворҳо бо дарозии 82,4 метр;

- ҷӯйборҳои бетонӣ бо дарозии 27;

- истгоҳҳо дар ҳашт мавзеъ;

- гузаргоҳҳои пиёдагардон дар ҳафт мавзеъ;

- ҷойҳои гардиши воситаҳои нақлиёт дар ду мавзеъ;

- корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи қубурҳои росткунҷаи обгузар;

- хобонидани ду қабат асфалти навъи такмилдодашуда (10 см, ҳар кадом — 5 см);

- равшаникунонии роҳ бо дарозии 4 км;

- чароғакҳои роҳнамо дар ду чорроҳа ва дигар иншооти зарурӣ сохта мешавад.

Дар заминаи корбарии дахлдор бо ҷониби японӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №322, 20 августи соли 2019 Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» ба маблағи се миллиарду дусаду сию ду миллион ени японӣ (3232000000,00, тақрибан бисту нуҳ миллиону сад ҳазор доллари ИМА — 29100000,00) ба имзо расид, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ аз лаҳзаи баимзорасонии қарордод бо пудратчӣ 22 моҳро ташкил медиҳад. Лоиҳа тибқи шарту талаботи Агентии «JICA» ба роҳ монда мешавад, ки интихоби ширкати пудратиро дар доираи ширкатҳои сохтмонии японӣ пешбинӣ менамояд.

Инчунин, пардохтҳои молиявӣ ба ширкати пудратӣ дар худи Япония анҷом дода мешаванд. Яке аз шартҳои дигари оғози корҳои сохтмонӣ иҷрои пурраи уҳдадории ҷониби Тоҷикистон доир ба масъалаҳои кӯчонидан мебошад, ки дар ин бора дар Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ муқаррароти алоҳида оварда шудааст. Созишномаи грантӣ дар доираи лоиҳа бошад, 3 сентябри соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида, ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Дар доираи корҳои лоиҳакашӣ — ҷустуҷӯӣ ва дар заминаи шартнома миёни Гурӯҳи коршиносони Агентӣ бо КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва КВД оид ба нархгузории назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нақшаи кӯчонидан ба маблағи 3174471, 61 сомонӣ ё 336813,96 доллари ИМА (1$=9, 425 сомонӣ, 7 июли соли 2018 бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон) омода гардид, ки аз инҳо иборат мебошад:

- биною иншоот — 1411255,0 сомонӣ, 44 фоиз;

- дарахтони мевадиҳанда — 429850,0 сомонӣ, 13 фоиз;

- талафи истифодаи қитъаҳои замин — 530604,9 сомонӣ, 18 фоиз;

- кумакпулиҳо ба оилаҳои бештар таъсирбинанда 12054,3 сомонӣ;

- гурӯҳҳои осебпазир (маъюбон, шахсони дорои қобилияти ҷисмонии маҳдуд ва ғайра) — 68307,7 сомонӣ;

- иҷораи манзил барои 3 моҳ — 8550,0 сомонӣ;

- кирояи нақлиёт барои интиқоли молу мулк — 300,0 сомонӣ;

- хароҷот барои азнавбақайдгирии амвол — 58500,0 сомонӣ;

- хароҷоти маъмурии мустақим — 125971,1 сомонӣ (5 фоиз);

- хароҷоти ғайричашмдошт — 529 078,6 сомонӣ (20 фоиз).

Бо дархости Вазорати нақлиёт супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №16225 (22.8) аз 8 апрели соли 2019 ва корҳои анҷомдода бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №65- ф аз 26 августи соли 2019 маблағи 3174471, 61 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардид, ки зимни татбиқи лоиҳа ба шахсони таъсирбинанда ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ истифода мешавад.

Вазорати нақлиёт татбиқи лоиҳаи мазкурро бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ менамояд.

Ҳамчунин, зимни татбиқи лоиҳа молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба таври васеъ барои корҳои сохтмонӣ харидорӣ шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ ва шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии минтақаи лоиҳавӣ оварда мерасонад.

Пас аз сохта ба истифода додани роҳи автомобилгард хизматрасонии нақлиётӣ низ беҳтар гардида, фосилаи вақти интиқоли молу маҳсулоти зудвайроншаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ кам мегардад.

Бо дарназардошти пешбинӣ гардидани як қатор имтиёз дар муқаррароти Ёддоштҳои табодулӣ, аз ҷумла, озод намудан аз андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохт­ҳои молиявӣ, Вазорати нақлиёт мутобиқи моддаи 57- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи тасдиқи Ёддоштҳои табодулиро таҳия ва бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа намуд.

Аз шумо — муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» 20 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳа, дарозии роҳи таҷдидшаванда 9,2 км-ро ташкил дода, паҳноии роҳ аз ду хати ҳаракати мавҷуда бо назардошти васеъкунонӣ ба чор хат расонида мешавад.

Маблағи грантии ҷудошаванда танҳо барои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати пудратӣ-сохтмонии японӣ дар заминаи талаботи Агентии «JICA» пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 24 октябри соли 2019 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар»- ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёддош­тҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Оид ба масъала — «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи офатҳои табиӣ» сухан ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам дода мешавад.

Рустам НАЗАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ» тибқи талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия шудааст.

Ёддошти тафоҳуми мазкур 8 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Мақсади баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои байни давлатҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин, омӯзонидан ва таҳкими иқтидори мутахассисони кумаки аввалия — оид ба корҳои ҷустуҷӯӣ — наҷотбахшӣ, мубодилаи иштирокчиёни омӯзишҳо ва коршиносон бо мақсади мусоидат ба таҳкими иқтидор дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мебошад. Ҳамчунин, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои худ аз имконият ва таҷрибаи ҷониби Ҳиндустон дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ истифода намояд.

Зарурати таҳия намудани лоиҳаи қарори мазкур аз татбиқи моддаи 15 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин, сабаби таҳия гардидани лоиҳаи қарор дар он аст, ки моддаи 11 Ёддошти тафоҳум масъалаи андозбандиро дар бар мегирад. Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 290 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, «молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд», аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод мебошанд. Дар ин сурат зарур аст, ки Ёддошти тафоҳум бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандем лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ 8 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ёддошти тафоҳум бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 октябри соли 2019, №2364 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Ҳадафи ёддошти тафоҳуми мазкур аз вусъат бахшидани робитаҳои дӯстонаи анъанавии миёни ду кишвар ва нияти онҳо баҳри гузош­тани саҳм дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, бо нигаронии ҷиддӣ аз вуқӯъ ва хавфи офатҳои табиӣ дар кишварҳои хеш, бо дарки аҳамияти пешбурди муносибатҳои амиқи корӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ барои некуаҳволӣ ва бехатарии мардуми ҳар ду кишвар иборат мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ ёддошти тафоҳуми зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 24 октябри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки ёддошти тафоҳуми мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи офатҳои табиӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор дода мешавад.

ОДИНАЗОДА Азиз Абдусаттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, оғози татбиқи амалии мубодилаи ёддоштҳои мазкурро бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ менамояд.

Дар иртибот бо дастуру супоришҳои зикргардида, вобаста ба мубодилаи ёддоштҳои баррасишаванда қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалии (JICA) вобаста ба дастраснамоии нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ якҷо бо мутахассисони вазорат моҳи марти соли 2018 таҳқиқот ва омӯзиши ҳаматарафаи вазъи соҳаи ёрии таъҷилии тиббиро бо мақсади муайян намудани зарурати таъмин бо нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ба анҷом расонид.

Бо дарназардошти он ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст, зарурати иваз намудани онҳо, бо сабаби корношоям гардиданашон, ба миён омадааст. Бинобар ин, дастраснамоии нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар доираи кумаки расмӣ ҳамчун кумаки бебозгашт бо мақсади дастраснамоии мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ дар самти беҳтарнамоии хизматрасонӣ ва интиқоли саривақтии беморон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар асоси таҳқиқоти болозикр, нақшаи тақсимоти баробари нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ омода гаштааст. Бинобар шарту шароити роҳҳои автомобилгард дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ду намуд муайян шудааст. Намуди якуми нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ муқаррарӣ (2 wd) буда, 72 ададро ташкил медиҳад. Нархи тақрибии он, ки аз тарафи мушовирони Ширкати «Бинко Интернешнл» — и Япония ҳисобида шудааст, ба 54000 доллари ИМА барои як адад баробар мебошад.

Намуди дуюми нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ бисёргузар (4 wd) буда, 18 ададро ташкил медиҳад ва нисбатан калонҳаҷм буда, ин намуди нақлиёт асосан барои минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Нархномаи тақрибии он барои як адад 78760 доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.

Нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳамчунин, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Маблағи умумии таҷҳизоти дохилӣ дар доираи лоиҳа ба 1070088 доллари ИМА баробар мебошад.

Дар доираи дастраснамоии нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ аз тарафи мушовирони ширкати мазкур хароҷоти иловагӣ ба маблағи 257530 доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Дар асоси маълумоте, ки аз тарафи Ширкати «Бинко Интернешнл» — и Япония пешниҳод шудааст, ­маблағҳои эҳтимолии ҳисобишуда дар доираи лоиҳа вобаста ба харидорӣ ва дастраснамоии нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизоти васлгардидаи дохилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба 744494890 иени японӣ, (6,663339, 21 млн. доллари ИМА) — ро ташкил медиҳад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки мубодилаи ёддоштҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ» 19 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мубодилаи ёддоштҳои мазкур ҳамчун кумаки бебозгашт ба даст­раснамоии мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ҷиҳати беҳтарнамоии хизматрасонӣ ва интиқоли саривақтии беморон дар худуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Маблағи умумии гранти пешбинигардида 771 000 000 млн. иени япониро ташкил медиҳад. Тибқи он харидории 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ду намуд — «нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ — муқаррарӣ (2wd)» ва «нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ — бисёргузар (4wd)» ба нақша гирифта шудааст. Тамоми хариди мол ва хизматрасониҳо аз тарафи ширкатҳои японӣ анҷом дода мешавад.

Мубодилаи ёддоштҳои мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №2365 аз 16 октябри соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкардаашон мубодилаи ёддошт­ҳои мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 24 октябри соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ мубодилаи ёддоштҳои мазкурро баррасӣ ва онро якдилона ҷонибдорӣ кард.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки мубодилаи ёддоштҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961- 1963 қабул шудаанд», оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961- 1963 қабул шудаанд», ҷиҳати иҷрои сархати дуюми банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018, №34 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз эътибор соқит донистани санадҳои қонунгузории моҳиятан куҳнашуда мебошад, зеро, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он сарчашмаи ягонаи қабули санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2019, №2327 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардидаро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби кумитаи масъул ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 51 таклиф пешниҳод шуд, ки аз онҳо 50 — тояш қабул гардид.

Кумитаи масъул 22 октябри соли равон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, пас аз баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донис­тани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961- 1963 қабул шудаанд», он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961 — 1963 қабул шудаанд», ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961- 1963 қабул шудаанд», ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Далер МЕРГАНОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ.