Мирзодавлат Одинаев: «Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» дар асоси паёми Президенти мамлакат таҳия шуд»

№121 (3758) 12.10.2017

DSC_521015 — 16 — уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад. Дар арафаи ин чорабинии бошукӯҳи сатҳи байналмилалӣ бо муовини сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Мирзодавлат Одинаев мусоҳиб шудем.

- Мирзодавлат Сатторович, дар оғоз мехостем аз таърихи таъсисёбии форуми мазкур ва ҳадафҳои он каме маълумот диҳед.

- Бори нахуст дар бораи таъсиси Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҷаласаи 130- юми Шӯрои Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, ки 8 сентябри соли 2008 баргузор гардид, таклиф пешниҳод шуд. Қарори масъала бо ибтикори Шоҳигарии ­Арабистони Саудӣ қабул ва дар он аҳамияти фаъол намудани Ёддоштҳои тафоҳум, ки байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо гардида буданд, таъкид гардидааст.

Иҷлосияи якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон 14 майи соли 2014 дар Арриёз таҳти шиори «Дурнамои сармоягузорӣ ва табодули тиҷорӣ» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, дороӣ ва иқтисод баргузор шуд. Дар он ба сифати санади поёнӣ Эъломияи Риёз қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Ҳадафҳои он мувофиқи моддаи якуми Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши муносибатҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак мебошад, ки ба ҳифзи амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад. Мувофиқи моддаи дуюми Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг соҳаҳои ҳамкорӣ эълон шудаанд.

- Чӣ тавр Душанбе мизбони Иҷлосияи дуюми Форум муайян шуд?

- Дар шаҳри Риёз ҳайати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Иҷлосияи навбатии Форум дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дабирхонаи Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ бо таваҷҷуҳ ба изҳори омодагии кишвари мо ба мизбонии Иҷлосияи дувуми Форум 8 июни соли равон пешниҳод кард, ки ҳамоиши мазкур 16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардад. То имрӯз аз 27 давлат 23 кишвар тасдиқи худро барои ширкат  баён кардаанд.

- Иштирокчиёни ҳамоиш кадом масъалаҳоро баррасӣ мекунанд?

- Мутобиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ тарафҳо ба мақсади таъмини амну субот дар мамолики арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон масъалаҳои ҷорӣ ва ояндаро аз тариқи ройзанӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҳал мекунанд. Ҳамчунин, таъмини некуаҳволии иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони ин кишварҳо бо роҳи густариши тиҷорат, сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳадафи дигар эълон шудааст. Инчунин, дар чаҳорчӯбаи баргузорӣ баррасии раванди дигар, ки ба соҳибкориву сармоягузорӣ тааллуқ дорад, пешбинӣ шудааст.

- То ҷое огоҳем, шумо муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ҳастед. Аз ин рӯ, мехостем каме дар бораи таърихи таҳияву қабули қонуни мазкур маълумот диҳед.

- Солҳои 2000 — 2005 ман аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудам. Тавре медонед, парлумони доимоамалкунанда дар ҷумҳурӣ бори нахуст моҳи марти соли 2000 – ум ба фаъолият шурӯъ кард. Ба усули нави фаъолият гузаштани парлумон тақозои давру замон буд. Ман то вакил интихоб шудан Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россияро хатм намуда, дар вазифаҳои котиби дуюм, котиби якум, мушовири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардам. Дар парлумони доимоамалкунанда ба ҳайси муовини раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолият доштам.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» — ро бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намудам. Лоиҳаи он бар асоси дар амал татбиқ намудани нуктаҳо ва хулосаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия шуд. Зеро хизмати дипломатӣ яке аз навъҳои муҳими хизмати давлатӣ ба шумор рафта, давлат бояд вазифа ва доираи фаъолияти онро дар қонунгузории дохилидавлатӣ пешбинӣ намояд.

Қонуни мазкур дар асоси таҳрири нав (аз 31 декабри соли 2014, №1173) аз 7 боб ва 31 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Дар бобҳои алоҳидаи он сохтори хизмати дипломатӣ, кадрҳои хизмати дипломатӣ, адои хизмати дипломатӣ, рутбаҳои дипломатӣ, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони хизмати дипломатӣ шарҳ дода мешавад.

Бори аввал қонун моҳи ноябри соли 2001 барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Азбаски таҷрибаи нахустин буд, бинобар сабаби нодуруст ифода ёфтани як қатор мафҳумҳо баъди ислоҳи камбудиҳо моҳи ноябри соли 2002 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфт.

- Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун аз таҷрибаи кадом кишварҳо истифода шудааст?

- Дар рафти таҳияи лоиҳаи қонуни зикршуда таҷрибаи ҳуқуқии аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Қазоқис­тон, Федератсияи Россия ва ғайра) ба назар гирифта шуд. Инчунин, лоиҳаи қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарлумонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии ду санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт, аз ҷумла Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 ва Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз соли 1963 мебошад ва қонуни мазкур ба санадҳои зикргардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ аст.

Лоиҳаи қонун дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, пешниҳоду иловаҳо ба инобат гирифта шуданд. Аксари пешниҳоду иловаҳо ба таҳрири матни тоҷикии лоиҳаи қонун равона гардиданд ва дастгирӣ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, ба лоиҳа 140 таклиф пешниҳод шуд, ки ин нишонаи бо дили гарм аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пазируфта шудани он аст. Аз сабаби он ки баъзан дар як маврид 3 — 4 пешниҳод низ омад, ҳамонеро интихоб кардем, ки беҳтар буд. Дар таҳияи қонун дипломати собиқадор, шодравон Маҳмадалӣ Лиқоев ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имоми Содиқ кумаки зиёд намудаанд.

- То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии кишвар дар асоси кадом санади меъёрӣ — ҳуқуқӣ фаъолият мекарданд?

- Тӯли солҳои зиёд, то замони қабули қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», онҳо тибқи Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолият доштанд. Аз ин рӯ, буданд ҳолатҳое низ, ки кормандон зимни фаъолияти дипломатӣ дар хориҷ аз кишвар шаҳрвандии дигар давлатро қабул мекарданд. Иддае солҳои сол якмаром дар хориҷи кишвар буданду қисми дигар даҳсолаҳо дар сохтори вазорат фаъолият доштанд. Дар қонуни зикршуда бошад, доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ, ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ, тағйир ва ишғоли мансабҳо дар хизмати ­дипломатӣ, ҷойивазкунӣ (ротатсия)- и хизматчиёни дипломатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба хизмати дипломатӣ возеҳу равшан баён ёфтааст. Бо тақозои замон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2014 тағйиру иловаҳо ворид ва қабул гардида, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2014 ҷонибдорӣ ёфтаанд. Ман ифтихор аз он мекунам, ки дар оғози фаъолияти Маҷлиси касбии доимоамалкунанда, яъне Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсиятҳои намоёни кишвар, ба мисли С. Хайруллоев, А. Достиев, И. Усмонов, Х. Ҳомидов, Ш. Салимзода ва дигарон фаъолият намуда, бисёр масъаларо омӯхтам. Аз ба поён расидани фаъолияти вакилиам 12 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол тавассути рӯзномаи «Садои мардум» аз набзи парлумони мамлакат ҳамеша бохабар ҳастам. Қонунҳое, ки дар парлумони кишвар қабул мешаванд, ба манфиати халқу давлат равона шуда, ба беҳтаршавии зиндагии ҳамватанон мусоидат мекунанд.

- Ба шумо дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно дорем.

Мусоҳибон

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӣ.

«Садои мардум»