МММ Душанбе ба 20,6 млрд. расид

№№1 (4897) 02.01.2025

photo_2024-12-31_11-37-3631-уми декабри соли 2024 Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти ­иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст, оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Зимни ҳисобот таъкид гардид, ки дар соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии пойтахт ба 20,6 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи маҳсулоти пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бошад, 20 фоизро ташкил дод.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои дар шаҳри Душанбе амалишаванда чораҳои дахлдор андешанд.

Ҳамчунин, зарур шуморида шуд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, махсусан грантҳо, барои навсозии шабакаҳои фарсуда, бунёду навсозии роҳҳо, таҷдиди инфрасохтори обу корез, барқ ва бунёди зеристгоҳҳои нави замонавӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр ва таҷдиди паркҳои коммуналии пойтахт барои гузариш ба электробусҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, инчунин, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахт ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

photo_2024-12-31_10-24-09Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳия­ҳои шаҳр супориш доданд, ки якҷо бо раёсати андози шаҳр дар соли 2025 бо мақсади иҷрои пурраю саривақтии нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ, таъмин намудани қисми даромади буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ноболиғону ҷавонон ва қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин тадбирандешӣ намоянд.

Сипас, вакилон лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2025 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2023-ро баррасӣ намуда, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Вакилон дар идома масъалаи дигари рӯзнома — «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ин самт баррасӣ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур ҳисоботи муовини Раиси шаҳр – сарпарасти соҳа шунида шуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул гардид.

Дар робита ба ин мавзуъ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.