Моҳи фазилатҳои бузург ва хайру саховатмандӣ

№44 (4784) 09.04.2024

400737704_224276170681952_4947976103240619363Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба иди саиди Фитр

шаҳри Душанбе, 9 апрели соли 2024

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо осоишу офият, файзу баракат ва бахту саодат орзу менамоям.

Боиси шукргузорист, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишвари маҳбубамон ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва анъанаҳои суннатии худро дар фазои оромӣ, суботи сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамон таҷлил менамоянд.

Моҳи Рамазон дорои фазилатҳои бузург буда, моҳи парҳезгорию бахшиш, покизагию фурӯтанӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, хайру саховатмандӣ ва дигар амалҳои нек маҳсуб меёбад.

Рамазон айёми анҷом додани корҳои хайру савоб ва дасти ёрию кумак дароз кардан ба ниёзмандону дармондагон, бахусус, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон мебошад.

Дар баробари ин, дар рӯзи ид худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ аз ҷумлаи амалҳои савоб ба шумор меравад, зеро хоксорию сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мост.

Бори дигар мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони шарафманди пойтахти сарсабзу зебоямонро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат тансиҳатӣ, ризқи фаровон ва рӯзгори ободу осуда ва барои кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистон шукуфоию суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!