Моҳияти қонунҳои марбут ба экология рӯзафзун аст

№71 (4654) 29.05.2023

DSC_8927.JPG25 — уми майи соли равон дар шаҳри  Зелегорски Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ­аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок намуд.

Аъзои комиссия якчанд лоиҳаи қонуни намунавӣ, аз ҷумла «Дар бораи кишоварзии органикӣ»-ро баррасӣ намуданд. Қабули ин қонун барои тавсеаи низоми ҳамоҳангшудаи истеҳсоли органикӣ дар минтақа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва стандартҳои ягонаи гардиши маҳсулоти органикии кишоварзиро дар бозорҳои ИДМ ташаккул медиҳад.

Оид ба лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳудудҳои ҳамшафат» зикр гардид, ки давоми 10-15 соли охир дар кишварҳои ИДМ саноати кӯҳӣ босуръат рушд карда, таъсири манфии он ба саломатии аҳолӣ низ меафзояд. Санади меъёрии ҳуқуқии мазкур ба эҷоди низоми муассири арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии шаҳрвандоне, ки дар ҳудудҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, нигаронида шудааст.

Ба иштирокчиён, ҳамчунин, доир ба таҳрири нави лоиҳаи консепсияи Қонуни намунавӣ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» маълумот пешниҳод шуд. Нотиқон кайд намуданд, ки аз қабули қонуни зикршуда зиёда аз бист сол гузашта, зарурати такмили он пеш омадааст.

Вобаста ба қабули Қонуни намунавӣ «Дар бораи рушд ва ҳифзи ҳудудҳои кӯҳӣ» (соли 2020) зикр гардид, ки ин ибтикор барои рушд ва ҳифзи манотиқи кӯҳистонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳим аст. Он мафҳум ва самтҳои асосиро, ки барои ташаккул ва рушди сиёсат дар соҳаи азхудкунии минтақаҳои кӯҳӣ муҳиманд, муайян ва танзим мекунад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон