Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»
(3 октябри соли 2016 — 30 июни соли 2017)
Вакилони гиромӣ,
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз, баъди нуҳ моҳи заҳмати пурмаҳсул, мо аз бурду бохти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум натиҷагирӣ менамоем.
Таҳлили корҳо нишон медиҳад, ки дар маҷмӯъ дар ҳамаи самтҳои фаъолият, бахусус қонунгузорӣ, ба натиҷаҳои хуб расидем. Вале мехоҳам дар оғоз ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-юми декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бидуни шубҳа, рӯйдоди муҳим дар ҳаёти парламенти мамлакат маҳсуб мешавад, рӯ биорем.
Чун ба чашми таҳқиқ ба Паёми Президент менигарем, мебинем, ки он аз оғози марҳилаи сифатан нави давлатдориву давлатсозии мо мужда мерасонад. Пешвои миллат зикр карданд, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз ҳафт дарсад афзуда, то чор баробар зиёд шудани он натиҷаи амалӣ гаштани нақшаҳои ҳадафноки Ҳукумати кишвар аст. Чунончӣ, дар соли 2016 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он қариб ҳафт дарсадро ташкил дод.
Дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки қариб нисфи Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар Паём зикр шуд, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гашт. Талошҳои пайгирона ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои дигари стратегиамон, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, суботкорона ва муваффақона идома доранд. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин давра, бешубҳа, оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳсуб мешавад, ки ба он Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Пахши мустақими ин рӯйдодро мардуми шарифи Тоҷикистон тавассути телевизор бозавқ тамошо карданд. Пешвои миллат пушти чанбари булдозер нишаста, як соату чил дақиқа кор карданд, дами дарёи Вахшро комилан бастанд ва бо булдозер ба соҳили муқобил гузаштанд. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва, тибқи нақша, агрегати аввали он то охири соли 2018 ва агрегати дувум аввалҳои соли 2019 ба кор дароварда мешаванд.
Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паём бо итминони комил гуфтанд, ки дар ояндаи наздик мо ба ҳадафи дигари стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ хоҳем расид. Маҷлиси намояндагон дар давраи ҳисоботӣ ба Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ризоят дод, ки маблағгузории ин соҳаро бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 530 миллион сомонӣ пешбинӣ менамояд.
Дар Паём зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад. Соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад.
Дар ҳақиқат рушди густурдаи соҳибкории хурду миёна қодир аст сатҳи бекориро хеле ҷиддӣ коҳиш бидиҳад. Дар аксари мамлакатҳои пешрафта корхонаҳои хурду миёна беш аз нисфи маҳсулоти кишварҳояшонро истеҳсол мекунанд. Мо дар Маҷлиси намояндагон як қатор қонунҳои марбут ба фаъолияти соҳибкориро таҷдиди назар кардем, то соҳибкорон, тиҷорати хурд, корхонаҳои бузург ва сармоягузорони хориҷӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тамоми шароиту имкониятро дошта бошанд.
Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ташкили манбаъҳои гуногуни мусоидаткунанда ба рушди иқтисодӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Яке аз чунин манбаъҳои муътамад ва устувор дар ҷомеаи муосир, бешубҳа, сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ супориш доданд, ки соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ва, чунонки огаҳӣ дорем, ин супориш аллакай иҷро гаштааст.
Ҳамин тавр, бо мақсади фароҳам овардани шароити иловагӣ ва мусоиди ҳуқуқӣ, мусоидат намудан ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар, аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон бори аввал лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҳия ва қабул карда шуд.
Зимнан, бино ба пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии туризм ва ЮНЕСКО, дар давраи то соли 2020 хатсайри «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ба яке аз самтҳои ояндадори сайёҳии ҷаҳон табдил меёбад, ки имкон дорад сеяки сайёҳони дунёро ҷалб намояд. Азбаски ин Шоҳроҳи бузург аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, таваҷҷуҳ ба рушди густурдаи туризм дар кишвари мо хеле муҳиму саривақтӣ мебошад. Маҷлиси намояндагон дар иртибот ба ин нуктаи Паёми Президенти мамлакат, ҳамчунин ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд. Мутобиқи онҳо, бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз 1 январи соли 2017 воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озод гашта, даромадҳо аз фаъолияти сайёҳии субъектҳои соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида озод мегарданд.
Пешвои миллат дастгирии ҷавононро аз масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ меҳисобанд. Дар Паёми навбатии хеш, бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ин иқдом, бешубҳа, давоми мантиқии сиёсати стратегии давлат дар ин самт мебошад.
Ҳадаф аз таъсиси ҷойҳои наву ҷолиби корӣ ҳам, ки Президенти мамлакат онро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ унвон карданд, пеш аз ҳама, бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон мебошад.
Воқеан ҳам ҷойҳои нави корӣ нишондиҳандаи он аст, ки давлат зиндагӣ дорад, нав мешавад ва ба пеш меравад. Далели онанд, ки кишвар барои сармоягузорон ҷолиб мебошад.
Президенти мамлакат дар Паёми худ, ҳамчунин аз хусуси зарурату аҳамияти қабули Стратегияи нави миллии рушд сухан ронданд. Воқеан ҳам «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷумлаи санадҳои муҳимтарин аст, ки Маҷлиси намояндагон дар давраи ҳисоботӣ тасдиқ намуд.
Стратегияи навбатӣ чор ҳадафи сифатиро барои давлати мо бо фарогирии 15 сол дар бар мегирад:
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
- аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;
- таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
- вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Қобили зикр аст, ки ин ҳуҷҷати муҳим тамоми таҳдидҳо ба рушди кишварамонро дар андозагириҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дохилӣ ба инобат гирифтааст. Ва моро зарур аст, ки дар давоми иҷлосияҳои минбаъда ҳам дар асоси ин Стратегияи дарозмуҳлат ба таъмини ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем, қонунҳое таҳия ва қабул намоем, ки осебпазирии иқтисоди миллиамонро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш диҳанд, ба модернизатсияи фарогири иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намоянд.
Дар сурати татбиқи ин Стратегия мо ба пешравиҳои бузург ноил хоҳем гашт, аз ҷумла Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил дода мешавад, иқтидори энергетикии мамлакат аз 17 миллиард киловатт-соати ҳозира то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол афзоиш меёбад ва Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид хоҳад гашт.
Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро, ки марҳилаи якуми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешавад, тасдиқ намуд. Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила татбиқ намудани Стратегияи нави миллии рушд имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсади имрӯза то ба 20 дарсад дар соли 2020 расида, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 дарсад ба 30 дарсад дар соли 2020 баробар гардад.
Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паём аз содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ изҳори нигаронии шадид намуданд, зеро коррупсия зуҳуротест, ки метавонад ҳамаи соҳаҳои ҷомеа: иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсат ва монанди инҳоро ба табоҳӣ бикашад ва амнияти миллиро зери хатари воқеӣ қарор бидиҳад. Президент ба Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш доданд, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Пешвои миллат барои дарёфти роҳу усулҳои нави муассири мубориза алайҳи коррупсия ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистонро даъват намуданд. Дар ҳақиқат, пирӯзӣ бар офате чун коррупсия, танҳо бо кӯшишҳои мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ муяссар намешавад. Бояд ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ба по хезанд.
Ба умеди қонунҳои шадид ва ҷазоҳои сахт шуда, набояд фаромӯш кунем, ки, пеш аз ҳама, худи одамҳоро бояд комил созем, дар рӯҳияи риояи меъёрҳои маънавӣ тарбия намоем, вагарна ба ҷои маъмурини аз кор барканоршуда нафароне меоянд, ки ҳамин гуна ҳарису тамаъкоранд. Гузашта аз ин, вазнин кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва шадид намудани таъсиррасонии ҳуқуқӣ роҳи ягонаи тарбияи инсонҳои ба чунин ҳуқуқвайронукунӣ дастзананда нест, дар ин маврид мо бояд дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳҳо ва воситаҳои нави ҳимояи ҷомеа ва давлатро аз ин хатар пайдо намоем.
Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия нишон медиҳад, ки ба андозаи дилхоҳ паст кардани сатҳи он дар сурати баланд бардоштани неруи иқтисодии кишвар, муҳайё кардани шароити мусоиди ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи қонунҳои пешгирикунандаи чунин зуҳуроти манфӣ, рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ ва эҷоди муҳити тоқатнопазирӣ ба ҳамаи падидаҳои коррупсионӣ муяссар мегардад. Дар ҷаҳон ба рушди ҳақиқии иқтисодӣ танҳо давлатҳое даст ёфтаанд, ки дар онҳо зуҳуроти коррупсионӣ то андозаи камтарин коҳиш дода шудаанд. Маҷлиси намояндагон барои пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бо ин зуҳуроти нангин то ба имрӯз ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуда, дар оянда низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ хоҳад дод.
Пӯшида нест, ки як соли охир бо таъсири якчанд омил баъзе бонкҳои кишвар ба мушкилоти молиявӣ гирифторанд. Ин ҳолат дар байни аҳолӣ ташвишу изтиробро ба амал овардааст. Президент ҳам зимни пешниҳоди Паём иброз доштанд, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ҳам беҳбудии ҷиддӣ металабад.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ, чораҳои фаврӣ андешанд. Ин дастур як таскине, умедворие барои мардуми кишвар шуд, ки робитае ба низоми бонкӣ доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рафъи буҳрони бонкӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳоде «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» манзур намуд. Пешниҳоди мазкур бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, коҳиш додани шиддатнокии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ таҳия шуда, сармоякунонии бонкҳоро бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Маҷлиси намояндагон ҷиҳати татбиқи ин иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба Ҳукумати кишвар ризоят дод.
Вакилони гиромӣ!
Дар давраи ҳисоботӣ як ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 ҷаласаи Шӯро ва 28 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон барпо гардид. Аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, 175 санад қабул шуд.
Дар миёни санадҳои қабулшуда 11 қонуни мукаммал, як кодекс, ду қонуни конститутсионӣ, ҳашт қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 66 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 18 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва 46 созишнома, ёддошт, низомнома, протокол, шартномаҳои байналмилалӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мебошанд. Аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда лоиҳаи 42 адад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 81 адад аз сӯи Ҳукумати кишвар ва 33 адад аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд.
Тибқи муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аввалҳои моҳи октябри соли 2016 оғоз ёфт. Вале бо даъвати Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон мо рӯзи 24-уми август ҷаласаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагонро доир намудем, ки рӯзномаи он танҳо як масъала – лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро дар бар мегирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва он бо тарафдории якдилонаи тамоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил, ислоҳ ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва муҳаббат ба Ватан мебошад. Қонуни мазкур нисбати 12 ҳазор гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшаванда татбиқ карда шуд. Зимнан, дар даврони истиқлолият ин 15-умин лоиҳаи Қонуни авф буд, ки аз тарафи Роҳбари давлатамон пешниҳод гардид.
Ба Иҷлосияи сеюм мо – вакилони Маҷлиси намояндагон бо савгандёдкунӣ ба халқи Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшидем, зеро баъди ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи қисми ҳафти моддаи 49-и Конститутсия узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд менамояд. Дар ин замина ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд ва матни савганд ҳам муқаррар гашт.
Мо бо ёд кардани савганди садоқат ба халқи Тоҷикистон на танҳо ба боварии интихобкунандагони худ расман арҷ гузоштем, балки дар таърихи парламентаризми тоҷик саҳифаи нав навиштем. Қобили зикр аст, ки савганд аз замонҳои хеле куҳан нуқтаи оғози ҳама гуна масъулият дар назди давлату халқ эътироф шудааст. Савганде, ки мо ёд кардем, амиқиву ҷиддияти масъулияти вакилӣ, муқаддасоти ин вазифаи пурифтихор ва мақоми олии намояндагиро бори дигар таъкид менамояд.
Тавре дар боло зикр кардем, дар давоми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар маҷмӯъ 14 қонуни мукаммал қабул кардем, ки дар қиёс ба иҷлосияи дуюм чор адад зиёд мебошад. Дар миёни онҳо аксариятро қонунҳое ташкил мекунанд, ки бори аввал қабул шудаанд. Қабули онҳо як раванди табиӣ ва талаби ҷомеаи муосири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ду қонуни нави конститутсионӣ: «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Маҷлиси намояндагон дар оғози Иҷлосияи сеюм қабул кард, тақозои тағйиру иловаҳои навтарин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи моддаи 65- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад, ҳамчунин мутобиқи моддаи 71-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ ба танзим медарорад. Яъне, ҳадаф аз таҳия ва қабули лоиҳаҳои ин ду қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунгузории кишвар мебошад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, танзим менамояд.
Маҷлиси намояндагон дар оғози Иҷлосияи сеюм, инчунин ҳуҷҷати асосии молиявӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ ва қабул қарор дод. Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии васеи коршиносона қарор гирифт. Дар шароити мушкили иқтисодии кунунӣ ба мо муяссар гардид, ки буҷетро бо дарназардошти ҳамаи уҳдадориҳои иҷтимоӣ қабул намоем. Тағйиру иловаҳое, ки вакилон ба лоиҳаи буҷет ворид намуданд, ба ҳуҷҷати муҳимтарини молиявии давлат тамоили бештари иҷтимоӣ бахшиданд.
Хароҷоти Буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо афзоиши 1 миллиарду 719 миллион сомонӣ, ё 9,5 дарсад зиёд, дар ҳаҷми 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2017 ҳам маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалиятнок ба ҳисоб рафта, танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба ин самт 8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки нисбат ба хароҷоти соли гузашта 8,4 дарсад бештар буда, зиёда аз 52 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти ҷории буҷетро ташкил медиҳад.
Мусалламан, яке аз соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар давоми Иҷлосияи сеюм мо бори аввал дар таърихи қонунгузории тоҷик Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардем. Ҳангоми таҳияи Кодекси мазкур лоиҳаи қонунҳои амалкунандаи соҳаи тандурустии кишвар ва таҷрибаи пешрафтаи қонунгузории ҷаҳонӣ ҳамчун манбаъҳои асосӣ истифода шудаанд. Бо қабули Кодекси мазкур 16 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ аз эътибор соқит гашт.
Мавриди зикр аст, ки минбаъд низ мо бояд раванди ҳуқуқэҷодкунии кишварро ба самти кодификатсияи қонунгузорӣ вусъат бахшем, зеро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ, ки ҳама гуна амалҳои дорои қимат ва арзиш, ҳама гуна муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ бо меъёри қонун муайян ва ҳифз мегарданд, қабули аз ҳад зиёди қонунҳои алоҳида ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷудогона на танҳо фазои ҳуқуқии кишварро мураккаб мегардонад, инчунин истифодаи онро аз ҷониби шаҳрвандон ва татбиқашро аз тарафи мақомоти дахлдор ба маротиб мураккаб мегардонад. Мо қонунҳоро барои шаҳрвандон қабул менамоем. Пас, беҳтар он аст, ки қонунҳо дар шакли маҷмӯа дастраси шаҳрвандон гашта, истифода ва шиносоӣ бо онҳо осон бошад. Дигар ин ки кодификатсияи соҳаҳои қонунгузорӣ аз табиати низоми ҳуқуқии Тоҷикистон бармеояд, ки дар пояи оилаи ҳуқуқии романно-олмонӣ қомат афрохтааст. Бо назардошти гуфтаҳои боло, моро зарур аст, ки дар иҷлосияи навбатӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар намоем.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» бошад, бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба рушди саноат, истеҳсоли масолеҳи ватании ба рақобат устувор ва афзоиши иқтидори содиротии саноат, дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин саноатисозии мамлакат, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таҳия ва қабул гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба мо муяссар гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро, ки яке аз қонунҳои муҳимтарини низоми ҳуқуқии кишвар буда, ба фаъолияти қонунэҷодкунии мо иртиботи қавӣ дорад, дар таҳрири нав омода ва қабул намоем. Қонуни мазкур, ки онро дар аксарияти давлатҳо «қонуни қонунҳо» ҳам ном мебаранд, дар таҳияи низоми ҳуқуқӣ нақши марказиро иҷро карда, раванди таҳия, қабул ва тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян менамояд.
Таъкид бояд намуд, ки қабули ин қонун дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардонидани шакл ва сифати қонунҳо сурат гирифта, ҳадаф аз он бартараф кардани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, мушаххас сохтани субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ва беҳтар кардани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз танзими дахлдори муносибатҳои ҳуқуқии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси пешрафти иқтисодиёт ва низоми дигари бунёдсози кишвар буда метавонад.
Ҳамин гуна метавонем аз хусуси аҳамияти дигар қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар мавриди як қатор қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳарф бизанем, ки барои рушду суботи ҷомеаи имрӯзи мо хеле муҳим арзёбӣ шуданд.
Маҷлиси намояндагон дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавон гуфт, ҳамқадами замон аст. Ба ин маънӣ, дар оянда мо дар асоси «Стратегияи нави миллии рушд барои давраи то соли 2030» бояд ба панҷ самт таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем:
Якум. Таҳияи заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ бояд авлавияти раванди қонунэҷодкунӣ боқӣ монад.
Дуюм. Меъёрҳои нави қонунгузорӣ қабул намоем, ки онҳо ба табдилсозии Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ мусоидати комил намоянд.
Сеюм. Бояд қонунҳои марбут ба низоми иҷозатдиҳиро комилтар созем, сарбории маъмурии соҳибкориро коҳиш диҳем, тартиби иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла додани литсензия, сертификат ва аккредитатсияро осонтар намоем. Ба қонунҳое, ки фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявиро ба танзим медароранд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намоем.
Чорум. Зарур аст, ки манбаи қонунгузориро оид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таҳким бахшем.
Панҷум. Тамоми имконияти қонунгузориро ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи беамон алайҳи коррупсия, бахусус дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, истифода намоем.
Вакилони гиромӣ!
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти парламент ташкили муҳокимаҳои парламентӣ ва семинарҳои омӯзишӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон (аз 11 январи соли 2016), аксари кумитаҳо дар сатҳи Маҷлиси намояндагон ё кумитаҳо муҳокимаҳои парламентӣ барпо намуданд. Вакилон чун ҳамеша масъалаҳои муҳимтарин ва мушкилоти доғи ҷомеаро дар сатҳи баланди касбӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, ба ҳалли як қатор проблемаҳо мусоидат намуданд. Онҳо рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот», «Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016», «Маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар соли 2016», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Рушди авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба риштаи таҳқиқ кашиданд, «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 5 моҳи соли 2017 дар вилояти Суғд» ва «Оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар 9 моҳи соли 2016» андешаву хулосаҳои коршиносона иброз доштанд. Кумитаҳо тавсия ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаҳои муҳокимаҳои парламентӣ қабулшударо таҳти назорати ҷиддӣ гирифтаанд ва аз хусуси иҷрои онҳо аз тарафи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба Маҷлиси намояндагон ахборот ворид мегарданд.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Котиботи назди Кумита оид ба иқтисод ва молия моҳи декабри соли 2016 чор дафъа семинар барои вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Даромадҳои буҷети давлатӣ», 7-уми феврали соли ҷорӣ суҳбати «мизи гирд» бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба муҳокимаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», 29-уми март тренинг/омӯзиш барои мушовирони калони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон оид ба мавзӯи «Таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва амалӣ намудани онҳо дар раванди муҳокимаҳои парламентӣ» ва 30-юми март суҳбати «мизи гирд» дар мавзӯи «Таъсири қонунҳои қабулшаванда ба буҷети давлатӣ» гузаронида шуд.
Котиботи мазкур ҳар моҳ ба воситаи почтаи электронӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагон бюллетенҳои ахборотиро оид ба фаъолияти парламентҳои мамлакатҳои дигар дастрас менамояд. Ба вакилон, ҳамчунин маводи семинарҳо ва таҳлилҳои семоҳа оид ба иҷрои Буҷети давлатӣ ба воситаи почтаи электронӣ сари вақт пешкаш мегарданд.
Вакилони гиромӣ!
Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 388 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 594 нафар шаҳрванд бевосита қабул карда шуд. Аз ҷумла, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 76 нафар ва кумитаву комиссияҳо 506 нафар муроҷиаткунандаро ба ҳузур пазируфтанд. Ба кумита ва комиссияҳо 312 ва ба шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 76 муроҷиати хаттӣ рост меояд. Ҳамчунин, ба Маҷлиси намояндагон беш аз 50 муроҷиати дастаҷамъона, 9 нома аз ҷониби маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 4 муроҷиати хаттии такрорӣ ворид гардидааст.
Аксарияти аризаю шикоятҳо аз рӯи иртибот барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз 11-ум то 20-уми январи соли равон ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд. Дар ҷараёни вохӯрию мулоқотҳое, ки бо иштироки заҳматкашон, фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баргузор гаштанд, вакилони Маҷлиси намояндагон аз рафти татбиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилои дақиқ дастрас карда, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, ҳамчунин дар атрофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ба тозагӣ қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ суҳбатҳо доир намуданд. Вакилон пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагонро дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва барои ҳаллу фасл ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намуданд.
Ариза, шикоят, пешниҳод ва дархостҳо, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид гардидаанд, асосан масъалаҳои норизоятӣ аз санадҳои судӣ, беадолатӣ дар тақсимоти замин, нигаронӣ аз камбудиҳои муассисаҳои ислоҳӣ, соҳаҳои молия, андоз ва бонкдорӣ, таъмини қонуният ва ҳифзи тартибот, ба донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ қабул ё барқарор намудани фарзандон, ба хориҷи кишвар фиристодан ва аз гурӯҳҳои шартномавӣ ба гурӯҳҳои буҷавӣ гузаронидани донишҷӯён, сохтмон ва таъмири мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, беҳсозии ҳолати таъмини оби нӯшокӣ, бо ҷои кор ва манзили зист таъмин намудан, таъин ва бозҳисобии нафақа, ба табобати ройгони тиббӣ фаро гирифтан, таъмиру тармими пулҳо ва роҳҳои минтақавию дохилишаҳрӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва монанди инҳоро дар бар мегиранд. Шумораи аризаю муроҷиатҳои ҳалталаб ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зиёд аст.
Аз ин лиҳоз, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳия ва ташкилоту идораҳои дахлдорро лозим меояд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли дархостҳо ва мушкилоти шаҳрвандон дар доираи ваколату имкониятҳо кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.
Вакилони гиромӣ!
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми Иҷлосияи сеюм муносибатҳои неки ҳамкориро бо созмонҳои парламентии байналмилалӣ, ба монанди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Парламенти Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, парламентҳои кишварҳои аврупоиву осиёӣ, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон рушди тоза бахшид. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон бо сафари расмӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дошт. Дар доираи сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизаде мулоқотҳо анҷом дода, тақвияти муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва масъалаҳои дигарро баҳсу баррасӣ намуданд.
Ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх иброз дошт, ки мо кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Наздик мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он манфиатдорем. Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ҳайати парламентии Тоҷикистонро хеле самимӣ пазироӣ намуд. Ходими Ҳарамайни шарифайн Тоҷикистонро шарики муҳим дар минтақа ном бурда, ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои суръати бештар бахшидан ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳанд.
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи нуҳуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 45 — уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург рафт. Зимни ин сафари расмӣ Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ, Раиси Парламенти Давлати Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ ва чанде дигар аз ҳамтоёни худ мулоқот намуд. Дар дидору гуфтугӯҳо бештар ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачекро, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфта, бо онҳо тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар дидори Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати парламентии Бундестаги Олмон таҳти раёсати Манфред Грунд, ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии раиси комиссияи мазкур Пан Юнхэ, ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Маҷористон таҳти раёсати вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии ин кишвар Петер Сийярто, ҳайати ҳукуматии Давлати Исломии Афғонистон таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии ин кишвар Салоҳиддини Раббонӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал мавзӯи асосии суҳбат тақвияти ҳамкориҳои ҳасанаи дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо маҳсуб мешуд.
Тавре маълум аст, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳоли рушд буда, вохӯрию мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин раванд тақвият мебахшад. Дар ин замина муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳам ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳои байнипарламентӣ ва иштирок дар ҷаласаҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ як қатор сафарҳои хизматӣ анҷом доданд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ дар раъси ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафар карда, дар машварати дуюми раисони парламентҳои АвруОсиё дар мавзӯи «Мусоидат ва ҳамкории байнипарламентӣ барои пешравии умумӣ дар минтақаҳои Аврупову Осиё» иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо даъвати директори Форуми Парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ҳамроҳ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова ва Гулбаҳор Ашурова ба шаҳри Таллини Ҷумҳурии Эстония сафар кард. Ӯ бо директори Форуми Парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Мика Марумото мулоқот анҷом дод.
Мавриди зикр аст, ки дар иртибот ба узвияти Маҷлиси намояндагон ба Анҷумани парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва ҳамкориҳои пурсамари тарафайн се сол пеш дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Хайринисо Юсуфӣ бар дӯш гирифтааст. Маҳз бо тавсия ва мусоидати ҳамин Кумита баҳри беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ ҷиҳати харидории маводи контрасептивӣ ва амалӣ намудани он тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон аз ҷониби Хазинаи трастии Ҷопон 2 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардид.
Хайринисо Юсуфӣ зимни сафарҳои хизматӣ дар шаҳрҳои Копенгагени Дания ва Бишкеки Қирғизистон ҳам дар конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ аз хусуси солимии репродуктивӣ, сиёсати ҷавонон, баробарии гендерӣ, густариши мақоми зан дар ҷомеа, масоили иҷтимоӣ ва рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон суханрониҳо намуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бошад, роҳбари мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардида, дар мушоҳидаи рафти тайёрӣ ва баргузории интихоботи президентии Ҷумҳурии Молдова дар ду давр иштирок намуд. Ӯ қаблан ин рисолатро дар Ҷумҳурии Арманистон муваффақона анҷом дода буд. Ҳамчунин, Акрамшо Фелалиев бо раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев дар шаҳри Санкт-Петербург дар кори Конгресси байналмилалии экологӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Нақши сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули муҳити мусоиди экологӣ дар Тоҷикистон» ва «Низоми таҳсилоти экологӣ ва равшаннамоии аҳолӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳои пурмуҳтаво доштанд.
Бо даъвати Парламенти Аврупо ва Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкориҳои парламентии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули вакилон Шариф Раҳимзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Олимҷон Бобоев, Бибидавлат Авзалшоева, Бадриддин Садриддинов, Шарофиддин Сироҷов, Хайрулло Суфиев, Ҷаббор Ахмедов ва Ҳокимҷон Холиқов ба шаҳри Брюссел сафар намуданд. Зимни ин сафар вохӯрии Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои марбут ба муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва байнипарламентӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ҳайати вакилони мо бо ноиби Президенти Парламенти Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Ришард Чернитский вохӯрӣ анҷом доданд. Вакилон дар ҷаласаи 5-уми Кумитаи ҳамкориҳои парламентии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар масъалаҳои гуногун баромадҳо намуда, ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкориҳои парламентии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар семинари «Ҳафтаи ҷаҳонии об» дар шаҳри Стокголми Шветсия иштирок ва суханронӣ намуд.
Барои иштирок дар ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода ва узви ҳамин кумита Анвар Тағоймуродов ба шаҳри Чолпон — Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.
Ҳайати бонуфузе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт — Петербург дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон, назорати буҷет ва ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонон, инчунин дар кори чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи Байнипарламентӣ ва 15-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштироки фаъолона дошт. Ба барномаи фарҳангии чорабинӣ ҳунарнамоии вакили мо Миралӣ Достиев ҳусни тоза бахшид.
Дар ин замина иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасӣ ва қабули қонунҳои моделӣ дар Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бағоят муҳим арзёбӣ мегардад. Вакилони мо ба ҳайси раис ва муовинони раисони комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самаранок фаъолият намуда, ҷаласаҳои комиссияҳоро бо дарки баланди масъулият ва комилан мутобиқи талаботи «Низомномаи Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентӣ» роҳандозӣ карданд. Вакилон Эмомалӣ Насриддинзода, Лутфия Раҷабова, Абдураҳим Холиқзода, Раҳим Шарифзода ва Рустам Латифзода қонунҳои моделиро дар ҷаласаҳои пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ дар сатҳи баланди касбӣ муаррифӣ намуданд.
Бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок муттаҳид намудани фазои ҳуқуқии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рӯзномаи нақшаи кории Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ масъалаи омода кардани «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии соҳаи қонунгузории сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ» ворид гардида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Барномаи «Ҷаҳони боз»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов, Қиёмиддини Миралиён, Бахтовар Сафарзода, Дилрабо Мансурӣ, Гулбаҳор Назирӣ ва Ҳокимҷон Холиқовро ба штатҳои Вашингтон ва Вермонти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кард. Дар ҷараёни ин сафар онҳо аз палатаҳои парламенти ИМА боздид намуданд, бо аъзои Сенат ва вакилони Конгресс вохӯриҳо анҷом доданд ва табодули маълумоту таҷриба карданд.
Бо даъвати Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар сафари омӯзишӣ барои занони сиёсатмадори Тоҷикистон дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила, илмомӯзии ҷавондухтарон, қатъномаи 1325 СММ ва квотаи гендерӣ» узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилрабо Мансурӣ ба давлати Финляндия сафар намуд. Дар номаи ба унвони Маҷлиси намояндагон навиштаи роҳбари Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Туула Юрёля зикр шудааст, ки вакили мо дар мубоҳисаҳои ин сафари омӯзишӣ на танҳо ширкати хеле фаъолона дошт, балки ҳамчунин дастовардҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои баробарии гендерӣ бо далелҳои муътамаду мушаххас рӯнамоӣ кард.
Бо даъвати Раиси Меҷлиси Туркманистон Агҷа Нурбердиева барои иштирок дар Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд: таҷрибаи миллӣ ва рушди ҷаҳонӣ» муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабов ба шаҳри Ашқобод сафар намуд. Ӯ дар мавзӯи «Дурнамои инкишофи давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ кард. Ҳамчунин, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнуддин Сафаров дар шаҳри Санкт – Петербург дар Конгресси шашуми байналмилалии «Бехатарӣ дар роҳҳо ба хотири бехатарии ҳаёт» иштирок намуда, дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар боло бурдани бехатарии ҳаракат дар роҳ» суханронӣ кард.
Бо даъвати Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вакилон Нурулло Оқилзода, Баҳром Абдуалимов, Мирзодавлат Сабурзода, Хусрав Абдуназар ва Аҳматҷон Қобилов дар мушоҳида ва баргузории интихоботу раъйпурсиҳо дар Федератсияи Россия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Инчунин, вакилон Шариф Раҳимзода ҷиҳати иштирок дар конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Ислоҳот оид ба муомилоти таъминшуда: беҳбудӣ ва мушкилот» ба шаҳри Боку, Рустам Латифзода барои ширкат дар Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони: «Тағйирёбии иқлим ва ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи барномаи рушди устувори Осиёи Марказӣ» ба шаҳри Ашқобод, Лутфия Раҷабова ҷиҳати иштирок дар сафари омӯзишӣ оид ба таҳсилоти томактабӣ ва рушд ба давлати Шветсия, Абдуғаффор Раҳмонзода барои ширкат дар семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи «Идоракунии самараноки таъминоти оби нӯшокӣ ва ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатӣ дар ин самт» ба шаҳри Ҳелсинкии Ҷумҳурии Финляндия, Гулнора Бобоева ҷиҳати иштирок дар конфронс оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ба шаҳри Венаи давлати Австрия, Ҷамшед Муртазоқулов ва Равшан Раҷабов бо сафари таълимӣ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ба шаҳри Вашингтони ИМА, Амрихудои Дамдор ҷиҳати иштирок дар конфронси «Навгониҳои идорӣ дар сектори идораи давлатӣ» ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия, Қиёмиддини Миралиён барои ширкат дар Форуми байналмилалии рушди сиёсати миллӣ дар самти таҳсилоти ҷавонон ва калонсолон дар доираи ҳадафи 4-уми «Стратегияи рушди устувор» ба шаҳри Бангкоки давлати Таиланд, Гулбаҳор Ашурова ҷиҳати иштирок дар конфронси минтақавӣ дар масоили тандурустӣ ва омилҳои пиршавии аҳолӣ ба шаҳри Ханойи Ҷумҳурии Ветнам, Нурулло Оқилзода барои шиносоӣ ва омӯзиши таълимоти инклюзивӣ ба шаҳри Лиссабони Португалия, Баҳодур Акрамзода барои ширкат дар конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Нақши парламентҳо дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор» ба шаҳри Киеви Украина, Иброҳим Абдуллозода ва Ҳокимҷон Холиқов ҷиҳати иштирок дар Анҷумани аввалини Осиёи Марказӣ оид ба ғизо ба шаҳри Улан — Батори Муғулистон, Фирӯза Шарифӣ барои ширкат дар давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши занону ҷавонон дар пешгирии низоъҳо дар Осиёи Марказӣ» ба шаҳри Алмаато сафар намуданд.
Тибқи супориши Раиси Маҷлиси намояндагон, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Каром оглу Гасанов, сафири Фаластин Муҳаммад Абдулло Таршоҳонӣ ва директори департаменти Вазорати корҳои хориҷии Британия Майкл Тетҳам мулоқотҳои корӣ анҷом дод.
Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ қариб 50 қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои расмии ба Тоҷикистон ташрифоварда, бо сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои созмонҳову муассисоти байналмилалӣ дар сатҳи баланди протоколӣ баргузор шуд.
Вохӯрию мулоқотҳо ва сафарҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели муътамади тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар арсаҳои мухталифи байналмилалӣ буда, шаҳодати он аст, ки Маҷлиси намояндагон баҳри мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарламентӣ ва баланд бардоштани нақши мақоми олии қонунгузори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва намоён намудани мавқеи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни созмонҳои байнипарламентӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дӯстони арҷманд!
Дар давоми Иҷлосияи сеюм инъикоси фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» қобили таҳсин буд. Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, муҳокимаҳои парламентӣ, қабулҳои расмии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, сафарҳои кории вакилон ба кишварҳои хориҷа ва иштироки онҳо дар форумҳои байналмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳи нашрия қарор доштанд.
Байни вакилони мардумӣ, мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва рӯзномаи «Садои мардум» ҳамкории густурдаи эҷодӣ роҳандозӣ гаштааст, ки танҳо ба манфиати кор аст ва бояд тақвияти бештар пайдо намояд.
Дар ин муддат инчунин 34 барномаи «Соати парламентӣ» ба воситаи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва 36 «Соати парламентӣ» тавассути шабакаи «Ҷаҳоннамо» пахш гардиданд. Дар ин барномаҳо маводи ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ба тамошобин ба таври муфассал шарҳ дода шуданд, ки ин барои шинохти рисолати Маҷлиси намояндагон хеле муҳим мебошад.
Оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон хабаргузориҳои дохилию хориҷии «Ховар», «Азия-плюс», «Авеста», «ИТАР-ТАСС», «Мир», «Франс-Пресс», «Озодагон», «Тоҷнюс», «Озодӣ», «Би-Би-Си», «Фараж», «Миллат», «Имрӯз-нюс», нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Тоҷикистон» ва дигарон ҳам садҳо хабару гузориш интишор карданд, ки аксарашон воқеъбинона буданд. Мо аз инъикоси фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар нашрияҳо, радиоҳо ва шабакаҳои телевизионии кишвар, ки асосан аз тарафи хабарнигорони парламентӣ сурат мегирад, дар маҷмӯъ, қаноатмандем. Вале ҳамзамон бар ин назарем, ки ҳамкориҳо тавсеаи ҷиддӣ мехоҳанд.
Шумо, журналистони гиромӣ, асосан дар бораи иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон ва мулоқотҳои вакилон бо интихобкунандагон матлаб омода менамоед. Барои инъикоси пурратари фаъолияти қонунгузорӣ мо шуморо ба муҳокимаҳои парламентӣ, ҷаласаҳои саркумитаҳо, соатҳои парламентӣ ва чорабиниҳои дигари Маҷлиси намояндагон низ даъват менамоем.
Вакилони мо, ки дар байни онҳо се академик ва 30 доктору номзади илм, шумораи зиёди роҳбарони собиқи вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ҳастанд, омодаанд ба хонандагон, шунавандагон ва бинандагони расонаҳои шумо муҳтавои қонунҳо, барномаҳо ва созишномаҳои навро коршиносона шарҳ диҳанд, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро бо тамоми нозукиҳояш фаҳмонанд. Вақте ҷомеаи кишвар моҳияту мақсади қонунҳоро дуруст мефаҳмад, татбиқи онҳо осонтар мегардад.
Дар комилу рангин гаштани фаъолияти Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон кормандони Котибот ва шуъбаҳои дигари Дастгоҳ чун ҳамеша саҳми зиёд гирифтанд. Метавон гуфт, ки фаъолияти Дастгоҳ дар давраи Иҷлосияи сеюм ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон ва Низомномаи худи Дастгоҳ комилан посухгӯ буд.
Ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати ободонии ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои идора бошад, қобили дастгирӣ ва шоистаи таҳсини алоҳида аст. Ҳамзамон, роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро мебояд, ки ҷиҳати афзудани донишу таҷриба ва малакаи кории хизматчиёни давлатии Дастгоҳ, бахусус мушовирони калони кумитаҳо, тадбирҳои муассир андешад.
Вакилони гиромӣ!
Дар маҷмӯъ ба иҷлосияи сеюм чунин вижагиҳо хос буданд:
- суръати баланди ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла дар байни вакилони мардумӣ;
- ҳамкориҳои созанда миёни кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, байни парламент ва Ҳукумат;
- робитаҳои фаъоли байналмилалӣ;
- муколамаи пурмаҳсул бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Дар қафои ин ҳама вижагиҳои корӣ ва маълумоти оморӣ, ки дар назар хушку орӣ менамоянд, дар асл ҷараёни воқеии иҷрои вазифаҳои муҳими вакилони мардумӣ ва рушди парламенти касбии кишвар, ҳамчунин садҳо мулоқот, таҳлили амиқи проблемаҳо, таклифу пешниҳодҳои судманд, иродаи мардум дар сатҳи қонун, ҷустуҷӯи чораҳову пешниҳодҳои беҳтарин, мубоҳисаҳои пуршӯр ва, албатта, рӯҳия ва эҳсосоти инсонӣ нуҳуфтаанд.
Замони Иҷлосияи сеюм танҳо рӯзҳои кории парламент набуд. Метавон гуфт, он 271 рӯзи умри мо буд, ки ба пешаи интихобкардаамон бахшида шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ифтитоҳи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон таъкид намуда буданд, ки қонунҳои мо бояд бо дарназардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Дар ҳошияи суханони Пешвои миллат ва вижагиҳои фаъолияти парлумони касбӣ мехостам чанд андешаи худро нисбат ба фаъолияти минбаъдаи парлумони касбӣ ва вазифаҳои иҷлосияи оянда манзури шумо намоям.
Вакилони арҷманд, Тоҷикистон дар марҳилаи таҳаввулоти таърихии инсоният истиқлолият ба даст оварда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ гардид. Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи кишвар корҳои зиёди созандагиро анҷом дода ва ба таҳдидҳои таърихӣ ҷавоб гуфта, ба миллат сулҳ, ваҳдат ва мустақилияти сиёсӣ оварданд. Парламент низ бо таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар дар ин созандагиҳо ҳамеша ҳамроҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳаст. Вале мо ҳанӯз ба ҳамаи мақсадҳои худ нарасидаем ва ҳамаи мушкилиҳои дарпешистодаро рафъ накардаем. Гузашта аз ин, тавре Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо ҷавонон гуфтанд, «давлатсозии мо ҳанӯз идома дорад».
Дар назди давлати мо як қатор проблемаҳои муҳим истодааст, ки имрӯз ва ояндаи ҷумҳурӣ ба ҳалли онҳо вобастагии сахт доранд. Аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат ва ҳуқуқ ба шумор мераванд, ки таъсири онҳо ба низоми қонунгузорӣ ва шаклгирии ҳуқуқи миллӣ аллакай эҳсос мегардад.
Ҷумҳурии мо, чун дигар давлатҳо, роҳҳои ноил шудан ба некуаҳволӣ ва шукуфоии ҳаёти шаҳрвандонро ҷустуҷӯ менамояд. Бо ин мақсад ҳуқуқ таҷдиди назар шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, ки бояд ба эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намоянд, фароҳам оварда мешаванд. Сарчашмаҳои асосии ислоҳоти ҳуқуқ, тавре илм муайян намудааст, таърихи ҳуқуқ, таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва тафаккури пешқадами ҳамзамонон маҳсуб меёбанд. Тамоми он манбаъҳое, ки тараннумгари тараққиёт ва инқилоби илмӣ ба шумор мераванд, дар ниҳоди халқи тоҷик мавҷуданд. Яъне, мо халқи аз назари маънавӣ ва захираи илмӣ камбағал нестем. Баръакс, дорои таҷрибаи ғании таърихӣ бо захираи тиллоии ғояҳои ҳуқуқӣ, заминаи ҳуқуқии эҷоди давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ ва олимони бузург дар паҳнои низоми ҳуқуқии кишвар мебошем.
Вале ба назар чунин мерасад, ки такяи сиёсати қонунгузорӣ ба ин омилҳо на ҳамеша муваффақона аст. Ин аз он ҷиҳат рух медиҳад, ки одатан на ҳама омилҳои рушди низоми қонунгузорӣ, балки яке аз онҳо ба назар гирифта шуда, афзалият касб мекунад ва имконҳову манбаъҳои дигар аз назар ноаён монда, ғизои мазмуни қонунгузорӣ дар ниҳояти кор заиф мегардад.
Барои тамоми сарчашмаҳо иттикои мувофиқ лозим аст. Дар мо мизон ба фоидаи таҷрибаи пешқадами ҳуқуқӣ таҳти таъсири «ғарбгароӣ» афзалият касб кардааст. Ин, албатта, то ҷое хуб аст, вале аз ҳад зиёд ба ин манбаъ пойбанд шудан моро метавонад аз воқеияти ҳаёти ҳуқуқӣ ва фарҳанги асили миллӣ, ки бо ахлоқ ва одоби хос пироста аст, дур намояд. Ин дар ҳолест, ки Пешвои муҳтарами миллат таъкид намуданд: «Ҳар як фарҳанг арзиши беназир дошта, онро бояд эҳтиром ва ҳифз намоем, зеро рушди фарҳанги худ ҳуқуқ ва қарзи ҳар як халқ мебошад».
Рӯҳия ва табиати қонунҳо бояд ба фалсафаи ҳаёт, урфу одатҳо ва анъанаҳои халқҳо ҷавобгӯ бошанд, аз зиндагии мардум зуҳур кунанд ва ба рафъи мушкилиҳои ҳаёти эшон кумак намоянд. Дар ин кор мо набояд ба тақлиди беҷои қонунҳо ва ба таклифу дархостҳои тарғибгарони хориҷии интиқоли арзишҳо дода шавем, зеро мо қонунро барои саодати халқи худ қабул менамоем.
Вақте мо ягон қонуни як кишвари пешрафтаро мехоҳем ба низоми ҳуқуқии худ ворид созем, ба мо зарур аст, ки тамоми нуктаҳои онро дар тарозуи манфиати миллат ва давлат гузошта, мувофиқати онро ба табиати ҳуқуқии низоми ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ ташхис намоем. Ҳама гуна тақлиди бидуни ташхис ва таҳлил дар таҳияи қонунҳо чун нуқс дар фазои ҳуқуқӣ зуҳур карда, меъёрҳои он ба ҳаёти воқеӣ роҳ намеёбанд. Ин ҳолат дар ниҳояти кор на танҳо тантанаи қонуният ва адолатро мушкил мегардонад, инчунин бовариро ба ҳуқуқи инсон коҳиш дода, нигилизми ҳуқуқиро дар ҷамъият ба вуҷуд меорад.
Ҳамаи мо айни ҳол масъулем, ки дар раванди ҷаҳонишавии масъалаҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ мавқеи худро пуштибонӣ намоем. Ин вазифаи муқаддаси парламенти касбӣ ҳаст ва хоҳад монд.
Имрӯз агар мо манфиатҳои миллӣ ва сиёсии кишварро ҳифз накунем ва пояҳои истиқлолияти давлатиро устувор нагардонем, фардо насли ояндаи мо дар баробари мушкилиҳои нав истодагарӣ карда наметавонад. Мазмуни аслии фаъолияти мо ҳам дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, заҳмату талош барои шукуфоии бештари кишварамон ва сазовор будан ба боварии мардуми шарифи Тоҷикистон — интихобкунандагони азизи мо мебошанд.
Мо, вакилони мардумӣ, ба зиндагӣ бояд бо чашми сокинони одии кишвар назар андозем. Қонунҳои Тоҷикистон бояд ба ҳар як шаҳрванди қонунписанд фаҳмо бошанд ва зиндагии онҳоро беҳтар намоянд, зеро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар оянда низ ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии давлат боқӣ мемонад.
Умед дорам, дар давоми иҷлосияҳои минбаъдаи даъвати панҷум низ мо метавонем худро ҳамчун командаи воқеан ҳирфаӣ ва уҳдабаро нишон диҳем.
Ба ҳамаатон саломативу сарбаландӣ таманно дорам.