7-уми марти соли 2024 дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бонувони парлумони касбии мамлакатро табрик гуфт.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки ҳар яки шумо — ҳозирини гиромӣ ва дар симои шумоён тамоми модарону бонувони иззатманди кишварро ба ифтихори ҷашни фархунда — Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Воқеан ҳам, модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ нодиртарину меҳрубонтарин фард барои ҳар як инсон буда, ҳеҷ як нафаре ҷойи ӯро иваз ва гармии муҳаббати беохиру ширинии лафзу гуфтори ӯро баёну эҳдо карда наметавонад.
Ҳамин аст, ки сифоти бузургию хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва заҳматҳои ҷуброннашавандаи ӯ дар ҳама давру замон аз ҷониби фарзандону пайвандон ва давлатмардону сиёсатмадорони ҷаҳон бо эҳтироми махсус арзёбӣ гардида, қадру қимати модар вориди санадҳои илмию адабӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ шудаанд.
Пайдост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон калимаи «модар»-ро ба забон оварда, ба мақому манзалати зан арҷ мегузоранд, бо эҳсоси баланди инсонӣ аз назокату нафосат ва лаҳни ширину лаҳзаҳои рангини рӯзгори модар ёдовар мешаванд ва барои дар хидматашон пайваста камари ҳиммат бастан таъкиду ҳушдорҳои пурҳидояту пуррисолатеро рӯи забон меоранд.
Дарвоқеъ, модар сабабгори ҳастии инсоният ва қавму миллатҳо буда, хислатҳои накутарини инсониро дар сиришташ бо шири поки худ ҷой медиҳад.
Албатта, барои мо ҷойи ифтихор аст, ки модари тоҷик чунин шахсияти нотакрору беназирро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳадя кардааст, ки ӯ наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатсозии муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, меъмори кохи бузурги давлатдории навини тоҷикон мебошад ва то ба имрӯз ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар хидматҳои бемислу мондагори таърихиро анҷом додааст. Ин ҳолати гувороест, ки мардум ба Пешвои худ фаротар аз худ бовару эътимод доранд.
Маҳз, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ — мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроияю судӣ ва тамоми сохтору мақомоти дигари давлатию ҷамъиятӣ бомаром афзуда истодааст.
Имрӯз занон дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Албатта, минбаъд низ боварии мо аз занону модарони арҷманд аст, ки онҳо рисолати ҳамешагии хеш – тарбияи зебоӣ ва ҳалолкорию поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии ӯ, поси заҳматҳояш қарзи ҳар як инсони бошараф ва бонангу номус аст.
Мо дар сурате ба пирӯзию комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзию ғамхориҳои ӯ расем.
Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқию самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
- Занону модарони азизи мо дар танзими расму оинҳои мардумӣ, пешгирӣ кардани амалҳои номатлуби зоҳирпарастию исрофкорӣ, дар маҷмӯъ, ба риоя ва татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми бориз доранд, — иброз намуд М. Зокирзода.
Занону модарони мо, инчунин, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург мебозанд.
Итминони комил дорам, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азалию таърихиро минбаъд низ бо сарбаландӣ иҷро хоҳанд кард.
Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Қосимӣ Файзулло, Абдуҳалим Ғаффоров, сардори раёсати тарҷума, таҳрир ва нашр Камол Қурбониён баромад намуда, роҷеъ ба нақш ва манзалати зан дар ҷомеа сухан гуфтанд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ