Сеюми ноябри соли 2015 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷаласаи васеи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Акрамшо Фелалиев ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки вобаста ба пайомадҳои экологии солҳои охир ҳам дар сатҳи глобалӣ ва ҳам минтақавию миллӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Маҳз бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои экологӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёт соли 2010 дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи экологӣ таъсис ёфта буд.
Мақсади асосии Комиссия мусоидат ба танзими фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди иқтисодиёт тавассути такмилу таҳким бахшидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо дарназардошти моҳияти ин масъалаҳо нақши бузурги ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти экологӣ, устувор гардидани мақом ва сиёсати созандаи экологӣ ва обию энергетикии кишвар Комиссияи экологӣ дар даъвати панҷум низ фаъолияташро идома дода, ба нақшаи кор баррасии якчанд масъалаҳои мубрами экологиро ворид намудааст.
Масъалаҳои обию энергетикӣ дар робита бо такмили қонунгузории соҳа, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои асосие мебошанд, ки ҳамчун масъалаҳои меҳварӣ дар фаъолияти Комиссия қарор хоҳанд дошт. Муҳити зист сарҳадро намеписандад. Имрӯз таъсири байнисарҳадии давлатҳо ба ҳамдигар мавзӯи мубрам шудааст.
Мушкилоти об ва истифодабарию таъмини он, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти давлатҳо аз ҷумлаи масъалаҳои мубрам боқӣ мемонанд. Ҳарчанд захираҳои об дар табиат барқароршавандаанд, афзудани аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт талабот ба обро дар ҷаҳон бештар намудааст. Дар минтақаи иқлимаш хушки Осиёи Марказӣ, шароити равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ва дар ҳоле ки ин захираҳо ғайриоқилона истифода мешаванд, ин мушкилот ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ баромадааст.
Дар шароити нави муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ба моҳияти захираҳои об ва иншооти бузурги гидротехникӣ, ки барои Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ заминаи асосии рушди устувор дониста мешаванд, аз диди нав ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ бояд назар кард.
Баъди сухани ифтитоҳии Акрамшо Фелалиев аъзои Комиссияи экологӣ ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ карданд. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба масъалаи якуми рӯзнома — «Тоҷикистон: сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ» суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки норасоии об имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба яке аз мушкилоти асосӣ табдил ёфтааст ва эҳтимол то соли 2030 беш аз 62 фоизи аҳолии сайёра ба ин масъала мувоҷеҳ шаванд. Ба хотири пешгирӣ аз ин ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло иқдомҳои тоза пиёда менамояд ва яке аз онҳо Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва дар ин доира то ду баробар кам кардани шумораи аҳолии ба оби тоза ниёздошта мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ин ҳадаф то соли 2015 то андозае амалӣ шуд ва акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи амалӣ кардани ҳадафҳои нави вобаста ба ҳалли мушкилоти норасоии об мебошад.
Ин ҷо мехоҳам се ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба ин масъалаи муҳим — эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки дар доираи чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд дар форумҳои ҷаҳонии об пешниҳод шуда буданд, ёдовар шавам. Ин ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон мавриди дастгирии сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд ва давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаҳо бештар гардид.
Ин ташаббусҳо аз куҷо пайдо шуданд? Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад ва манбаъҳои фаровони энергетикии кишварамон низ аз захираҳои об сарчашма мегиранд. Ҳадаф аз пешниҳоди чунин ташаббусҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ муаррифии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари дорои захираҳои бузурги об ва имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва гирдоэнергетика мебошад. Дар натиҷа, имрӯз барои ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати аз захираҳои обӣ ва энергетикӣ бой муаррифӣ мешавад.
Ҳамчунин иттилоотонии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ ҷиҳати рушди истифодаи захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ аз тариқи ин гуна пешниҳоду ташаббусҳо бисёр бамавқеъ ва саривақтӣ мебошад. Бинобар ин, Сарвари давлатамон чунин иқдомҳоро хеле ҳам ҳадафрас ва аниқ муаррифӣ карданд ва мо тавонистем тавассути чунин иқдомҳо ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ мустаҳкам намоем.
Вобаста ба татбиқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардид ва дар чорабинии охирине, ки моҳи июни соли равон баргузор шуд, Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, сарвазирони як қатор кишварҳо ва дигар меҳмонони баландпоя иштирок карданд. Ин ҳамоиш ба хотири натиҷагирӣ аз Даҳсолагии байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) баргузор гардид ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи раванди масъалаҳои байналмилалии об эътироф шудааст.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имсол дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, ки даҳсолаи оянда — Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор» эълон карда шавад.
Тавассути ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ низ фаҳмиш ва дарки ин масъала бештар шуда, махсусан дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ин таваҷҷуҳ боз ҳам зиёд гардид. Созмони Милали Муттаҳид низ дар ин хусус якчанд иқдом амалӣ намуд ва дар ин замина механизми ташкил кардани захираҳои обро тасдиқ ва ба амалӣ кардани он пардохт.
Дар идома муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба масъалаҳои сиёсати обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақавӣ ва миллӣ сухан ронда, минҷумла зикр кард, ки масъалаҳои мазкур ҳоло ба проблемаи мубрам табдил ёфтааст ва кишварҳои минтақа баҳри ҳалли одилонаи он саъй мекунанд. Сарчашмаҳои дохилии захираҳои обии ҷумҳурии моро оби дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо ташкил менамоянд ва истифодаи оқилонаю пурманфиати онҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувори иқтисодиёт аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода доир ба масъалаи дуюми рӯзнома — «Масъалаҳои экологии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоҳизаронӣ карда, изҳор дошт, ки масъалаҳои экологӣ бояд дар маркази диққати ҳукуматҳои кишварҳо, ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ қарор дошта бошад, чунки мушкилоти экологӣ ҳатман аз як кишвар ба кишвари дигар гузашта, характери минтақавию глобалӣ касб мекунад.
Давлатҳои донор, институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳар сол маблағи зиёдро барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои экологӣ равона мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла бо кишварҳои ҳамсоя, диққату эътибори ҷиддӣ медиҳад, зеро мушкилоти экологии минтақавии Осиёи Марказӣ бояд дастаҷамъона, бо кӯшишу талоши ҳамаи ҷонибҳо ҳал гарданд.
Барои пешбурди фаъолияти муштарак ва зина ба зина осон гардонидани мушкилоти мавҷудаи экологии минтақавӣ Комиссияи байниҳукуматии иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар институтҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки дар доираи онҳо масъалаҳои истифодаи захираҳои об, бехатарии экологӣ, тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баррасӣ мегарданд, мавқеи тарафҳо муайян мешавад ва дар фаъолияти корӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳои тӯлонӣ оид ба масъалаи сохтмони НБО-и «Роғун» нофаҳмоию гуногунандешиҳо вуҷуд дошт. Экспертизаи байналмилалии НБО-и «Роғун» чор сол давом кард ва натиҷаҳои он моҳи июли соли 2014 интишор гардид. Дар арзёбии байналмилалии экологӣ ва иҷтимоии таъсири НБО-и «Роғун» зикр гардидааст, ки лоиҳаи мазкур барои муҳити зисти Тоҷикистон ва минтақа дар маҷмӯъ безарар буда, «оқибатҳои бештари сохтмони НОБ-и «Роғун» хеле кам ва ба осонӣ бартарафшавандаанд». Дар арзёбии техникию иҷтимоии ташкилотҳои байналмилалии ба ин кор машғул зикр гардидааст, ки минтақаи интихобшудаи иншоот, агарчӣ аз нигоҳи сейсмикӣ мураккаб бошад ҳам, барои сохтмон мувофиқ буда, аз нигоҳи иқтисодӣ сарбанди 330 — метра манфиатбахш арзёбӣ мегардад ва барои истеҳсоли 3600 мегаватт/соат қувваи барқ имконият медиҳад.
Майдони дигари ҳамкориҳои байнидавлатӣ ин Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дусолӣ раисӣ мекунад. Солҳои 2014 — 2015, дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чаҳор ҷаласаи ин комиссия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва як қатор масъалаҳои экологӣ баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Масъалаи дигаре, ки дар он давлатҳои ҳамсоя — Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкории доимӣ доранд, ин аз миён бардоштани масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосфера мебошад. Тибқи Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо фармоиши раиси Кумита аз 16 июли соли 2015, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи механизми назорати мутақобили экологӣ дар корхонаҳои саноатии наздисарҳадӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита таъсис дода, ин кор дар корхонаҳои саноатии наздисарҳадӣ омӯхта шуд. Ҷониби Ӯзбекистон аз ифлоскунии ҳавои атмосфера аз тарафи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» доимо эътироз мекард. Солҳои охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мувофиқи меъёрҳои иҷозатдодашуда дар ҳудуди 22 — 23 ҳазор тонна моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳаво мепартояд, ки он аз партовҳои иқтидори аслии корхона (дар солҳои 1997 – 1998), ки 37457 тоннаро дар як сол ташкил медод, 1,5 -2 маротиба кам аст.
Натиҷаи ташхисҳои давоми моҳҳои апрел, июн, августи соли ҷорӣ гузаронидаи Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии санитарӣ — саноатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лабораторияи соҳавии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» далели онанд, ки партовҳои заҳрнок дар дохили корхонаи алюминийбарорӣ дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда қарор доранд. Дар хатти санитарӣ – муҳофизатии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бошад, консентратсияи партовҳо аз меъёри тасдиқшуда 5 -10 маротиба кам мебошад. Дар даҳ мавзеи гирду атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» низ консентратсияи фториди гидроген аз меъёрҳо 8 -10 маротиба кам аст. Солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби давлати ҳамсояи Ӯзбекистон эътирозҳо оид ба таъсири партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» қариб дида намешавад.
Аз даҳ нуқтаи ноҳияҳои наздисарҳадии Спитамен, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва шаҳри Истиқлол ҳар семоҳа барои муайян кардани НF (ҳидрогени фтор) ва моддаҳои сахти ҳалнашаванда, инчунин барои муайян кардани фулузоти вазнин дар об, оби барф ва хок намунаҳо гирифта, ташхис гузаронида мешавад. Дар ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод (таъсири ҳудуди корхонаҳои маъдангудозӣ, партовгоҳи заводи маъдангудозӣ, истеҳсоли зарфҳои сирдор ва сементбарории шаҳри Бекобод) фулузоти вазнин дар об: руҳ (Zn) -3,6 маротиба, сурб (Pb) -1,2 маротиба аз меъёр зиёд мушоҳида карда шуд.
Аз даҳ мавзеи ноҳияҳои наздисарҳадӣ намунаҳои хок гирифта, дар таркиби намунаҳои хок миқдори фулузоти вазнин, ба монанди мис (Cu), руҳ (Zn), оҳан, (Fe), хроми шашвалента (Сr), сурб (Pb), фтор (F) ташхис карда шуд ва аз меъёр зиёд будани нишондодҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ноҳияи Ашт фулузоти вазнин дар об: руҳ (Zn) – 2,2 маротиба, оҳан (Fe) -0,4, сурб (Pb) -1,1 маротиба аз меъёр зиёд мушоҳида гардид. Натиҷаи ченкунии гамма — афканишот, баъди гузаронидани санҷиш маълум намуд, ки сатҳи радиатсионӣ дар ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ аз меъёр зиёд нест.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳо аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази обуҳавошиносии Ӯзбекистон «Барномаи ҳамкорӣ оид ба мубодилаи маълумоти обуҳавосанҷӣ барои солҳои 2014 ва 2015» ба имзо расида, мавриди амал қарор дода шудааст.
Тибқи ин Барнома, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумоти сатҳ ва миқдори об дар дарёҳои Сир, Вахш, Панҷ ва Кофарниҳонро аз шаш стансияи гидрометеорологӣ пешниҳод менамояд. Дар навбати худ Маркази обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро оид ба сатҳ ва миқдори оби Амударё, сатҳи обанбори Туямуюн аз нуҳ стансияи гидрометеорологӣ, вазъи обу ҳаво, миқдори ҷамъшавӣ ва захираҳои барф, хавфи офатҳои (ҳодисаҳои) гидрологиро пешниҳод менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъминоти мардум бо оби ошомиданӣ дар ҷойҳо ва истифодаи самараноки захираҳои об диққати махсус дода, онро то сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бардоштаанд. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби аксарияти кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд ва чандин чорабиниҳои бонуфузи умумиҷаҳонӣ доир ба ин масъалаҳо, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо низ гузаронида шуданд.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об дар ҷаҳону минтақа ҷойи намоёнро ишғол мекунад, вале, мутаассифона, қисми аҳолии ҷумҳурӣ то ҳол аз норасоии обӣ нӯшокӣ танқисӣ мекашад. Барои ҳалли ин мушкилот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ҳадафи асосии «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008 — 2020» низ аз беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокии ба саломатии инсон безарар, пешгирии паҳншавии касалиҳои сирояткунанда иборат буда, самтҳои асосии ҳалли масъалаҳои санитарию экологии сохтмон, азнавсозӣ ва барқарорсозии системаҳои мутамаркази шабакаҳои обтаъминкунии деҳот, таъмин ва муҳофизати минтақаи санитарии сарчашмаҳои обтаъминкунӣ, истифодаи сарфакоронаи об, пешгирии ифлосшавӣ ва талафот, безараргардонии оби нӯшокӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиро дар бар мегирад.
Баррасии ҳифз ва истифодаи захираҳои об дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ дар ҷаласаи Комиссияи экологӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки вакилони мардумӣ, сохторҳои алоҳидаи Маҷлиси намояндагон бо масъулияти хоса мехоҳанд барои беҳтар шудани вазъи экологии ҷумҳурӣ ва минтақа саҳми босазо гузоранд. Бо истифода аз фурсати муносиб, аз вакилони мардумӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ: «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019», «Барномаи барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 -2016», «Барномаи мониторинги муҳити зист барои солҳои 2013 -2017», «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ғайраро таҳти назорати худ қарор диҳанд ва рафти иҷрои онҳоро дар ҷаласаҳои Комиссияи экологӣ ва кумитаҳои соҳавии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида, қарорҳои дахлдор қабул кунанд, то ки масъулиятшиносии мақомоти дахлдори давлатӣ дар рушди ин соҳа баланд бардошта шавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Баротов, Садриддин Шарипов, Ҷамшед Мустафоқулов, Олимҷон Сафаров, Гулбаҳор Ашӯрова, Саидҷаъфар Исмонов дар муҳокимаи масъалаҳои мавриди баррасӣ фаъолона иштирок карда, барои боз ҳам беҳтар гардидани татбиқи амалии масъалаҳои мавриди баррасӣ пешниҳодоти судманд иброз доштанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст намуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»