Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Муҳлати амали Қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон» тамдид шуд

№80 - 81 (4663 - 4664) 21.06.2023

DSC_5598 копия21 — уми июни соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Имкон фароҳам шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ёздаҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»

3. Дар хусуси Мактуб-созишномаи «Тағйирот ба созишномаи қарзии №TJK-1025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд»

4. Оид ба лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дода мешавад. Марҳамат.

Фирдавс ТОЛИБЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре маълум аст, соли 2021 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаронидани авф вобаста ба қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 -уми январи соли 2021 ироа намуда буданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсади қонуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад. Қонун бо муайян намудани давраи қонунигардонии маблағ ва дигар дороиҳои муайяншуда, ки аз санаи амали он дар марҳилаи якум 12 моҳро ташкил медод, ба шаҳрвандон имкони ҳамгироӣ бо иқтисодиёти қонуниро фароҳам овард. Тибқи қонуни зикршуда, қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдори Тоҷикистон таҳти ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунигардонии дороиҳо аз ҷониби комиссияҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таҳти ҳамоҳангии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд. Соли аввали амали қонуни мазкур маблағҳои умумии қонунигардонидашуда 1,2 миллиард сомониро ташкил дод. Бо назардошти натиҷаҳои мусбати як соли амали қонун ва бо мақсади такмил додани раванди қонунигардонӣ, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қабул гардидани қонун аз 20 — уми июни соли 2022 таҳти №1888 амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳлати як сол, то 5 – уми июли соли 2023 тамдид гардида, ҳамзамон, ҷиҳати бештар намудани дастрасии қонун ба шаҳрвандон, муқаррароти алоҳидаи он такмил дода шуд.

Соли дуюми амали қонуни мазкур маблағи умумии қонунигардонидашуда 4 миллиард сомониро ташкил дод.

Бо назардошти натиҷаи мусбати марҳилаи дуюми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қайд менамояд, ки аз маблағи умумии дар давоми ду марҳилаи амали қонун қонунигардонидашуда 42,3 фоизро маблағи аз ҳисоби сармоягузорӣ воридшуда ташкил дода истодаанд. Ҷанбаҳои мусбати татбиқи қонун бештар гардидани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба иқтисодиёти расмӣ баргардонидани маблағ мешавад. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки муҳлати амали қонуни мазкур тамдид карда, ҳамзамон, манфиати соҳибкорони алоҳида дар муқаррароти он ба инобат гирифта шавад. Тибқи тағйироти пешниҳодшаванда, муҳлати амали қонуни мазкур 6 моҳ тамдид мешавад. Инчунин, шаҳрвандоне, ки маблағҳои то қабули қонун бадастовардаашонро ба муомилоти қонунии иқтисодӣ, алалхусус дар давраи то қабули қонун ва дар давраи амали қонун мустақиман ворид намудаанд, мавриди авф мешаванд. Пешниҳоди тағйироти мазкур аз он лиҳоз муҳим аст, ки дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии мазкур заминаи устувори тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ, идома дода мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ­маблағгузории терроризм мувофиқа шудааст.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи тағйироту иловаи пешниҳодгардида муҳлати амали қонуни мазкур боз 6 моҳ тамдид гардида, инчунин ба моддаи 9 қисми 7 тағийроту иловаи дахлдор ворид шудааст.

 Мақсад аз қабули қонуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонидани дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ буда, натиҷаи мусбат ба бор овардааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиётро гузашта, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намудаанд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» тибқи муроҷиати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар асоси хулосаи Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишанг­ҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия гардидааст. Мутобиқи талаботи қисми 4 моддаи 15 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», воридоти маҳсулот аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», ки номгӯи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз озод мегардад. Дар ин робита, бояд қайд намуд, ки дар доираи Созишномаи савдои озод бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридоти гандуми истеъмолӣ, орд, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар, ки асосан дар ин кишварҳо истеҳсол ва ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, зимни воридоти онҳо аз давлатҳои берун аз минтақаи савдои озод бо назардошти дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидани озодкунӣ нисбат ба боҷи гумрукӣ имтиёз татбиқ намегардад. Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонун ба қисми 4 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» илова пешбинӣ гардида, дар доираи он молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ворид мешавад, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мегардад. Бо ворид гардидани тағйироти зикршуда ба қонун имкон пайдо мегардад, ки нархи молу маҳсулот дар бозор танзим, захираҳои зарурии маҳсулоти асосии озуқа ва ҳаҷми воридоти орд, равғани растанӣ, шакар ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсад беҳтар намудани вазъи таъминоти бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе мебошад. Пешниҳод гардидани имтиёзи андоз ва боҷи гумрукӣ барои фаровонӣ ва дастрасии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои дохилӣ шароит фароҳам оварда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Мактуб-созишномаи «Тағйирот ба созишномаи қарзии №TJK-1025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар ҚУРБОНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактуб-созишномаи «Тағйирот ба созишномаи қарзии №TJK-1025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд» дар доираи лоиҳаи муштараки «Дастгирии тат­биқи «стратегияи миллии рушди маориф» 5 — уми майи соли 2023 ба имзо расидааст.

Созишномаҳои қаблии лоиҳа 24 — уми июни соли 2020 ба маб­лағи 46 миллион доллари амрикоӣ имзо шудааст. Лоиҳа аз саҳми Бонки исломии рушд ба маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ, гранти Котиботи шарикии глобалии маориф 10 миллион доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳии Тоҷикис­тон 6 миллион доллари амрикоиро таркиб ёфтааст.

Мақсади асосии лоиҳа вусъати дастрасӣ ба иншооти босифати таълимӣ, беҳтар намудани таълими тахассусӣ ва такмили низоми иттилоотии идоракунии таълим ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар доираи он сохта ва ба истифода додани 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он то соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Мактуб-созишномаи мазкур ба мақсади пӯшонидани норасоии маб­лағ дар доираи лоиҳа пешниҳод гардидааст. Сабаби асосии норасоии маблағ бозбинӣ гардидани арзиши нақшавии корҳои сохтмонӣ, ки моҳи июни соли 2017 ҳисоб шудааст, нисбат ба арзиши аслии корҳои иҷрошуда ва, инчунин, таҳияи феҳристи нави талаботи мебелу таҷҳизот барои муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина 9,5 млн. доллари амрикоӣ дар мувофиқа бо Бонки исломии рушд барои сохтмони биною иншооти дар доираи лоиҳаи зикршуда сохташаванда ҷалб мешавад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактуб-созишномаи «Тағйирот ба созишномаи қарзии №TJK-1025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, мақсади асосии он беҳтар кардани таълими тахассусӣ ва такмили низоми иттилоотии идоракунии таълим вобаста ба вусъати дастрасӣ ба иншооти босифати таълимӣ аст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб-cозишномаи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Мактуб-cозишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Мактуб-созишномаи «Тағйирот ба созишномаи қарзии №TJK-1025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома - «Оид ба лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло дода мешавад. Марҳамат.

Хайрулло АМОНУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, А. Хайрулло, Б. Аҳмадзода, Р. Бобоҷониён ва Азимзода Толибхон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №344 аз 12 – уми октябри соли 2020 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулоса супорида шуда буд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои такмили лоиҳаи қонуни зикршуда таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосааш аз 31 – уми декабри соли 2020, таҳти №697 лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон пешниҳод намудааст, ки Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мутобиқ набудан ба талаботи замон дар таҳрири нав таҳия шавад. Бо назардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти №631 аз 26 – уми апрели соли 2021 аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ниҳоии Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода карда, бо Ҳукумати мамлакат ва намояндагони мақомоту идораҳои марбутаи соҳавӣ мувофиқа намуд. Лоиҳаи омодагардидаи Кодекси фазои ҳавоӣ аз 15 боб ва 119 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои муайянкунандаи дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ истифодашаванда мушаххас ва муайян карда шуда, бобҳои 1-ум ва 2-юм ба доираи амали кодекс, мафҳумҳои асосии бунёдии дар соҳа истифодашаванда, ташкили фаъолият дар соҳаи авиатсия, сиёсат ва танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия, салоҳияти Ҳукумати мамлакат ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия рабт дорад. Бобҳои 3, 4 ва 5-ум ба таъмини бехатарии парвозҳо ва низоми идораи бехатарии парвозҳо, ба тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия, ба объектҳои инфрасохтори авиатсия, корхонаҳои авиатсионӣ, бобҳои 6-ум ва 7-ум ба тасниф, бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии киштиҳои ҳавоӣ, боби 8-ум ба парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ, боби 9-ум ба низоми иҷозатдиҳӣ дар соҳаи авиатсия, дар бораи сертификатсия, шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ, иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ марбутанд. Бобҳои 10, 11 ва 12-ум ба бехатарии авиатсионӣ, ба масоили расонидани кумак ба киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ, бобҳои 13, 14 ва 15-ум ба намудҳои интиқоли ҳавоӣ, асосҳои умумии масъулияти иштирокчиёни интиқоли ҳавоӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия бахшида шудааст.

Лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надошта, татбиқи он дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ мешавад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории қабули Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз НАБИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 қабул гардида, дар он давра бисёр масъалаҳои соҳаи авиатсия, аз ҷумла талаботи ташкилоти байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ нисбат ба қонунгузории асосии соҳа, ба назар гирифта нашуда буд. Ҳамзамон, дар кодекси амалкунанда истилоҳу калимаҳои гуногунфаҳм ҷой доштанд. Лоиҳаи нави Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, мавриди баррасӣ қарор дорад, бо назар­дошти қонунгузории мамлакат, бо назардошти тавсияҳову стандартҳои муқаррарнамудаи Ташкилоти байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, барои такмили он якчанд маротиба гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории мамлакат ва талаботи муқаррарнамудаи ташкилоти байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ аст. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки лоиҳаи мазкур ба пешравии соҳа дар мамлакат, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо заминаи хуб фароҳам меорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабул шудани Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи кодекси мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноке, ки дар онҳо фаъолияти низоми худкори идоракунии таваққуфгоҳҳои музднок ба роҳ монда шудааст, инчунин, баланд бардоштани самаранокии истифодаи таваққуфгоҳҳо таҳия ва пешниҳод шудааст. Зарурати ташкил намудани ин гуна таваққуфгоҳҳо бинобар сабаби маҳдуд будани ҳудуди шаҳр ба миён омадааст.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур барои иҷро накардани як қатор уҳдадориҳои истифодабарандагони таваққуфгоҳҳои музднок тибқи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таваққуфгоҳ, ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми июни соли 2022 таҳти № 144 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 – уми июли соли 2022 таҳти № 1177 ба қайд гирифта шудааст, ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Мақсад аз пешбинӣ намудани муҷозот ҷорӣ намудани тартиботи нақлиётӣ дар ҳудуди таваққуфгоҳ, таъмини ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои муздноке, ки дар онҳо фаъолияти низоми худкори идоракунии таваққуфгоҳҳои музднок ба роҳ монда шудааст, пешгирии ҳолатҳои рабудани воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон фароҳам овардани имкони воқеии муваққатан ҷойгир намудани воситаҳои нақлиёт дар ин таваққуфгоҳҳо мебошад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи нав — 3461 бо номи «Риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ» иборат аз 3 қисм илова карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии ­Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Бо мақсади ба танзим даровардани тартиботи ҳаракати нақлиётӣ, таъмини ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ҳангоми истифодаи ҷойҳои таваққуф дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои муздноке, ки дар онҳо фаъолияти низоми худкори идоракунӣ ба роҳ монда шуда, инчунин пешгирии расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникии танзимкунанда ё дигар молу мулк ва ё аз ҷониби шаҳрвандон пардохт накардани маблағи хизматрасонӣ мебошад. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3461 «Риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ» илова карда мешавад. Минбаъд барои риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ дар асоси қисмҳои 1 ва 3-и моддаи зикргардида ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мувофики қисми 2-и он аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъин мегардад.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои такмили он дар маҷмӯъ 6 таклиф манзур гардид, ки пурра ва қисман қабул шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноке, ки дар онҳо фаъолияти низоми худкори идоракунии таваққуфгоҳҳои музднок ба роҳ монда шудааст, ҳамчунин, мутобиқат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба кодекс моддаи нав — 3461, инчунин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз 19 — уми июли соли 2022 таҳти № 1901 ба моддаи 336 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд. Aммо вобаста ба тағйиру иловаҳои зикргардида дар Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақомоти баррасикунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян нашудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва муайян кардани мақомоти баррасикунандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаи 3461 -и дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинишуда ва дар моддаи 336 қисмҳои 4, 5 ва 6 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи он, баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаи 3461 пешбинишаванда ва 336 қисмҳои 1,3-6 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба уҳдаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқамандӣ дорад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон З. Ализода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дод. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.

Ашӯрбой СОЛЕҲЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқии низоми назорати содирот таҳия гардидааст. Бо назардошти шартҳои нави Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид 1540 (соли 2004), тартиби иҷозатдиҳии амалиёти робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо маҳсулоти назоратӣ, инчунин шартҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 — уми ноябри соли 2014 таҳти №1662 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» қабул гардида, 24 — уми феврали соли 2017 таҳти №1392 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар таҷрибаи қонунгузории кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи назорати содирот» падидаи нав ба ҳисоб рафта, татбиқи он аз тарафи мутахассисони вазорату идораҳо малакаю дониш ва риояи талаботи санадҳои байналмилалиро тақозо менамояд. Бо мақсади пурра амалӣ гардидани низоми назорати содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иҷрои муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо мақоми ваколатдор дар соҳаи назорати содирот муайян гардида, инчунин Комиссия оид ба назорати содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳайат ва низомномаи он) ва Номгӯи молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

Ташкили Комиссия оид ба назорати содирот таъмини ҳифзи манфиатҳои давлатро ҳангоми амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ нисбат ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин ҳамоҳангсозии умумии фаъолият ва таъмини ҳамкориҳои самарабахши мақомоти давлатиро дар амалисозии назорати содирот таъмин менамояд. Вале дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ваколатҳои Ҳукумат дар масъалаи таъсиси Комиссия оид ба назорати содирот мушаххас нашудааст. Бинобар ин, дар моддаи 6, сархати ҳаштум бо мазмуни «- комиссия оид ба назорати содиротро таъсис дода, низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад.» илова карда шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми мувофиқа бо вазорату идораҳо ва қабули санадҳои номбаршуда як қатор баҳсҳо вобаста ба мушаххас намудани моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» пайдо гардид ва айни замон зарурати ворид намудани иловаҳо ба миён омадааст. Аз ҷумла, дар моддаҳои алоҳидаи қонун мафҳумҳои «фаъолияти иқтисоди хориҷӣ» ва «айнияткунонии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ ва хизматрасонӣ» истифода мешаванд, ки дар моддаи 1 шарҳ дода нашудаанд. Бо мақсади саҳеҳ намудани мафҳумҳо зарур шуморида мешавад, ки дар моддаи 1 сархатҳои ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

 «- фаъолияти иқтисоди хориҷӣ — савдои хориҷӣ, аз чумла содирот, реэкспорту воридот, реимпорт, транзит, сармоягузорӣ ва фаъолият тавассути кооператсияи истеҳсолӣ дар самти мубодилаи байналмилалии мол, технология­ҳо, таъмини барномавӣ, маълумотдиҳӣ, иҷрои кор, хизматрасонӣ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ (ҳукуқ ба он);

- айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда — муайян намудани мансубияти молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавӣ ба молҳои назоратшаванда».

Ворид намудани иловаҳои пешниҳодшуда ба моддаи якум мафҳумҳои истифодашударо мушаххас намуда, фаҳмиши духӯрагии моддаҳои дигарро аз байн мебарад.

Меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои навро оид ба фаъо­лияти иқтисоди хориҷӣ, айнияткунонӣ (идентификатсия) – и мол, технологияҳо, таъминоти барномавӣ ва хизматрасонӣ» пешниҳод намуда, салоҳият ва ваколатҳои Ҳукумат ва мақоми ваколатдор дар бораи назорати содиротро ба таври мушаххас пешбинӣ менамоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон такмил ёфта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 — уми июни соли 2023 таҳти №235 маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардидааст. Хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, мақсад иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ташкили низоми самараноки миллии назорати содирот аст.

Тибқи иловаҳои лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои «фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» ва «айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда» шарҳ дода шуда, тартиби таъсиси комиссия оид ба назорати содирот ва тасдиқи низомнома ва ҳайати он муайян мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузаш­та, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода, Ғиёсиддин Ашӯрзода, Азиз Гиёзода ва Мунаввар Абдусаломзода бо мақсади такмили механизмҳо ва асосҳои муайян намудани нишондиҳандаҳои меъёрии ҳадди ақали зиндагӣ дар мамлакат, истифодаи дурусти истилоҳу мафҳумҳои ҷавогӯи талаботи муосир ва бартараф намудани номутобиқии меъёрҳои танзимкунанда таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳадди ақали зиндагӣ, ҳамчун стандарти иҷтимоии давлатӣ, бо мақсади арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ, таҳлил ва пешбинии сатҳи зиндагии аҳолӣ, асосноккунии кумакрасонии иҷтимоии давлатӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат, ташаккули буҷети давлатӣ, тадриҷан наздик намудани андозаҳои муқарраршавандаи ҳадди ақали музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, муайян кардани ҳадди камбизоатӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, истифода мешавад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ба муқаддима ва 8 моддаи қонуни амалкунанда тағйирот ва илова ворид карда шуд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз ҷумла, тибқи лоиҳа муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода шуда, ба моддаи 3 сархати нав – «ташаккули буҷети давлатӣ» илова гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 – уми феврали соли 2023 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои баррасӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои такмили лоиҳаи қонун дар маҷмӯъ 57 таклиф пешниҳод намудаанд, ки аз онҳо 24 таклиф қабул, 12 таклиф қисман қабул ва 21 таклифи дигар қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағги иловагиро талаб наменамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

 Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти қисми 11 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба қисми 4 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» таҳия шудааст. Тавре маълум аст, қисми 11 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 — юми июли соли 2013, ки меъёрҳои он муносибатҳои марбут ба таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамзамон, тавассути ташкили кафедраҳои ҳарбӣ тайёр кардани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додааст, тасдиқ намудани Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатиро ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистааст. Қисми 4 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 – уми январи соли 2021 пешбинӣ намудааст, ки Низомномаи омодасозии афсарони эҳтиёт барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти ҷойдошта зарурати ворид намудани тағйир ба қисми 11 моддаи 19 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» ба миён омад. Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда калимаҳои «низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шудаанд.

Минбаъд таълим дар кафед­раҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ тибқи Низомномае, ки аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад. Муқаррароти мазкур барои осон гардидани мавзӯи танзимшаванда, риояи амиқ ва татбиқи якхелаи қонунҳо мусоидат хоҳад намуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва муайян намудани салоҳият ва ваколатҳо таҳия ва пешниҳод шудааст. Он мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 — уми июни соли 2023 таҳти №1037 барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардид. Кумитаи масъул 12 – уми июни соли 2023 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд. Хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

 Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қабул гардид

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Шамсиддинзода Мавзуна дода мешавад. Марҳамат.

Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шамсиддинзода, А. Умарзода ва З. Гулаҳмадзода таҳия гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» принсипҳои сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи хок аз падидаҳои манфӣ ва инчунин, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим намуда истодааст. Мақсади пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани он қабул гардидаанд, мебошад. Аз ҷумла, дар моддаи 1 – уми лоиҳаи қонуни мазкур сархати дувоздаҳум дар таҳрири нав ва хориҷ намудани сархати сенздаҳум пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 5 сархатҳои чорум, шашум, ҳаштум ва қисми 1- уми моддаи 11 дар таҳрири нав ифода гардида, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 6 — ум ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мутобиқ карда шудааст.

Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, 31 пешниҳод ирсол намуданд, ки аз он 17 пешниҳод қабул 12 пешниҳод қисман қабул ва 2 пешниҳод қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷаббор НОСИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тағйироти пешниҳодгардида иқдоми саривақтӣ мебошад. Тағйироти дар қисми якуми лоиҳаи қонун пешниҳодгардида барои аз лиҳози имлои забони давлатӣ дуруст ифода намудани меъёри қонун ва ҳамаҷониба ифода намудани мафҳумҳои асосии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» истифодашаванда пешниҳод гардидааст.

Тағйироти қисми 2-юми лоиҳа меъёри қонунро ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамояд.

Қисми сеюми лоиҳаи қонун муқаррароти дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои «Дар бораи ҳифзи хок» пешбинигардидаро мукаммал менамояд.

Тағйироти дар қисмҳои чорум, панҷум ва шашуми лоиҳаи қонун пешбинигардида муқаррароти меъёрӣ, истифодаи калимаҳои ба забони давлатӣ мутобиқ ва дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ муқарраргардидаро мушаххас намудааст.

Қисми ҳафтуми лоиҳаи қонун таъмини ҳифзи қабати ҳосилхези хокро аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва заминистифодабарандагон танзим намудааст.

Тағйироти қисмҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳуми лоиҳаи қонун мутобиқат ба қоидаҳои имло ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мадди назар дорад.  Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

 Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода дода мешавад. Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи муқаррароти моддаи 58 ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Ф. Раҳимӣ, Ф. Додхудо, М. Набизода, М. Умарализода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов, М. Ҷавҳарӣ ва С. Матробиён таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тағйиру иловаҳо асосан ба моддаҳои 1,2, 3, 8, 9, 18, 19, ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегарданд. Қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 лоиҳаи қонуни мазкур хусусияти таҳрирӣ дошта, қисмҳои 6, 7 ва 8 ба талаботи техникаи қонунгузорӣ дахл доранд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 26 таклиф пешниҳод намуданд, ки 13 таклиф қабул, 4 таклиф қисман қабул ва 9 таклиф қабул нагардид. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дода мешавад. Марҳамат.

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардида буд, барои рушди забони давлатӣ заминаҳои хуби ҳуқуқиро фароҳам овард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои танзими муносибатҳои нави дар ҷамъият бамиёномада аҳамияти аввалиндараҷа дошта, барои рушди ҳамаҷонибаи сиёсати забони давлатӣ мусоидат менамояд. Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, ба моддаҳои 1, 2, 3, 8, 9, 18, 19 ва 20 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.

Мутобиқи тасҳеҳи моддаҳои 1, 3 ва 20 амали қонун нисбат ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ татбиқ шуда, аз моддаи 2 ҷиҳати мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи « (Сарқонуни) » хориҷ гардида, моддаи 3 бо мақсади ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ намудан пешниҳод шудааст.

Ба моддаҳои 8 ва 9 қонуни мазкур низ барои мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Ба моддаҳои 18 ва 19 дар заминаи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» тағйироти дахлдор ворид мешавад. Тибқи он номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои таркибии онҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ пешбинӣ шудааст. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйири иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

 Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштирокатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ