Муҳокимаи парлумонӣ

№148 (4888) 28.11.2024

DSC_4958Ин дафъа рафти иҷрои ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› баррасӣ шуд

То имрӯз дар доираи ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› баъзе корҳои муҳим анҷом пазируфтанд, ки муҷиби рушди минбаъдаи илми ватанӣ хоҳанд гашт, аммо баробари ин, дар раванди иҷрои барномаи мазкур камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Ин нукта зимни муҳокимаи парлумонӣ оид ба рафти иҷрои ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030››, ки 26 ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, зикр гашт.

Муҳокимаи парлумонӣ бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гашт.

Зикр шуд, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин муддат дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуд. Дар буҷети соли 2024 ба ин соҳа зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Барномаи мазкур бо мақсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо мутахассисон, баланд бардоштани қобилияти зеҳнию таҳлилии ­насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозор мутобиқ намудани онҳо таҳия шудааст, — гуфт зимни суханронӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ.

Зимни таҳлил ва ҳисоботи масъулин муайян гашт, ки ҳарчанд аз қабули барнома чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, иҷрои баъзе бандҳои он қаноатбахш нест.

Яке аз ҳадафҳои барнома тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти омода кардани чунин кадрҳо мавҷуд нест, ба ҳисоб меравад. Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иттилоъ дод, бо ин мақсад бо як қатор муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ, ёддошт ва тафоҳумномаҳо ба тасвиб расидааст. Ҳамчунин, дар доираи иҷрои барнома бо қарори раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли равон ҳайати нави раёсати ­Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ тасдиқ шуд. Аз ин теъдод 6 шурои диссертатсионӣ дар назди комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, ки барои омода кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак менамоянд. Ба шуроҳои мазкур рисолаҳои илмие, ки имконияти ҳимоя намудани онҳо дар шуроҳои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест, пешниҳод карда мешаванд.

Тақвияти тадбирандешӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ бо роҳи зиёд намудани шумораи ҷойҳо дар магистратура, аспирантура ва докторантураи фалсафа (PhD), докторантура аз рӯйи ихтисос, пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои ҷавононе, ки дар самтҳои зикршуда таҳқиқ мекунанд, аз ҳадафҳои дигари барнома мебошад, ки ин ҳам дар доираи имкониятҳои мавҷуда амалӣ шуда истодааст.

Корҳои созандагӣ ҷиҳати беҳтар намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони инфрасохтори ба талаботи муосир ҷавобгӯ, сохтмони мактабҳо дар мавзеъҳои аҳолинишини ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар низ идома дорад, ки ин чораҳо ҳатман замина баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошанд. Тавре аз суханронии Насиба Содиқӣ маълум шуд, сатҳи касбии на ҳама омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯй мебошад. Ба ғайр аз ин, тайёр кардани номзадҳо ва докторони илм дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намешаванд, қаноатбахш нест.

Бино ба маълумоти муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода «аз ҷониби масъулин бо гузашти се соли муҳлати амалисозии барномаи мазкур барои таҳсил аз рӯйи низоми «доктор инженерия (EngD)» ба муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ мутахассис фиристода нашудааст. Масъулин оид ба таҳия ва амалигардонии таҳсилоти муҳандисӣ аз рӯйи барномаи EngD — доктори илмҳои техникӣ низ чораҳои зарурӣ наандешидаанд. Сатҳи қабул ва хатм ба магистратура, аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD)-и докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва посдокторантура дар давоми солҳои 2021-2023 дар сатҳи паст қарор дошта, дар ин давра ҳамагӣ аз 0,54 то 35 фоиз таъмин шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳангоми таҳияи нақшаи қабул аз ҷониби масъулини иҷрои барномаи давлатии мазкур таҳлили дурусти талаботи воқеии бозори меҳнат дар самтҳои зикршуда гузаронда намешавад».

Иттилоъ гирифтем, ки барномаи мазкур дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ таҳия гардидааст, амал мекунад. Бинобар ин, иҷро нагардидани барнома ва нақшаи чорабиниҳои он боиси иҷро нагардидани стратегияи мазкур мегардад.

Дар муҳокимаи парлумонӣ, ҳамчунин, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуданд. Барои сари вақт амалисозии ин барнома ва бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳо ироа гардид.

Баъд аз музокира ва саволу ҷавоб қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ