Муҳокимаи парлумонӣ

№147 (4887) 06.12.2024

Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» дар 9 моҳи соли 2024

DSC_5123Сеюми декабри соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» дар 9 моҳи соли 2024 баргузор шуд, ки дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода иштирок карданд.

Нахуст, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» дар 9 моҳи соли 2024 маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, ҳаҷми номиналии маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ ба 102,6 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз баробар гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳо таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 15,3 фоиз, кишоварзӣ — 11,4, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 7, хизматрасониҳои пулакӣ — 16, мусофиркашонӣ — 19 ва гардиши савдо 12,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар давраи мавриди назар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 6 миллиарду 454,7 млн. доллари амрикоӣ баробар гардид, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 21,7 фоиз ё 1407,2 млн. доллари амрикоӣ ва ҳиссаи воридот 78,1 фоиз ё 5047,5 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Сатҳи таваррум дар ин давра 3 фоизро ташкил дод, ки он ба нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи макроиқтисодӣ ҷавобгӯ аст.

Тавре Сурайё Дӯстмуродзода иброз дошт, дар ин давра аксари нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардида, нақшаи даромади умумии буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2024-ум 105,4 фоиз таъмин шудааст, ки он 33,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи 104,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 15,0 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки 45 фоизи даромади умумии буҷетро ташкил медиҳад. Дар давраи мазкур иҷрои нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 105,9 фоиз таъмин гардида, маблағи он 16,1 млрд. сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба нақша 899,1 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млрд. 37 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Хадамоти гумрук нақша 101,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 7,1 млрд. сомонӣ ворид шудааст. Воридоти маблағ нисбат ба нақша зиёда аз 134 млн. сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023-юм 375,8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Омилҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба амалӣ намудани чорабиниҳои такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили назорати дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 104,4 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағ 1,9 млрд. сомониро ташкил дод. Инчунин, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ 1,5 млрд. сомонӣ ворид шудааст.

DSC_5086Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки новобаста аз шароити мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳон рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз ҷумла иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тибқи афзалияте, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, таъмин гардид. Дар давраи мавриди назар бо мақсади танзими буҷети давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024 нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ бе тағйир додани касри он 1140,0 млн. сомонӣ зиёд карда шуд. Дар доираи тағйироти мазкур ва мусбат ҷамъбаст гардидани аксари нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 105,4 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 33,3 млрд. сомонӣ ворид гардид.

Дар доираи татбиқи 87 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 5,3 млрд. сомонӣ ё баробар ба 102,9 фоизи нақшаи пешбинишуда маблағ аз худ гардидааст, ки он 3,8 млрд. сомонӣ ё 72,0 фоиз грант ва 1,5 млрд. сомонӣ ё 28,0 фоиз қарз мебошад.

Нақшаи воридоти маблағ ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизмат­расониҳои пулакӣ 104,1 фоиз таъмин гардида, 2,4 млрд. сомониро ташкил дод.

Ин давра дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ аз Бонки осиёии рушд 50 млн. доллари амрикоӣ ва аз Иттиҳоди Аврупо 4 млн. евро ҷалб гардид ва нақшаи пешбинишуда таъмин гардид.

- Нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ низ барзиёд — 106,7 фоиз иҷро гардида, воридоти маблағ 7,6 млрд. сомониро ташкил дод. — Иҷрои нақшаи буҷетҳои маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 105,1, вилояти Хатлон — 102,4, вилояти Суғд — 103,4, шаҳри Душанбе — 111,2 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,3 фоиз таъмин шудааст. Уҳдадориҳои андозиро шаҳру ноҳияҳои Гулистон 61 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 17 млн. сомонӣ, Ёвон 43,8 млн. сомонӣ, Панҷакент 6,7 млн. сомонӣ, Дарвоз 1,7 млн. сомонӣ таъмин накардаанд, — зикр кард номбурда.

Зикр карда шуд, ки бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали соли ҷорӣ 345,9 млн. сомонӣ ё 42,9 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,1 млрд. сомонӣ баробар гардид. Ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳо ва минбаъд роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо дар якҷо бо Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба соҳаҳо 31,3 млрд. сомонӣ, аз ҳисоби буҷет 23,6 млрд. сомонӣ, маб­­лағ­ҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 2,3 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 5,3 млрд. сомонӣ равона шуд. Дар умум, маблағгузорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023- юм 2,7 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,6 млрд. сомонӣ, мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 3,6 млрд. сомонӣ, маориф 5,7 млрд. сомонӣ, тандурустӣ 2,6 млрд. сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,1 млрд. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,8 млрд. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1,6 млрд. сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 5,3 млрд. сомонӣ, кишоварзӣ 689,6 млн. сомонӣ, сохтмон ва саноат 208,7 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 2,1 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 7,6 млрд. сомонӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти нафақа 3,2 млрд. сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 346,3 млн. сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 591,1 млн. сомонӣ ва идрорпулиҳо 111,3 млн. сомонӣ равона гардид. Инчунин, бо мақсади пардохти саривақтии фонди музди меҳнат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидати молиявӣ ба маблағи 1361,8 млн. сомонӣ ва тавассути ҳисоббаробаркуниҳо 322,1 млн. сомонӣ ҷудо шуд.

Бо мақсади хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 207,2 млн. доллари амрикоӣ, аз он қарзи асосӣ 135,3 млн. доллари амрикоӣ ва фоизи қарз 71,9 млн. доллари амрикоӣ, пардохт гардид.

Дар баробари ин, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо аз рӯйи қарзи дохилии давлатӣ, аз ҷумла аз рӯйи коғазҳои қиматноки давлатӣ, векселҳои хазинадорӣ ва қарзи ҷалбгардидаи давлатӣ, 502 млн. сомонӣ пардохт шуд, ки аз он қарзи асосӣ 452,3 млн. сомонӣ ва фоизи қарз 49,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи зикршуда бо мақсади маблағгузории барномаҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда 72,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф барои амалисозии 9 барномаи давлатӣ зиёда аз 11,3 млн. сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -9 барнома — 28,8 млн. сомонӣ, фарҳанг — 9 барнома — 18,3 млн. сомонӣ ва дар самти ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва занон — 6 барнома — 10,4 млн. сомонӣ ва 2 стратегия — 3,6 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шуд.

Ҳамзамон, дар доираи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 28,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои касбомӯзии шаҳрвандон 8,7 млн. сомонӣ, кумакпулӣ ба имтиёздорон 17,7 млн. сомонӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсати шуғл 2,3 млн. сомонӣ харҷ гардид.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, бо амалӣ намудани як қатор тадбирҳо вобаста ба таъмини шаффофият дар татбиқи сиёсати молиявии кишвар, аз ҷумла нашри нишондидаҳандаҳои буҷети давлатӣ дар сомонаи расмии Хазинаи байналмилалии асъор ва сомонаи Вазорати молия, инчунин, татбиқи ислоҳоти соҳавӣ мақоми кишвар дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ, хусусан индекси байналмилалии шаффофияти буҷет, тадриҷан беҳтар гардида, тибқи баҳогузории коршиносони мустақил дар соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 холро соҳиб шуд, ки он нисбат ба баҳогузории солҳои қаблӣ ду маротиба болотар (баҳогузории соли 2021-ум 16 хол) мебошад.

Дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, Парвина Маликзод ва Мирзоанвар Ахмедов ибрози андеша ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2024» дар 9 моҳи соли 2024-ро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 октябри соли равон таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024 баррасӣ шуданд.

- Таъмини иҷрои босифати буҷети давлатӣ дар соли 2024 аз ҷумлаи вазифаҳои гузошташуда мебошад. Ахбороти манзуршуда собит месозад, ки новобаста аз вазъи ноустувори сиёсиву молиявии ҷаҳонӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон таъмин гардидааст. Умедворем, ки иҷрои он то охири сол боз ҳам беҳтар хоҳад гашт, — таъкид кард Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар фарҷом бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ