Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Муқовимат ба коррупсия пурзӯр мегардад

№73 (4179) 20.06.2020

Ҳабдаҳуми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир шуд.

DSC_2290РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Муҳсин Ғафур, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Ҳамин тариқ, бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласа қабул гардид:

1. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)»

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд»

3. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

6. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»

7. Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»

8. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)» бо тартиби муқарраршудаи қонунгузории кишвар 1 апрели соли 2020 ба имзо расонида шудааст. Маблағи он 40,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ пардохт мегардад ва ба муддати 20 сол, аз ҷумла, 5 соли имтиёзӣ, бо меъёри 1,25 фоиз ва ҷамъи 1 фоизи хизматрасонӣ ҷалб шудааст.

Дар доираи маблағҳои созишнома 32 фоизи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Обигарм — Тагикамар, аз ҷумла, 30 км шоҳроҳи дорои хатҳои дутарафаи иқлимӣ, 2 нақб (нақби якум- 1,6 км ва нақби дуюм- 1,7 км) ва сохтмони қариб 30 км роҳҳои маҳаллӣ ҳам маблағгузорӣ мегардад. 68 фоизи корҳои боқимонда аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад.

Маблағи умумии лоиҳа 350,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва то ҳол 110,0 млн. доллари грантии Бонки осиёии рушд, 150,0 млн. доллари қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалб гардидааст, Ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасох­тор ҷиҳати ҷалби 50,0 млн. доллар қарз ва барасмиятдарории созишнома идома дорад.

Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз гардида, соли 2024 анҷом меёбад. Аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Холбойзода Неъматулло Холбой дода мешавад.

ХОЛБОЙЗОДА Неъматулло Холбой:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)» дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод мебошад.

Кумитаи масъул 11 июни соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид. Зеро ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии ­масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаҳои қарзӣ, кафолатӣ ва дастгирии лоиҳаи мазкур 13 майи соли 2016 таҳти №№430, 431, 432 ва Созишномаи грантӣ (марҳилаи якум дар ҳаҷми 3,5 млн. доллари амрикоӣ) 12 октябри соли 2016 таҳти №554 бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

Татбиқи созишнома, ки мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузории кишвар 10 феврали соли 2020 ба имзо расонида шудааст, барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» тавассути Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 5,0 млн. доллари амрикоӣ гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ҷалб карда мешавад.

Мақсад аз лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Аз ҳисоби маб­лағи мазкур хариди 50 адад автобус (2,75 млн. доллари амрикоӣ), азнавсозии Коргоҳи хизматрасонии воситаҳои нақлиёти шаҳри Хуҷанд (1,44 млн. доллари амрикоӣ), хариди таҷҳизоти зарурӣ барои ин коргоҳ (617,0 ҳазор доллари амрикоӣ), хариди таҷҳизоти худкори пардохти роҳкиро (185,0 ҳазор доллари амрикоӣ), инчунин, ҷудо намудани 840,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии тарҳ ҳамчун кумаки техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар асоси созишномаҳои қаблан тасдиқшудаи лоиҳа 100 адад автобус барои хизматрасонии нақлиётии шаҳри Хуҷанд ворид карда шуд, ки айни ҳол мавриди истифода қарор доранд.

Татбиқи пурраи лоиҳа то 31 декабри соли 2022 пешбинӣ шудааст. Аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло дода мешавад.

АҲМАДЗОДА Бахтиёр Ҳикматулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» 10 феврали соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаи масъул 11 июни соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид. Он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад.

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ва масъулини соҳаи энергетикаро вазифадор намуданд, ки барои истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва диққати ҷиддӣ зоҳир намудан ба масъалаи раванди ислоҳоти соҳаи энергетика ва солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар робита ба ин, баробари тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумат дар самти солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» амалигардида, ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд яке аз воситаҳои муҳим дар самти солимгардонии вазъи молиявии ширкат ба ҳисоб меравад.

Баҳри амалӣ намудани ин мақсад, бо дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии Ҳукумати кишвар солҳои 2016 — 2019 бо шарикони рушд ҳамкорӣ ба роҳ монда, бобати идома додани раванди ислоҳоти соҳа ва ҷалби бештари маблағҳои грантии шарикони рушд «Нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» барои давраи соли 2019 – 2025» таҳия карда шуд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои нақша Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 134 миллион доллар маб­лағи грантиро тавассути татбиқи «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии корхонаи энергетикӣ» пешбинӣ намудааст. Дар ин раванд, дар заминаи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 майи соли 2019, №22/3-51, 27- 28 ноябри соли 2019, бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд гуфтушунид сурат гирифт. Дар натиҷа, дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 апрели соли 2020, №1525, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд созишномаи маблағгузорӣ ба маблағи 134,0 млн. доллар ба имзо расонида шуд.

Дар созишнома усули пардохти маблағҳо танҳо баъди ноил гардидан ба натиҷаҳо, яъне, иҷрои чорабиниҳои мушаххаси марбут ба пардохт, истифода карда мешавад. Чорабиниҳо ба 7 гурӯҳ ҷудо ва иҷрои натиҷаҳо ба муҳлати муайян, яъне то соли 2025, мушаххас шудааст:

Гурӯҳи якум масъалаи ноил шудан ба тарифи худпардохтпазир барои истифодабарандагони ниҳоиро дар бар мегирад, ки иҷрои он татбиқи тарифҳоро тибқи талаботи методологияи нави ҳисоби тарифҳо ва принсипҳои Консепсияи сиёсати тарифи энергияи барқ тақозо менамояд.

Гурӯҳи дуюм масъалаи таҷдиди назар намудани шартҳои созишномаҳои зерқарзӣ байни Вазорати молия ва ШСХК «Барқи Тоҷик»- ро пешбинӣ намудааст.

Гурӯҳи сеюм барои коҳиш додани норасоии маблағҳои нақдӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» равона гардидааст. Дар ин гурӯҳ пешбинӣ шудааст, ки маблағҳои воқеии ҷамъоварда зиёд карда, қарзҳои дебитории ширкат коҳиш дода шавад ва тавассути иҷрои корҳо, аз ҷумла кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ, афзоиши содирот, даромаднокии ширкат зиёд карда, бо ин роҳ норасоии маблағ, яъне фарқи байни даромад ва хароҷот, коҳиш дода шавад.

Гурӯҳи чорум масъалаи зиёд намудани таҳвили неруи барқро аз ҷониби таҳвилгари мустақили неруи барқ – ҶСК НБО «Сангтӯда- 1» дар бар мегирад. Мувофиқи талаботи ин гурӯҳ, ШСХК «Барқи Тоҷик» уҳдадор шудааст, ки солҳои 2020- 2025 дар ҳаҷми то 2,0 млрд. кВт/соат солона неруи барқ харидорӣ намояд.

Гурӯҳи панҷум аз истифодаи принсипҳои аз ҷиҳати техникӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ асоснок барои қабули қарорҳои сармоягузорӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ иборат мебошад. Дар ин гурӯҳ иҷрои корҳо, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби маблағгузорӣ дар доираи нақшаи вусъати иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ҳамчун шарти иҷрои натиҷа муайян шудааст.

Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ танҳо дар асоси афзалият ба роҳ монда мешавад. Қаблан Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №427 тасдиқ шудааст.

Минбаъд низ дар назар аст, ки сиёсати ҷалби сармоягузории давлатӣ ба соҳаи энергетика дар асоси нақша ба роҳ монда, маблағҳои ҷалбшаванда дар асоси дастури роҳбарияти олии кишвар ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа ҷалб ва истифода карда шаванд.

Гурӯҳи шашум масъалаи дар ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идоракунии корпоративиро дар бар мегирад. Дар он ҷорӣ намудани усулҳои корпоративии идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик», алалхусус, дар ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тавассути таъсиси шӯрои нозирон, кумитаҳои санҷишӣ ва ғайра, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» дарҷ гардидааст, пешбинӣ шудааст.

Гурӯҳи ҳафтум аз масъалаҳои беҳтар намудани шаффофияти амалиётӣ ва молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» иборат аст. Дар он талабот барои нашри ҳисоботи молиявӣ дар семоҳа ва таъмини шаффофияти молиявӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи созишномаи маблағгузорӣ ва барномаи мазкур, дар ҳолати иҷрои натиҷаҳо маблағҳо ба ШСХК «Барқи Тоҷик» пардохт мегардад ва вазъи молиявии он тадриҷан беҳтар мешавад.

Аз ин хотир, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Раҳматзода Рустам дода мешавад.

 РАҲМАТЗОДА Рустам:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 5 майи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он дар чорчӯбаи амалигардонии ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи 2030» баста шудааст. Дар стратегияи зикршуда зиёда аз 230 маҳак (индикаторҳо)-и ниҳоӣ дар нақша аст. Дар робита ба рушди соҳаи энергетика қарор аст, ки то давраи соли 2030 истеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқии обӣ аз 19 млрд. кВт/соат то 41,6 млрд. кВт/соат ва истеҳсоли он ба ҳар нафар аҳолӣ аз 2 ҳазор кВт/соат то 4 ҳазор кВт/соат аз рӯи сенарияи саноативу инноватсионӣ расонида шавад. Барои дар амал ҷорӣ намудани ин ҳадафҳо дар Стратегияи миллии рушд пешбинӣ шудааст, ки барои рушди соҳаҳо аз ҳисоби шарикони рушд 7,3 млрд. доллари ИМА маб­лағ ҷалб карда шавад.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷалби сармоя ва бастани шартномаҳои байналмилалӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷалби сармояи грантиро зиёд намоянд. Аз ин лиҳоз, мо — намояндагони фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар парлумон иқдоми неки Роҳбари давлатро пурра дастгирӣ менамоем.

Мақсади асосӣ аз татбиқи лоиҳа баланд бардоштани қобилияти молиявӣ, эътимоднокии таъминоти барқ ва такмили системаи идоракунӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи созишнома, маблағҳои грантӣ бо қисмҳои алоҳида баъд аз иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ва мутаносибан ноил гардидан ба натиҷаҳои муайян пардохт карда мешаванд. Натиҷаҳо аслан ба самти солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», қобилияти пардохтпазирии он, таъмини боэътимоди неруи барқ, такмили идоракунӣ ва шаффофият дар ШСХК «Барқи Тоҷик» равона гардидаанд.

Муҳлати амалисозии лоиҳа аз соли 2020 то соли 2026-ро дар бар мегирад.

Кумитаи масъул 11 июни соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид. Он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯй ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ҷиҳати иҷрои банди 48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, тибқи тартиби муқарраргардида, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он аз 5 боб ва 30 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти баҳодиҳӣ, инчунин, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро, новобаста аз шакли моликияташон, муайян мекунад.

Дар лоиҳаи қонун муқаррарот ва мафҳумҳои нав, ба монанди «стандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «роҳҳои баҳодиҳӣ», «субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ», «арзиши ибтидоӣ», «арзиши дигар», «шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳӣ», «шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ» ва «иттиҳодияҳои баҳодеҳони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд.

Фаъолияти баҳодиҳӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор рафта, барои таъмини самаранокии равандҳои молиявию иқтисодӣ зарур мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)», ки соли 2006 қабул шудааст, ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ набуда, дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, муқаррароту мафҳумҳои дар боло номбаршуда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот оид ба баҳодиҳӣ ва дигар масъалаҳои танзими фаъолияти баҳодиҳӣ мушаххас карда нашудаанд.

Инчунин, муайян гардид, ки фаъолияти баҳодиҳии ташкилоти қарзӣ, ки ба тариқи таъсиси комиссияҳо ё ин ки кумитаҳои қарздиҳӣ баҳодиҳии объекти ба гарав гузошташавандаро ба анҷом мерасонанд, дар қонуни амалкунанда танзим карда намешавад.

Тавре маълум аст, фаъолияти баҳодиҳӣ фаъолияти иҷозатномашаванда буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар ин самт, дар лоиҳаи қонун муқаррар шудааст, ки ташкилоти қарзӣ низ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ бояд дорои иҷозатнома бошанд.

Баҳри баланд бардоштани ­масъулият ва уҳдадории баҳодеҳон дар доираи лоиҳаи қонун ба баҳодеҳон барои риоя накардани қоидаҳои фаъолияти баҳодиҳӣ ҷавобгарии пурраи моддӣ пешбинӣ мегардад.

Инчунин, ҷиҳати муқаррар намудани маҷмӯи меъёр, қоидаҳо ва талабот нисбат ба баҳодиҳӣ, тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои муқаррароти умумӣ ва принсипҳои баҳодиҳӣ, баҳодиҳии молу мулки манқул, ғайриманқул, баҳодиҳии объекти моликияти зеҳнӣ ва талабот оид ба ҳисоботи баҳодиҳиро дар бар мегиранд, тасдиқ ва ҷорӣ карда мешаванд.

Ҳангоми муайянкунии арзиши объектҳои баҳодиҳӣ роҳҳои баҳодиҳӣ (хароҷотӣ, даромаднокӣ, муқоисавӣ) истифода карда, шарт ва тартиби истифодаи роҳҳои зикршуда ҳангоми баҳодиҳӣ бо стандартҳои миллӣ муқаррар карда мешаванд.

Тибқи лоиҳа, баҳри ҳамоҳангсозии корҳои таъмини меъёрию методии фаъолияти баҳодиҳӣ ва омодакунии пешниҳодҳо дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ, инчунин, ҷиҳати гузаронидани ташхиси мувофиқати ҳисобот оид ба баҳодиҳии объекти баҳодиҳӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳӣ таъсис дода мешавад.

Лоиҳаи қонун масъалаи таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои баҳодиҳандагони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо мақсади муаррифии манфиатҳои аъзо ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии баҳодиҳандагон таъсис дода мешаванд, танзим менамояд.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ дар ҷумҳурӣ ба шароити муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Қабули лоиҳа барои танзими ҳуқуқии фаъолияти баҳодиҳӣ, таъмини шаффофияти ин раванд ва дар маҷмӯъ, барои рушди фаъолияти баҳодиҳӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. 

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади амалӣ кардани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва банди 48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён намуданд, пешниҳод гардидааст.

Ва барои мутобиқ намудан ба шароити муосири иқтисодӣ, аз ҷумла, ҷорӣ кардани стандартҳои миллии баҳодиҳӣ, муайян намудани салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ ва танзими фаъолияти баҳодиҳии ташкилоти қарзӣ ҳангоми ба гарав гузоштани молу мулк ва танзими самаранокии фаъолият дар ин самт мебошад.

Қонун аз 5 боб ва 30 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ бо мақсади муқаррар намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро, новобаста аз шакли моликияташон, муайян мекунад.

Ҳамчунин, дар он мафҳумҳои баҳодиҳанда, усули баҳодиҳӣ, стандартҳои миллии баҳодиҳӣ, Шӯрои машваратӣ ва Шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳӣ мушаххас муайян гардидаанд.

Бо мақсади мукаммал гардонидани лоиҳа якчанд тағйироту илова дар мувофиқа бо намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба он ворид карда шуданд, аз ҷумла:

- сархатҳои ҳафтум, нуҳум, даҳум, понздаҳум ва ҳаждаҳуми моддаи 1, сархатҳои якум ва панҷуми моддаи 4, ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 11, сархати нуҳуми моддаи 14, қисми 3 моддаи 15 ва матни моддаи 27 аз нав таҳрир карда шуданд;

- моддаҳои 20 ва 21 муттаҳид карда шуда, дар моддаи 26 инъикос гардиданд;

- бо мақсади мушаххас намудани таъсиси Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор ба моддаи 5 сархати нав ва ба моддаи 6 қисми 1 илова гардид;

- тартиби дохилии бобҳо ва моддаҳо вобаста ба талабот ва мазмун, пайдарҳам ҷо ба ҷо карда шуданд.

Даҳуми июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ шуд.Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, барои такмил 226 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 147 — тоаш пурра ва 25 — тоаш қисман қабул гардид.

Лоиҳаи қонун ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷавобгӯй буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун яклухт ба овоз монда шавад. Онро ба овоз мемонам. Қабул шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид дода мешавад.

СУЛТОНЗОДА Сулаймон Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи банди 2-юми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018, № 13 ва банди 58-уми нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардиданд, таҳия шудааст.

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 25 июни соли 2005 қабул карда шуда, пайдоиши ҳолатҳои нави содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва тарзу усулҳои нави муқовимат  ба он, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани онро ба миён овард.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, дар баробари таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ  ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар доираи Нақшаи амалиёти Истанбулии Шабакаи  муборизаи зидди коррупсия, ки барои Тоҷикис­тон дода шудааст, бо дарназардошти муҳимият ва хусусиятҳои татбиқшавандагиашон, ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонун дар қиёс ба Қонуни  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» тафовути зиёд дошта, дар он 2 боб ва 18 моддаи нав илова шудааст. Агар қонуни амалкунанда аз 5 боб  ва 18 модда иборат бошад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7 боб ва 36 моддаро  дар бар мегирад.

Ҳамчунин, таҳлили қиёсии мавзӯъ ва мафҳумҳои дарбаргиранда нишон медиҳанд, ки онҳо дар лоиҳа назар ба қонуни амалкунанда мукаммал ва мушаххас ифода ёфтаанд. Аз ҷумла, дар номи қонун калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки нисбатан мафҳуми васеътарро ифода мекунад, иваз шудааст, зеро таҳти мафҳуми «муқовимат ба коррупсия» маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи  ҳолатҳои коррупсионӣ дар назар дошта мешавад.

Инчунин, дар моддаи 1 лоиҳаи қонун мафҳуми «- шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда» ҳамчун субъектони ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия  алоқаманд возеҳ шарҳ дода шудааст. Ғайр аз ин, дар ин модда ду мафҳуми нав, яъне мафҳумҳои «пешгирии коррупсия» ва «хавфҳои коррупсионӣ» илова шудаанд.

Дар лоиҳаи қонун боби 2, яъне «Ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия» меъёри нав буда, дар он моддаи 5 «Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия», моддаи 6 «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия», моддаи 8 «Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда», моддаи 9 «Ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда», моддаи 10 «Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд», моддаи 11 «Ваколатҳои  субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд» ва моддаи 13 «Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия» илова гардидаанд.

Яъне, бо иловаи ин боб «Субъектҳои муқовимат ба коррупсия» ба «субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда» ва «субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд», ҷудо ва ваколатҳои онҳо дақиқ  шуд.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун ба масъалаи пешгирии коррупсия, ки аз рӯи таҷриба яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши  муқовимат  ба коррупсия маҳсуб меёбад, диққати махсус дода, боби 3 пурра ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Ин боб дар қиёс ба қонуни амалкунанда, 6 моддаи дигар, яъне, моддаи 14 «Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он», моддаи 15 «Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ», моддаи 16 «Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ», моддаи 17 «Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ», моддаи 18 «Мониторинги зиддикоррупсионӣ» ва моддаи 19 «Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҳамчунин чораҳои иловагии  пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ, илова шудаанд.

Ғайр аз ин, бо дарназардош­ти моддаҳои 671 ва 674 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субъекти онҳо махсус маҳсуб меёбанд, моддаи 26 лоиҳа бо номи «Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи ба коррупсия алоқаманд» пешбинӣ гардид.

Дар боби ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ  барои онҳо моддаи 28 «Ошкор ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда» ва моддаи 30 «Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд» илова шудаанд, ки дар қонуни амалкунанда ҷой надоранд.

Моддаи 29 лоиҳаи қонун ба қабули қарори дорои хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи мақоми дастаҷамъӣ қабул мегардад, бахшида шуда, ҷавобгарӣ  барои он, тибқи қонунгузории амалкунанда, пешбинӣ гардидааст, зеро дар моддаи 675 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳолатҳои қабули қарори дастаҷамъонаи дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои он муқаррар шудааст. Яъне, агар қарори дастаҷамъона ба манфиати роҳбар, хешовандони наздики ӯ ё ба манфиати шахсони сеюм қабул карда шаваду роҳбар барои қабули он фаъолона  мусоидат намояд ё рӯирост  мамониат накунад, ҷавобгарӣ  пурра ба зиммаи роҳбар гузошта мешавад.

Дар боби 6-уми лоиҳаи қонун, яъне ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бошад, дар қиёс ба қонуни амалкунанда мақсадҳои ҳамкориҳо мушаххас баён шудаанд.

Ҳамчунин, дар боби 7-уми лоиҳаи қонун моддаи 34  меъёри нав буда, ҷавобгариро барои риоя накардани талабот пешбинӣ мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала  сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод  Рустам дода мешавад.

ШОҲМУРОД Рустам:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ’ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили тарзу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, дақиқ намудани вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ  бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои оштинопазир ба ин зуҳурот, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва мониторинги зиддикоррупсионӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», вазифаи асосӣ – фароҳам овардани заминаҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқамандандро иҷро кард. Дар тафовут бо қонуни амалкунанда, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда таваҷҷуҳи асосӣ ба муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб зоҳир шуда, маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқии огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи коррупсия пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 тасдиқ шудааст, давлатҳои иштирокчӣ уҳдадоранд мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ чораҳои самаранок ва ҳамоҳангшудаи пешгирии коррупсияро андешанд.

Лоиҳаи қонун, бо дарназардош­ти тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон, дар доираи Нақшаи амалиёти Истанбулии Шабакаи мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ  таҳия гашта, дар он ба ­масъалаҳои  мониторинги самараноки амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии ин барномаҳо, гузаронидани тадқиқотҳои маҷмӯии сотсиологӣ, маърифатнокии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани хавфҳои коррупсионӣ ва дигар тавсияҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст. Мафҳумҳои асосие, ки дар лоиҳаи қонун истифода шудаанд, бо тарзи нав ва мувофиқ ба санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида мушаххас гардидаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз сохторҳои номбурда 141 таклиф пешниҳод гардида, ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун яклухт ба овоз монда шавад. Онро  ба овоз мемонам. Қабул шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат  ба коррупсия» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба овоз монда шуда,  қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Муҳсин Ғафур дода мешавад.

МУҲСИНЗОДА Муҳсин Ғафур:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ҷиҳати истифодаи маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ба таваҷҷуҳи шумо манзур мегардад.

Маблағи умумии лоиҳа 957 млн. йени ҷопониро ташкил дода, пурра грантӣ мебошад, ки ба 8 861 111 доллари ИМА баробар аст.

Тибқи тартиби муайяншуда, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)  барои иҷрои лоиҳа мушовири байналмилалии Бинко-Интернешнлро ҷалб намудааст.

Татбиқи лоиҳа  барои таъмин намудани «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати ёрии тиббии махсусгардонидашуда, мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки бо дарназардошти корношоям гардидани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ зарурати иваз намудани онҳо ба миён омадааст. Ҳамчунин, як қатор таҷҳизоти муосири замонавӣ дар муассисаҳои мазкур умуман вуҷуд надорад. Бинобар ин, дастраснамоии таҷҳизоти муосири замонавии тиббӣ дар доираи кумаки  расмӣ муҳим арзёбӣ  мегардад.

Лоиҳаи санад бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мувофиқа шудааст.

Муқаррароти созишнома ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» 3 феврали соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, тақвият додани иқтидори ташхис ва хизматрасониҳои тиббӣ тавассути таъмин намудани таҷҳизоти муосири замонавии тиббӣ нигаронида шуда, аз дебоча ва 7 модда бо баёни замимаҳо иборат мебошад.

Созишнома тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ созишномаро баррасӣ ва онро якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи мубодилаи ёддош­тҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Япония оид ба лои­ҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Муҳсин Ғафур дода мешавад. Марҳамат.

Муҳсинзода Муҳсин Ғафур:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тибии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — Шифобахш»  ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ таҳия шудааст. Маблағи умумии он 957 млн. йени ҷопониро ташкил дода, пурра грантӣ мебошад.

Ҳадафи лоиҳа таъмин намудани «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бо таҷҳизоти муосири замонавӣ буда, бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати ёрии тиббии махсусгардонидашуда мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки бо дарназардошти корношоям гардидани як қатор таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ зарурати иваз намудани онҳо ба миён омадааст. Ҳамчунин, як қатор таҷҳизоти муосири замонавӣ дар муассисаҳои мазкур умуман вуҷуд надорад. Бинобар ин, дастраснамоии таҷҳизоти муосири замонавии тиббӣ дар доираи кумаки расмӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи санад бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мувофиқа шудааст. Муқаррароти  он  бо меъёрҳои  ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, зарурати ба он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

Ашурзода Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Япония  оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он қисми ҷудонопазири Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» маҳсуб ёфта, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, тақвият додани иқтидори ташхис ва хизматрасониҳои тиббӣ, тавассути таъмин намудани таҷҳизоти муосири замонавии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» нигаронида шудааст. Зеро бо дарназардошти корношоям гардидани як қатор таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ зарурати иваз намудани онҳо ба миён омадааст, ки ин иқдом ҷиҳати дастраснамоии таҷҳизоти муосири замонавии баландихтисоси тиббӣ дар доираи кумаки расмӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Мубодилаи ёддоштҳо тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 11 июни соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ мубодилаи ёддоштро баррасӣ ва онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром дода мешавад.

СУБҲОНЗОДА Икром:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷиҳати татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин, иҷрои банди 21 нусхаи  Протоколи  маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, №1 оид ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нав, амалӣ намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ — техникӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ  ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардид. Ва 8 ноябри соли 2019 дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия ба имзо расонида шуд.

Он ҳамкориро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо заминаи  мусоид хоҳад гузошт.

Зимнан, ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2019 оид ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ» лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ» бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 274 тасдиқ гардид. Татбиқи созишнома аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб накарда, дар сурати эътибор пайдо кардани он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён намеояд.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 274 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо 26 кишвари хориҷи дуру наздик созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст ва Ҷумҳурии Франсия 27-ум давлат буда, баимзорасонии созишнома барои оғози муносибатҳои тарафайн дар самти алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи  гражданӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба нақша гирифта шудааст, ки ҳафтае 6 парвози байни шаҳрҳои Душанбе ва Париж амалӣ карда шавад.

Хоҳиш менамоям онро  ҷонибдорӣ намоед.

  РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

ҒАФФОРОВ Абдуҳалим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нав, амалӣ намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ – техникӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Кумита 11 июни соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид.  Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзнома ворид гардиданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.  Ба шумо, вакилони муҳтарам ва меҳмонони  гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ