9 ноябри соли 2017 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мукаммалгардонии маҷмӯии як қатор назарҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазоқулов ва Равшан Раҷабов иброз доштанд, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26-уми июли соли 2014 ибораи «хариду фурӯши одамон» ба «савдои одамон» иваз карда шуд.
Савдои одамон зуҳуроти иртиҷоии бисёрҷабҳа ва хеле мураккаб буда, ба муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа иртибот дорад. Бо дарназардошти оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва сиёсии ин зуҳуроти номатлуб, инчунин бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ин ҷиноят дар сатҳи ҷумҳурӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, тибқи Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 15 ноябри соли 2000, Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, Протоколи иловагӣ ба он дар бораи пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он, Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво, ки иловаи Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, қабул гардидааст.
Конвенсия ва протоколҳои иловагӣ ба онро Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 2000 имзо ва 29 майи соли 2002 тасдиқ намуда, ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар Қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»-ро қабул ва ба баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуд.
Ҳамчунин, 6 майи соли 2006 «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2010» қабул гардид. Бояд ёдовар шуд, ки баҳри амалӣ намудани талаботи қонунгузорӣ ва ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои мубориза бо ин зуҳуроти иртиҷоӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2005 Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис ёфт, ки дар асоси Низомномаи тасдиқгардида амал мекунад.
Дар анҷом Ҷамшед Муртазоқулов ва Равшан Раҷабов ба саволҳои пешниҳодшуда посух гуфтанд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон