Муқовимат бар зидди коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад, — изҳор дошт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул дар семинари кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта доир гардида, ба мавзӯи «Муқовимат бар зидди коррупсия вазифаи ҳар яки мост» бахшида шуд.
- Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба онҳо мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва пешрафти иқтисодиётро дар бар мегирад, — гуфт
ӯ. Ҳамчунин, Тоҳир Ҷобирзода қайд кард, ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқӣ андешид.
Яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расид, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Ҳамчунин, бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба имзо расид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид, ки баъдан, 25 июли соли 2005, бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ба илова, бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Сипас, Ҷобирзода Тоҳир Гул ба саволҳои иштирокчиён посух дод.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»